Главная / Илм / ЗАХРХОИ САНОАТи

ЗАХРХОИ САНОАТи

zahrhoi-sanoatiЗАХРХОИ САНОАТи, моддахои химиявие, ки хангоми риоя накардани коидахои техникаи бехатари ва гигиенаи мехнат ба организми одам зарар мерасонанд. Таъсири З. с. фаври ё тадричи мешавад. Мукаррар гаштааст, ки микдори ками моддахои зарарноки махлул ё хаво нисбат ба захираи доимии худи хамон захрхо (дар тули як вакт) ба организм бештар зарар меоварад.
Металлхои вазнин, инчунин сурбу симоб, пайвастхои аромати, нитропайвастхо, аминопайвастхо, карбогидридхои галогендор ва пайвастхои органикии фосфор аз кабили З. с. мебошанд. Онхо ба организми зан ва тифли батни у таъсири номусоид мерасонанд.
Бо максади пешгирии захролуди аз технологияи истехсолот захрхои котилро рафъ месозанд ё ба чои онхо моддахои захрнокиашон камро кор мефармоянд. Рузи кутохи кор, рухсатии бардавоми ашхосе, ки бо захр сарукор доранд, истифодаи хавотозакунак, либоси мухофизати, противогаз, респиратор, зуд-зуд иваз намудани либоси таг, муоинаи тибби, аник кардани одамоне, ки набояд бо З. с. кор кунанд, гизои шифои ва г. аз кабили омилхои босамари пешгирии З. с. мебошанд.
Илман асоснок кардани акти конунгузории санитари (масъалаи ба эътидоли гигиени овардани омилхои мухити атроф) ва мукаррар намудани хадди имконпазири консентратсия (ХИК; микдори З. с.-е, ки дар тули кори хаштсоата то охири умр ба кормандон зарар намекунад) низ багоят мухим мебошад. ХИК дар аснои тахияи лоихаи бинохои истехсолот, чараёни технологи, тачхизот ва вентилятсия ва г. меъёри хатмии санитари махсуб мешавад.
Риояи меъёрхои ХИК бояд бо рохи ташкили чараёни муайяни технологи ва мутобик бо меъёрхои санитари такмил додани тачхизот таъмин карда шавад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

naqliyot

СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ Конуни мазкур …