Главная / Илм / ЗАХМИ СУХАН

ЗАХМИ СУХАН

Бача будем. Дар синфи хафтум мехондем. Як хафта инчониб аз фанни адабиёт ба мо муаллими нав дарс мегуфт. Уро багоят чиддиву сахтгир ва донишманд мешумориданд. Хакикатан забони бурро дошт, шеъри бисёре азёд медонист, бе китоб сухан меронд. Касе хад надошт, ки ба хампартааш гап занад, ё бо кори бехуда машгул шавад. Он руз мавзуъ – вазни  аруз буд.

bacha

Муаллим аз хар кас мепурсид. Зохиран мекушид, ки мохияти арузро хама донанд. Шояд гумон дошт, ки оянда бе аруз рузи мо намегузарад. Хамсинфон ба кадри тавоноии хеш фахмидаю-нафахмида чавоб медоданд. Навбати Валичон буд, у аз чояш бархост.

– Ман намедонам.

– Чаро?

– Чунки намефахмам.

– Хондан лозим.

– Хондам. Лекин намефахмам.

– Калла дори?

– Дорам. Бо вучуди ин аз ман шоир намебарояд. Донистан шарт набудагист.

Мо хама, ки аз хайбати муаллим метарсидем, чуръати Валичонро дида хайрон шудем, гуфтугуи муаллиму вайро факат мушохидакунон менишастем.

– Падарат дар кучо кор мекунанд?

Валичон сарашро поён афканд. Сабаби инро мо медонистему муаллим не. Вагарна эхтимол суол намедод. Хомуширо яке аз рафикони дар партаи пеш шиштаги вайрон кард.

– Дарбони беморхонаи касалихои рухи, – пичирросзанон гуфт вай. Аммо хама пай бурданд.

– Маълум. Набошад, вазни арузро нафахми, ту хам пеши падарат мерави.

Дар чашмони хамсинфамон аз гапи муаллим ашк халка зад. Вай чизе гуфтани буд. Лекин натавонист.

Садои занги танаффус моро ба худ овард. Ба номи директори мактаб ахли синф якдилона ариза навиштем. Ба мо муаллими нави фанни адабиётро таъин карданд.

Солхо гузаштанд. Хамсинфон гох-гох чамъ меоем. Бачагиву мактаб, муаллимонро ёдовар мешавам. Номи муаллими вазни арузро ба сарди ба забон мегирем.

Дар кучахо дидан замон ашки хамсинфамон пеши хотирам меояд ва самимона пурсупос карда наметавонам.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …