Главная / Гуногун / ЗАБОНИ  ОСОРИ  РУДАКИ

ЗАБОНИ  ОСОРИ  РУДАКИ

Осори бокимондаи Устод Рудаки бо забони нагзу сараву пухтаву пурсарвати худ садсолахо боз диккати ахли тахкикро чониби худ мекашад. Устод Садриддин Айни хаячонбахшу пуртаъсир ва, дар айни замон, содаги, равони ва пухтагии онро ба назар гирифта, навишта буд: «Забони шеъри Рудаки бисёр содаву хамафахм аст. У калимахои арабиро бисёр кам кор мефармояд ва аз суханхои форсии точики хам бештар содатарину омафахмтаринашро чида гирифта, ба кор мебарад… Гуфтан мумкин аст, ки бештарини шеърхои Рудакиро точикони имруза ба осони мефахманд».187

Ба гуфти мухтарам Расул Ходизода, «Забони шеъри Рудаки хар кадар сода бошад, фикру хаячонхои дар он баёнёфта хамон андоза амик ва пурмазмунанд. Бо чунин забони сода ифода намудани фикрхои оли махоратест бузург, ки онро С. Айни санъати «сахли мумтанеъ» (яъне, дар назар осон намояд хам, адо намудани он душвор аст) номидааст.188

Хамаи ин гувохи он аст, ки Устод Рудаки шоъири нихоят даррок, рушанбин, хикматпеша ва дар хунари нигорандаги хеле чирадаст ва аз хамин ру барои суханварони замони худ муктадо буд. Барои хамин, чойи таъаччуб нест, ки тамоми адибону таърихнигорони давр уро чун касе, ки дар офарандаги устоди устодони шеъри дари ва некусухану матингуфтор аст, мавриди таклиди худ карор додаанд ва чамеъи каламфарсоёни куруни X — XX ин сифати Устод Рудакиро ситоиш кардаанд. Мо хам хунари волои Устод Рудакиро дар офариниши ашъори фалсафи, хикматомез ва чавхари инсонпарварии шеъри уро ба назар гирифта, уро чун шоъири хаким пазируфтаем, яъне Устод Рудаки шоъири хаким аст.

Мо Устод Рудакиро шоъири хаким гуфтем. Турфа он аст, ки бо вучуди ками олами ашъори Рудаки басе рангоранг буда, дар маркази он Инсони мухаррики пуё, шахси кордони кушо ва одами аз чихати аклу тамиз комиле, ки пиндори неку гуфтори неку рафтори нек аз хислатхои писандидатарини уст, карор гирифтааст. Инсоне, ки Устод Рудаки ба тасвири хусни зохир ва олами ботини у мепардозад, кабл аз хама, _____________________________________

  1. Устод Рудаки (ба хатти лотини), Сталинобод, 1940, сах. 25.
  2. Рудаки ва замони у, сах. 127.

шахсияти озод, бофарханг, сохиби дониши мукаммал, бихрад, дунёдида, тачрибаандухта аз таърихи башар ва вокеъахои гузашта ибратгирифта ва намунаи таклид буда, пайдост, ки идеали инсонии шоъирро инъикос менамояд. Аз мутолиъаи мероси фикрии бокимондаи Устод Рудаки, бидуни тардид, мохияти чахонбини, акидахои ичтимоъи, андешахои чамъияти, фикрхои тарбияви, пиндори ахлоки, масъалахои чахонфахми, таъвили нукоти зиндаги ва панду андарзхои у ба таври махсус чилва мекунад. Ин шеваи калом, дар айни хол, ба навъи чашмгире афкори пешкадам ва андешахои тараккихохи адибро рочеъ ба масъалахои маргу зиндаги, хаёту мамот, шодию дард, васлу фирок ва тазодхои дигари рузгори мардумон ба хуби метавонад инъикос намояд.

Мутолиъаи осори Рудаки собит менамояд, ки у таркиби табакави ва акшори чомеъаи замони худро бо тамоми хукукхо, пиндорхо ва макоми чамъиятии онхо амик дониста, дар шеъри худ назаррас ба калам медихад. Мусаллам аст, ки дар сари чомеъа амир меистад. Рудаки уро бо номхо ва унвонхои амир (Агар амири чахондор доди ман надихад, — Чахорсола навиди маро ки хаст хиром?), шох, Хусрав (Хусрави ба тахти пешгох нишаста, — Шохи мулуки чахон- амири Хуросон), подшох, шоханшох, шахриёр (Хар ки сар аз панди шахриёр бипечид — Пойи тарабро ба доми гурм дарафканд), хадеш, Малик (Малико! Чашни Мехргон омад,— Чашни шохону хусравон омад), ёванд (Чу ёвандон ба мачлис май гирифтанд, — Зи мачлис маст гаштанду рафтанд) ёд мекунад. Ёвар, маслихатгар, чорасоз ва дастурдиханда ба амир, кишвар ва мардум вазир аст (Ройи вазирон туро ба кор наёяд, — Хар чо савоб аст, бахт фармояд). Балъами барин вазирон тамоми корхои адаби, дини, фарханги, умури дохили ва хоричии кишварро анчом медоданд. Лашкару сипох такягохи мулку малик аст. Ин лашкару сипохи мусаллах бо тиру камон, сарпош, найзаву шамшер, тегу пайкон, хадангу синон ва гулулахои нафтбор размида, душманро саркуб намуда, ба мушохидаи у хасм (Ба гази найза кади хасми ту мепаймоянд, — То бибурранд ба шамшеру бидузанд ба тир), аду (Хамекушти, то дар аду намонд шучоъ, — Хамебидоди, то дар вало намонд факир) ва бадхохонро дар дил бим меафканд (Хайли разми ту гар дар дили аду гузарад, — Зи бими теги ту бандаш чудо шавад аз банд). Дар ин корзор гурдони чангчу (настух) бо мигфар, ки худ аст ва хафтон- сипар (Сипар ба пеш кашидам ханданги кахри туро, — Чу тир бар чигар ояд, сипар чи суд кунад?) ва чавшан худрову кишварро химоят мекунанд.

Чанг (Он кас, ки туро диду туро бинад дар чанг, — Донад, ки ту бо шер ба шамшер даройи), фитнаву гавго (Хама ниюшаи хоча ба некиву сулх аст, — Хама ниюшаи нодон ба чангу фитнаву гавгост) хоси ашхоси нодон буда, агар ба кабзаи камон дасти амири Хуросон расад, аз тарси  тири у, ки Рудаки онро «нисол» гуфтааст, замину замон мехаросад (Равон зи дидаи афлокиён шавад Чайхун, — Нисоли тират агар кабзаи камол лесад) ва душман мисли аждахо бошад хам, дар шамшери у чун мум об мегардад (Душман ар аждахост, пеши синонаш, — Гардад чу мум пеши оташи сузон). Канизак, банда, рахи, чокар, гулом, ридак, пешкору пешёр хама хизматгори кишвар буда, дар ободи ва нигохбонии он сахмгузор хастанд. Ба ин мумосибат, Устод Рудаки аспсавари ва навъхои аспро ситоиш менамояд. Аспи нухоз (пешрави гала), аспи араби, хинг, наванд, якрон, рахш дар назари Рудаки зеби кишвар аст. Чун асли Рудаки аз дехкону дехнишинон буд, у ба хуби медонист, ки дар зиндагии дехотиён буз, меш, гуспанд, барра, нахчир, рама, шот, гуч, гов, уштур ва шутур, ки номи дигарашро шоъир «сор» мегуяд, хар як ба чи арзише сохиб буданд. Вале у нерумандии амири мамлакатро ба фили маст (пили даманда) ташбех медихад. Таъбири «уштури маст» ва таркиби «курраи навзин» символхое хастанд, ки саркашу неруманд, зудхаракату сарнафуроранда ва навнуму будани давлатро таъвил мекунанд. Шер, зайгам, паланг, гург, юз (Он малики Нимрузу хусрави пируз — Давлати у юзу душман охуи нолон), охубарра ва рубах (Кард рубах юзвори як заганд,— Хештанро з-он миён берун фиканд), гурба, харгуш, мор (Мор аст ин чахону чахончуй моргир, — Аз моргир мор барорад хаме димор), гурза, афъи, каппи, ки бузина аст, муш, каждум, карбоша ва карпоша, ки калтакалоси захрнок аст (Чох пуркарбошаву пуркаждумон, — Хурди эшон пусти руйи мардумон) бо нахангу мохи ба Устод Рудаки имкон медихад, ки образхои зарури офарад:

Он сахни чаман, ки аз дами дай,

Гуфти, дами гург ё паланг  аст,

Акнун зи бахори монивитабъ

Пурнакшу  нигор  хамчу «Жанг»  аст!

Бар  киштии умр такя  кам  кун,

К-ин Нил нишемани наханг аст!

Хусни бахор ва зебоихои табиъати  афсунгарро бо гулу  лола,  савсану  аргувон,   бунафша,   пилгушу  садбарг, ёсамину баргаст, райхону наргис, насрину настаран,  нилуфару суман,  сен  ва  саму,  сунбул,  богу  рог, бустону чаман  ва куху даманро хуррам чилва медихад. Масалан, мардуми хунарманди кишвар аз геша-гиёхе бурёву чувол мебофанд, ки ин хусни табиъат факат барои дидан нест, он эхтиёчи мардумро мебарорад. Гешаро акнун дар кухистони Панчакент гуш мегуянд, ки банди борик ба андозаи сарангушти марди хузарбтан дошта, дар сояи дарахтони азимчусса то 3—3.5 метр меруяд.  Аз пустлохи он бурё, сабад ва пойафзол мебофанд. Навъи дигари хамин дарахт, ки онро мушша меноманд, дар алохидаги меруяд ва шоху барги зиёд дорад. Вале аз пусти он намешавад истифода кард. Гулу сабза ва раёхину себарга ба шеъри Рудаки рангу буйи тоза, тариву нарми ва хусни гуворо ато фармуда, боридани шабнам, ки онро шоъир жола мегуяд, накхату таровати дилрабое мебахшад.

Устод Рудаки кишрхои ахолии мамлакатро хуб медонад. Дар байни сойири табакоти мардуми чомеъа дехконро, ки ашрофзодаи эрони ва деххудост, кадеварро, ки ба богбонию кишоварзи машгул аст, зеби мамлакат медонад. Аммо ангашба, ки дехкони молдори муфтхур аст, худпарасту худхох аст, ба мамлакат зиён меоварад. Кадевар бошад, бо белу каланд, ки дар шеъри Рудаки шакли «кананд»-ро дорад, досу доскола кишварро обод, хирманхоро пур, заминро шудгор мекунад; марди муздур бо гирифтани хакки захмати худ ба кори дехкону косиб кумак мерасонад. Инхо хама тобеъи амиру вазир ва хокиманд. Себу бихи, сунчиду челон, пиставу бодом, беду нашк, сарву парварда, бо дастрас намудани уду бон ва сандал сарвати ватанро меафзояд. Ангуру анчиру анор (нор) зеби дастархон (суфра) аст. Аммо нон чизи асосист. Доранда нони гафси калон ва гандуми сафед мехохад, ки онро «шамаз» мегуянд (Нонаки кашкинт раво нест низ, — Нони шамаз хохи гирду калон). Нони чавин (кашкин)-ро бисёрихо орзуманданд, харчанд онхое, ки нони гандуми чаззадор, ки магзи бодом, чормагз ва шираи канд омехта мепазанд, дар суфра доранд, кам нестанд. Ин навъи нонро дар замони Рудаки «фарахша» мегуфтанд. Майли Устод ба тарафи бенавоёни мухточи нони чав аст:

Басо касо, ки бара асту фарахша бар хонаш,

Басо касо, ки чавин нон хаме наёбад сер.

Мубодират куну хомуш мабош чандино,

Агар-т бадра расонад хаме ба бадри мунир!

Аммо Устод Рудаки бо тамоми хасти ба таргиби ганимат шумурдан, хуш гузаронидани вакт ва хедонизм мепардозад, айшу нушро талкин мекунад. Бо ин максад, у бо хаячони шоъирона малохи, яъне асбоби айшу ишратро меситояд (Шуд рузаву тасбеху таровех ба як чой, — Ид омаду омад маю маъшуку малохи) ва маю бодапоймоиро чун воситаи шодмонибахш дар самоъ, базмхои айшу тараб, чамъомадхои дустона, зиёфатхои шохона ва амсоли инхо тасвир намуда, навъхои гуногуни майро чун секи, яъне мусаллас, соф, яъне шароби ноби зулол, дурд, яъне тахнишини май ё шаробе, ки хануз тоза карда нашудааст, шароби рахшон, майи рахшон, бодаи сайёл, набиз, яъне шаробе, ки аз хурмо месозанд, бо хусусиятхои хосашон тавсиф менамояд. Ба фикри Рудаки, май меъёрест, ки дарачаи одамгари, озоду банда, гуломи зархарид ва инсони шарафманд будани каси бодапайморо ба хамагон намоиш медихад.

Рудаки надими хоси шох буд. Аз ин чихат коидахои майнуши, шаробхори ва бодапаймоиро нагз медонад. Дустгони — пиёлаи пуропури шаробе, ки касе бенавбат ба шарафи дусти содикаш менушад, горичи — майнушии субхона барои дафъу рафъи хумори шабона. Айшу тарабро у «куруз» меномад:

Бо курузу хуррами оху ба дашт

Мехиромад чун касе, к-у маст гашт.

Шаробро то навбахор (рузхои Навруз) ва нимаи найсон (чуши бахор) нигох дошта (Хам ба хум-андар хамегудозанд чунин — То ба гахи навбахору нимаи найсон), хангоми Наврузу Мехргону Сада дар базмхона бодадиханда (Бодадиханда буте бадеъ зи хубон — Баччаи хотуни турку бачаи хокон) аз майи лаълфом ба кадунима, ки як навъ зарфи махсуси шароббарист (Лаъли майро зи дурчи хум баркаш, — Дар кадунима кун, пеши ман ор) онро андохта, пеши ахли мачлис мебурданд, ки онхо ба айшу тараб бипардозанд. Ахли зиёфат чомхои лаболаб, согархои булурин ва паймонахои саршор, яъне ратлро пур карда (Будани буд, май биёр акнун, — Ратл пур кун, беш магуй сахун), дар такуки шохвор, ки чоми тиллойи, нукрагин ва гилинест, ки дар шакли сари гов, шер ва тула сохта шуда бошад (Хур ба шоди рузгори навбахор — Май гусор андар такуки шохвор), май нушида, бо фарогати хотир дар зери нагмаи руд ва хидояти соки (Соки, ту бидех бодаву мутриб, ту бизан руд, — То май хурем имруз, ки вакти тараби мост) тарабу шодмони меварзанд. Касидаи «Модари май» гуётарин намунаи таргибу талкини хедонизм аст. Абёти зайл низ аз намунахои олии тасвири май дар осори бокимондаи Рудакист:

Биёр он май, ки, пиндори, равон ёкути ноб асти,

Ва ё чун баркашида тег пеши офтоб асти!

Ба поки, гуйи, андар чом монанди гулоб асти,

Ба хашши, гуйи, андар дидаи бехоб хоб асти!

Сахоб асти, кадах, гуйиву май катри сахоб асти,

Тараб, гуйи, ки андар дил дуъои мустачоб асти!

Агар май нести, яксар хама дилхо хароб асти,

Агар дар колбад чонро надидасти, шароб асти!

Агар ин май ба абр—андар ба чанголи укоб асти,

Аз он то нокасон харгиз   нахурданди, савоб асти!

Ба кавли Устод Рудаки, вижагии май он аст, ки баъди нушидан ки будани одамро, ки ашрофзодаест ё гуломи зархарид аст, нишон медихад. Махсусан, дар бахорон майгусори хушу тарабфазост. Хатто, агар шахси мумсик шароб нушад, дар асари он саховатманд мегардад:

Май орад  шарафи мардуми падид,

Озоданажод аз дирамхарид!

Май озода падид орад аз бадасл,

Фаровон хунар аст андар ин набид!

Хар он гах, ки хури май, хуш он гах аст,

Хоса чу гулу ёсаман дамид.

Басо хисни  баландо, ки май кушод,

Басо курраи навзин, ки  бишканид.

Басо дуни бахило, ки май бихурд,

Карими ба чахон – дар пароканид.

Ин навъи шаробро Устод Рудаки бо муболига офтобе меномад, ки бинуши, акси он аз рухон намоён мешавад:

Биёру хон бидих он офтоб, к-аш бихури,

Зи лаб фуру шаваду аз рухон барояд зуд!

Чунин май охуро ба шер мубаддал мегардонад ва, хатто, нахангро маст мекунад:

З-он май, ки гар сиришке аз он барчакад ба Нил,

Сад сол маст бошад аз буйи у наханг.

Оху ба дашт гар бихурад катрае аз у,

Гурранда шер гардаду н-андешад аз паланг.

Зегол — пиёлаи калони шаробхури ва бодапайморо дар фасли гул аз майи суп-сурхи чун лаъли гудохта лабрез кардан лаззати махсус дорад. Рудаки панд медихад:

Шукуфт лола, ту зегол бишкуфон, ки хаме

Ба даври лола ба каф барнихода бих зегол!

Ба руйи каф ниходани чоми май одоби хоси ашрофзодагон ва болонишинон дар анчуману мачлисхои зиёфати шохона буд. Дар хамин навъ гирдихамоихои онхо ашхоси номатлуб масмум карда мешуданд. Рудаки ба хонанда ва шунавандахои худ хушдор медихад, ки эхтиёт бояд ба кор бурд, ки мумкин аст дар чоми булурин «талк», яъне шароби захролуд бошад:

Лаб тар макун ба об, ки талк аст дар кадах,

Даст аз кабоб дор, ки захр аст тавъамон!

Рудаки дар байте аз доруеро барои илочи шох фармудани пизишке сухан меронад, ки ба яке аз маснавихои бахри рамали у («Калилаву Димна», «Синбоднома» ва «Даврони Офтоб») марбут бояд бошад:

Назди он шохи замин кардаш паём,

Доруе фармуд зомахрон ба ном.

«Зомахрон» ин тарёк ё позахр аст, ки бар зидди захр ба кор мебурданд.

Бисёр ашъори бокимондаи Устод Рудаки далели он аст, ки у шароити зиндагии акшори гуногуни чомеъаи давраш, хусусан рузгору  маъишати рустоиёнро хеле  амик  медонистааст. Истеъмоли   вожахои   «пажованд»   (галака ё танба), «фалч» (занчир), «офруша» (халвои орду асалу равган), «касима» (хори уштур, янток),   «говшанг»  (халачуб), «куном» (чарогох),   «канна»   (фатила  ё  пилтаи чарог), «канур» (сандуки  галлагири),   «сипор»   (юг),  «дашт», «рог», «магок», «ханба» (чордевори тахтагин ва ё гилини рукушода, ки дар  анборхо барои нигох доштани галла месозанд), «геша», ки холо «гуш» мегуянд, «тарфанч» (рохи кухи, овринг), «гунда» (хашароти машхури захрноки одамкуш), «ованг» (ресмон барои овехтани ангур ва мевахои дигари думчадор) ва амсоли инхо исботи ин даъвост. Ё ин ки Устод Рудаки чандин намунаи пойафзолро ба кор мебарад: «Пойдон», ки дар чойи дигаре онро надидаам (Чун бигардад пойи у аз пойдон — Худ шукухидан намояд хамчунон), «полик», ки хануз дар бачагихои мо одамони камбизоъат мепушиданд ва аз пусти хоми гов нодухта бо риштахо ба по мепечонидаду «хомаки» мегуфтанд, «муза» ва «музаи чини», «кафш», «кашкала» (навъе пойафзол, ки шотирон мепушанд), «сур», ки мувофики шархи Амон Нуров, «кафшест, ки дар дехахои Хуросон руйи онро аз ресмони сиёх мебофтанд» (Мутрибонро рикоб заррогин, — Пойи озодагон наёбад сур) аз ин кабиланд.

Устод Рудаки анвоъи мухталифи либосхо, пустинхо, чангафзорхо, шаробхо, кадаххо, порчахо ва амсоли инхоро чунон бо вижагихои хосашон ба калам медихад, ки аз руйи навиштахои у рочеъ ба зисту зиндаги, маъишат, табакот ва одоби он гуруххо метавон асари мукаммале офарид.

Боз онро хотирнишон карданиям, ки дар фасли корхои сахро мардумон бошишгоххои муваккати месозанд, ки хар замон ба манзил барнагарданд. Одатан аглаби суханварон навъи чунин сарпаноххоро ташхис намедиханд ва чодару хайма мегуянду мемонанд. Бинобар гуфти Устод Рудаки, «хайма» бошишгохи муваккатии лашкару сипох аст (Расиданд зи шахри Чиндон бароз, — Сипах хайма зад дар нишебу фароз). Баръакс, «чодар» хиргохи гирди турки ва сахронишинон мебошад, ки хеле зебу оро дода мешавад. «Коза» бошад, каппаест, ки бо чигу пагоз устувор гардида, бо намади коза пушонда мешавад (Чой кард у бахри будан козае, — З-он ки карда будашон андозае). Боз истилохи «бачкам»-ро ба кор мебарад, ки ба маънои боргох меояд (Аз ту холи нигорхонаи чам — Фарши зебо фиканда бар бачкам). Шакли дигари ин истилох «башкам» хам маъноро возех ифода мегардонад (Аз шабистон ба башкам омад шох — Гашт башкам зи дилбарон чун мох). «Куён» дар тасвири Устод Рудаки хаймаи арабхои бодиянишин аст (Ин рахти куёни худ ман рафтаму пардахтам, — Чун курд бимондастам: танхо ману ин боху). Аммо «насар» соябоне мебошад, ки онро аз шоху алаф дар айлокхо (чарогоххои тобистона) месозанд (Дур монд аз саройи хешу табор,— Насаре сохт бар сари кухсор).

Дар ашъори Рудаки калима, истилох ва таъбирхое дучор меоянд, ки акнун аз истеъмол баромадаанд, вале зебову хушоянд буда, кобили истифода мебошанд. Таваччух фармоед ба ин вожахо: дафнук — чулли асп, ки хангоми дам додан уро ба он мепушонанд; бахнав—раъд; баштар— абр; хабок—кутан; нагил хам кутан ва гайра.

Вожахое чун олугда, ки холо алагда мегуянд, устура, хик, базмхона, базеб, бедистон, чагбут, челон, хусур, дош (худмон), завлона, фартут, дос, кафк, ки эронихо каф мегуянд, гурунч, загора, хархаша, иёл ва амсоли он алфозе мебошад, ки имруз хам дар забони гуфтугуйи сокинони болооби Зарафшон хеле серистеъмоланд.

 Рудаки байте дорад:

Пеши теги ту рузи саф душман

Хаст чун пеши доси нав курпо!

Саъид Нафиси калимаи охирро «Курпо — халандуз, ки навъе аз ревос бошад» (с. 563) тафсир мекунад. Аз тафсири Амон Нуров чи будани он гиёхе, ки у дар назар дорад, маълум нест. Маълум аст, ки хар дуйи ин шарху тафсир нодурустанд, зеро ревосро бо дос намедараванду он курпо намешавад. Дар асл, ин «курпо»-ро, ки Устод Рудаки кор фармудааст, ба точики «юнучка» ва ба форси «шабдар» ва бо забони руси «клевер» мегуянд, ки хамин алафро хангоми кад афрохта хануз напухтанаш «курпо» мегуянд, ки бо доси нав даравидани он айнан тасвири Устод Рудакиро дар зехн эхё мегардонад.

Шигифташ он аст, ки тарчумони русии хамин шеъри Рудаки Семён Липкин онро «клевер» тарчума кардааст, аммо «доси навро» факат дос гуфтааст, ки айни муддаъост:

Враг перед твоим мечом на поле боевом

Подобен клеверу на поле перед серпом.

Хамин тарик,  дар   ашъори  устоди  панчруди  олами  хасти, дунёи мавчудот ва чахони пиндор хама бо хам пайваст, якчоя ва ба тарзи вохид шинохта шуда, шоъир хамаи ашёи махсусро дар ягонаги тасаввур мекунад.

Рудаки олами парандагонро хам неку медонад ва бо тарзи зиндаги, рафтору хониш, хислатхои нагзу зишт, чихатхои нафъовари ва одатхои зарарноки онхо ошност. Инъикоси олами рангини парандахо шеъри Рудакиро басе гуворо гардонидааст. Аз тавсифи хурдтарин парандаи хушовоз, ки шахиш ном дорад (Гургро кай расад салобати шот — Бозро кай расад нихеби шахиш), то тасвири укоб (Агар ин май ба абр-андар ба чанголи укобасти, — Аз он то нокасон харгиз нахурданди, савоб асти) ба шеъри Рудаки хусни тоза бахшидааст. Ифодаи тарзи хирому рафтор, сахтчанголу заъифи беозор ва тазоди бисёр мургон чанбаи пандомузи ва ибратбахшии гуфтори Рудакиро пуркувваттар мегардонад.

Дар ашъори Рудаки зикри саъва, заган (Чумла сайди ин чахонем, ай писар, — Мо чу саъва, марг бар сони заган), сору :булбул (Булбул хаме бихандад дар шохсори бед, — Сор аз дарахти сарв мар уро шуда мучиб), хазор, хазордастону зандвоф, ки низ мачозан номхои булбул мебошанд, андалеб, пупак, чаковак, таз, кабк (Чун латиф ояд ба гохи навбахор — Бонги руду бонги кабку бонги таз), сулсул, чарз, фохта, парасту, шохин, каргас (Чарост умри каргас дусад сол, вайхак — Намонад фузунтар зи соле парасту?), зог, мог, бум, чугз, боз, куланг (Чугз, ки бо бозу бо кулангон паррад, — Бишканадаш парру болу гардад лат-лат), титу ё титав, гуроб, усфур, товус, симург, самандар ва гайрахо низ чанбахои маънави, аёни, пандомузи, фалсафи ва маърифатбахшии онхоро меафзод. Корбасти вожахои «мург» (Мург диди, ки бачча з-у бибаранд. — Чов-човон—дар асту чуён аст), «мургак» (Бад-он мургак монам, ки хаме душ, — Ба зор аз бари шохак хамефунуд) ва «мургоби» (Бувад зудо, ки бо он нек хомуш — Чу мургоби зани дар об погуш) тобишхои гуногуни шеърро хувайдо мегардонад. Кабутар, кабудар (Мохи, диди кучо кабудар гирад? — Тегат мохисту душманон  кабудар), калог, ки зоги алост, хар кадоме бори маъниеро кашида, ходисаву матлабро хеле назаррас ифода мегардонад.

Рудаки дар хачви аспи логаре, ки бар он нишастааст, саворро ба калог ташбех медихад:

Бувад аъвару кусачу лангу пас ман

Нишаста бар у чун калоге бар аъвар.

Бинобар эътикодоти мардумони форсу точик ва кулли эронинажодон, самандар мургест, ки аз оташ пайдо шуда, аз оташ берун барояд, хокистар мегардад. Устод Рудаки мустаграки об бар мисоли наханг ва монанди самандар дар оташ гудохта шудани кахрамони лирикии худро бо ин ташбех мучассам менамояд:

Ба оташ дарун— бар мисоли самандар,

Ба об андарун— бар мисоли нахангон.

Оламн хашарот бо дунёи парандагону мургон пайваста, ба пахнои он густариш мебахшад ва доираи чавлони фикри шоъирро басо тавсиъа медихад, ки парвона (Чу ораз барфурузи, мебисузад — Чу ман парвона бар гирдат хазоро), чиллаи имруза, ки Рудаки онро чун зилла ба кор мебарад (Бонги зилла кар хохад кард гуш, —Хеч н-осояд ба гармо аз хуруш), гунда ва кабт, ки занбури асал аст (Хамчу он кабте, ки дорад ангабин, — Чун бимонад достони ман бар ин), магас (Ёри ту зери хок муру магас — Чашм бикшо, бибин, кунун пайдост) ва гайра аз он кабиланд.

Аммо Рудаки, беш аз хама, образхои халки ва ошкороро корбаст менамояд, мисли:

Манам ху карда бар бусаш, чунон чун боз бар миста,

Чунон бонг орам аз бусаш, чунон чун бишкани писта!

Ё:

Ба чумла хохам якмоха буса аз ту, буто,

Ба кеч-кеч нахохам, ки фоли ман тузи!

Ва:

Кори буса чу об хурдан шур,

Бихури беш, ташнатар гарди!

Хамин навъ абёту ашъори Устод Рудаки буд, ки дилхои сангинро об мекард:

Басо дило, ки ба сони харир карда ба шеър,

Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Баробари  шоъири  бузург будан, Устод Рудаки ромишгаре сутург низ буд. Дар ин шугл у чунон ном бароварда буд, ки муъосиронаш уро баробари Борбади Марвази медонистанд. Рудаки чун суханвар дар аглаби абёти худ кеши хушбоши, ганимат шумурдани вакт, аз чавони, бахор, аз гулу раёхин бахра бурдан ва, умуман, хедонизмро талкин мекунад. Самоъу шароб, суруду мусики ва мувосилат бо дилбарони мохчабин василаи чунин айшанд:

Самоъу бодаи гулгуну луъбатони чу мох

Агар фаришта бубинад, даруфтад аз чох.

Чангнавози мохир будан ва дар мачлисхои амир ромишгари, сурудхони ва бодапаймойи кардани Рудакиро худи шоъир ва хамъасронаш такрор ба такрор хабар медиханд:

Рудаки чанг баргирифту навохт,

Бода  андоз, к-у суруд андохт!

В-он акикин мае, ки хар ки бидид,

Аз акики гудохта нашинохт,

Хар ду як гавхаранд, лек ба табъ

Ин бияфсурду он дигар бигдохт.

Нобисуда ду даст рангин  кард,

Ночашида ба торак — андар тохт!

Аз асбобхои мусики дар ашъори Рудаки чанг (Майи лаъл ору пеши ман ой, — Ба як даст чому ба як даст чанг), барбат (Дусто, он хуруши барбати ту — Хуштар ояд ба гушам аз такбир), руд (Чун латиф ояд ба гохи навбахор -— Бонги руду бонги кабку бонги сор), шохруду танбур (Фохта ба сарв шохруд баровард, — Захма фуру хишт зандвоф ба танбур), даф (Он харпадарат ба дашт хошок зади, — Момот дафу дуруя чолок зади), най (Боз ту беранч бошу чони ту хуррам — Бо наю бо руду бо набизи Фаноруз), дуруя, ки хам як навъ табл аст, кус (Алам абру тундар бувад куси у, — Камон одиянда шавад, жола тир) табир ва табира (Пас табира дид наздики дарахт, — Хар гахе бонге бичасти тунду сахт), табуррок зикр мегардад. Аз гуфтахояш пайдост, ки Устод Рудаки дар базмхонахо (Бахори Чин кун аз он руй базмхонаи хеш, — Агарчи хонаи ту навбахори бархаман аст) бо маю мусики базмхои айшу тараб  ороста, бо ромишгарон ба мачлисхои   хуррами пардохта     (Яке базми    хуррам биёростанд,    — Маю руду ромишгарон хостанд), аз    савту наво    (Ба савту навою ба сити маъони — Тараббахши рухам, фарахзойи чонам) ва оханги махбубаи навозанда, ки шоъир уро «бути навойи» ном мебарад  (Фархор бузургу   нек чоест, — Гар маъдани он бути навойист), пайваста хаззи  вофир  мебарад,  нагмаи  булбулу  оханги  сулсул (фохта)  бар нишоти ахли тараб меафзояд  (Сулсул ба сарбун-бар бо нагмаи кухан, — Булбул ба шохи гул бо лахнаки гариб), гуломони мутриб, яъне ридакони ромишгар   (Диди ту рижу ком бад-у андарун басо — Бо ридакони мутриб буди ба фарру зеб)  базмро зеб медихад. Пас Рудаки ба соки ва мутриб хитоб мекунад:

Соки, ту бидих бодаву мутриб, ту бизан руд,

То май хурем имруз, ки вакти тараби мост!

Лафзи хунёгарро Устод Рудаки ба маънойи мутрибу навозанда ва созандаву сароянда ба кор мебарад ва ба у хеле эхтиром меварзад:

Ба хунёгаре нагз овард руй,

Ки чизе, ки дил хуш кунад, он бигуй!

Вале Рудаки мартабаи суханварро аз мартабаи чангнавоз боло мегузорад:

Агарчи чангнавозон латифдаст буванд,

Фидои дасти калам бод дасти чангнавоз!

Мутрибоне низ мешаванд, ки захма (мизроб)-и онхо ба чуз дарди сар асари дигаре намебахшад. Рудаки инро низ мебинад:

Хеч рохат менабинам дар суруду руди ту,

Чуз, ки аз фарёду захмат халкро котура хост!

Бонг, нола, зер (бонги зер), лахн, лахнак, суруд, нагма, сурудгуён, савт, наво, таблзан, фигон ва дигар истилохоти мусики дар порашеърхои бокимондаи Рудаки бурхони онанд, ки устод аз нозукихои илми мусики амик огох буда, дар илму хунари мусики низ устоди устодон будааст. Аз ромишгарони замони худ у барбати Исову хондахои Муроди ва чанги Мудакниру нойи Чобуки Чононро меписандидааст:

Барбати Исову кавлхои Муроди,

Чанги Мудакниру нойи Чобуки Чонон.

Дар ашъори Устод Рудаки «бача» чун «бачча» ва «турш» ба тарзи «туруш»   истеъмол   мегарданд.  «Хурд»-ро   эрониён  «кучак»   мегуянд.

Ахолии зодгохи Рудаки ин вожаро «хучек» мегуянд.

Забони ашъори Устод Рудаки аз лихози захираи лугави ва калимасози низ чолиби диккат аст. Аввалан, шоъир вожахои ноби форсиро ба кор мебарад, ки кутох, хушоханг ва барои бисёри мардум фахмо мебошанд. Байтхои зиёди Устод Рудаки бе истифодан ягон вожаи араби сохта шудаанд. Мисли:

Хар ки    н-омухт аз гузашти рузгор,

Хеч  н-омузад зи  хеч  омузгор!

Ё:

Яке олудае бошад, ки шахреро биолояд,

Чу аз говон яке бошад, ки говонро кунад рихин.

Або, абр, боз, бом, бат, вом, нек, бад, дом, ангубин, ангишт, анбон, ангез, зебо, бода, бих, арзан, ангур, аргувон, варг, ашк, бароз, буруз, гирев, гуч, хама, хомун, чав, чох, чуй, чушиш ва монанди ин дар ашъори Устод Рудаки серистеъмоланд.

Гайр аз ин, вожахое, ки бо пасояндхои «нок» (бимнок), «истон» (шабистон, бедистон, бустон, гулистон), «гар» (кафшгар, ромишгар, хунёгар, тавонгар) ва монанди инхо сохта шудаанд, оханги маргуби шеърро ба вучуд меоранд.

Калимахои мураккаби корбурдаи Устод Рудаки хам сангин нестанд, чун обгир, обдон, обдор, гулрух, гулранг, гулоб, гулбун, гулшакар, кишваргир, бадомуз, баддил, бадасл, бадандеш, хубдидор, оташкада, базмхона, гармоба, таблзан, чангнавоз, дирамхарид, фарохмайдон ва гайра. Бештарини ин вожахои мураккаб барои нишон додани зебои ва хусни дилбар ба кор рафтаанд: нористон, зулфчавгон, мушкинмуй, савсанбаногуш, борикмиён ва монанди инхо. Гохо чунин калимахои мураккаб сифатхои хуби мамдух (олихиммат, набисират, давлатшиор), чилвахои табиати зебои диёр (монавитабъ, бихиштойин, зарринварак, катраборон, бустонсарой, гирдмох), ашёи дигари гуногун (жандапил, пуштчавгон, гуспандкушон, бутпарасти, пушткуз, чахонсуз, озарфазо, гандапир, покнажод) ва монанди  инхоро ифода  мекунанд.  Барои  намуна  вожаи «палолактег» дар байти зайл:

Чи чиз аст он раванда тираки хурд?!

Чи чиз аст он палолактеги буррон?!

Вожахои «бебуд» ба маънии «нотавон» ва «логар» (Чунон ки уштури бебуд суви куном шуда — Зи марги рубаху зогу зи гург бехабаро)   ва «беханда», ки маъниаш «ошкор» аст (Аз мехри у надорам беханда кому лаб, — То сарви сабз бошаду барн-оварад пада) имруз кобили зинда будан мебошанд. Калимахои «пойдон», ки ба маънии «пойафзол» ва  «кафш» аст  (Чун бигардад пойи у аз пойдон — Худ шукухидан намояд хамчунон)   ва   «таншуй»,   ки   «тахтаи   мурдашуй»-ро дар замони Рудаки мегуфтаанд (Ёд кун зерат- андарун таншуй —   Ту бар  у хор хобанидасти)   акнун    хам лоики истифодаанд.

Дар забони точики ва форси вожаи «гох» ва шакли кутохшудаи он «гах» ду мафхумро ифода мекунад: аввал, замон ва вакт, баъд, чою макон. Дар ашъори Устод Рудаки байте ба назар мерасад,  ки дар он чо вожаи «гохи»  ба  маънии «тахтнишин», ки максад «подшох»    аст, омадааст:

Михтар  нашавад, гарчи кави гардад, кихтар,

 Гохи нашавад, гарчи хунар дорад, мохи!

Дар мавриди чою маконро ифода намудани вожаи «гох» Устод Рудаки чунин калимахои мураккабро ба кор андохтааст: дастгох, даргох, гузаргох, чойгох, пешгох. Барои ифодаи вакту замон чунин вожахои мураккабро ба кор бурдааст: бахоргох, сахаргох, субхгох ва гох-гох. Вале таркиби «гох-гох» маънии «баъзан» ва «гохо»-ро хам ба хуби ифода менамояд:

Хуршедро зи абр дамад руй гох-гох,

Чунон  хисорие, ки гузар дорад аз ракиб!

Хамин гуна вожахое, ки аз такрори якхелаи таркибхо пайдо мешаванд, хоси гуфтугуйи мардум буда, гуфтори Устод Рудакиро ба лахни суханронии мардуми махалли боз хам наздиктар мегардонанд: печ-печ, чок-чок, чов-чов, чоф-чоф, хайр-хайр, ков-ков, гох-гох, як-як ва гайра.

Харчанд аз осори адабии Устод Рудаки хеле кам боки мондааст, аз хамин чанд байту шеърхои тасодуфан комилу пурра махфузмондаи у забони басо гани ва аз чихати вожасози рангини он мушохида мегардад. Аз ин ру, мавзуъи гановату хусусиёти забони осори Устод Рудаки тахлил ва пажухиши доманадорро мехохад. Вале ин чо боз ба ду пахлуйи он ичмолан ишора менамоем: аввал, он ки Устод Рудаки ба кор бурдани шакли пасванди — «ак»-ро дуст медорад. Дар бисёр вожахои форси ва хатто калимахои араби ин пасвандро фаровон истифода мебарад. Дар осори дастраси у чунин шаклхо дида мешаванд: мургак, шохак, дилбарак, канизак, зулфак, сияхчашмак, чодарак, таомак, миёнак, лолак, торак, пололак, ки хама ашёи мучассам хастанд. Аммо дар хамин шакл баъзе исмхои маъни ва мавхумхои бечон низ дида мешаванд, ки хусусияти услуби доранд, аз кабили: бонгак, камтарак, ранчак (Дил гусаста дори аз бонги баланд — Ранчаке бошад – ту озору газанд), андак, нозукак (Аз гесуйи у насимаки мушк ояд — В-аз зулфаки у насимаки настарван), дастак ва амсоли инхо. Ба ин байт таваччух фармоед:

Чаъд хамчун наварди об ба бод,

Гуйиё,  ончунон  шикастасти.

М-ёнакаш нозукак, чу шонаи му,

Гуйи, аз якдигар гусастасти!

Оханги  навозиш дар порашеъри    поён    маргубтар садо медихад:

Зулфи туро «чим» ки кард?! Он ки у

Холи туро нуктаи он «чим» кард!

В-он дахани танги ту, гуйи, касе

Донакаке нор ба ду ним кард!

Масъалаи дигаре, ки ин чо зикраш зарур аст, он аст, ки устоди бузурги сухан калимахои арабиро чи навъ истифода мебарад. Дар осори бокимондаи адабии Устод Рудаки аз захираи лугавии забони араби фаровон ва бамаврид истифода шудааст. Вале он калимахо кайхо аз забони араби ба забони форсии точики гузашта, дар ин забон хазм шуда, чун чузъи чудонашавандаи захираи лугавии забони адабии форсии дари, ки дар он даврон чун забони точики роич буд, махсуб мегарданд. Инхо калимахое мебошанд монанди: одам, оят, асар, адаб, лахн, авлиё, боб, бахр, тавба, сано, самар, амир, чафо, чамол, чахд, хол, хусн, хотир, хаз, дахл, давлат, дин, завк, зил(л), раъд, сачда, сихр, мазхаб, малик, малак, самоъ, савол, шубоб, шеър,  садр, тоъат, толеъ, табъ, тифл, олам, ошик, адл, ато, акл, умр, ид, афв, илм, фахр, фарак, фуркон, фалак, никоб, вочиб, юмн ва монанди инхо, ки дар забони точики бегонагии онхо асосан ва абадан хис карда намешавад, монанди рубоъии зерин, ки дар он нух (9) вожаи араби хаст:

Аз Каъба калисиёнишинам карди,

Охир дар куфр бекаринам карди!

Баъд аз ду хазор сачда бар даргахи дуст,

Ай ишк, чи бегона зи динам карди!

Чунин аст бархе аз мулохизахои мо дар бораи забони осори бокимондаи Устод Рудаки, ки тахкику тадкики амику дакики он кори ояндагон аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …