Главная / Гуногун / ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕД

ЗАБОНИ МОДАРИРО ПОС ДОРЕД

Дар тули таърих халки точик фалокату бадбахти ва фочиахои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Аммо забон – арзиши беназири меросии худро хифз карда тавонистааст. Ин нуктаро Бозор Собир дар шеъри “Забони модари” чунин ба калам додааст:

           Оч гум карду забонро гум накард,

           Точ гум карду забонро гум накард,

           Тахт гум карду забонро гум накард,

           Рахт гум карду забонро гум накард,

           Бахт гум карду забонро гум накард.

Президенти кишвар, мухтарам Эмомали Рахмон бархак кайд кардаанд: “Таърих гувох аст, ки халки точик аз каъри асрхо то имруз симои миллии худро пеш аз хама тавассути фарханг нигах доштааст, забони миллии худро хифз кардаву густариш додааст ва дар байни халку миллатхои дигар сохиби нуфузу эътибор гаштааст”. Имруз бошад забони точики чун забони давлати дар шахсияти Президенти Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон бони ва хомии худро дарёфтааст.

duxtaroni-tojik-105Боиси хушбахтист, ки мухаббат ва хусни таваччухи сарвари давлати Точикистон Эмомали Рахмон нисбат ба забони модари бенихоят калон аст. Худи Чаноби Оли забони модариашонро хуб медонанд ва хатто дар Ичлосияи Созмони Милали муттахид бо он суханрони карданд. Эмомали Рахмон забони точикиро аз чону дил дуст медоранд ва аввалин нишонаи миллат ва унсури асосии адабиёт мешуморанд. Ин аст, ки дар мулокоти худ бо зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2004 гуфтанд: “Забон дар хакикат асоси хасти ва бакои умри миллат аст”. Дар Мачлиси тантанавии Анчумани точикон ва форсизабонони чахон бошад сухан карда, чое чунин изхор намуданд: “Ман хамон кадар забони модариамро дуст медорам, ки агар шабонарузи харф занам хам, хаста намешавам”.

Ин суханони Президент аз каъри калб ва чунон самими буданд, ки хозирон ба ифтихори он аз чой бархоста, карсаки бардавом заданд.

Оре, забони точики бо фасохату балогати худ асрхо оламиёнро ба хайрат гузоштааст. Хатто бегонахо ин забонро арч гузоштаву тавассуташ ба адабиёти оламшумули точикон шиносои пайдо карда, аз он бахра бардошта, ниёзхои худро ба он мутобик сохтаанд.

Шоири намоёни казок Олжас Сулаймонов гуфтааст: “Нутки шифохии точикон ба забони адабии форси ба лафзи дарист. Забоне, ки дар кураи шеъри Рудаки гудохта, дар байтхои Фирдавси обутоб ёфта, дар ёкути кабуди Хофиз ва лаъли Хайём чило ёфтааст”.

“Надонистани забони форси бадбахтист” – навишта буд Ф. Энгелс ва К. Маркс.

Сазовори таъкид аст, ки дар давраи истиклолияти давлатии Точикистон ахли адаб нисбат ба забон масъулияти калон хис карда, дар рохи баланд бардоштани маданияти сухан, сайкал додани сабки эчоди ва гани кардани таркиби лугавии худ бисёр захмат кашиданд. Ва ба дастовардхои назаррас ноил гаштанд.

Вале имруз моро боз хатар тахдид мекунад. Ин хам бошад бо суръат харакат суи чахонпайванди. Ва аз ин раванд чойи гурез нест, ба он омода бояд шуд. Яъне мо бояд забонамонро, фархангамонро хифз намоем. Дар акси хол гумном хохем шуд.

Решаи илм, адабиёт ва санъат забон аст. Чи чои тааччуб, ки ба кавли Сайидали Маъмур имруз “Бедорчашм сад лаку бедордил кам аст”. Чашми дил пеш аз хама бо забон кушода мешавад.

Оё имруз кам аст камбуди? Зиёд, аз хад зиёд! Ва ин ташвишовар аст. Баъзехо забонро чунон хор кардаанд, ки гиребон медорию тавба мегуи. Онхо аз окибати имрузу фардои кишвар андешае надоранд. Шиорашон: “Як руз бошу хурус бош!”

Танхо як мисоли хеле машхур.

“Казнить нельзя, помиловать”.

Телеграмма чунин навишта шуда буд. Аммо бо айби ходими почта вергул пас аз калимаи “Казнит” гузошта мешавад.

“Казнить, нельзя помиловать”.

Чунон ки мебинем истифодаи нодурусти танхо як вергул инсонро курбон кард.

Иштирокчии Чанги Бузурги Ватаниеро медонам, ки дар набардхои хунин аз захми тири душманон намурд, вале аз захми забони хамдиёр дар ватани худ чон дод.

Суоле ба миён меояд, ки чаро забоне, ки тули хазор сол аз бахри Хазар то укёнуси Хиндро фаро гирифта, дар Хиндустону Туркистону Кошгару Миср давлати буд, имруз наметавонад ба богчаи бачахо, мактаб, хона, куча ва мачлису минбар рох ёбад? Ва чаро мо сохибони ин забони чахонгир ба кадри он намерасем, онро хор мекунем?! Ва мисраи Соиб ба ёд меояд: “Ин нокасон, ки фахр ба ачдод мекунанд”. Устод Лоик хам – рухашон шод бод! – дар шеъри “Забонгумкарда” то кадом андоза нафрат доштанашро нисбати одамоне, ки ба кадри забони модари намерасанд ва онро хор мекунанд, возеху равшан ба калам додааст:

          … Бок не, гар довари гум кардааст,

          Ё уммеди сарвари гум кардааст.

          Захр бодо шири модар бар касе,

          К-у забони модари гум кардааст.

Устод Гулназар ба истилохи устод Лоик “дар гами номуси миллат” месузад ва аз хории забону фарханг дилаш ба дард меояд:

          Агар як лахза хории забон бинам,

          Суханхои равонро норавон бинам.

          Ба дасти нотавоне нотавон бинам,

          Дилам бар Рудаки сузад, ба холи зиндаги сузад.

          Чу бинам “Шашмаком” имруз ночур аст,

          Чу бинам оина дар хизмати кур аст,

          Ба лавхи хотири мо лавхаи гур аст,

          Дилам бар Рудаки сузад, ба холи зиндаги сузад.

Мутаассифона бояд гуфт, ки барои харобии забон ягон вакт ин кадар шароити мусоид фарохам наомада буд.

Ба наздики ду чавони тахминан бистучорсола ба духтараке хар гуна суханхои ба таври худ махрамона мегуфтанд.

– Бухурумшае, хушру будай!

Дигари илова намуд:

– Рост меги, ништяк!

– Духтари хола номут чияй?

Духтар хатто ба онхо наменигарист.

– Гунгай чи бало?

– Не, муйхои буридааш дар хок, мора писанд намекуна.

Ман токат накарда ба онхо гуфтам:

– Наход, ки ба духтар хамин хел муомила кунанд?

Харду якбора суям теги нигох кашиданд:

– Э, кори худата дон, дядка!

Хама ба сухани хуш эхтиёч доранд. Зеро сухани хуш тавони дил аст, гаму андухро аз он берун мекунад. Сухани хуш хатто морро аз хонааш берун меорад, филро бо хамон бузурги аз по мефитонад. Пас чаро сухани хушро дарег медорем? Кайсин Кулиев гуфтааст:

            Агарчи харфи хуш эъчозкор аст

            Вале кахт аст гох андар забонхо.

Зеро ки агар чавонони мо дар гуруру кару фари ночо паланг бошанд, дар донистани забони модари гуспанданд. Ин чо мисрахои Мухтарам Хотам ба ёдам мерасанд:

             Соли ман гарчи паланг аст,

             Гуспанд аст

             Мохи ман.

             З-ин палангу гуспанди

             Мерасад то осмонхо

             Охи ман…

Ин чо хочат ба шархи ин мисрахо нест.

Дар хор кардани забони точики матбуоти даври, хусусан хафтаномаву мачаллахои шахси “сахм”-и калон мебозанд. Ин чо метавонем хазорхо мисол биёрем. Аммо хочат ба овардани онхо нест. Танхо ба ояти 6-уми сураи Лукмон назар меафканем: “Баъзе аз мардум харидори суханони бехудаанд, то ба нодони мардумро аз рохи Худо гумрох кунанд ва Куръонро ба масхара мегиранд. Насиби инон азобе аст хоркунанда”. Ин чо “суханони бехуда” – суханони бегонаву гайр ва ходисахои фахш буда, “рохи Худо” – рохи хакикат ва рост аст. Мухим он аст, ки биандешем чаро чунин холат рух медихад. Ба акидаи ман сабабаш бемасъулияти ва боз хам бемасъулияти мебошад. Бемасъулияти бошад аз беназорати, набудани талабот сар мезанад. Дар замони Шурави барои як харфи хато гунахгорро аз кор сабукдуш мекарданд. Холо чи? – касеро ба касе кор нест!

Аз додситоне пурсидам, ки дар муддати хаждах соле, ки Конуни забон амал мекунад ягон касро ба чавобгари кашидаед.

– Не, ёд надорам.

– Чаро?

– Эхе, фалак дар чи хаёлу ту дар чи хаёл…

– Дилам ба забон месузад, мефахмед. Дар шахре ки маркази илму фарханг аст, забони давлати вазъияти нохуш ва хатто рахмовар дорад. Гуш кунед, ки хафтаномаи “Нигох” чи менависад: “Чанде пеш “Навои дил”-ро ки дастандаркори он “Азия плюс” буд, тарики телевизиони “Сафина” тамошо кардам. Гумон кардам, ки дар вокеъ хам наво навои дил аст, аммо гумонам хато баромад. Зеро “Навои дил” сурату сирати точикона надошт, забон бегона буд. Хини такдими тухфа ба яке аз сарояндагон хамсари шодравон Мирсаид Миршакар ба сухан баромад ва аз барандаи намоиш суол кард, ки “Точики гап занам, мамкин-ми?”

Бинед, ки дар Ватани худ, дар зоту буми худ хохишу дархост мекунем, ки мумкин аст, бо забони точики сухан гуем? Чанд сол мукаддам чунин ходисаро дар Кайрокум, дар семинаре, ки бо ширкати рузноманигорон доир гашта буд, мушохида карда будам. Чун забони семинар руси буд, рузноманигоре ба сухан баромада узромез гуфта буд: “Мебахшед, ки ман ба забони руси гап мезанам”. Ва ачобат он аст, ки хама ширкаткунандагони семинар точик буданд, чуз як нафар мехмон…”

– Э мухбир навиштан мегирад, – гуфт у. – Ту гами худатро хур.

– Моро бегами мекушад…

– Зиндаем-ку?!

– Зинда будан аз зиндаги кардан басо фарк дорад. Мефахмед? Бархак, инсоф мебояд.

Ва беихтиёр ин мисрахо ба забон меоянд:

    На дигар замзамаи шеър,

    На дигар шаршараи шеър,

    Чи кадар шеъри сафедам ба замин рехт чу шир,

    Шоири гумшудаам, гумшуда шоир,

    На ба мохам, на ба чохам, тахи кохам,

    Тирамохам, тирамохам, тирамохам, тирамохам.

    Хама зардам, хама гардам, хама дардам, хама сардам.

Ин чизро ёдрас шудан ба маврид аст, ки бисёрихо харакат мекунанд забонхои хоричиро биомузанд. Харчанд, ки имруз омухтани забонхои хоричи мухим аст, вале бояд тазаккур дод, ки барои осон аз худ намудани ин забонхо мо аввал забони модарии худамонро ба хуби донем. Тавре шоир фармудааст:

       Хар ки ба забони худ сухандон гардад,

       Донистани сад забон осон гардад.

Мутаассифона, ин чахати масъаларо бисёрихо ба инобат намегиранд. Ман дар навбати аввал онхоеро дар назар дорам, ки бо як бемасъулияти мегуянд – забони точики дар хеч кучо ба кор намеравад. Бешубха чунин одамон як руз не як руз аз ин мондаву аз он ронда мешаванд. Чунон ки Сайидали Маъмур гуфтааст:

           Забони хоричиро то биёмухт,

           Забони модарияш шуд фаромуш.

Чои таассуф аст, ки рохбарони ташкилоту муассисахо дар чори намудани Конуни забон натавонистанд кори шоистаеро анчом диханд. Гузашта аз ин бисёре аз рохбарон акида доранд, ки ба онхо донистани забони давлати шарту зарур нест. Ин акида бемаъни ва бемавкеъ менамояд. Бо яке аз рохбари сатхи боло оиди забону адабиёт сухбате оростан хостам. Вай аз сухбат сар печида гуфт:

– Эй бародар! Охир, ман филолог нестам.

Бархак, дарро задам, девор кафид!

Рохбароне хастанд, ки як рубоии Хайёмро кориазёд карда, дар маъракахо худнамои мекунанд. Тоифае хам хастанд, ки: “Лоик! Лоик!” мегуянд, вале як сатр аз ашъори у намедонанд. Рохбарони гулзан хам кам нестанд. Дар ин бора Саттор Турсун чи хуб менависад: “Ё ин ки, масалан, достонхои “Шохнома”-ро акалан варак нагардонда, “Фирдавси ачаб марди бузург, а!” – гуфта, одамонро гул задан мехоханд.

Забонро надониста!

Нахонда!

Ана хамин тавр, додари азиз. Ёбеду гиред…”

Хатто суханронии хароби баъзе вазирон дар чаласахои Хукумати Чумхурии Точикистон боиси тамасхур мегардад.

Вобаста ба хамин хуб мешуд агар Хукумати Чумхурии Точикистон хангоми таъин кардани рохбарон донистан забон ва адабиётро ба инобат мегирифт.

Мавриди кайд аст, ки шинохти феълии арзишхои маънави низ хунар аст. Аммо дар бештари маврид оби дари хона кадр надорад. Мо дар шинохт ва кадр кардани захмати адибони асил аксаран бефаркем, ки ин хакикат боиси таассуф аст. Сайидали Маъмур мегуяд:

              Хомпаз, хомхур, ки шуд бисёр,

              Ман ба ашъори пухта гаштаам хор.

Бале, ба кавли Ворис адибони мо “Мисли гурмхои дарахт захмхо дар чон доранд”.

Ва боз мисрахои Бозор Собир ба забон меоянд:

           Дар хаду сархадшиносии чахон,

           Сархади точик

           Забони точик аст,

           То забон дорад, ватандор аст у,

           То забондор аст, бисёр аст у,

           Бешумор аст,

           Бехисоб аст,

           Бехад аст.

Ва Президенти Точикистон, мухтарам Эмомали Рахмон чи бархак гуфтаанд: “Забон дар хакикат асоси хасти ва бакои умри миллат аст”.

Кадр накардани забони модари магар зери по шудани ору номуси мо нест?! Пас биёед, даст ба даст дода, арзиши беназири меросии худро эхтиёт кунем, азиз донем!

              Забони модариро пос доред,

              Ки аз модар варо мерос доред.

5 октябри соли 2007

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …