Главная / Чамъият / ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2009, №9-10, мод.546)

Конуни мазкур вазъи хукукии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Чумхурии Точикистон танзим менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Вазифахои Конуни мазкур

  1. Конуни мазкур истифодаи забони давлати ва забонхои дигарро дар фаъолияти макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин шахсони хукуки, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, хочагихои дехкони (фермери) ва сохибкорони инфироди танзим менамояд.
  2. Конуни мазкур истифодаи забонхоро дар муносибатхои шахси танзим  намекунад.

            Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи  забони давлатии Чумхурии Точикистон

durudКонунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат аст.

            Моддаи 3. Забони давлатии Чумхурии Точикистон

  1. Забони давлатии Чумхурии Точикистон забони точики аст.
  2. Хар якшахрванди Чумхурии Точикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
  3. Чумхурии Точикистон истифода, химоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.

4.Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак  ва дехот, инчунин шахсони хукуки, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, вазифадоранд барои омухтани забони давлати ва такмили забондонии кормандон шароит фарохам оранд.

  1. Забони давлати дар хама сохахои хаёти сиёси, ичтимои, иктисоди, илми ва фархангии Чумхурии Точикистон истифода мешавад.
  2. Хангоми истифодаи забони давлати риояи мукаррароти коидахои имлои забони адаби хатми мебошад.

Моддаи  4.  Забонхои дигар

  1. Хамаимиллатхо ва халкиятхое, ки дар худуди Чумхурии Точикистон зиндаги мекунанд,ба истиснои холатхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон хукук доранд.
  2. Чумхурии Точикистон барои химоя ва инкишофи забонхои  бадахшони (помири) ва забони ягноби шароит фарохам меорад.

 

БОБИ 2.  ЗАБОНИ КОРИИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ

 

Моддаи  5. Забони коргузори

Коргузории макомоти хокимияти конунгузор, ичроия ва суди дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати сурат мегирад.

 

Моддаи  6. Забони санадхои меъёрии хукуки

Санадхои меъёрии хукуки дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати тахия ва кабул карда мешаванд. Дар холатхои пешбининамудаи конунгузори санадхои меъёрии хукуки ба забонхои дигар  тарчума карда мешаванд.

 

Моддаи 7. Забони кории Куввахои Мусаллахи Чумхурии      Точикистон

  1. Забони кории Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, кисмхои харби ва чузъу томхои он забони давлати аст.
  2. Дар машкхои якчоя бо кишвархои хоричи забони дигаре, ки мукаррар шудааст, истифода мешавад.

 

БОБИ 3. ЗАБОНИ СОХАХОИ МАОРИФ, ИЛМ, ФАРХАНГ ВА ВОСИТАХОИ

АХБОРИ  ОММА

 

            Моддаи 8. Забони тахсил

  1. Дар Чумхурии Точикистон тахсил ба забони давлати сурат мегирад.
  2. Муассисахои томактаби, тахсилоти умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисахои олии таълими метавонанд ба забонхои дигар низ фаъолият намоянд.
  3. Дар Чумхурии Точикистон барои хамаимиллатхо ва халкиятхо дар интихоби озоди забони тахсил тибки конунгузори шароит фарохам оварда мешавад.

 

            Моддаи 9. Омузиши забони давлати дар муассисахои таълими

  1. Дар  муассисахои томактаби, тахсилоти умуми, ибтидои касби, миёнаи касби, олии касби ва тахсилоти касбии баъд аз муассисахои олии таълими  омузиши хатмии забони давлати таъмин карда мешавад.
  2. Дар муассисахои тахсилотимиёна ва олии касбии хоричи,  ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, омузиши забони давлати хатми мебошад.
  3. Дар Чумхурии Точикистон барои омузиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фарохам оварда мешавад.

 

Моддаи 10. Забони илм

  1. Дар Чумхурии Точикистон забони илм забони давлати аст.
  2. Дар тахкикоти илми забонхои дигар низ метавонанд истифода шаванд.

 

            Моддаи 11. Забони чорабинихои фарханги

  1. Дар Чумхурии Точикистон чорабинихои фарханги ба забони давлати  баргузор мегарданд.
  2. Чорабинихои фархангии байналмилали ва байнидавлати дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва ба забонхои дигар сурат мегиранд.

 

            Моддаи 12. Забони воситахои ахбори омма

Дар Чумхурии Точикистон воситахои ахбори омма тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва ба забонхои дигар фаъолият менамоянд.

 

Моддаи 13. Забони эълону реклама

  1. Эълону реклама дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати интишор мешавад.
  2. Эълону реклама тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба забонхои дигар низ интишор карда мешавад.

 

Моддаи 14. Забони иттилоот ва коммуникатсия

  1. Забони иттилоот ва коммуникатсия дар Чумхурии Точикистон забони давлати аст.
  1.    Дар Чумхурии Точикистон барои истифодаи забони давлати дар технологияхои иттилоотию коммуникатсиони шароит фарохам оварда мешавад.

 

           Моддаи 15. Мусоидат ба хифз ва рушди забони точики берун аз худуди чумхури

Чумхурии Точикистон ба хифз ва рушди забони точики берун аз  худуди чумхури дар асоси санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, мусоидат мекунад.

 

БОБИ 4. ЗАБОНИ КОРГУЗОРИИ  ТАШКИЛОТХО

 

Моддаи 16. Забони коргузории  ташкилотхо

Коргузории ташкилотхое, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлати сурат мегирад. Забонхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон истифода мешаванд.

 

            Моддаи 17. Забони мукотиба

  1. Ташкилотхое, ки дар худуди Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии шахрак ва дехот, инчунин бо шахрвандон забони давлатиро истифода менамоянд.
  2. Мукотиба бо ташкилотхои хоричи ба забони давлати ва забоне, ки мукаррар шудааст, сурат мегирад.

 

БОБИ 5. ЗАБОНИ   НОМГУЗОРИ

 

            Моддаи 18.  Номгузории ташкилотхо

  1. Номгузории макомоти хокимияти давлати, вазорату идорахо, инчунин дигар ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, ба забони давлати сурат мегирад.
  2. Хамаи лавхаю овезахо дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати навишта мешаванд.
  1.     Номи ташкилотхои хоричи ва муштарак ба забонхои дигар низ баргардонида мешавад.

 

             Моддаи 19. Номгузории махалхо

  1. Номгузори, иваз намудани номи вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахракхо,дехахо, инчунин кучахо, хиёбонхо, майдонхо, богхои фарханги ва дигар махалхои ахолинишин тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба забони давлати сурат мегирад.
  2. Чумхурии Точикистон баркарорсози ва хифзи номхои таърихиро дар худуди чумхури  таъмин менамояд.

 

Моддаи 20. Забони матни мухру тамгахо, бланкхо, нархномахо ва дигар маводи иттилооти

  1. Матни мухру тамгахои макомоти хокимияти давлати ба забони давлати  навишта мешавад.
  2. Матни мухру тамгахои ташкилотхо, новобаста аз шакли ташкилию хукуки, хочагихои дехкони (фермери) ва сохибкорони инфироди ба забони давлати навишта мешавад.
  3. Бланкхо, нархномахо ва дигар маводи иттилооти ба забони давлати навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотхои хоричи мумкин аст ба дигар забонхо низ баргардонида шаванд.

 

Моддаи 21. Забони матни когазхои киматнок

Чопикогазхои киматнок дарЧумхурии Точикистон ба забони давлати сурат мегирад.

 

БОБИ 6.  ИСТИФОДАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИ ДАР МУНОСИБАТХОИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

 

Моддаи 22.  Забони гуфтушунидхо ва мукотибот

Гуфтушунидхо ва мукотибот бо намояндагихои дипломати ва муассисахои консули, созмонхои байналмилали, минтакави ва байнидавлатие, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлати ва забонхои расмии онхо сурат мегиранд. Хангоми зарурат, дар гуфтушунидхо вамукотибот истифодаи забонхои дигар махдуд карда намешавад.

 

Моддаи 23. Забони фаъолияти намояндагихои дипломати, муассисахои консули                       ва намояндагихои Чумхурии Точикистон дар давлатхои хорича, созмонхои байналмилали, минтакави ва байнидавлати

Фаъолияти намояндагихои дипломати, муассисахои консулива намояндагихои хоричии Чумхурии Точикистондар созмонхои байналмилали, минтакави ва байнидавлатиба забони давлати, забонхои расмии кишвархои карордошта ва созмонхои байналмилали, минтакави ва байнидавлати сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Забони  шартномахои байналмилали

Шартномахои байналмилалии дучониба ба забонхои давлатии тарафхои ахдкунанда ва шартномахои байналмилалии бисёрчониба ба забонхое, ки тарафхо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.

 

Моддаи 25. Забони пазирои, гуфтушунид ва нишастхои матбуоти бо

намояндагони хоричи

Пазирои, гуфтушунид ва нишастхои матбуоти бо иштироки намояндагони давлатхои хоричи дар Чумхурии Точикистон ба забони давлати ва забони пазируфтаи тарафхосурат мегирад.

 

БОБИ 7.   МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

  Моддаи 26.  Чавобгари барои вайрон кардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони мансабдор, инчунин шахсони вокеи ва хукуки, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 27. Дар бораи аз эътибор сокит кардани Конуни забони  Чумхурии  Точикистон

Конуни забони Чумхурии Точикистон аз 22 июли соли 1989 (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1989, №15, моддаи 102) аз эътибор сокит карда шавад.

 

          Моддаи 28. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти

Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон

 

ш.Душанбе, 5 октябри соли 2009,

№553

 

 

1

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …