Главная / Чамъият / Вазъи хукуки ва сохтори макомоти андоз

Вазъи хукуки ва сохтори макомоти андоз

Моддаи 84-и Кодекси Андоз. Вазъи хукуки ва сохтори макомоти андоз

  1. Макомоти андози Чумхурии Точикистон (минбаъд –макомоти андоз) аз макоми ваколатдори давлати ва макомоти худудии андоз иборат мебошанд. Низомнома, сохтори дастгохи маркази, накшаи идоракуни ва номгуи корхонахои (ташкилотхои) системаи макоми ваколатдори давлатиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  2. Ба макомоти худудии андоз раёсатхои андоз дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе, нозироти андоз дар шахрхо (нохияхо), нозироти андози андозсупорандагони калон, дигар макомоти минтакавии андоз, инчунин макомотиминтакавии макоми ваколатдори давлати доир ба бакайдгирии давлатии шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди тааллук доранд.
  3. Макоми ваколатдори давлати ва макомоти худудии андоз системаи ягонаи мутамаркази макомоти андози Чумхурии Точикистонро ташкил менамоянд.
  4. Макоми ваколатдори давлати ба низоми макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон дохил мешавад.
  5. Макомоти худудии андоз бевосита ба таври амуди (вертикали) ба макомоти дахлдори болоии андоз хисоботдиханда ва тобеъ буда,ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати тобеъ нестанд.
  6. Макомоти андоз шахсони хукуки буда, дорои тавозуни мустакил, суратхисобхои махсус дар Хазинадории марказии Вазорати молияи Чумхурии Точикистон ё макомоти он дар махалхо, мухр бо акси Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ва сабти номи худ ба забони давлати мебошанд.
  7. Макомоти андоз дорои рамз мебошанд, инчунин чихати хавасмандгардонии кормандони ба натичахои назаррас ноилгашта аз нишони сарисинагии идорави истифода мебаранд, ки тасвири онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  8. Макомоти андоз дар масъалахои таъмини назорати давлатии пардохти пурра ва саривактии андозхо дорои тамоми ваколатхо мебошанд, ба истиснои холатхое, ки тибки Кодекси мазкур ситонидани андозхо ба дигар макомот вогузор шудааст.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …