Главная / Гуногун / Вазъи дохилии Корея (асри XIX)

Вазъи дохилии Корея (асри XIX)

Ба давлатхои сармоядори хоричи бастани шартномахои нобаробар норозигии ватандустони Кореяро ба вучуд овард. Ин норозиги ба харакати миллию озодихохии халк бар зидди истилогарони хоричи табдил ёфт. Яке аз хамин шуришхо соли 1882 дар Сеул ба амал омад. Дар ин шахр аввалин шуда аскарон ба шуриш огоз карданд. Ба аскарони шуришбардошта дехотиёни гирду атрофи шахр хам хамрох шуданд. Шуриши аскарон дар Сеул ба шуриши зидди хукумат ва истилогарони хоричи табдил ёфт. Онхо ба катъияти том амал карда, мушовири харбии чопониро кушта, бинои намояндагии ин давлатро сузониданд. Хайати он аз Сеул фирор кард. Шуришгарон хонахои амалдорони давлатиро ба хок яксон ва молу мулки онхоро намоишкорона оташ заданд.

korea

Аз музаффариятхои шуриш Тэвонгуни Корея истифода бурда, бо ёрии аскарони шуришбардошта ба каср баргашта, ба хукумат рохбари кард. Лекин ин кор дер давом накард. Хукумати Чин ба Корея лашкар фиристода, ин шуришро пахш кард ва Минхо аз нав ба сари хокимият омаданд. Тэвонгун ба Чин бадарга карда шуд. Чопон ба хукумати нави Корея фишор меовард. Мувофики шартномаи нав Корея ухдадор шуд, ки ба Чопон товони чанг бидихад. Дар пойтахт сарбозони Чопонро аз маводи зарури таъмин намояд ва ба рохбарони шуриш чазо медихад.

Дахолати Чин ва Чопон вазъи бе ин хам мураккаби дохилии Кореяро мураккабтар кард. Дар дохили мамлакат гурухбандихои тамоюли чини ва чопони бар зидди хамдигар мубориза мебурданд. Ба гурухи чонибдорони Чин муяссар шуд, ки соли 1882 “Карордод дар бораи тичорати байни Чин ва Корея”-ро ба имзо расонад. Ин карордод ба Чин чунин имтиёзхоеро медод, ки як катор давлатхои империалисти дар ин мамлакат онхоро аллакай ба даст дароварда буданд.

Дар хамин давра дар Сеул Хизби Истикдолиятхохии Корея ташкил меёбад. Он таклиф пешниход менамояд, ки дар Корея ислохоти сохтори давлати ба амал бароварда шавад. Ин хизб чонибдори дар мамлакат татбик кардани комёбихои техникию фархангии европави ва аз хокимият дур сохтани Минхои бо рохи чини мерафтаги буд.

Бо ислохотхохони Корея хукумати Чопон ёри мерасонд. Барои ба максади худ расидан хукумати Чопон аз ягон восита руй намегардонд. Намояндагони расмии он охири соли 1884 дар Сеул табаддулоти давлати тайёр карданд. Табаддулотчиёни чопони дар зери рохбарии Ким Оккюн ва бо ёрии дастаи аскарони Чопон касри шохро ишгол карда, худи шохро асир гирифта, аз хисоби чонибдорони Ким Оккюн хукумати нав ташкил карданд. Ин хукумат лоихаи ислохоти давлатиро пешниход намуд. Мувофики ин ислохот корхои давлати аз корхои дарбор чудо карда шуда, ба зиммаи кабинети вазирон гузошта шуданд. Дар назар дошта шуда буд, ки муассисахои давлати, артиш ва политсияро ба тарзи европави аз нав сохта, имтихонхои давлати ва аз руи ашрофзода будан таъйин кардани амалдорон бекор карда шавад. Дар барномаи хукумат баробархукукии табакахо эълон карда мешуд. Дар ислохоти давлатии хукумат баъзе чорахои дигари пешкадам низ пешбини шуда буданд. Лекин ин хукумат хамаги 48 соат умр дид. Аз ин ру, ислохоти худро ба амал бароварда натавонист. Дар баробари торумор карда шудани дастахои аскарони чопони, ки хукумати ислохотхохон ба онхо такя мекард, халки шуришбардошта ин хукуматро низ торумор ва чанд вазири онро катл кард. Кисме аз хайати хукумат бо хамрохии чопонихо ба Инчхон ва аз он чо ба Чопон фирор кард.

Барбод рафтани суикасд бар зидди хукумати Корея Чопонро мачбур сохт, ки усули дигарро пеш гирад. Соли 1885 дар Тянтзин дар байни Чопон ва Чин шартнома баста шуд, ки мувофики он аз хоки Корея бояд хам лашкари Чин ва хам сарбозони Чопон бароварда мешуданд. Инчунин хар ду давлат бояд ба Корея мушовирони харбиро равон накунанд. Вале дар баробари ин дар сурати ба амал омадани “бетартибихои чидди” Чин ва Чопон метавонистанд сарбозони худро аз нав ба Корея бифиристонанд.

Чопон Кореяро хамоно ба даст даровардани буд. Бо хамин максад баъди кариб дах сол – солхои 1894 – 1895 бар зидди Чин чанг кард. Амалиётхои харбии байни онхо асосан дар хоки Корея сурат гирифтанд. Дар ин чанг Чопон дастболо шуд. 17 апрели соли 1895 дар байни Чин ва Чопон Созишномаи сулхи Симоносэки баста мешавад. Мувофики он Чин истиклолияти Кореяро эътироф кард. Акнун Чопон метавонист дар ин мамлакат озодона амал кунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …