Главная / Гуногун / Вазъи дохилии Чин (асри XIX)

Вазъи дохилии Чин (асри XIX)

Дар солхои 90-уми асри XIX халки Чин бар зидди император ба мубориза огоз кард. Сиёсати таслимкоронаи хоричии Теи Си ба мардуми мамлакат маъкул набуд. Арбобони илму фарханг дар мамлакат гузаронндани ислохотро такозо мекарданд. Мохи апрели соли 1898 дар Пекин бо номи “Баого хуэн” (“Иттифоки дифои мамлакат”) иттиходи чонибдорони ислохот таъсис меёбад. Император хам мачбур мешавад, ки дар ин масъала ба садои мардум гуш дихад. 11 июни соли 1898 амри нахустини император Теи Си дар бораи ислохот дода мешавад. Бо хамин давраи ”100 рузи ислохот” — аз 11 июн то 21 сентябри соли 1898 – фаро мерасад. Барои огоз ёфтани ин ислохот макоми Кан Ю-вей ном ватандуст калон буд. У мохи декабри соли 1897 ба номи император маърузаи панчуми худро фиристода, иброз медорад, ки харчанд Чин зохиран мамлакати сохибистиклол менамояд, вале дар амал тамоми тичорат роххои охан ва банкхо дар дасти душманони он аст. Кан Ю-вей императорро огох кард, ки агар ислохот амали нашавад, такдири Аннам ва Бирма Чинро хам интизор аст. Император фармуд, ки маърузаи Кан Ю-вейро амалдорони баландмартабаи мамлакат омузанд.

1_imperatorskie_sadi

Чонибдорони Кан Ю-вей Ган Сн-гун, Лян Тси-чао, Кан- Гуаи-жен ва дигарон аз император мансабхои масъулро гирифтанд. Худи Кан Ю-вей мансаб нагирифта бошад хам, илхомбахши хамаи чорабинихои “100 рузи ислохот” буд. Ислохоти мазкур дар мамлакат бархам задани тартиботи кухна ва чори намудани тартиботи навро дар назар дошт. Ин ислохот мохияти ватандустона дошта, татбики он бояд Чинро бо рохи сармоядори мебурд. Мукобилони ислохот дар атрофи малика Тси Си муттахид шуда буданд. Ислохотхохон бошанд, ба ёрии генерал Юан Ши-кай умед мебастанд. Вале Юан Ши-кай ислохотхохонро дасггири накард, чунки куввахои онхо кам буданд.

21 сентябри соли 1898 дар Чин табаддулоти иртичои ба амал омад. Он руз мувофики фармони малика Тси Си шавхари у – император Гуансюн хабс карда шуд. Рохбарони ислохот Кан Ю- вей ва Лян Тси-чао фирор карданд. Як кисми онхо зиндони ва як кисмашон катл карда шуданд. Иттиходи ислохотхохон – “Иттифоки дифои мамлакат” бархам хурд.

Дар охири солхои 90 -ум дар Чин ”Ихэтуан“-хо, яъне “Мушти барои сулх ва адолат бардошташуда” cap мебардоранд. Соли 1899 харакати ”ихэтуан’‘-хо ба шуриш табдил ёфта, ба лашкари император тез-тез зарба мезаданд. Мохи июни соли 1900 ихэтуанхо ба Пекин лашкар кашида, дар мухорибаи наздикии Лэйшуяни чанубу гарбтари Пекин сипохиёни императорро торумор намуда, 13 – 14 июн ба Пекин даромада, онро ишгол карданд.

Мамлакатхои империалисти шуриши “ ихэтуанхо’’-ро барои тачовуз ба Чин хамчун бахона истифода бурдани шуданд.

17 июн лашкари онхо истехкоми Дагуро забт кард. Дар ин холат “ихэтуан”-хо аз император талаб карданд, ки бар зидди мамлакатхои хоричи чанг эълон кунад. 21 июни соли 1900 Теи Се мачбур мешавад, ки ба фармони эълони чанги зидди давлатхои хоричи имзо гузорад.

Шахри Пекин дар дасти “ихэтуан”-хо буд. Онхо кучаеро, ки дар он дипломатхои хоричи зиндагони мекарданд, мухосира карда, сафири германияви Кетгедер ва мушовири сафоратхонаи Чопон Сутиячаро катл карданд. Баъди ин давлатхои империалисти иброз доштанд, ки дипломатхои дар Пекин мухосирабударо озод карданианд. Дар ин тачовузи зидди Чин Германия, Чопон, Италия, Англия, ИМA, Фаронса, Русия на Австро-Венгрия иштирок карданд.

Тачовузи муштараки давлатхои империалисти ба Чин дар миёнахои соли 1900 огоз ёфт. 4 июл онхо кисмати чиноии Тянсзин ва 14 – 15 август Пекинро хам ишгол карданд. Хукумати Чин ба Спаи фирор кард. Шуриши “ихэтуан”-хо шикаст хурд ва 7 сентябри соли 1901 дар байни мамлакатхои хоричи ва Чин “Протоколи хотимави” ба имзо расонида шуд. Мувофики он дар мамлакат фаъолияти созмонхои зиддихоричи манъ карда мешавад. Аз руи протоколи мазкур Чин то соли 1940 бояд 450 млн лян товони чанг медод. “Протоколи хотимави” дар ба зери асорати давлатхои империалисти гирифтор шудани Чин мархалаи нав гардид.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …