Главная / Чамъият / Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати

Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати

Моддаи 107-и Кодекси Мехнат. Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати

  1. Вакт ва навбати додани рухсатии мехнати бо тартиби пешбининамудаи шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, коидахои тартиботи дохилии мехнати, чадвали рухсатихо, ки бо намояндагони кормандон мувофика карда шудаанд ва ё бо мувофикаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.
  2. Чадвали дода шудани рухсатихои мехнати барои соли таквими тибки мухлатхои мукаррарнамудаи созишнома ва шартномахои коллективи тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоки касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофика расида, ба маълумоти хамаи кормандон пешниход карда мешавад.
  3. Хангоми муайян намудани вакт ва навбати пешниходи рухсати, хукукхои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсати имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

1) Дар давраи тобистон ва дигар вакти мувофик:

– ба кормандони синни то хаждах;

– ба омузгорони муассисахои таълимии тахсилоти умуми, муаллимони муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус ва хайати профессорию омузгории муассисахои таълимии тахсилоти олии касби;

– ба иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда;

– ба занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки ду ва ё зиёда кудаки синни то чордах ё кудаки маъюби то синни хаждах доранд;

– ба кормандоне, ки ба бемории шуоъи гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар беморихои бо пахншавии нури радиатсиони вобастабуда;

– ба кормандоне, ки дар бартарафкунии окибати садамаи Чернобил ва дигар минтакахои захролудшуда ё рафъи окибатхои офатхои табии иштирок кардаанд;

– дар дигар холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи.

2) Дар давраи муайян:

– ба кормандоне, ки аз истехсолот чудо нашуда, дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми (шуъбахои шабона), муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касби, муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби, муассисахои таълимии тахсилоти махсус, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва аспирантурахо – пеш аз гузаронидан ё дар холати гузаронидани машгулиятхои мукарраргардида, ичрои корхои лаборатори ё таълими, супоридани имтихонхо ё санчишхо ба омузиш машгуланд;

– ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) чой кор мекунанд – дар як вакт бо рухсатии мехнатии чойи кори асоси.

  1. Ба корманд бояд 15 руз пеш аз саршавии рухсати оид ба вакти пешниходи рухсати хабар дода шавад.
  2. Ба мардон мувофики хохишашон хангоми рухсати барои давраи хомиладори ва таваллуди хамсарашон рухсатии харсолаи мехнати пешниход карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …