Главная / Илм / ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ

ВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ

immunologiyaВАЗОИФИ СИДОДИИ ОРГАНИЗМ, вазоифи барйерии организм, фаъолияти мухофизи, ки тавассути механизмхои махсуси физиологи (хоилхо) ичро карда мешаванд. Хоилхо организмро аз таъсироти номусоиди мухит хифз намуда, бахри ба он ворид шудани бактерияхо, вирусхо ва моддахои зарарнок монеъ мегарданд, барои доими нигох доштани таркибу хосияти хун, лимфа, моеи бофта мусоидат мекунанд.
Хоил (барйер)-хо шартан беруни ва даруни мешаванд. Ба хоилхои беруни пуст, узвхои нафаскаши, узвхои хозима, аз чумла чигар, гурда мансубанд. Пуст организмро аз таъсири тагйироти мухити зист хифз намуда, дар танзими харорат иштирок мекунад. Хоили пуст ба ворид шудани бактерия ва захрхо ба организм монеъ мешавад, ба ихрочи махсули мубодилаи моддахо, мас., ба тавассути арак, мусоидат мекунад (ниг. Аракшори). Дар узвхои нафаскаши гайр аз мубодилаи газ (ниг. Нафаскаши) хаво аз гарду чанг ва моддахи зарарнок (бо ёрии пардае, ки чавфи бини ва найчахои шушро фаро гирифтааст) тоза карда мешавад. Гизо дар меъдаю руда дигаргун ва барои хазм мувофик мегардад; махсулоти носолими хозима, инчунин боде, ки дар руда хосил шудааст, аз организм ихроч мешаванд. Чигар вазифаи мухими сидодиро ичро мекунад: пайвастхои захрнокеро, ки аз хурок ё дар руда хосил шуда, ба хун гузаштаанд, безарар мегардонад. Гурдахо таркиби хунро танзим ва онро аз махсули нихоии мубодилаи моддахо тоза мекунанд. Луобпардахои чавфи дахон, чашм, узвхои таносул низ ба хоилхои беруни мансубанд.
Хоилхои даруние, ки байни хуну бофтахо вокеанд, «хоилхои гистогемави» ном доранд. Девораи муйрагхои хун вазифаи хоили асосиро ба чо меорад. Бофтаи пайванди, ташкилахои лимфави ва баъзе хучайрахои махсуси узву бофтахо низ вазифаи мухофизатро ичро мекунанд. Байни хун ва системаи асабхои маркази (ба истилох «хоили гематоэнсефали»), байни хун ва бофтахои чашм (хоили гематоофталми), байни хун ва гадудхои таносул ташкилахои махсуси хоил мавчуданд. Вазифаи хеле мухим – хифзи чанин (ниг. Хомилаги) ба хоили хамрохак, ки байни организми модар ва чанин вокеъ аст, таалук дорад. Хамчунин парда ва ташкилахои дохили хучайра, ки аз гишои мураккаби секабата иборат буда, барои хифзи унсурхои мухими хучайра пешбини шудаанд, вазифаи хоилро бачо меоранд.
Хоилхои дарунии гистогемавии узв вазъи фаъолият ва кобилияти ба таъсироти зарарнок мукобилат кардани онро муайян месозанд. Онхо садди аз хун ба бофта интикол ёфтани моддахои бегона (вазифаи мухофизат) шуда, таркиб ва хосияти мухити гизоии узвро танзим менамоянд (барои фаъолияти он шароити мусоид фарохам меоранд). Чунончи, хангоми хеле зиёд гаштани гилзати ин ё он модда дар хун микдори он дар бофтахои узв мумкин аст тагйир наёбад ё андаке зиёд шавад. Баръакс, микдори моддае, ки барои бофтахои узв зарур аст, сарфи назар аз доими ё хатто паст будани гилзати он, дар хун меафзояд. Хоилхо аз хун моддахои барои узву бофтахо заруриро гирифта, аз онхо махсули мубодиларо ихроч мекунанд.
Равандхои физиологии организми солим ё бемор, танзими фаъолият ва тагзияи узв, таъсири мутакобилаи байни узвхои чудогонаи организми том ба вазъи хоилхои гистогемави алокаманд мебошанд. Ахамияти хоилхо хусусан дар хифзи организм аз таъсироти ангезандаи беморихои гуногун ва захри онхо хеле калон аст. Бактерияхо, вирусхо ва моддахои захрнок бо хун давр зада, дар бисёр холатхо метавонанд мучиби пайдоиши бемори гарданд. Сабаби ин бисёр вакт ба заъфи мукобилати хоилхо вобаста аст. Дар айни хол табобати манбаи бемори бинобар пурзур шудани мукобилати хоили узви мариз нисбат ба ин ё он дору душвор мегардад.
Хоилхои гистогемави ба таркибу хосиятхои мухити дохилии организм мутобик мегарданд. Ин бахри доими нигох доштани хосиятхои физиологи ва биохимияви, хифзи саломати, пешгирии беморихо ахамияти калон дорад.
Вазъи хоилхои гистогемави вобаста ба синну сол, таъсири асаб ва гормонхо, хангоми тахайюч ва боздории ташкилахои асаб, аз таъсири бехоби, гуруснаги, наркоз, дар аснои баъзе амроз ва майзадаги тагйир меёбад. Баъзан бо максади муоличави мукобилати хоилхоро ба таври сунъи зиёд ё кам мекунанд. Барои ин ба хун дорухои химияви мегузаронанд, бо нурхои рентген, ултрабунафш, инфрасурх таъсир мерасонанд. Дар аснои табобати баъзе беморихои магзи сар доруро бар хилофи хоили гематоэнсефали бевосита ба моеи хароммагз равона месозанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …