Главная / Илм / ВАСОИТИ ОРОСТАГи

ВАСОИТИ ОРОСТАГи

losyonВАСОИТИ ОРОСТАГи, маводе, ки дар саноати аттори истехсол карда мешаванд. В. о. дар лабораторияхои махсус аз санчиш (экспертиза) ва апробатсия мегузаранд. В. о.-еро, ки бо усули гайримукаррари тайёр карда шудаанд ё тавсияи ташкилоти дахлдорро надоранд, истифода бурдан чоиз нест. Саноат лосйон, крем, шампун, собуни ироки ва диг. воситахои нигохубини пуст, руй, даст, пой, чавфи дахон ва муй, маводи ришгири, косметикаи ороиши ва г.-ро истехсол мекунад. Хар яки онхо маълумотнома дорад, ки пеш аз истифода бо он шинос шудан лозим аст.
Лосйонхо арак, чарби пуст ва чиркро тоза карда, ба пуст тароват мебахшанд. Лосйонхоро барои нигохубини пусти мукаррари ва равгани, инчунин чун воситаи табобати (хангоми амрози гуногуни пуст) истифода бурдан мумкин аст. Ба таркиби онхо, гайр аз об, спирт, глитсерин ва моддахои мушкин, инчунин (вобаста ба таъинот) моддахои безараргардон, сардиовар, киёми алафхо, витаминхо, афшурахо низ дохил мешаванд.
Кремхо эмулсияхое мебошанд, ки хосияти нармсози, зидди илтихоб ва сафедибахш доранд. Муми занбури асал, ланолин, равгани растани, равгани магзхо, равгани анбарзо, глитсерин ва г. ба сифати асоси равгании кремхо истифода мешаванд.
Кремхои моеъ барои тоза кардани чирки пусти хушк, нарм сохтан ва мухофизати он аз шамол, хунуки ва дигар таъсироти ногувор, барои пок намудани воситахои косметикаи ороиши таъин шудаанд; онхоро пеш аз молидани упо истифода метавон бурд.
Барои пусти хушк, мукаррари, пажмурда ва равгани навъхои зиёди кремхои гизои мавчуданд. Кремхои гизоиро ба руй, кисми пеш ва ду тарафи гардан ба муддати 30 – 60 дакика (баъзан ба муддати 2 соат) мемоланд; баъд креми бокимондаро ба руймолчаи косметики ё гигиени тоза мекунанд.
Кремхои гизобахшро вобаста ба хосияти пуст (хушк, равгани, мукаррари) интихоб мекунанд. Онхоро доимо иваз карда меистанд, то ин ки пуст ба ин ё он крем одат накунад. Пеш аз интихоби крем бо духтури косметолог маслихат кардан хуб аст. Шахсони ба аллергия ё беморихои аллерги моил набояд аз кремхое, ки дар таркибашон шири модарзанбур, афшураи кулфинай ва фуратсилин доранд, истифода баранд. Барои одамоне, ки ба буйхои гуногун тоб намеоранд кремхои бебуй истехсол карда мешаванд.
Кремхоеро, ки моддахои фаъоли биологи доранд, баъди 30-солаги истифода бурдан лозим аст.
Кремхои сафедкунанда хангоми гиперпигментатсия (доги кунчитак, хлоазм ва г.) истифода мешаванд. Онхоро ба пусти тоза шомгох ба муддати 2 соат мемоланд ва баъд бо пахта тоза мекунанд.
Барои аз шуоъи офтоб мухофизат кардани пуст кремхои «Луч», «Щит», инчунин «Крем от загара», «Курорт» ва г. мавчуданд; онхоро пеш аз баромадан ба куча ба чойхои урёни пуст мемоланд.
Собунхои ироки ва шампун. Собунхои ироки дар таркиби худ равгани офтобпараст, пахта ва г., кислотахои хадноки синтези (бо иловаи моддахои хушбуй ва рангубор) доранд. Одатан, собунхои ироки аз 78 – 80% кислотахои хаднок иборат буда, ишкори озоди онхо 0,05%-ро ташкил медихад. Хангоми собун задан, ишкори озод пустро беравган ва баъзан аз хад зиёд хушк мекунад. Барои кам кардани таъсири ишкор ба аксар собунхо моддахои нармиовар (ланолин, анбар ва г.) хамрох менамоянд (мас., собунхои «Детское», «Спермасетовое», «Косметическое» ва г.). Ин собунхо барои шустани пусти хушк тавсия шудаанд. Собунхои махсус низ истехсол мешаванд, ки таъсири табобати (зидди илтихоб, безараргардон ва г.) доранд. Мас., собунхои «Серное», «Дегтярное», «Ихтиоловое», «Сулсеновое» ва г. дар мавриди тибрият, шукуфаи фалси, рихинак ва диг. амрози пуст, инчунин пусти серравган истифода мешаванд. Ин собунхоро факат бо тавсияи духтур истифода бурдан лозим аст.
Ба таркиби шампунхо гайр аз собуни аз ашёи хушсифати равгани тайёркарда хамчунин спирт, об, равгани канадона, моддахои гуногуни фаъол (гиёххои доруи, витаминхо ва г.) низ дохил мешаванд. Шампун серкафк буда, сарро нагз тоза мекунад. Дар сурати шустани сар таъиноти шампун бояд мувофики максад бошад. Муи хушкро хамеша бо шампун шустан лозим нест. Шампунхои «Детский» ва «Малышам» (луобпардаи чашм ва пусти кудакро намесузонад) барои кудакон истехсол карда мешаванд. Шампунхои ороиши низ мавчуданд, ки онхо ба муй тобишхои гуногун (равшани, чило) медиханд. Барои ваннахо шампунхои кафкдор истехсол мекунанд.
Ниг. низ Косметика, Чаррохии косметики, Пардозгарии тибби.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …