Главная / Гуногун / ВАСИЯТХОИ ИМОМИ АЪЗАМ

ВАСИЯТХОИ ИМОМИ АЪЗАМ

АЛ-ВАСИЯТ: Панчумин рисолаи илмие, ки ба афкори пешкадам ва хикмати рохнамову рохкушо ва басо бунёдгарову човидонаи сирочи умам-Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) мансубият дорад, ин рисолаи хурдхачми «Ал-васият» мебошад, ки мисли расойили дигари Имом, дар риштаи илми калом баён ва навишта шуда аст.

«Ин рисола ховийи чанд сатр буда, ки Имоми Аъзам Абуханифа (р) бархе масойили каломиро дар он гунчонида ва дар огози он назарияи худро дар бораи имон иброз намуда ва онро мураккаб аз икрор ва тасдик шумурда, баъдан ба як теъдод масойили каломи ишора намуда ва дар нусхахои ин рисолаи аъамм (умуми) (матбуъу хаттии асли санади он, ба мулохиза намерасад» 47.-155.

Дар рисола баъд аз хамду санои Худованд ва дуруду салавот ба Расули акрам (с) ба бархе масойили каломи ва эътикоди тамос ба амал омада ва ин тавр шуруъ мешавад:

«Алхамду лиллохи Раббил ъоламин вассалавоту вас-салому ъало сайидал-мурсалин Мухаммад ва олихи ва асхобихи ачмаъин. Ин аст рисолаи «Васият»-и Имоми Аъзам (р)-пешвойи пешвоён, рохнамойи уммат, рушаноибахши торикихо, яктойи замон ва ягонаи аср, возехкунандаи тарикат, ва рушанкунандаи хакикат, хомии шариат, хакими ламязал, мучтахид ва мучохиди вокеъи Абуханифа Нуъмон ибни Собит разиаллоху анху, Худованд уро (ки дар рохи интишори дини мубини Ислом ва суннати Расул (с) аз душманон чабру чафохо кашид ва дар рохи илми Худо ва таргиби шариат суннати Паёмбар – Хазрати Мухаммад (с) машаккатхо кашид ва даме наосуд ва чун шамъ хамесухт то рохи хазорон ростравонро мунаввар кунад.С.Б.Б,) хушнуд гардонад». Рисола дар бораи эътикодоти у ва ахли суннат ва чамоъат нигошта шуда. Чун Имом ва пешвойи мусалмонон мариз (бемор) шуд ва маразаш (бемори) шиддат ёфт (баъди аз тарафи чаллодони Халифа Мансури Давоники лату куб ва шиканча додан, дар зиндони сарду тор. С.Б.Б.,) ёрон ва шогирдон аз вай хохиш намуданд, ки онхоро ба тарики ахли суннат ва чамоъат (ки бехтарин тарикати Расули Акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам аст.С.Б.Б.,) васият кунад. Пас, Хазрати Имоми Аъзами муаззам (р) эшонро даври худ чамъ намуд ва ба ходим (хидматгузор, коргузор) такя карда гуфт:

«-Ёрон ва бародарон: – Худо ба шумо тавфик дихад! Бидонед, ки мазхаби ахли суннат ва чамоъат дувоздах хусусият дорад. Касе, ки ин хавос (хосиятхо ва хислат) дар вай мавчуд аст, ахли бидъат ва хаво ва халафкор нест. Ёрони ман! Шумо ин мумаййизотро аз даст надихед, то сазовори шафоъати Паёмбар (с) дар рузи охират гардед.

Аввал: Имон, ки иборат аз икрор ва тасдик аст ва танхо икрор имон шумурда намешавад…». 47.-155.

«Имом дар ин рисола ба як силсила масойили каломи тамос гирифта ва хар масъаларо ба калимаи «накар» яъне, «икрор мекунем» огоз карда, масойили мутазаккира карори зайл аст: -Такдири хайру шарр, таксими аъмол ба фариза, фазилат ва маъсият, мафхуми уставойи Худованд бар Арш, Куръон каломи Худо аст ва махлук нест, пас аз Паёмбар(с) фазилат барои Абубакри Сиддик (р) сипас барои Умар Ал-форук (р) ва баъд аз вай барои Усмони Зиннурайн (р) ва дар мартабаи чорум барои Мавло Алии Муртазо (разиаллоху анхум-Хотами Хулафойи рошиддин ва валиаллох) аст, банда ба хама акволу аъмоли худ махлук аст.

Хамчунин дар рисолаи мазкур зикр шуда, ки инсонхо ба се дастаанд: -Муъмин, кофир ва мунофик. Иститоъат макорин бо феъл аст, на кабл аз он ва на баъд аз он ва акида ба масхи хафайн вочиб аст ва Худованд ба калам амр карда, ки хамаи умуреро, ки то рузи растохез (хашр, киёмат) ба вучуд меояд бинависад ва азоби кабр ва саволи мункар ва накир хак аст, ва дар ин бора ба ояти Куръони истидлол намуда ва низ дар бораи инки бехтарин занон кист: Ибрози акида карда, аз мумаййизот (тамиздиханда)-и рисола ин аст, ки хар мавзуъ бо калимаи «накар» огоз шуда, гуё Имом дар ин тартиб мехохад ба зарурати икрор, дар мавриди ин масойили каломи ишора намояд ва инки муъминон мукаллафанд, пас аз икрор ба асли имон, ба сурати ичмоли шомили ин хусусият аст, кисми тафсили низ, ба он икрор намояд ва шояд иллати ихтисоси ин масойил, ихтилофе бошад, ки дар асри Имом рочеъ ба имон ва дигар масойил, мутазаккира мавчуд буда ва сабаби ба вучуд омадани афкоре шуд, ки такрибан мутазаммини инкор аз масойили мутазаккира буда, аз хамин чо аст, ки Имоми Аъзам (р) васияти худро ба масойили дувоздахгона мунхасир намуда ва аз он ба дувоздах хислат таъбир фармуда ва хоста хотирнишон кунад, ки хак хамон аст, ки вай ба он расида ва ба оёти шариф ва аходиси набави иктифо дорад, то баъд аз вай мардум гумрох ва мунхариф (ба рохи кач рафтан) нашаванд ва ба асари навойи мухолифин акоиди сахехи худро аз даст надиханд ва пайрави тудахои риёкор ва хасаки ва алафию халафи нашаванд…». 47.-156.

Яке аз хусусиятхои назарраси Имоми Аъзам (р) дар таълифи расойили каломи ин аст, ки у дар тамоми расойили хеш бештар перомуни мавзуи имон, ки аз рукн ё худ мавзуъхои асосии дини мубини Ислом, яъне, шариъати гурройи Мухаммадия (с) аст, андеша рондааст. Аз чумла оиди имон Имоми Аъзам (р) дар рисолаи хеш «Ал-васият» оварда:

«-Имон зиёд ва кам намешавад, зеро зиёдатии имон бидуни нуксони куфр ва нуксони он бидуни зиёдати куфр дуруст нест ва чигуна мумкин аст, ки як шахс дар як холат хам муъмин ва хам кофир бошад?! 47.-189.

Дар рисолаи «Ал-фикхал-акбар», Хазрати Имоми Аъзам (р) айнан оиди хамин нукта, яъне, дар бораи мавзуъи зиёдат ва нуксони имон мегуяд:

«-Имони ахли осмонхо ва замин зиёдат ва нуксон намепазирад». 47.-189.

Хазрати Имоми Аъзам (р) он шахсияти нотакрор ва нобигаи замону инсони ба хак расида, яъне, комил, ки рохи уммати Расули акрам (с)-ро дар партави Куръон ва Хадис басо мунаввар кардааст, бо афкори пешкадам, демократи ва бунёдгарои худ ва бо хаёти басо ибратбахши саршори зухду таквояш, дар катори бузургтарин мардони хиради олам баъди асхоби киром (р) карор гирифтааст. Махз у ва афкори рохнамову рохкушойи у буд ва хаст, ки миллионхо бандагони муъмину мусалмон ва умматону пайравони вокеии Расулуллох (с) ба рохи росту ояндадор хидоят шудаанд. Зеро худи Имоми Аъзами муаззами суфии Куфи (р) ба пайравони худ хикмат баён карда, ки:

«- Ёрони ман, ахли Кибларо озор мадихед ва ба кофир хукмаш макунед. Чуноне, ки Расули акрам (с) мефармояд: «-Муъмин бародари муъмин аст».

Бидонед, ки пешвои умматон Хазрати Расулуллох (с) фармудаанд:

– «Аз гахвора то ба гур дониш бичу». Ва хохиши ман ин аст, ки аз фаъолияти пурсамари хеш бознамонед ва назди ботил очиз набошед ва тири хак ба суи ботил занед, ба хакки: Аъузу биллохим-минаш-шайтонир-рачим. Бисмиллохир-Рахмонир-Рахим. Ва кул чо ал-хакку ва захакал ботилу иннал ботила кона захуко!» (Яъне: Панох металабам, ман ба суи Аллох, аз шарри шайтон ва сифати шайтон ин аст, ки рачим аст, яъне, ронда шудааст аз даргохи Илохи. Ба номи Худованди бахшояндаи мехрубон. Ва бигу омад дини Хак ва нобуд шуданд, дини ботил, хар ойина ботил аст нобудшаванда.)

Ва Имоми Аъзам (р) илова ба гуфтахои боло ба ояти зер истидлол намуда, васойити худро давом дода гуфт:

– Бале, мушрикон мегуянд, ки: -Ба ойини мо бигравед! Аммо Хак субхонаху ва таъоло мефармояд: «Ва колу куну яхудан ав насоро тахтад (у). Кул бал миллата Иброхима ханифан ва мо кона минал мушкирин». -(Яъне: Гуфтанд. Яхуди ё насрони шавед, то ба рохи рост афтед. Бигу(!) Мо кеши яктопарастии Иброхимро баргузидем ва у мушрик набуд». -Сураи Бакара, 135-ум ояи шариф. Тарчумаи: Абдулмухаммад Ояти).

Ва боз бо ояти зайл ба ёрони худ таъкид карда, ки: -Худованди азза ва чалл мефармояд, ки: Астаъизу биллох «…Фасаякфикахумуллоху ва хува -с-самиъ- ул ъалим». Яъне: «… Ва дар баробари онхо Худованд туро кофи аст, ки у шунаво ва доност» -Сураи Бакара, 137 – ум ояи шариф. Тарчумаи Абдулмухаммад Ояти)…

Ва нихоят бо дидагони ашкбор, боз ба фарзандаш Хаммод ва ёрони дар атрофи худ нишаста як-як назар карду пас ангушти ишорат боло карду ин ояти шарифро (хамчун ба василаи васияти охирини хеш) ба забон оварду гуфт: – Ай азизону ёрони ман Худованди карим амр карда, ки Астаъизу билох:

«…Ва илохукум илохун вохидун. Ло илоха илло хува-р-рахмону-р-рахим». (Яъне: «…Худои шумо худое аст якто. Худое чуз у нест бахшояндаи мехрубон. -Сураи Бакара, 163-ум Ояи шариф. Тарчумаи:Абдулмухаммад Ояти).

Ва вакте, ки ёрон аз Имоми Аъзам Абуханифа (р) оиди «Киёмат», яъне, рузи Хашр ё худ Растохез суол карданд, у ба саволи эшон хеле муфассалан рушани андохт ва баъд ба ахли хуззор руй оварду ин амри Худованди азза ва чалларо бар эшон, ба забон овард, ки мефармояд, Астаъизу биллох:

«Инналлоха яърифу илму-с-соъа» (Яъне: «Рузи киёматро танхо Парвардигор медонаду бас»).

… Ва нихоят дар поёнбахши васойоти хеш Имоми Аъзам Абуханифа разиаллоху анху (яъне, кабл аз он, ки ёронаш барои рафъи хастагиаш уро каме орому танхо гузоранд) ба ёрону шогирдон ва муридону пайравони мазхаби хеш руй оварду ояти зайлро аз Куръони Мачид ба забони муборак оварду гуфт:  «-Бидонед, ки Худованд амр карда, ки астаъизу биллох: «Ло икроха фи-д-дини Кад табайяна-р-рушду минал гаййи». (Яъне: «Дар дин хеч ичборе нест. Хидоят аз гумрохии мушаххас шудааст»- Сураи Бакара, 256-ум ояти шариф. Тарчумаи: Абдулмухаммад Ояти).

… .Имоми Аъзам Абуханифа (р) аз нигохи мавкеи сиёси, низ сохибмаком буд. Харчанд у сиёсатмадори сохибкурси набуд, аммо дар рузгори худ, яъне дар асре, ки мезист, дар байни мардум аз нигохи мавкуфи сиёси низ обруву эътибори хосае дошт. У пешвойи сиёсатмадорон буд ва барои ба низом даровардани сохтори давлат ва кори давлату давлатдори ва бунёди чомеъаи обод, эхтирому посдории шариъат ва гайра, назарияхои илман асосёфтаи худро пешниход мекард. Вале, худ дар ягон вазифаи давлати набуд ва дар умри бобаракати худ ягон маротиба барои мансаб ва ё унвон чахд накард. Чаро? Барои он, ки Имом Абуханифа (р) аз дуруггуён набуд ва рибову ришваро бад медид ва хеч гох намехост, ки тани у гуломи нафс бошад. У доройи баландтарин хислати неки инсони, яъне, суфии пурзухду такво буд ва басо беозор ва халиму мехрубон ва пуртавозуъ, яъне, инсони комил ва хакиме буд, доно ва дар хадди боло муваххид ва басо роздону шучоатманд, ки дар умри худ хеч гох дар сари халли масойили шаръи, назди ахли ботил очиз наёмада ва сар фуруд наёварда ва мудом тири хак, ба суй ботил задааст. Бале, у Имоми Аъзами муаззам (р)-асту «Чароги уммат» ва шахсиятест, ки ба кавли Расули акрам (с): «Сар додаву сирр надода» аст…

«Дар авойили чавони Имом Абуханифа (р) ба татаббуъоти хеш, дар илми калом идома дод ва чун дар ин ришта хойизи макоми мухиме гардид ва мардум ба савияи илмию фикрии вай пай бурданд. У бар бархе иштибохоти табакаи хокима, дар умури якка, ки мучиби парокандагии мусалмонон мешуд, ангушти интикол гузошт ва дар ин кор доройи сарохат буд ва аз хеч чиз хавф надошт ва сирф манзури у рахнамоии табакаи хокима ба нукоте буд, ки халифаи вакт, ба пайрави аз он мукаллаф шумурда мешуд.

Имом дар он мавкеъ танхо ба ибрози назар пардохта ва мухолифати худро ба сурати илми, бо хушравоён ошкор накард, балки хар вакт бо халифа мувочех мешуд, ба вай тавсияи дини ва адаби мекард, то коре кунад, ки як хукмравои мусалмонро месазад. У ёрон ва руфакойи илмии худро тавсия менамуд, ки дар избору исботи хак сарохат дошта бошанд ва чун Ибни Абухубайра, ки волии Куфа аз чониби Уммавиён буд, аз вай хост, ки ба хайси мухрбардори намояндаи хос ва раиси хазонаи у ичрои вазифа кунад, аз кабули он имтиноъ (худдори) варзид ва дарёфт, ки пешниход аслан, ба манзури тавтиа ва хомуш сохтани у, аз изхори хак аст ва гуфт (Абуханифа Имоми Аъзам):

«-Ба Худо, ки агар ба ман амр кунад то танзими абвоби (мадхал, воридот ва ё даромаду дарёфтхои сохиби чамъ) масчиди «Восит»-ро ба ухда гирам, напезирам чи расад ба инки ба куштани шахсе амр кунад ва ба ман бигуяд, ки онро мухр кунам».

… Чун хукумат аз дасти Уммавиён (авлоди Муъовия) ба дасти Аббосиён расид, Имоми Аъзам Абуханифа (р) умедвор буд, то авзоъ бехбуди хосил кунад ва ба хамин манзур ба эшон байъат (ахду паймон) кард ва чун баъзе корхоеро, ки бо умури дин созиш надошт, аз эшон мулохиза мекард, онхоро ба иштибохоти эшон мултафит мегардонид, вале хамин, ки аз ислохи онхо маъюс гардид ва аз тарафи дигар аз шуриши Зайд (Имом Зайд ибни Али ибни Абутолиб разиаллох, яъне, асосгузори мазхаб, яъне, фиркаи маъруфи шиъа, бо номи «Зайдия», ки пайравонаш ба имоматии у, дар хилофат коил буданду хастанд. У бародари имоми панчуми шиъа-Имом Мухаммади Бокир разиаллох буд ва бо бародараш рочеъ ба масъалаи озодии ирода мухолифат дошт. Зайд ибни Али разиаллох бо фаъолияти шахсиаш, дар байни ахолии Куфа ва бахусус назди Имоми Аъзам Абуханифа рахамуллох нуфузу эътибори эиёд пайдо карда, зидди халифаи Уммави Хишом ибни Абдулмалик киём кард. Баъди дах, мохи вокеъа Уммавиён шуришро вахшиёна фуру нишонданд, ки соли 740-уми мелоди буд ва часади Зайд ибни Алиро, ки катлаш намуда буданд, дар Куфа ба салиб кашиданд ва сарашро ба Димишк, яъне, ба пойтахти хилофати худ, ба Халифа Абдулмалики Уммави фиристоданд. Баъди у писараш Яхё ибни 3айд имом ва пешвои фиркаи Зайдия интихоб шуд ва тарафдорони зиёде пайдо кард. Вале у низ дар замони хилофати гаддору чохили Валид ибни   Язид Абдулмалики Уммави, аз дасти хокими Хуросон ва намояндаи расмии Уммавиён, дар ин вилоят-Наср  ибни  Сайёр дар,  Чурчон,  ба  катл расид,  (С.Б.Бузургмехр) иттилоъ ёфт, ёронашро тавсия кард, то ба сурати фикри ва модди, аз вай пуштибони кунанд ва чун бо Зайд мулокот кард, якин хосил кард, ки хуручи у ба гарази ирзо (хушнуди, ризоият)-и шахват ва хубб (ишку мухаббат)-и раёсат ва салтанат нест, балки барои таъйиди хак мебошад, бо вай хамдаст шуд ва барои комёбии у, ба кумаки модди пардохт, зеро Имом Абуханифа (р) аз сарватмандони асри худ буд (у одатан матоъу газворхои пахтагину абрешим ва гох-гох муина низ мефурухт ва дар сафархои хеш, ба тичорати матоъ машгул мешуд, С.Б.Б.,) ва чун ин хабар ба Халифаи давр Абучаъфар Мансури Давонаки расид, хост хилае барои хабси Имоми Аъзами шучоъу саркаш сурог кунад, зеро намехост бидуни мучиби зохири, ба шиканчаи у бипардозад ва аз мавкуфи илмии у, ки дар назари мардум дошт метарсид, пас ба вай пешниходи вазифаи кузо (кози, козиюлкуззот-сарвари козиён, додгустар ва хомии шаръу дин)-ро кард, вале Имом гуфт:

«-Ман шоистаи ин мансаб нестам». Ва як силсила далойиле икома кард. Абуъчаъфар сухани уро тардид намуда гуфт:

Дуруг мегуи, ту сазовори мансаби кузо мебоши, аммо имтиноъ меварзи!

Имом Абуханифа (р) гуфт:

Агар узри маро тасдик мекуни хамон аст, ки гуфтам, яъне, шоистаи кузо нестам ва агар онро дуруг мепиндори, боз хам салохияти Кузоро надорам, зеро як дуруггу набояд Кози бошад».

Касе, ки дар ин мочаро амик фикр мекунад медонад, ки махз барои бахоначуи, чихати хабси Имоми Аъзам Абуханифа (р) сурат гирифта ва Халифа мехост барои ин кор далеле дошта бошад, то мардум рочеъ ба зулми сарехи у табсира накунанд ва дар мукобили эътирози онхо гуфта битавонад, ки: «Кори Кузо ва хидмати мусалмононро ба вай пешниход кардам, чун хидмати чомеъаи исломиро напазируфт уро махбус намудам». Ва мо медонем, ки имтиноъи шахсияте назири Имоми Аъзам (р), Кузо сабаби ин ташаддуд (тунди, тези, дурушти ва золими кардан) шуда наметавонад, гарчи таърих хикоят намуда, ки баъзе аз уламо дар асари истинкоф (сарпечи, саркаши ва якрави) аз кабули Кузо, аз тарафи хукмравоёни вакт шиканча шудаанд, вале шаке нест, ки шиканчаву таклифи онхо ба андозаи Имоми Аъзам (р) набуда, зеро вай хар руз дар зиндон шаллок (лату куб ва зарбу озори вахшиёна) зада мешуд ба кабули Кузо тан дихад ва дастбуси хукамо бошад ва низ шиканчаи уламои диёр дар хамчун мавкеъ, сирф шакли тахдид дошт, то замина барои кабули вазифаи Кузо мусоидат гардад ва онхо далеле барои пазируфтани ин масъулият, назди худ дошта бошанд, зеро намехостанд ба ризойи худ довталаби ин вазифа гарданд. Зеро тахаммул (токат овардан, сабр кардан)-и вазифаи Кузо, назар ба ин хадиси Расули гироми (с): «Касе, ки мансаби Кузо ба вай супурда мешавад, бидуни корд забхшуда аст» сабаби халок ва ин шиканчаву тахдид мучиби тасаллии эшон мешавад, ки гуё ин корро ба ризойи худ напазируфтанд, балки аз тарафи аввалиёни умур мачбур гардонида шудаанд, ба хамин иллат аксари уламо мавриди тахдид карор гирифтаанд. Баъзе ба кабули Кузо тан доданд ва баъзе дигар имтиноъ варзиданд, бо он хам бидуни тавхин (ихонат кардан, хори, тахкир кардан) аз хабс озод гардиданд, аммо тавхин ва шиканчае, ки дар мавриди Имоми Аъзам (р) ичро шуд, ба вазохат нишон медихад, ки Халифа мехост уро зохиран ба бахонаи имтиноъ, аз вазифаи Кузо ва дар хакикат ба чурми пуштибони, аз Алавиён (хонадони Хазрати Али саломуллох-писарамак ва домоду ёри босафои Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам С.Б.Б.,) шиканча намояд.

Ончи ривоят шуда, ки Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р) чун вафот ёфт ва либосашро яке аз фукахо, ба кавле Хасан ибни Аммор-Козии Багдод  (шояд он  факехи  дидапурсиришк  писараш Имом Хаммод буд ва шояд Имом Абуюсуфи Яъкуб ё Имом Абумутеъи Балхи ё Имом Зуфар ибни Хузайл ё Имом Мухаммад ибни Хасан Аш- Шайбони ва ё Имом Абумукотили Самарканди буд зеро, ки то вопасин лахазоти умри Имоми Аъзам Абуханифа, яъне, он «Чароги уммат» разиаллоху анху, махз эшон буданд, ки рузу шаб парвонавор гирди у мечархиданду афсус мехуранд, ки яке аз бузургтарин аимаи Ислом ва мучтахиду хомии вокеи ва вориси беваситаи Расули акрам саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам ва интишордихандаи дини мубину факехи кабир ва Имоми шахир, аз дасти афроде тихимагз, пас аз азияту шиканча, онон ва хазорхо ханафиёнро бе бозгашт тарк мекунад (Бурхониддини Бузургмехр)), аз танаш берун кард, осори зарбу лати вахшиёнаро дар часадаш мулохиза намуд, пас бигрист ва гуфт (яъне, Хасан ибни Аммора-козии Багдод):

«-Худо бар ту рахм кунад, баъд аз ин монанди ту дида нахохад шуд».

Бале, ин ривоят ва амсоли он, бузургтарин далел аст бар ин, ки Имоми Аъзам (р), дар пахлуи мактаби каломи ва фикхии хеш як мактаби хомуши сиёси низ таъсис намуда буд, ки донишмандонро ба сарохат, дар кавлу феъл рахнамои мекард ва ба мардум талкин менамуд, ки ба кори хукмравоён мутаваччех бошанд ва бидонанд, ки султа (кудрат, салтанат нуфуз ва подшохи)-и зохирии онхо сабаб намешавад, ки дар хар кор хак чониб бошанд, балки бар раъият аст, то эшонро ба хак ва хукумати одилонаи мутобики шариати гурро ва дини мубину суннати Мухаммад (с)-ия рахнамои кунад. Як хукмраво агар дар ичрооти худ одил набошад, бар мардум лозим ва вочиб аст, ки уро аз рохи нодуруст тавсияи забони ва дар сурати ачз (нотавони, сусти, очиз мондан ва дармондаги) аз он ба забони хол рахнамои кунанд ва аз лату куб, шиканчаву хабсу зиндон боке надошта, монанди Имоми Аъзам (р) онро бо ифтихори баланд мутахаммил (тахаммулкунанда, бурдбору пуртокат) гарданд.

Афкори каломии Имоми Аъзам (р) ва далолати холи вай дар сиёсат мавкуфи ё худ макоми уро дар бораи ташайюъ (пайрави)-и дини ва ташаюъи сиёси низ таъйин (касеро ба коре баргуморидан) мекунад. Дар кисмати ташаюъи сиёси тавре, ки каблан ишора рафт, Имоми Аъзам (р), ба ахли байти Расули гироми (с) алока ва мухаббати бе андоза дошт ва Зайд ибни Али разиаллох ва хамрохонашро пас аз онки аз ахдофи вокеъии эшон мутталаъ (яъне, иттилот, огохи ёфта, пай бурдан) гардид ва ба якин донист, ки манзури эшон ба чуз ислохи дурусти холи мусалмонон чизи дигаре нест (ононро аз чихати модди ва маънави дастгири кард, С.Б.Б.,) пуштибони кард, вале ин равиш сабаб намешавад, ки ба ташайюъ (пайрави ба равияи ахли шиъа, С.Б.Б.)-и у хукм кунем (бале, Имоми Аъзам баъзе аз акойиди пешкадам ва ба иборае демократи ва бунёдкору чомеасози Зайд ибни Али ибни Имом Хусайнро ба назари эътибор гирифта, уро пуштибони кард, С.Б.Б). зеро, ки ташайюъ ба маънии мухаббати Ахли Байт, ки ба дарачаи ифрот нарасад (чунончи ин ифрот аз гурухи гулоти шиъа мисли имомия, алавиён, алиилохиён ва гайра мулохиза мешавад, С.Б.Б.) дар хама мусалмонон умумият дорад. Мо хамаги Хазрати Али (р), Фотимаи Захро (р) ва авлоди шарафманди эшонро бо чон дуст дорем ва ба ин маъни, аз ахли ташайюъ мебошем, вале, аз нигохи афкор ва назариёти каломиву фикхии Имоми Аъзам (р) зарурате нест, ки онро бо тафсил зикр кунем, то аз хилол (дар миён)- и он мавкуфи Имоми Аъзам (р), дар бораи ташайюъ (пайрави аз мазхаби шиъа, шиъа шудан)-и дини маълум шавад. Зеро касе, ки дар фикхи шиъа ва назариёти каломи ва эътикодии эшон маълумот дорад, эътироф мекунад, ки Имоми Аъзам (р) доройи назариёти махсуси фикхию каломи аст, ки бо назариёти онхо мувофик намебошад ва ба ин асос Имоми Аъзам Абуханифа (р), аз ахли ташайюъ, ба маънии маъруфи он мебошад» 47.-234

Бояд таъкид намуд, ки китоби «Ал-Васият-ал-Имом-ал-Аъзам Абуханифа (р)», бо номи «Китоби усули акоид» низ маъруфият дорад, зеро дар ин асари камназир, асосан Имоми Аъзам (р) оиди усули акоиди мазхаби хеш бахс кардаанд ва дар зимни он, ба шогирдон (ва пайравони рохи хеш) васиятхо кардаанд. Хамчунин дар ин асар Имоми Аъзам (р) рочеъ ба Куръон бахс оростаанд.

Мавлави Мулло Хусайн ибни Искандари Ханафи, шархе мукаммал ва муфассал оиди китоби «Ал-Васият»-и Имоми Аъзам Абуханифа (р) навиштааст (Хайдаробод, соли 1321 х.ш)…

Чуноне, ки гуфтем дар «Ал-Васият», Имоми Аъзам (р) рочеъ ба Куръон ишороте дорад, ки мегуяд:

«-Куръон каломи Худо, гайри махлук ва сифати вокеии Худо аст». Ва боз мегуяд: «-Куръон муъчизаи Мухаммад (с) аст».

Инчо оиди нуктаи аввали перомуни Куръон ишора намудаи Имоми Аъзам (р) суоле ба миён меояд, ки Абуханифа-Имоми Аъзам (р) кадом Куръонро дар назар дорад? Куръони пеш аз вахйро, ки аз хуруф ва калимот таркиб нашуда аст ё Куръоне, ки баъд аз вахй, ба Замин, тавассути Чибриил (ъ-м) фуруд оварда шудааст? Ин китоб-Куръони Мачид аст, ки аз хуруф ва калимот таркиб ёфта аст. Посух ба ин суолро метавон дар чанд чумлае аз «Ал-Васият» пайдо кард.

Нахустин, дар бораи Куръони хамчун Каломи Худо ва гайри махлук Имоми Аъзам (р) мегуяд: «-Дар мусхаф навишта ва бо забонхо тиловат ва бо синахо хифз мешавад ва бо вучуди ин, дар онхо чойгузин намешавад. Мураккаб (сиёхи барои навиштан) ва когаз ва навиштан офарида (махлуканд)   зеро   онхо   сохтаи  инсонанд)»

Дар инчо ошкор мешавад, ки максуди Имоми Аъзам Абуханифа (р), аз «Куръон», ки хамчун Каломи Худо, гайри махлук аст, «Куръон» ки пеш аз вахй аст, дар мукобили он Куръони офарида, ки максуди вай «Куръон»-и пас аз вахй, ки навишта, хонда ва ба ёд супурда мешавад…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …