Сабки сухани Соиб дорои ду чанбаъ аст. Шеваи эчоди шоир, тарзи гуфтору услуби баён, хунари таълифи у аз нигохи фардияти эчоди хоси худи уст. Яъне хамоно чанбаи хаёти, оханги вокеи-реалисти гирифтани лирикаи ишки пас аз Саъди дар шеъри ин симои эчоди ба назар мерасад. Чузъиёте, ки дар сухани у хангоми арзи матлаб ва тасвири холат ба назар мерасад, вокеи, мушаххас, дастрас, хаёти мебошад. Ин холат пеш аз хама, аз муносибати кахрамони лирики ба вокеият замина мегирад. Аз ин ру, кахрамони лирикии у голибан дар такопую тараддуди рузгор бахри дарёфти ризку рузи, бахри нафъи мардум аст. У орзую хавас, хохишу таманнои муосирони хешро дар рузгор дарк намуда, барои татбики он хаддалимкон мусоидат мекунад:
Ин ки гохе мезадам бар обу оташ хешро,
Равшани дар кори мардум буд максудам чу шамъ.
Дар ин байт калимахои ифодагари хадаф: об, оташ, худ, афкандан, равшани, кор, мардум, шамъ калимахои хаётию харрузаи рузгори инсони мехнаткашу хайрхох аст. Ба андешаи мо, низоъхо, тазодхо, конфликтхо, бархурдхо, зиддиятхо ва гиру дорхои байтхо, мисраъхо, бандхо ва газалу жанрхои дигари девони Соиб аз таносуби фикрии шоир, киёси шахсият ва чомеъа, мухити зист ва фард сар мезанад, ки ба ин восита истиклоли акоид, фардияти андешаи эчодкор мушохида карда мешавад.
Бо назардошти бардоштхои гоявию бархурдхои мафкурави фардияти сабки Соиб ва услуби эчодии у муайян карда мешавад.
Яке аз чанбаъхои хунарии Соиб дар ин чода кор гирифтан аз тамсил аст, ки дар газали у мисраъхо, байтхо, дар мачмуъ хамин гуна хусусият дорад. Гумон меравад, ки шоир аз маколу зарбулмасалхо ба таври фаровон кор гирифтааст, вале дар хакикат чунин хам хаст. Беш аз он ин мисраъхо, байтхоро худи шоир сохтааст, эчод кардааст, ки хусусияти ирсолимасали ё ирсолимасалайни доранд. Чунончи:
Ба матлаб мерасад чуёи ком охиста-охиста,
Зи дарё мекашад сайёд дом охиста-охиста.
Ба Магриб метавонад рафт дар як руз аз Машрик,
Гузорад хар ки чун хуршед гом охиста-охиста.
Ба хамвори баланди чу, ки теги кухро орад,
Ба зери пой кабки хушхиром охиста-охиста.
Зи тадбири чунуни пухта кори акл меояд,
Ки Мачнун охувонро кард ром охиста-охиста.
Хамон маънист бар хусни мадори хуччати нотик,
Ки тути мешавад ширинкалом охиста-охиста.
Агарчи ришта аз тори гухар бечону лочар шуд,
Кашид аз магзи гавхар интиком охиста-охиста.
Машав аз зердасти хеш эмин дар тихидасти,
Ки хуни шишаро нушид чом охиста-охиста.
Дилам аз ох, мегуфтам шавад холи, надонистам,
Ки печад бар саропоям чу дом охиста-охиста.
Ба шаккарханд аз он лабхои хушдашном конеъ шав,
Ки хохад талх гардид ин мудом охиста-охиста.
Агар номи баланд аз чарх хохи, сабр кун,
Соиб, Зи пасти метавон рафтан ба бом охиста-охиста.
Дар сабки шеъри Соиб печидагии маъно, таваххумии тасвир, баёнхои зехни кариб, ки дида намешавад. Шеъри у шеъри пандомез, хикматомез, мавъизатомез, андарзнома аст.
Албатта, аз маколу зарбулмасалхо низ бархурдор хаст, вале голибан ихтирои худи эчодкор аст.
Дар шеъри у кофия ва радиф мавкеъ дошта бошанд хам, нуфузи радиф бештар аст.
Лексикаи истифодакардаи Соиб бештар вокеи, оммафахм, мушаххас ва рузгори буда, шакли мураккаби калимахо бештар аст, ки голибан худи Соиб сохтааст.
Дар ашъори шуарои ин сабк ва хосса Соиб, асосан санъатхои маънави мавриди истифода карор дода шудаанд, зеро шеъри ин ахд асосан шеъри маъни буда, ба лафзбози чандон эътибор дода намешавад.
Соиб ва шуарои дигари муосиру минбаъда
Таъсири Соиб ба адабиёти давр ва баъд аз асри у хеле бузург аст. Шоири мутафаккир ин нуктаро худаш низ хис кардааст, ки чое мегуяд:
Махв кай аз сафхаи дилхо шавад осори ман, Ман хамон завкам, ки меёбанд аз гуфтори ман.
Ашъори Соиб, ки саропо хикмату андарз, панду мавъизат, насихату тарбият ва дарси хаёту зиндаги, таълими рузгору тачрибаи умр аст, ба адабиёти асри адиб ва ба адабиёти минбаъдаи халкхои Эрон, Осиёи Миёна, Хиндустон, Афгонистону Туркия ва халкхои дигари порсигу таъсири фаровон намудааст.
Яке аз пайравони чиддии Соиби Табрези дар Осиёи Миёна шоири хунарманд-Миробид Сайидои Насафи аст, ки тибки тадкики мухаккикон, Сайидо ба беш аз чихил газали Соиб мусаммати мухаммас бастааст. Яъне мусаммати мухаммаси тазмин бар газали Соиб мебошад. Таъсири ашъори Соиб ба ашъори Калим, Носирали, Шавкати Бухорои ва бисёр дигарон хеле бузург аст.
Умуман заминаи бунёдии ашъори Соиби Табрезиро шеъри хикмат, ашъори пандомез фарохам меорад ва асоси ин шеър хамоно таносуби сухан, ирсоли масалу масалайн ва тазоду мукобала мебошад. Шеъри мазкур чанбаи фалсафаи амалии ашъори Соибро ташкил медихад ва аз ин ру, ашъори Соиб дар бедории мафкуравии мардум, дар чунбишхои зехнии халк, дар худшиносии омма накши босазо дорад, зеро бардоштхои фикри, бархурдхои аклонию зехни боиси бедории фикри ва хештаншиносии омма хохад шуд.
Савол ва супоришхо:
- Овони чавони ва илмомузии Соиб чи гуна гузаштааст?
- Соиб кай ва Дар каДом Доираи аДаби унвони ифтихории Маликулшуароиро сазовор шудааст?
- Интихои рузгори Соиб Дар каДом шахрхо сипари шуДааст?
- Сохту таркиби «Девон»-и Соибро шарх ДихеД.
- Хусусиятхои алохиДаи лирикаи ишхии Соиб Дар чист?
- Мавзуъхои асосии лирикаи Соиби Табрези аз чихо иборатанД?
- Мазмун ва мунДаричаи мусамматхои мухаммаси Соибро шарх ДихеД.
- Хусусиятхои шаклии мусамматхои мухаммаси Соибро баён кунед.
- Мавхеи газал Дар «Куллиёт»-и Соиб чи гуна аст?
- У Дар газал бештар ба кихо пайрави карДааст?
- Мавзуи газалиёти Соиби Табрези каДомхоянД?
- Хусусиятхои фархкунанДаи газалиёти Соибро номбар кунеД.
- Кадом санъатхои бадеи дар ашъори Соиб бештар истифода шудаанд?
- Таъсири эчоДиёти Соиб ба аДибони Давр ва минбаъДа чи гуна аст?
- Кадом шоирони Мовароуннахр ба газалиёти Соиб тазмин бастаанд?
- Чонишинхои таъини ва манфиро Дар газалхои Соиби Табрези ёбеД ва ба дафтаратон нависед.