Главная / Чугрофия / Укёнуси Чахон

Укёнуси Чахон

Укёнуси Олам (Чахон). Ба харита ва глобус назар андозем, ба осони мефахмем, ки хамаи укёнусхо, бахрхо бо якдигар пайваст мебошанд. Онхо дар сатхи Замин кабати яклухти обро ташкил медиханд, ки онро Укёнуси Олам меноманд. Оби он такрибан 71 фоизи сатхи кураи Заминро ишгол намудааст. Бокимондаи он (29 фоиз) ба хушки рост меояд. Хушки масохати ягонаро (яклухгро) ташкил намекунад. Он аз материкхо ва чазирахои алохида иборат аст. Материкхо порахои калони хушки буда.

Укёнуси Оламро ба укёнусхои алохида чудо кардаанд (Материкхо ва укёнусхоро аз харитаи нимкурахо нишон дихед). Дар худуди  онхо  чазира ва галачазирахои зиёд вокеъ гардидаанд. Пораи хурди хушкие, ки аз хама тараф оби укёнус ва бахрхо ихота кардаанд, чазира ном дорад. Онхо  хачман гуногунанд. Чазираи аз хама калон Гренландия мебошад. Баъзе чазирахо дар укёнус гурух-гурух вомехуранд. Онхоро галачазира меноманд. Галачазирахои Арктикии Канада ва Гавайя аз он кабиланд. Аммо микдори чазирахои алохидаи хурд нихоят зиёданд. Онхо  дар Укёнуси Ором бештар вомехуранд.

uqyonus

Чазирахо на факат бо микёс (андоза) ва тарзи чойгиршави инчунин аз чихати пайдоиш аз якдигар фарк мекунанд. Онхо материки, вулконй ва марчонй мешаванд. Чазирахои материк дар натичаи фуру рафтаии кисми  материкхо аз онхо  чудо шудаанд. Мадагаскар, Гвинеяи Нав, гурухи чазирахои Замини Нав ба ин мисол шуда метавонанд.

Чазирахои вулкони дар натичаи оташфишонии вулконхо дар каъри укёнус пайдо шудаанд. Шакли онхо ба махрут монанд мебошад, чойгиршавии онхо  баъзан ба силсилаи куххо шабохат дорад. Масалан, галачазирахои Курил.

Пайдоиши чазирахои марчонй ба фаъолияти полипхои марчони вобаста мебошад. Онхо дар шароите, ки оби укёнус аз паст намешавад, дар чукурии 30-40 метр нагз афзоиш мекунанд. Аз хамин сабаб полипхои марчони дар бахрхои минтакаи гарм, ки дар байни 30° арзи шимоли ва чанубй вокеъ гардидаанд, бисёранд. Бо мурури замон аз бокимондаи онхо  чазирахои марчони пайдо шудаанд. Чунин чазирахо бештар дар Укёнуси Ором ба назар мерасанд. Садди бузурги Марчонии сохилхои Австралия аз кабили онхо буда, дар масофаи 2320 километр тул кашидааст.

Бар хилофи чазирахо, нимчазирахо бевосита кисми материкхо хисоб мешаванд. Онхо хамчун кисми нисбатан калони хушки ба масофаи-зиёд ба фазои оби бахрхо дохил шудаанд. Калонтарин нимчазирахои руи Замин нимчазирахои Арабистон, Хиндустон, Скандинавия, Сомали ва гайра мебошанд.

Укёнусхо. Укёнуси Олам ба чор укёнуси алохида чудо мешавад (Онхоро аз харитаи нимкурахо нишон дихед). Онхо кисми ягонаи Укёнуси Олам хисоб мешаванд.

Дар байни онхо  Укёнуси Ором калонтарин ва чукуртарин аст. Масохати Укёнуси Ором аз масохати якчояи укёнусхои Атлантика ва Хинд калон мебошад. Оби он сохилхои материкхои Америкаи Шимоли» Америкаи Чануби, Евросиё, Австралия ва Антарктидаро ихота кардааст.

Укёнусн Атлантика аз чихати бузургии масохат ва чукуриаш пас аз Укёнуси Ором дар чои дуюм меистад. Ба он сохилхои магерикхои Америкаи Шимолй, Америкаи Чанубй, Евросиё. Африка ва Антарктида хамшафат мебошанд. Чои аз хама тангбарй он дар хати истиво вокеъ гардидааст. Сохилхои он дар Нимкураи Шимолй нихоят качу килеб мебошанд.

Укёнуси Хннд асосан дар Нимкураи Чанубй дар байни Укёнусхои Атлантика ва Ором вокеъ гардидааст. Дар он чазирахо нисбатан каманд. Нимчазирахои Хиндустон ва Арабистон ба масофаи зиёд ба фазои оби укёнус дохил шудаанд.

Укёнуси Яхбастаи Шимоли дар атрофи Кутби Шимоли вокеъ гардндааст ва он кадар чукур нест. Хусусан бахрхои сохилии он тунукобаи васеъро хосил намудаанд. Бари он дар баъзе чойхо аз 1000 километр зиёд аст.

Укёнусхо бо хамдигар пайваст мебошанд. Сархади онхо  ба воситаи сохили материкхо, нимчазирахо, чазирахо ва фазои васеи оби укёнус (шартан) мегузарад. Аз чумла худуди байни укёнусхои Атлантика. Хинд ва Оромро дар Нимкураи Чануби аз меридиани нуктахои канории чанубии Америкаи Чануби. Африка ва Чазираи Тасмания гузарондаанд. Байни худ укёнусхо ба воситаи гулугоххо ва бахрхо робита доранд.

Кисмхон таркибни укёнусхо. Ба кисми таркибии укёнусхо бахрхо, халичхо ва гулугоххо дохил мешаванд. Бахрхо аз уёнус бо чазирахо ё остонахои зериобй чудо шудаанд. Онхо ба укёнусхо бо шури, харорат. Яхбанди, харакати чараёни об фарк мекунанд. Бахрхо нисбат ба материкхо мавкеи гуногунро ишгол менамоянд. Инро асос намуда онхоро ба ду гурух чудо кардаанд: бахрхои дохили ва канорй (аз харита нишон дихед). Бахрхоеро, ки ба даруни хушки дохил шуд, бо гулугоххо ба укёнус робита доранд, барои дохили мегуянд. Масалан, бахрхои Сиёх ва Миёназамин (Онхо  бо укёнуси Аглантика бо кадом гулугох пайвастанд, аз харита нишон дихед). Баръакс, он бахрхоеро, ки ба хушки ба андозаи зиед дохил нашудаанд, бахрхои канори меноманд. Бахрхои сохили чанубии Укёнуси Яхбастаи Шимоли (аз харита нишон дихед) ва кисман бахрхо дигар укёнусхо ба бахрхои канори мансубанд.

Халич гуфта фазои обиро мегуянд, ки ба дохили хушки даромадааст. Онхо  на факат дар сохили укёнусхо, инчунин дар сохили бахру кулхо низ вокеъ гардидаанд. Хосияти харакати об, наботот ва хайвоноти халичхо аз укёнусу бахрхо кам фарк мекунад. Онхо бемамониат бо оби укёнус ва бахрхо пайваст мебошанд (Халичхоро аз харита нишон дихед). Халичхои Мексика, Бискай, Бангола аз кабили онхо  мебошанд.

Гулугох масохати нисбатан тангбари обисст, ки китъаа хушкиро аз хамдигар чудо мекунад ва хавзахои об ё кисмхой онхоро ба хам пайваст менамояд. Масалан, гулугохлои Босфор  ва Дарданелл, ки аввалй бахрхои Сиёх ва Мармарро мепайвандад ва дуюмй байни Европа ва Осиёи Хурд вокеъ гардида, бахри Мармарро бо бахри Эгей мепайвандад, гулугохи Хурмуз, ки байни нимчазираи Арабистон ва кисми материкии Осиё вокеъ гардида, халичхои Форс ва Уммонро бо хам пайваст мекунад, гулугохи Гибралтар, ки байни интихои чанубии нимчазираи Пиреней (Европа) ва кисми шимоли гарбии Африка вокеъ аст. Гулугохи Керч, ки бахрхои Сиёх ва Азовро ба хам пайвастааст.

САВОЛ СУПОРИШ

  1. Укёнуси Олам чист?
  2. Хушки аз кадом кисмхо иборат аст?
  3. А Укёнусхоро аз харита нишон дода, мавкеи географии онхоро муайян кунед.
  4. Укёнус аз кадом кисмхои таркиби иборат аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …