Моддаи 110-и Кодекси оила. Ухдадории маъмурияти ташкилот дар бораи доштани алимент
Маъмурияти ташкилоти чои кори шахсе, ки ухдадор аст алимент дихад, вазифадор мебошад, ки дар асоси созишномаи аз чониби нотариус тасдикшудаи тарафхо ё варакаи ичро хар мох аз музди мехнат ва (ё) даромади дигари алиментдиханда, ки ухдадор аст алимент супорад, ё аз хисобномаи шахси алиментдиханда на дертар аз се рузи пас аз санаи ба алиментдиханда додани музди мехнат ва (ё) даромади дигари вай алиментро нигох дошта, ба шахси алиментгиранда супорад.