Моддаи 293-и Кодекси Мехнат. Ухдадорихои корфармо ва шахсони ваколатдори у нисбат ба намояндагони кормандон
Корфармо ва шахсони ваколатдори у нисбат ба намояндагони кормандон ухдадоранд:
– ба фаъолияти намояндагони кормандон мусоидат намуда, хукукхои онхоро риоя кунанд;
– кабл аз кабули карорхое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо намояндагони онхо машварат кунанд;
– пешниходи намояндагони кормандонро сари вакт барраси намуда, дар бораи карорхои кабулнамудаи худ иттилои асоснок диханд;
– ба намояндагони кормандон барои бемамоният рафтан ба чойи кори кормандоне, ки манфиати онхоро ифода менамоянд, ичозат диханд;
– ба намояндагони кормандон оид ба масъалахои мехнат ва рушди ичтимоию иктисоди ройгон маълумоти зарури диханд;
– барои ичрои ухдадорихояшон ба намояндагони кормандон шароити мусоид фарохам оранд;
– барои фаъолияти намояндагони кормандон бино, воситахои наклиёт, алока, дигар шароитхоро, ки тартиби вогузории онхо дар созишнома ва шартномахои коллективи муайян гардидааст, диханд;
– дар муносибат бо намояндагони кормандон дигар ухдадорихоро, ки санадхои конунгузори ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи пешбини намудаанд, ичро намоянд.