Главная / Гуногун / УЗБАКИСТОН

УЗБАКИСТОН

Cолхои аввале, ки ман ба тичорати пахта машгул шудам, маводи сухт ва нурихои минералиро мо аз Узбакистон ворид мекардем. Хамин ду мавод кисми асосии хазинахои руён- дани пахтаро ташкил мекунанд.

dehiДар Узбакистон тавлид ва содирот асосан дар дасти давлат буд. Онхо Вазорати махсус доштанд, ки муносиботи иктисодии хоричиро танзим мекард. Дар назди ин вазорат ширкатхои ихтисосии давлати фаъолият мекарданд, ки масъули содироти ин ва дигар ашё буданд.

Хукумати Узбакистон аввали хар сол барои маводи содироти нархнома эълон мекард ва ин ширкатхо тибки нархномаи тас- вибкардаи хукумат карордодхои содироти мебастанд. Одатан, нархи маводи содиротии Узбакистон барои харидорони хоричи миёнахои мохи январ эълон мешуд, вале пас аз эълони он сар- вазири Точикистон ба Тошканд рафта, музокира мекард ва ху- кумати он кишвар барои Точикистон шароити хос мукаррар мекард. Факат баъд аз он мо бо ширкатхои давлатии содиротии онхо карордод баста, маъмулан маводи сухту нурихои мине- ралиро бо тахфифи 25%, ки байни ду давлат муохида мешуд, мехаридем. Фикр мекунам, ин ва дигар тахфифхо навъе чуброн дар мукобили оби рудхонахои Омуву Сир ва Зарафшон буд, ки бояд аз нав ба рох монда шавад.

Баъд аз сард шудани робитахо, як сол ин имтиёзхо дода на- шуданд ва мо мачбур шудем маводи сухту нурихои минералиро аз Узбакистон бо нархи чахони бихарем. Соли дигараш хуку- мати Узбакистон содироти маводи сухт ва нурихоро ба То- чикистон тамоман манъ кард. Дар натича мо мачбур шудем ин маводхоро аз кишвархои дигар ворид кунем, ки нархи рох хам ба арзиши онхо изофа шуда, якбора нархашонро гарон кард ва арзиши аслии парвариши пахтаро боло бурд. Он солхо пахта манбаи асосии даромади арзии кишвар буд. Ислом Каримов дониста, як зарбаи дигари халокатовар ба камаргохи иктисоди кишвари ман зад.

Соли 1999 ман дар конфронси пахтаи Узбакистон иштирок кардам, ки он дар мехмонхонаи «Интерконтинентал»-и шахри Тошканд гузашт ва дар он чо намоиши дастовардхояшон дар сохаи пахтакориро низ ташкил карда буданд.

Ба гуфташон, ба фарк аз навъхои пахтаи замони шурави, навъхои нави пахтаро руёнда буданд, ки дарозиву борики ва муковимати нахи он бамаротиб бехтар буд. Гайр аз ин, мегуф- танд, ки хосилнокияш низ аз се то чор тон аз хар хектар аст. Албатта, он замон мо ба ин иттилооти онхо чандон бовар на- мекардем, зеро онхо зиёд муболига мекарданд. Масалан, пас аз рузи аввали конфронс музокирот таъин мешуд ва дар он сарони ширкатхои тичорати бо сарони ширкатхои содиротии Узбакистон музокира карда, карордодхои хариди пахта меба- станд.

Дар поёни он руз вазири иктисодашон суханрони карда, аз натичахои музокирот ва хачми карордодхо гузориш медод. Одатан, дар ин гузориш микдори пахтаи фурухташударо аз бу- даш хеле бештар эълон мекарданд. Мо, ки аксари ширкатхоро мешинохтем, аз хачми карордоди бастаашон огох будем, вакте ки гузориши вазирро гуш мекардем, онро бо лабханд кабул мекардем. Вале тарафи Узбакистон ин корро махсус мекард, зеро эълони фуруши хачми болои пахтаи Узбакистон ба паст нашудани нарх мусоидат мекард, ки ин ба манфиати онхо буд.

Бо назардошти ин ва дигар бозихои хушмандонаи онхо, мо ба мушаххасоти навъхои нави пахтаашон низ бо истехзо менигаристем, вале баъдан маълум шуд, ки онхо вокеан захмат кашида, сифату самараи пахтаи худро ба сатхи чахони баро- вардаанд, ки имрузхо хам шохиди хачми бесобика боло ва дар тамоми чахон серхаридор буданаш хастем.

Он сол раиси бурси пахта ва намояндагони Вазорати кишо- варзии Точикистон низ дар ин конфронс ширкат доштанд. Гайричашмдошт, тарафи Узбакистон хохони баргузории мизи гирд бо мо – хайати Точикистон шуд. Дар вохури аз тарафи Точикистон раиси бурси пахта, як намояндаи Вазорати кишо- варзи ва ду-се нафар сарони ширкатхо иштирок кардем. Хайати Узбакистонро Вазири робитахои иктисодии хоричияшон чаноби Ганиев сардори мекард.

Дар давоми сухбат маълум шуд, ки тарафи Узбакистон ба мо пешниходхои мушаххас доштааст. Онхо аз мо хоста буданд, ки дар фуруши пахта хамкори кунем, то нархи пахта паст зада нашавад, ки ба суди харду тараф буд. Инчунин чаноби Ганиев пешниходоти имтиёзноке хам дар бораи хамкори дар сохаи тухмии баландсифати пахта карда буд. Пешниходхои онхо барои мо вокеан судовар буданд, вале намояндагони давлатии хайати мо зарфияти дарки ин масъалахоро надоштанд ва бо сар чунбондану «мебинем, барраси мекунем» гуфтан иктифо карданд. Дар холе, ки пешниходхои онхо ба суди мо буд ва мо бештар аз онхо ба ин хамкорихо ниёз доштем.

Дар масъалаи мушкилоти сохаи пахтапарвари ва роххои халли он ман маколаи муфассале навишта будам, ки дар руз- номаи «Азия Плюс» нашр шуда буд. Чун он макола ба забони руси буд ва хеле ихтисоси аст, дар ин чо оварданаш лозим дида нашуд. Вале барои алокамандон он дар сурогаи: http://old.news. tj/ru/newspaper/article/pyat-prichin-gubyashchikh-tadzhikskoe-beloe-zoloto дар дастрас аст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …