Главная / Биология / УСТУХОНБАНДИ ВА МУШАКИ ШИРХУРХО

УСТУХОНБАНДИ ВА МУШАКИ ШИРХУРХО

Устухонбандии ширхурхо хусусан аз чихати микдори мухра, мавчуд будани кабургахо, дар косаи cap мавчуд будани чаккахо, пойхо, панчахо, дум ба хазандагон монанд буда, нисбатан инкишоф ёфтааст.

Сутунмухраи ширхурхо аз кисмхои гардан, сина, миён, чорбанд ва дум иборат аст. Мухрахои ширхурхо ба хамдигар ба воситаи халкаи тагояки пайваст мебошанд. Мухраи онхо растакхои болои ва кабургаги доранд. Шумораи мухрахои гарданиашон 7-то мешавад. Мухраи якум атлас ё атланд ном дорад, ки ду растаки пайвастшаванда дошта, косаи cap ба воситаи ин ду растак ба мухрахои дигари гардани пайваст мешавад. Косаи сари ширхурхо вертикал (ба пеш) хам шуда метавонад.

Сохти скелети хайвони ширхур дар мисоли
Сохти скелети хайвони ширхур дар мисоли

Шумораи мухрахои кисми синаги 12-13-то мебошад ва аз ин микдор 7-тоаш кабургаи хакики буда, ба туш (пеши сина) пайваст шуда, кори кафаси синаро ташкил мекунанд ва дар ширхурхо 5 кабургаи калбаки мавчуд аст, ки онхоро дар забони халки ятимчакабурга меноманд Дар миёнаш 6-7 мухра хаст, ки кабурга надоранд. Чорбанд аз 4 кисми ба хам пайванд иборат буда, аз пеш бо ду мухраи миён пайваст аст. Мухрахои дум дар ширхурхо аз 12 то 15-то мешаванд.

Устухонбандии косахонаи сари ширхурхо, ки дар дохилаш магзи cap чой мегирад, аз устухонхои кафои cap, болоисари, пахлуии чап ва рост иборат аст. Аз акиби cap ба воситаи дохили мухрахо магзи cap хароммагзро ташкил карда, мисли канали оби ба чуякхо таксимшаванда давом мекунад. Аз ду тарафи он бо сурохихои гемали хуни артериягию венаги харакат мекунанд.

Дар кисми пеши косахонаи cap устухони фонашакл, капсулаи чашм, дар ду тарафи cap капсулаи гуш хаст, ки сохти махсус доранд. Чоги боюй ба чоги поёни ба воситаи устухонхои калитаки чаккагию зеризабони пайвастанд. Устухонбандии китои ширхурхо аз як чуфт шона ва аз калитак иборат аст. Устухонбандии устухони кос аз се устухон иборат аст, ки онхо сурохии халкаги ташкил карда, ба мухрахои чорбанд пайваст мебошанд.

Устухонбандии пойхои пеш аз устухонхои китф, бозу, оринч- банд, банди панча ва аз бугумхои панча иборатанд. Усгухонбандии пойи акиб аз устухонхои рон, косачаи зонуги, пошна, каф, панчахо
иборат мебошанд. Системаи мушакии ширхурхо ба 2 гурух чудо мешавад:

  1. Мушакхон хамвор, ки ба он мушакхои узвхои даруни дохил мешаванд.
  2. Мушакхои болои устухони торхои мушакии кундаланграх доранд. Харакати шикам, лаб, руй, атрофи чашм, кош (абру) ба сохибаш итоат мекунанд. Узвхо чи кадар серхаракат бошанд, мушакхо хамон кадар бакувват мешаванд.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …