Тимсох

Тимсоххо хазандахои нисбатан инкишофёфтаи кадима мебошанд. Дар гузашта тимсох дар обанборхои гарми хамаи китъахо (хусусан дар Америкаи Чануби, Африка, Осиё) бисёр вомехурд. Тимсох торафт кам шуда истодааст. Онро барои пусти мустахкаму зебо доштанаш шикор мекунанд. Хатто баъзе давлатхои Африка, ки дар сохили Нил чой гирифтаанд, фермахои махсуси тимсохпарвари доранд. Дарозии тимсоххо аз 2 то 10 м буда, аз чихати зохири онхо ба калтакалос монанд мешаванд. Ду чуфт пойи кутох дошта думи як андоза пахн доранд.

timsoh

Аз Хиндустон ва Америка тимсохи мурдаи кадимаеро ёфтанд, ки 20 м дарози доштааст. Туъмаи тимсох одатан Мохи, курбокка, парранда ва хайвонхои хурду калони ширхур буда, баъзеаш ба одам хам хучум мекунад. Чашму сурохии бинии он дар кисми болои сараш чой гирифтааст ва сарашро аз об боло бардошта нафас мегираду мебинад ва боз ба об пинхон мешавад. Вакте ки тимсох ба таги об меравад, сурохихои бини ва гушхояш ба воситаи сарпушхо пушида мешаванд. Онхо бо ёрии дум ва пойхои акибашон, ки дар байни ангупггонашон пардахои шиновари доранд, нагз шино мекунанд. Дандонхои калону тези ин даррандахо хеле хатарноканд.

Тимсох дар чойхои пастоб. сохили об, дар болои чубу чисмхои дар об шинокунанда нагз истирохат карда, дар хушки базур харакат мекунад. Баъзеи тимсоххо дар сохил ба худ гор мекобанд. Тимсох дар кабати куми хушку гарми сохилхо дар чукурии конусмонанд тухм мегузорад. Тухми он пусти охакин сахт дошта, ва хачман ба тухми коз баробар аст. Фаркаш аз тухми калтакалос он аст, ки ба гайр аз моддаи зарди сафеда хам дорад.

Руйи тухмхоро бо per, алаф, шоху барг мепушонад. Тимсохи модина хонаи худро мухофизат мекунад. Хонаи тимсох серналу гарм аст. Баъд аз 3 мох аз тухмхо тимсохчахо мебароянд, ки 20- 25 см дарози доранд. Хусусияти хоси тимсох он аст, ки дилаш 4-хонаги, шушаш сердевора, чашмаш мижазан аст. Авлоди онхо кариб 180 млн. сол пеш ба вучуд омадаанд.

Яке аз намудхои тимсохи хозира — тимсохи дарёи Нил мебошад, ки то 10 м дарози дорад.

Намуди дигараш тимсохи хитои мебошад, ки дар дарёхои Хиндустон хаёт ба cap мебаранд. Вай бо нули дарозаш аз тимсохи нили фарк мекунад. Онхо хаёти худро асосан дар об гузаронда, дар вакти хушк шудани об бо рохи хушки ба оби дигар рафта метавонанд. Дар дахонашон дандонхои якхела доранд. Дандонхои онхо дуошёна (чогию коми) мебошанд. Узвхои чинсиашон нагз аён аст. Бордоршавиашон даруни мегузарад. Баданашон бо пулакчахои сипаршакли устухони пушида шудааст. Онхо хайвоноти оби, обхокию моллюскхо ва паррандаю хазандаю ширхурхои сохилро сайд мскунанд. Хатто ба аспу гов ва одам, ки ба сохил меоянд, хамла мекунанд. Тимсох туъмаи аз сохил доштаашро ба об кашола карда, пора-пора мекунад, вале хайвоноти хурдро дар чояш фуру мебарад.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …