Главная / Чамъият / Театр ва фаъолияти театри

Театр ва фаъолияти театри

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи театр ва фаьолияти театри 

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №11, мод. 723; соли 2008, №12, кисми 2, мод. 1012)

 Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар чараёни офаридан ва ба тарзи мустаким пешниход намудани намоишномахои театри ба миён меоянд, ба танзим дароварда, асосхои хукукии фаъолияти театри, хамчунин шаклхои дастгирии давлатии онро муайян мекунад. (КЧТ аз 31.12.08с №478).

teatr

БОБИ 1. Мукаррароти умуми

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд: (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-театр муассисаест, ки фаъолияти асосии он офаридан ва ба тамошобин ба тарзи зинда пешниход ва ичро намудани намоишномахои театри, дигар намоишномахо мебошад;

-ташкилоти театри ташкилотест, ки максади асосии он таъмини фаъолияти театрхо ва ё фаъолияти кормандони эчодии театрхо мебошад;

-театри гайритичорати, ташкилоти театрии гайритичорати театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклхои ташкили-хукукии барои ташкилотхои гайритичорати пешбиникардаи конунгузории граждани таъсис дода шудааст; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-театри тичорати, ташкилоти театрии тичорати театр, ташкилоти театрие, ки дар заминаи яке аз шаклхои ташкили-хукукии барои ташкилотхои тичорати пешбиникардаи конунгузории граждани таъсис дода шудааст; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-театри давлати, ташкилоти театрии давлати театр, ташкилоти театрие, ки онро макоми ваколатдори хокимияти давлати таъсис додааст;

-театр, ташкилоти театрии макомоти худидораи махалли театр, ташкилоти театрие, ки онро макоми ваколатдори худидораи махалли мустакилона ё бо иштироки субъектхои хукуки граждани таъсис додааст.

-театри гайридавлати, ташкилоти театрии гайридавлати театр, ташкилоти театрие, ки субъектхои хукуки граждани бе иштироки макомоти хокимияти давлати таъсис додаанд;

-фаъолияти театри – фаъолият  чихати офаридан, пахн гардонидан ва нигох доштани асархои санъати театри; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-намоишномаи театри асари санъати театри, ки дар асоси асари драмави ё мусики-драмави офарида шуда, гояи умуми ва номи мушаххас дорад;

-спектакл ба тарзи зинда ичро ва пешниходи намоишномаи театри;

-тахиягар (режиссёр-тахиягар, балетмейстер-тахиягар, дирижёр-тахиягар, рассом-тахиягар) шахсе, ки мустакилона намоиши театри ё кисми онро амали мегардонад;

-продюсер театр, дигар шахси хукуки ё вокеи, ки намоишномаи театриро тайёр ва бо маблаг таъмин менамояд.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи театр ва фаъолияти театри

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи театр ва фаъолияти театри ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрию хукуки ва санадхои хукукии байналмилали, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Доираи  амали Конуни мазкур

 Конуни мазкур ба хамаи театрхо, ташкилотхои театрии амалкунанда ва театру ташкилотхои нави театрии таъсисшаванда, инчунин дигар ташкилотхое, ки мутобики оинномахои худ фаъолияти театриро ба чо меоваранд, пахн мегардад.

Амали Конуни мазкур ба муносибатхое, ки бо конунгузории оид ба хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он танзим мешаванд, пахн намегардад. (КЧТ аз 31.12.08с №478).

Моддаи 4. Максад ва вазифахои Конуни мазкур

Максади Конуни мазкур таъмин ва химояи хукуки шахрвандон, инчунин шахрвандони хоричи ва шахрвандони бетабаа ба озодии эчодиёти бадеи, иштирок дар фаъолияти театри, истифода аз хизмати театрхо ва ташкилотхои театри, дастрас гардонидани асархои санъати театри мебошад.

Вазифахои Конуни мазкур аз инхо иборатанд:

– нигохдории хусусияти хоси маданияти театри, инкишофи равобити фархангии байналмилали;

– фарохам овардани кафолатхои хукуки барои нигохдории низоми таърихан ташаккулёфтаи театрхои давлати, инкишоф додани театрхои шаклхои дигари ташкили ва шаклхои моликият, татбик кардани лоихахои навоварона дар сохаи фаъолияти театри;

– химояи хукуки тахиягарон ва  хунарпешагон барои намоишномаи театри, батадрич амали гардонидани сиёсати химояи давлати нисбати санъати театри, кормандони эчодии театрхо ва дигар ташкилотхое, ки мутобики оинномахои худ фаъолияти театриро амали мегардонанд; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

– таъминоти молиявию иктисодии фаъолияти театрхо, низоми химояи ичтимоии кормандони театрхо, мухайё сохтани шароит барои нав гардонидани хайатхои эчодии театрхо.

Моддаи 5. Сиёсати давлати дар сохаи театр ва фаъолияти театри

Сиёсати давлати дар сохаи театр ва фаъолияти театри кисми таркибии сиёсати фархангии давлат буда, ба эътирофи накши нодири театр чун унсури чудонашавандаи фарханг, воситаи нигохдории худогохии милли ва забонхои халкхо, яке аз муассисахои ичтимоие, ки барои инкишофи чомеа ахамияти калон дорад, асос меёбад.

Сиёсати давлати дар сохаи театр ва фаъолияти театри ба принсипхои зерин асос меёбад:

-мусодиранашаванда ва мансубияти хукук ва озодихои хар шахрванд дар сохаи эчодиёти театри ва чалбкуни ба санъати театр;

-эътирофи нодир будани истеъдод ва масъулияти давлат бахри мухайё намудани шароит барои татбик ва дархости он;

-мустакилияти театрхо ва ташкилотхои театри, хукуки онхо ба дастгирии давлати, хамкории театрхои ватани ва чахони.

Моддаи 6. Максад ва намудхои асосии фаъолияти театр

Максади фаъолияти театр инкишофи санъати театри, ташаккул додан ва конеъ гардонидани талаботи ахолии Чумхурии Точикистон бо санъати сахнави мебошад.

Намудхои асосии фаъолияти театри инхоянд:

-офаридан ва намоиш додани намоишномахои театри, дигар асархои санъати театри дар сахнаи (сахнахои) асоси, гастролхо ва сафархои хунари, фуруши чиптахо барои чорабинихои мазкур;

-тайёр намудани намоишномахои театри, консертхо дар асоси шартномахо бо шахсони хукуки ва вокеи барои намоиш додан дар сахнахои хусуси ё ба ичора гирифтаи онхо, тавассути телевизион, радио, ба наворгирии кино, видео ва дигар маводи сабт дар сурати риояи хукуки муаллифон ва ичрокунандагони накшхо (партияхо) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-ташкили дигар чорабинихои дорои хусусияти бадеи-эчоди, ки бо имкониятхои худ ё имкониятхои коллективхои даъватшуда ва ичрокунандагони даъватшуда гузаронида мешаванд;

-гузаронидани тачрибаомузии кормандони касбхои эчодии театри бо устодон ва ходимони намоёни театр;

-дар асоси шартномахо расонидани хизмат ба ташкилотхо оиди басахнагузори, воситахои басахнагузори барои гузаронидани спектаклхо, консертхо, намоишномахо;

-аз руи фармоиши шахсони хукуки ва вокеи тайёр кардани ашёи ороиши бадеии намоишхои театри, консертхо ва намоишномахо;

-ба театрхои дигар пешниход намудани сахнахои худ барои гузаронидани гастролхою сафархои хунари, лоихахо ва барномахои якчояи театри;

-омода кардан, муайян намудани адади нашр ва фуруши маводи иттилооти-маълумоти ва рекламави, нусхахои маводи видео ва сабти овоз, ки ба фаъолияти бадеи-эчодии театр вобаста аст, дар сурати риояи хукуки муаллифон ва ичрокунандагони накшхо (партияхо) мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон оиди хукуки муаллиф ва хукукхои вобаста ба он.

БОБИ 2. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТИИ ТЕАТР ВА ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРИ

 

Моддаи 7. Мазмун, шакл ва тарзхои дастгирии фаъолияти театри аз чоннби макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидоракунии махалли

Тарзхои асосии дастгирии давлатии фаъолияти театри инхо мебошанд:

-фарохам овардани шароит барои инкишофи фаъолияти театри, васеъ шудани шабакаи театрхо, пеш аз хама театрхо барои кудакон;

-чудо кардани  маблагхо барои сохтан, аз нав сохтан ва таъмири асосии бинохо ва иншооти театрхо, навсозии тачхизот, пурра ё кисман маблаггузори кардани театрхои давлати; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-дар асоси озмун барои аз чониби театрхо новобаста аз шакли ташкилию хукуки ва молияви ичро намудани фармоишхои эчодии максаднок, лоихахои алохида ва чорабинихое, ки дигар барномахои максаднок низ дар сохаи фарханг ва санъат пешбини кардаанд, инчунин чудо намудани субвенсияхо ба театрхое, ки нисбати табакахои аз чихати ичтимои химоянашудаи ахоли сиёсати имтиёзноки нархиро ба амал мегузаронанд;

-иштирок дар ташкил ва маблаггузории фестивалхо ва озмунхои байналмилали, байниминтакави ва минтакавии театрхо, мубодилаи байналмилалии театрхо; (КЧТ аз 31.12.08с №478).

-хар сол чудо кардани маблаггузори аз бучет барои офаридан ва харидани асархои драмави ва мусики-драмави, аз руи ин асархо намоиш додани спектаклхо, амали гардонидани фаъолияти гастроли;

-таъсис додани стипендияхо ва мукофотхои давлати барои ходимони барчастаи театр, муаллифон ва ичрокунандагони чавони боистеъдод, ки барои офаридани асархои нави санъати театри мусоидат менамоянд;

-мусоидат кардан ба таргиботи санъати театри дар васоити давлатии ахбори омма.

Макомоти хокимияти давлати барои дар муассисахои таълимии маълумоти миёна ва олии касби тайёр кардани  хунарпешагон, режиссёрхо, балетмейстерхо, мунаккидони театр, дигар мутахассисони касбхои театри, дар пажухишгоххои илмии сохави гузаронидани тахкикоти сохаи санъати театри аз бучет маблаги зарури чудо мекунанд.

Маблаг барои максадхое, ки кисми 2 моддаи 6 Конуни мазкур ва кисми 1 моддаи мазкур пешбини шудааст, хар сол дар бучетхои дахлдор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба бучет пешбини карда мешавад.

Моддаи 8. Танзими зиддимонополии фаъолияти театри

Макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидораи махалли бо максади татбики сиёсати давлатии зиддимонополи ва фарохам овардани мухити ракобати дар сохаи фаъолияти театри тадбирхои зеринро ба амал мебароранд:

-барои татбики лоихахои навоварона дар сохаи санъати театри грантхои махсус чудо мекунанд;

-барои барпо кардани системаи майдончахои озоди намоиши ва дар асоси озмун ба мухлати махдуд ба театрхо ва ташкилотхои театрии гайридавлати додани онхо мусоидат менамоянд;

-дастгирии эчодкорони чавон, коллективхои навташкили эчодиро таъмин мекунанд.

Моддаи 9. Макомоти хокимияти давлати ва иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхо

Макомоти хокимияти давлати:

-ба фаъолияти Иттифоки ходимони театр ва дигар иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхо, инчунин иттифокхои (ассотсиатсияхои) онхо мусоидат менамоянд;

-ба иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхо имконият фарохам меоваранд, ки дар тахияи сиёсати давлатии сохаи фарханг иштирок намоянд, хангоми тахияи чорабинихои сохаи шугл, тайёрии касби, шароити мехнат ва мухофизати он, химояи ичтимоии кормандони театр бо онхо маслихат мекунанд;

Иттифоки ходимони театр ва дигар иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхоро бо рохи маблаггузории максадноки барномахои алохида, дар асоси озмунхо чойгиркунии дархостхо аз чониби театрхо барои ичро кардани лоихахо ва чорабинихои алохидае, ки ба барномахои максадноки сохаи фарханг ва санъат пешбини шудаанд, дастгири менамоянд.

Дахолати макомоти хокимияти давлати ва шахсони мансабдори онхо ба фаъолияти иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхо, хамчунин дахолати иттиходияхои чамъиятии кормандони театрхо ба фаъолияти макомоти хокимияти давлати ва шахсони мансабдори онхо рох дода намешавад, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

БОБИ 3.  ХУКУК ВА ВАЗИФАХОИ ТЕАТР ВА ТАШКИЛОТИ ТЕАТРИ

 

Моддаи 10. Хукуки театр ва ташкилоти театри дар сохаи фаъолияти бадеи-эчоди, ташкилию иктисоди ва ба рамзхои худи

Театр дар интихоби равияи эчоди ва барнома  мустакил аст. (КЧТ аз 31.12.08с №478).

Махдуд гардонидани фаъолияти бадеи-эчодии театр манъ аст, ба истиснои холатхое, ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст.

Макомоти хокимияти ичроия хукук дорад ичрои оммавии намоишномаи театри, дигар намудхои истифодаи он, инчунин чопи маводи иттилооти ва рекламавиро танхо дар асоси халномаи суд дар холатхои пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон манъ кунад.

Театр, ташкилоти театри фаъолияти худро мустакилона ба накша гирифта, пешомаздои тараккиётро дар асоси максадхои пешбиникардаи оинномахои онхо, мавчудияти захирахои эчодию хочагии худи ва зарурияти инкишофи эчодию истехсоли ва ичтимои муайян менамоянд.

Театр, ташкилоти театри нархи чиптаро мустакилона мукаррар мекунанд. Нарххо (тарифхо) ба хизмати пулаки ва махсулоте, ки театр, ташкилоти театри мефурушанд, бо таргиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Театр, ташкилоти театри бо таргиби пешбиникардаи конунгузори дар доираи маблаги мавчуда музди мехнати штатхо, шаклхои музди мехнат, хавасмандии модди, хачми маоши вазифахои кормандони худ, намуд ва хачми иловапули, ичорапули ва дигар пардохти дорои хусусияти хавасмандиро мустакилона мукаррар мекунанд.

Театр, ташкилоти театри низоми кори худро мустакилона мукаррар менамоянд, агар хуччатхои таъсисотии онхо коидаи дигарро пешбини накарда бошанд.

Театр, ташкилоти театри ба рамзи худи (номи расми, нишон, аломати моли, дигар мусаввара) хукук доранд.

Театр, ташкилоти театри, ки рамзи онхо бо таргиби мукарраркардаи конун ба кайд гирифта шудааст, барои истифодаи он хукуки мустасно доранд.

Истифодаи рамзхои бакайдгирифташудаи театр, ташкилоти театри аз чониби дигар шахсони хукуки ва вокеи танхо дар асоси шартнома бо театр, ташкилоти театри рох дода мешавад.

Шахсони хукуки ва вокеи, ки рамзхои театр, ташкилоти театриро гайриконуни истифода мебаранд, бо талаби театр, ташкилоти театри ухдадоранд истифодаи онро катъ кунанд ва зарари расидаро чуброн намоянд.

Моддаи 11. Вазифаи театр, ташкилоти театри

Театр, ташкилоти театри вазифадоранд:

-музди мехнати кормандони худро сари вакт пардохт намоянд, барои онхо хадди акалли музди мехнати бо конунгузории Чумхурии Точикистон кафолатдода, шароити мехнат ва мухофизати он, чорахои хифзи ичтимоиро таъмин намуда, барои зарари ба хаёт ва саломатии онхо расида чавобгар бошанд;

-пардохти саривактии мукофотпулихоро ба шахсоне, ки бо театр, ташкилоти театри шартномаи граждани-хукуки бастаанд, инчунин чорахои хифзи ичтимоии ин шахсонро бо тартиби пешбиникардаи конунгузори ва шартнома таъмин кунанд;

-сугуртаи ичтимои, тибби ва дигар намудхои сугургаи хатмии кормандони худро мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали гардонанд;

-бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хисоботи бухгалтери ва омори баранд.

Театр, ташкилоти театри, ки намоиши оммавии намоишномахои театриро амали мегардонанд вазифадоранд:

-хангоми намоиш додани намоишнома мухофизати хаёт ва саломатии тамошобинон, инчунин хифзи амволи онхоро, ки барои махфуздори кабул шудааст, таъмин намоянд;

-дар чойхои чиптафуруши ва намоиши оммавии намоишномаи театри барои тамошои умуми эълонномаро бо нишон додани номи пурраи театр, номи намоишномаи театри, номи муаллифи (муаллифон) асар ва номи асаре, ки асоси онро ташкил медихад, номхои басахнагузорандагон ва ичрокунандагони накшхо (партияхо), инчунин дигар маълумотхоро бо салохдиди театр овехта монанд;

-ба тамошобинон дар бораи чойи намоиш, вакти огоз ва анчоми намоишнома, нархи чипта, шароити харидан ва баргардондани он, имтиёзхое, ки барои гуруххои алохидаи тамошобинон пешбини шудааст, махдудиятхои синнусоли барои тамошои намоишнома ахбор пешниход намоянд;

-дар чиптаи театр нархи он, номи театр, номи намоишномаи театри, чой, сана, вакти намоиш ва чойро дар толори тамошо нишон диханд;

-дар холатхои иваз ё бекор кардани намоишномаи пешаки эълоншуда, иваз шудани ичрокунандаи накши асосии пешаки эълоншуда, инчунин дар холати аз тамошои намоишнома саркаши кардани тамошобин бо сабаби надодани ахбор дар бораи махдудияти синнусолии муайяннамудаи тамошои он, пули чиптаи пешаки харидашударо баргардонанд ё бо хохиши шахсони чиптаи пешаки харида онхоро то огози спектакл иваз намоянд.

Меъёрхои дар кисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда ба дигар ташкилотхое, ки намоиши оммавии намоишномахои театриро ба амал мебароранд, пахн мегардад.

БОБИ 4. ХУКУКИ МУСТАСНОИ БА САХНА ГУЗОШТАНИ НАМОИШНОМАИ ТЕАТРИ БАРОИ НАМОИШИ ИЧРОИ ЗИНДА

 

Моддаи 12. Субьектхои дорои хукуки ба сахна гузоштани намоишномаи театри барои намоиши ичрои зинда

Субъектхои дорои хукуки басахнагузории намоишномахои театри барои намоиши ичрои зинда басахнагузоранда, хунарпешагон, ичрокунандахои накшхо (партияхо) дар намоишномахои театри ва продюсер мебошанд.

Хукуки мустаснои ба сахна гузоштани намоишномаи театри барои намоиши ичрои зинда (минбаъд – хукуки ба сахна гузоштани намоишномаи театри) аз вакти кабули карор дар бораи намоиши оммавии он ба миён меояд, агар дар шартномаи байни субъектхои дорои хукуки ба сахна гузоштани намоишномаи театри пештар ба миён омадани ин хукук пешбини нашуда бошад.

Карор дар бораи тайёр будани намоишномаи театри барои намоиши оммави аз чониби тахиягар ва продюсер якчоя кабул карда мешавад, агар дар шартномаи аз чониби онхо басташуда коидаи дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 13. Хукуки тахяягар ва хунарпешагон барои ба сахна гузоштани вамоишномаи театри

Тахиягар ва хунарпешагон, ичрокунандагони накшхо (партияхо) дар намоишномаи театри, ба ном-ифодаи номи худ дар нашрияхои рекламави, эълонномахо, дигар маводхои иттилооти, ки бо намоишномаи театри алокаманданд, хукук доранд.

Тахиягар барои аз тахриф мухофизат кардани намоишномаи театри хукук дорад. Бидуни огохи ё ичозати тахиягар тагйир додани хайати ичрокунандагони накшхо (партияхо), мизанстсенахо, хореография, ороиши сахна, партигураи равшанидихи, костюмхои театри, асбобу анчоме, ки хунарпешагон истифода мебаранд, мусикии намоиши театри хамчун аломати тахриф дониста мешаванд. Дар шартномаи байни тахиягар ва продюсер мукаррар кардани дигар аломатхое, ки боиси тахрифи намоишномаи театри мегарданд имкон дорад.

Дар шартномаи байни продюсер, тахиягар ва хунарпешагон мумкин аст ба гайр аз хукукхои мукарраркардаи кисмхои 1 ва 2 хамин модда дигар хукукхо низ пешбини карда шаванд.

Хукуки хунарпеша ба ифодаи номи худ дар давоми тамоми давраи иштироки вай дар намоишномаи театри амал мекунад.

Хукуки тахиягар ба намоишномаи театри дар давоми тамоми давраи намоиши оммавии ин намоишнома амал менамояд.

Моддаи 14. Хукуки продюсер ба намоиши оммавии намоишномаи театри

Бастани шартномаи байни тахиягар ва продюсер барои иштирок дар офаридан ё намоиш додани намоишномаи театри боиси ба продюсер додани хукуки ба амал баровардани намоипш оммавии намоишномаи театри мегардад. Дар ин холат продюсер хукук дорад:

-чой ва вакти намоиши оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, ин намоишро аз номи худ амали гардонад, нархи чиптахоро мукаррар кунад;

-шумораи намоишхои оммавии намоишномаи театриро муайян намояд, намоиши оммавии намоишномаи театриро катъ ва баркаррр созад;

-шартхои истифодаи намоишномаи театри, кисмхои он дар намоишномахои дигар, шартхои дар эфир бо ёрии воситахои техники (намоиши телевизони, телевизиони кабели ва дигар воситахои техники) истифода бурдани намоишномаи театри, бо хар гуна маводи техники сабт кардан ва тачдиди намоишномаи театриро муайян кунад;

-ба шахсони хукуки ва вокеи нусха бардоштани намоишномаи театриро бо хукуки намоиши оммавии он дар сурати риояи меъёрхои пешбиникардаи кисми дуюми хамин модда ичозат дихад, агар дар шартномаи байни продюсер ва шахсони мазкур шартхои дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 15. Вазифаи продюсер оид ба нигохдории халли бадеии намоишномаи театри

Продюсер вазифадор аст, ки агар дар шартномаи байни у ва тахиягар шартхои дигаре пешбини нашуда бошанд, тахиягарро огох намояд:

-дар бораи зарурати дохил кардани тагйирот ба намоишномаи театри ва шартхое, ки дар асоси он амали гардонидани онхо ба тахиягар пешниход мешавад;

-дар бораи тагйиротхои фаврии дар шартнома мукарраршуда, бидуни иштироки тахиягар ба намоишномаи театри ворид карда шуда ва дар бораи сабабхои ин тагйиротхо;

-дар бораи катъи намоиши оммавии намоишномаи театри то ба охир расидани мухлат ё дар бораи ихтисори шумораи намоишномахои дар шартнома пешбинишуда, инчунин дар холатхое, ки мухлати нихоии намоиши оммави ё шумораи намоишномахо дар шартнома муайян гардидаанд.

Тахиягар хукуки аз тахриф химоя намудани намоишномаи театриро татбик намуда, метавонад боздошти намоиши оммавиро бо максади баркарорсозии халли бадеии намоишномаи театри талаб намояд.

Моддаи 16. Химояи хукуки гузоштани намоишномаи театри

Субъектхои дорои хукуки мустасно ба намоишномаи театри хукук доранд аз вайронкунандаи ин хукук баркарор сохтани мукаррароти то вакти вайронкуни чойдоштаро талаб намоянд.

Дар шартномаи байни продюсер ва субъектхои дигари дорои хукуки мустаснои намоишномаи театри, мумкин аст барои хукуки мустаснои намоишномаи театриро вайрон кардани яке аз тарафхо, чавобгарии модди ё дигар намуди чавобгари бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда шавад.

БОБИ 5. ТАШКИЛ ВА ТАНЗИМИ ИКТСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЕАТРХО ВА ТАШКИЛОТХОИ ТЕАТРИ

 

Моддаи 17. Шаклхои ташкилию хукукии театрхо

Театрхои давлати метавонанд дар шакли муассиса ё шакли ширкати гайритичорати таъсис ёбанд.

Театрхои гайридавлати метавонанд дар хар гуна шаклхои ташкилию хукуки, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, таъсис ёбанд.

Моддаи 18. Амволи театрхои давлати ва гайритичорати

Театрхои давлати ва гайритичорати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва оинномахои онхо бо амволи зарурии фаъолияти театри (бинохо, иншоот, тачхизот, воситахои сахнавию басахнагузори, дигар амволи истеъмолшаванда, ичтимои, фарханги ва таъиноти дигар) таъмин мешаванд.

Ба театрхои давлати ва гайритичорати амвол барои хукуки идораи фаври вобаста карда мешавад.

Ба театрхои давлати ва гайритичорати муассисон амволро тибки шартномаи идораи эътимоднок тахвил медиханд.

Амволи гайриманкули ба театрхои давлати ва гайритичорати вобасташуда ба онхо ройгон бо хукуки истифодаи доими (бемухлат) вогузошта мешавад.

Театрхои давлати ва гайритичорати метавонанд иштирокчиёни чамъиятхои хочаги ва сахмгузори ширкатхои тибки бовари танхо бо ичозати макоми ба он ваколатдори хокимияти давлати ё макоми худидораи махалли бошанд.

Макоми ваколатдори давлати, ки ба он танзими давлатии сохаи фарханг вогузошта шудааст, нисбати амволи театрхои аз чониби макомоти хокимияти давлати таъсисёфта, аз номи давлат хукук ва вазифаи амволи, инчунин назорати давлатиро амали мегардонад.

Хукук ва вазифахои амволи, инчунин назорат нисбати амволи театрхои гайритичорати бо конунгузории Чумхурии Точикистон танзим мегардад.

Дар сурати бархам хурдани театри давлати ё гайритичорати амволи он, ки баъди конеъ гардидани талаботи карздихандахо боки мондааст, аз чумла амволи гайриманкул, ба макоми ваколатдори хокимияти давлати ё макоми худидораи махалли мегузарад ва метавонад танхо бо максадхои фаъолияти театри истифода гардад.

Моддаи 19. Маблаггузории театрхои давлати ва гайритичорати

Театрхои давлати ва гайритичорати аз бучетхои дахлдор ва инчунин аз манбаъхои гайрибучети маблаггузори карда мешаванд.

Даромадхои театрхои давлати ва гайритичорати аз ичорадихии амволи дар моликияти давлати карордошта аз чониби ин театрхо ба сифати манбаи маблаггузории фаъолияти оинномавии онхо пурра истифода мегарданд.

Маблагхои аз дигар манбаъхо воридшуда, хачми маблаггузории бучетии театрхои давлати ва гайритичоратиро кам намекунанд.

Маблагхои молиявии дар давраи хисоботи истифоданашуда аз театрхои давлати ва гайритичорати гирифта намешаванд ё аз чониби муассисон (моликон) ба хачми маблаггузории соли оянда дохил карда намешаванд.

Маблаггузории театрхои давлати ва гайритичорати аз хисоби маблагхои бучетхои дахлдор дар асоси беподош ва бебозгашт барои амали гардидани харочотхои муайяни максаднок ё бо шартхои маблаггузории сахомии ин харочотхо бо тартиби конунгузории бучети сурат мегирад.

Моддаи 20. Идораи театрхои давлати ва гайритичорати

Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли дар катори дигар муассисон дар идораи театрхои давлати ва гайритичорати бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон иштирок менамоянд.

Рохбарии бевосита ба фаъолияти театрхои давлати ва гайритичорати бо тартиби пешбиникардаи хуччатхои таъсисотии онхо ба амал бароварда мешавад:

-дар асоси яккасардории директор ё рохбари бадеии театр, муассис бо онхо шартномаи (карордоди) мехнати мебандад;

-дар асоси таксимоти ваколатхои сохави байни директор ва рохбарони бадеии театр муассис ба хар кадоми онхо шартномаи (карордоди) мехнати мебандад.

Моддаи 21. Театрхои гайридавлати ва ташкилотхои театри

Театрхои гайридавлатии тичорати ва гайритичорати, инчунин ташкилотхои театри дар баробари театрхои давлати ва гайритичорати ва ташкилотхои театри хукук доранд дар озмунхое, ки макомоти хокимияти давлати ва макомоти худидораи махалли эълон мекунанд, иштирок намоянд, инчунин барои гузаронидани сиёсати имтиёзноки нархи нисбати табакахои аз чихати ичтимои химоянашудаи ахоли, барои максадхои дигар, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, субвенсия гиранд.

Идораи театрхо ва ташкилотхои театрии гайридавлатии тичорати ва гайритичорати бо тартиби пешбиникардаи хуччатхои таъсисотии онхо ва конунгузории граждани сурат мегирад.

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ ЭЧОДИИ КАСБИ. ХИФЗИ ИЧТИМОИИ КОРМАНДОНИ ТЕАТР

 

Моддаи 22. Тартиби тасдики фехристи касбхои эчодии театри ва фехристи  вазифахои кормаидони дигар касбхои хоси театри

Фехристи касбхои эчодии театри (ихтисосхо) ва фехристи вазифахои (ихтисосхои) кормандони дигар касбхои хоси театри аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон дар асоси пешниходхои макоми ваколатдори давлати, ки ба зиммаи он танзими давлати дар сохаи фарханг вогузошта, бо Иттифоки ходимони театри мувофика гардидааст, тасдик карда мешавад.

Моддаи 23. Шартномахо бо кормандони эчодии театри

Фаъолияти кормандони эчодии касбхои театри дар асоси шартномахои (карордодхои) мехнати ва шартномахои хукукии граждани сурат мегирад.

Ишголи вазифахо дар театр аз чониби кормандони эчодии касбхои театри, ки дар асоси шартномаи (карордоди) мехнати баста мешавад, сурат мегирад.

Низомномаро дар бораи ишголи вазифахои кормандони эчодии касбхои театри дар театр макоми ваколатдори давлати, ки ба зиммаи он танзими давлатии сохаи фарханг вогузошта, бо Иттифоки ходимони театр мувофика шудааст, тасдик мекунад.

Дар шартномаи (карордоди) корманди эчодии касбхои театри бо маъмурияти театр ба гайр аз шартхои хатми, ки конунгузори пешбини кардааст, шароит ва тартиби хукукхои муаллиф, хукукхои вобаста ба он, хукук ба ичрои зиндаи намоишномаи театри муайян карда мешавад.

Шартномахои хукуки граждани мутобики талаботи конунгузории гражданин Чумхурии Точикистон баста мешаванд.

Моддаи 24. Шароит ва мухофизати мехнати кормандони театрхо

Шароити мехнат ва талаботхои меъёрии мухофизати мехнати кормандони театрхои шаклхои гуногуни ташкилию хукуки ва шаклхои моликият бо Низомнома оид ба шароит ва хифзи мехнати кормандони театрхо бо тартиби пешбиникардаи конунгузории  Чумхурии Точикистон муайян мегардад.

Кормандони эчодии касбхои театри ва кормандони дигар касбхои хоси театри, ки корхоро дар асоси шартномаи хукуки граждани ичро менамоянд, баробари кормандоне,  ки корро тибки шартномаи (карордоди) мехнати ичро мекунанд, аз ходисахои нохуш дар истехсолот ва беморихои касби сугуртаи хатмии ичтимои карда мешаванд.

Моддаи 25. Бо кор таъмин намудани кормандоии эчодии касбхои театри ва кормандони дигар касбхои хоси театри

Бо кор таъмин намудани кормандони эчодии касбхои театри ва кормандони дигар касбхои хоси театри, ки бекор мондаанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад.

Моддаи 26. Таъмини ичтимоии кормандони эчодии касбхои театри

Кормандони эчодии касбхои театри барои хизмати дарозмуддат мутобики Конуни Чумхурии Точикисгон «Дар бораи таъмини нафакаи шахрвандони Чумхурии Точикистон» ба нафака хукук доранд.

Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли барои кормандони театрхо, ки дар инкишофи театри ватани сахми калон гузоштаанд, нафакаи давлати, иловапули барои унвонхои давлати, таъминоти иловагии моддии хармохаи якумри, хизматрасонии имтиёзноки тибби ва санаторию курорти, таъмини бепули манзил ва истифодаи бепули наклиёти чамъияти, инчунин чорахои дигари хифзи ичтимои аз хисоби маблагхои  бучетхои дахлдор ва дигар манбаъхои манънакардаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини карда метавонанд.

Ба ходимони театр, ки дар инкишофи театри ватани сахми барчаста гузоштаанд, бо пешниходи макоми ваколатдори давлати, ки танзими давлатии сохаи фарханг ба зиммаи он вогузошта шудааст, таъминоти хармохаи иловагии якумра ва дигар чорахои хифзи ичтимои мукаррар шуда метавонанд.

БОБИ 7. ФАЪОЛИЯТИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ВА ИКТИСОДИИ ХОРИЧИИ ТЕАТРХО ВА ТАШКИЛОТХОИ ТЕАТРИ

 

Моддаи 27. Фаьолияти байналмилалии театрхо ва ташкилотхои театри

Макомоти хокимияти давлати, макомоти худидораи махалли ба инкишофи робитахои байналхалкии театрхо ва ташкилотхои театри кумак мерасонанд, иштироки мустакилонаи бевоситаи ходимони театрро дар мубодилахои байналмилалии театри хавасманд мегардонанд, иштироки театрхо ва ташкилотхои театриро дар фестивалхо ва озмунхои байналмилалии театри дастгири менамоянд, барои гузаронидани чунин чорабинихо дар дигар мамлакатхо мусоидат мекунанд. (КЧТ аз 31.12.08с №478).

Бо тартиби пешбиникардаи конунгузории Чумхурии Точикистон театр, ташкилоти театри хукук дорад бо ташкилотхои хоричи робитахои мустаким мукаррар намуда, фаъолияти иктисодии хоричиро амали карда, дар бонкхо ва дигар ташкилотхои кредити хисобхои асъори дошта бошад.

Боби 8. Мукаррароти хотимави

Моддаи 28. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  2 декабри соли 2002

№80

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди кабул намудани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи театр ва фаъолияти театри»

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театри» кабул карда шавад.

Раиси Мачлиси намояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                                С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  1 октябри соли 2002

№ 700                       

 

 

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театри»

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи театр ва фаъолияти театри» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи театр ва фаъолияти театри» чонибдори карда шавад.

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                                               М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  12 ноябри соли 2002

№ 343

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …