Главная / Гуногун / Ташкил додани Иттифоки Хиндучин

Ташкил додани Иттифоки Хиндучин

Соли 1887 мустамликадорони Фаронса Кохинхин, Аннам ва Тонкинро бо хамрохии Камбоча дар Иттифоки Хиндучин муттахид намуданд. Соли 1889 ба ин иттифок Лаосро низ хамрох карданд.

french_indochina_subdivisions_ru-svg

Сарвари идораи марказиятноки Иттифоки Хинду генерал-губернатор ба хисоб мерафт. Кароргохи у дар Сайгон буд. Дар хузури генерал-губернатор Шурои Олии Хиндучин амал мекард. Он макоми маслихати дошт. Хайати ин Шуро асосан аз амалдорони фаронсавие, ки дар маъмурияти мустамлик вазифахои калонро ишгол мекарданд (губернатори Кохин хокимони олимакоми фаронсавии Аннам, Тонкин ва гайра) иборат буд. Гайр аз ин ба хайати Шуро ду намояндаи баландмартабаи ветнами, ки онхоро генерал-губернатор Тимин сарвари мекард, дохил буданд. Дар идораи хокимони Аннам, Камбоча ва Луангпробанга (Лаос) намояндагони баландмакоми фаронсави низ хузур доштанд. Тамоми хокимият гайрирасми дар дасти онхо буд. Тонкинро низ фаронсави сарвари мекард. Кохинхин бош дар зери идораи губернатори Фаронса буд.

Фаронса чорабинихои маъмурию сиёсии худро дар Ветнам барои дар ин чо мустахкам кардани мавкеи иктисодии худ ба амал мебаровард. Дар натичаи ин сармояи Фаронса бе ягон мамоният ба Хиндучин ворид мегардид. Точирони Фаронса аз харид ашёи хоми арзон ва савдои молхои саноатии худ даромади калон ба даст медароварданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …