Главная / Чамъият / Ташхиси давлатии шароити мехнат

Ташхиси давлатии шароити мехнат

Моддаи 354-и Кодекси Мехнат. Ташхиси давлатии шароити мехнат

  1. Бо максади назорати шароит ва хифзи мехнат, сифати гузаронидани аттестатсияи чойхои кори аз руи шароити мехнат, сахехияти пардохти чубронпули барои корхои вазнин ва корхои дорои шароити хатарнок ё зарарноки мехнат, инчунин омода намудани таклифхо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурухи хатарноки касби, мутобики натичахои сертификатсияи корхо оид ба хифзи мехнат дар ташкилотхо аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ташхиси шароити мехнат бо тартиби мукаррарнамудаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузаронида мешавад.
  2. Хулосаи ташхиси шароити мехнат барои аз тарафи суд барраси гардидани масъала дар бораи бархам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи хифзи мехнат асоси вокеи мебошад.
  3. Ташхиси шароити мехнат дар чойхои кори хангоми лоихакашии сохтмон ва тачдиди иншоотхои истехсоли, хангоми ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият, инчунин бо дархости макомоти суди, макомоти идоракунии хифзи мехнат, корфармоён, иттиходияхои корфармоён, кормандон, иттифокхои касаба, иттиходияхои онхо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …