Главная / Чамъият / Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии дигар даромадхо аз манбаъхои вокеъ

Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии дигар даромадхо аз манбаъхои вокеъ

Моддаи 137-и Кодекси Андоз. Тартиби татбики санади хукукии байналмилали нисбат ба андозбандии дигар даромадхо аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон

  1. Гайрирезиденте, ки аз манбаъхои вокеъ дар Чумхурии Точикистон даромад мегирад, ба истиснои холатхои дар моддахои 134-136 Кодекси мазкур пешбинишуда, хукук дорад то ба он пардохт гардидани даромад оид ба татбики мукаррароти санади хукукии байналмилали аз руи шакли мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати ба макомоти андози махалли бакайдгирии агенти андоз ариза пешниход намояд.
  2. Макомоти андоз дар давоми 10 рузи таквими аризаро барраси намуда, дар холати дуруст будани маълумоти дар ариза зикргардида аризаи пешниходшударо тасдик менамоянд.
  3. Дар холати гайриконуни татбик гардидани мукаррароти санади хукукии байналмилали, макомоти андоз ба гайрирезидент раддияи асоснок (карори манфи) пешниход менамоянд.
  4. Дар холати рози нашудан бо карори манфии макомоти андоз, гайрирезидент хукук дорад ба макоми ваколатдори давлати (хангоми зарурат бо чалби макомоти салохиятдори мамлакати резиденти) бо ариза чихати баррасии такрории масъалаи конуни будани татбики санади хукукии байналмилали мурочиат намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …