Моддаи 147-и Кодекси Мехнат. Тартиби пардохти музди мехнати кормандон
- Музди мехнати кормандон дар асоси меъёрхои (маошхои) соатбайъ ва (ё) мохонаи тарифи пардохт карда мешавад, ки онхоро шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи ва дар ташкилотхои аз бучети давлати маблаггузоришаванда бошанд, Президенти Чумхурии Точикистон ё Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунанд.
- Ба дарачаи мушаххаси тарифи (вазифа) мансуб донистани корхои ичрошаванда ва ба кормандон додани дарачаи тахассусии мувофик аз руи тартибе сурат мегирад, ки онро созишнома ва шартномахои коллективи ё корфармо мутобики Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабхои рохбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлати, дигар маълумотномахои тахассусие, ки тибки тартиби мукарраршуда тасдик шудаанд, мукаррар намудаанд.
- Ба кормандоне, ки меъёрхои мехнатиашонро ичро менамоянд, дарачаи нисбатан баланди тахассуси дар навбати аввал дода мешавад.
- Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се мох корхои дарачаи баландтари тахассусиро бомуваффакият ичро карда бошад, хукук дорад аз корфармо тибки тартиби мукарраршуда талаб намояд, ки ба у дарачаи баландтари тахассуси дода шавад.