Моддаи 151-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Тартиби баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан
- Дар сурати бо сабаби узрнок гузаронидани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан бо дархости шахсе, ки нисбати у карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури кабул шудааст, ин мухлат мумкин аст аз чониби судя ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси кардаанд, баркарор карда шавад. Хангоми баррасии дархост дар бораи баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан, судя, макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) хукук доранд, шахсеро, ки дархостро пешниход кардааст, барои додани баёнот ё хулоса даъват кунанд. Дархост дар бораи баркарор кардани мухлати шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст дар мухлати то як мох аз рузи эълон кардани карор оид ба парвандаи хукуквайронкунии маъмури пешниход карда шавад.
- Дар бораи баркарор ё рад кардани дархост оид ба баркарор кардани мухлати шикоят кардан таъинот ё карор бароварда мешавад.
- Аз болои таъинот ё карор дар хусуси рад кардани баркарор кардани мухлати гузаронидашуда, ба суди болои шикоят кардан ва эътироз овардан мумкин аст.