Главная / Чамъият / Тартиби ба фарзандхонди кабул кардан

Тартиби ба фарзандхонди кабул кардан

Моддаи 126-и Кодекси оила. Тартиби  ба фарзандхонди кабул кардан 

  1. Фарзандхонди дар асоси аризаи шахсоне (шахсе), ки кудакро ба фарзанди кабул кардан мехоханд, аз тарафи суд расми карда мешавад. Парвандахои фарзандхондиро суд ба тартиби мурофиаи махсус барраси менамояд.

Парвандахои фарзандхонди дар суд бо иштироки макомоти васояту парастори ва прокуратура барраси мегардад. (КЧТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Шахрвандони Чумхурии Точикистон бо интихоби худ ба суди махали истикомати кудаки ба фарзандхонди кабулшаванда ё ба суди махали истикомати худ барои  ба фарзандхонди гирифтани кудак ариза  медиханд.
  2. То аризаи фарзандхондиро барраси намудани суд макомоти васояту парастори вазифадоранд шароити зиндагии шахсеро, ки хохиши ба фарзандхонди кабул кардани кудакро дорад, санчида, муайян кунанд, ки фарзандхонди ба манфиати кудак аст ё не, оё барои фарзанд хондан монеае хаст, инчунин муносибати кудак ба фарзандхонди ва фикри уро барои ба фарзандхонди кабул шуданаш муайян намуда, хулосахояшонро дар хусуси имконияти фарзандхонди ба суд пешниход намоянд.

Макомоти васоят ва парастори вазифадоранд ба шахсоне(шахсе), ки кудакро ба фарзандхонди кабул мекунанд, дар бораи саломатии кудак маълумот диханд. (КЧТ аз 29.04.2006 № 183)

  1. Тартиби пешниходи хулосаи макомоти васояту парастори ва номгуи маълумоти онро Низомнома дар бораи макомоти васояту парастори муайян мекунад. (КЧТ аз 26.11.15 с., №1239)
  2. 5. Хукук ва ухдадорихои фарзандхонда ва фарзандхондишуда аз лахзаи эътибори конуни пайдо кардани халномаи суд дар бораи фарзандхонди огоз меёбад.

Фарзандхонд шудани  кудак бояд мувофики тартибе, ки барои сабти асноди холати шахрванди мукаррар гардидааст, дар макомоти сабти асноди холати шахрванди ба кайди давлати гирифта шавад.

Суд вазифадор аст, ки дар давоми се рузи баъди эътибори конуни пайдо кардани халнома дар бораи фарзандхонди ба макоми сабти асноди холати шахрвандии махалли кабули халнома  иктибоси ин халномаро фиристад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …