Тарозуи аъмол
Тарозуи адл биёвезанд ва он тарозу мисли тарозуи халоик нест. Аъмол, яъне корхои бандагонро бисанчанд ва микдори тоъату гунохи бандаро маълум кунанд ва хамаро бар пули сирот гузаштан фармоянд. Хар кас дар ин олам бар сиротимустаким, яънс рохи рост истода бошад ва амалхои исломиро ба чо оварда бошад, ба осони аз пули сирот гузарад.
Хар ки дар дунё ба рохи рост нарафта бошад ва амалхои исломиро ба чо наёварда бошад, бар пули сирот poх, наёбаду ба дузах афтад, наьузу биллох.
Хамаро дар пеши пули сирот маън кунанду бипурсанд аз хар чи карда бошанд – аз бади ё неки. Пули сирот барои кофирон аз шамшер бурротар ва аз шаб ториктару аз муй бориктару аз оташ сузонтар бувад. Аммо бар муъминон на чунин бувад, балки Расули акрам салаллоху алайхи ва саллам гуфтаанд, ки пули сирот барои муъминон баробари води acт. Бихиштро наздик гардонад аз барои муттакиён, яъне худотарсон ва дузахро зохиру хозир гардонанд аз барои гумрохону нофармонон.
Дар он руз муъмин ва кофир аз якдигар чудо шаванд, дар холе ки ин хитоб бишунадванд: – Чудо шавед, эй гунахгорон аз тоаткунандагон.
Гурухеро бо лутфу мархамат ба бихишт мебаранд ва гурухеро бо занчиру куфлхо ба дузах андозанд.
Фармони Хазрати парвардигор даррасад, ки эй малоикахо, дузахро ба сахрои киёмат хозир гардонед.