Главная / Биология / Таркиби тухми растани

Таркиби тухми растани

Чи тавре ки маълум аст, аз гандум ва дигар зироатхои галладонаги орд истехсол мекунанд. Орд эндосперми майдашуда ё тал- коншудаи дон мебошад. Вай аз моддахои гупогуни гнзои иборат аст. Барои муайян кардани таркиби тухм каме орди гандумро гирифта, аз он хамир тайёр мекунем. Сипас, хамирро ба дока печонда дар ягон зарф бо об нагзакак мешуем. Оби зарф тирагун мешавад, чунки яке аз моддахои дар таркиби хамир мавчудбуда шуста мешавад. Баъд дар дохили дока факат моддаи нисбатан гализи часпак – ширеш (клейковина), яъне сафедаи дон (орд) боки мемонад.

tarkibi-tuxmАгар ба зарфи обаш тирагун 2-3 катра махдули йод чакконем, мебинем, ки ранги моеъ кабуд мешавад. Маълум аст, ки охар (крах- мал, нишоиста) аз таъсири йод кабудранг мешавад. Ин холат исбот мекунад, ки дар таркиби орди гандум охар мавчуд аст. Охари ранг- ноки дар оби зарфбуда охиста-охиста тахшин мешавад.

Агар оби тирашудаи хамирро ба пробирка рехта, онро то чуши- данаш гарм кунем, дар пробирка ширеш ё моддаи ширешмонанд (клейстер) хосил мешавад. Ин исботи он аст, ки дар таркиби орди гандум ба чуз сафеда (клейковина) охар хам мавчуд будааст. Ин- чунин, дар зери микроскоп доначахои майдаи охари хучайрахои эн- досперми гандум, ки бо таъсири йод кабудранг шудаанд, нагз на- мудор мешаванд.

Дони гандум, чуворимакка андак равган дорад. Хусусан, пунбадона (чигит), дони офтобпараст, загир, кунчит, лубиёи чини (соя) ва баъзе дигар растанихо хеле серравган мешаванд. Агар дони ин растанихоро дар руи когази сафед сахт фишурем, дар когаз дог ё изи равган боки мемонад.

Сафеда, охар ва равган мод- дахои органикие (захиравие) ме- бошанд, ки дар тухму дони акса- ри растанихо бо микдори гуногун (кам ё зиёд) мавчуданд. Масалан, Дар дони гандум микдори охар нисбатан зиёд буда, сафеда нисбатан кам ва равган тамоман камтар аст. Дар дони лубиё бошад, баръ- акс сафеда бисёру охар нисбатан Кам аст. Дони офтобпараст, загиркунчит хеле серравган аст.

Барои хосил кардани орду ярма, ки ба микдори зиёд охару сафеда доранд, на танхо гандум, инчунин чавдор, чав, чуворимакка, сули, арзан, шоли ва марчумакро низ парвариш мекунанд. Бо максади ба даст овардани махсулоти серсафеда нахуд, бокило, лубиёи чини, наск ва барои истехсоли равган дигар растанихои равгандор- ро киштукор мекунанд.

Барои донистани он, ки дар таркиби дон ба чуз моддахои орга- ники боз кадом моддахо мавчуданд, гузаронидани чунин тачриба ёри медихад.

Ба зарфи шишагин (пробирка) дони хушки гандум ё тухми ягон растании дигарро дохил карда, дар оташи паст гарм мекунем. Пас аз чанд муддат дар деворхои пробирка катрахои об пайдо меша- ванд, зеро дар натичаи гарм кардан оби дар таркиби тухми ган- дум мавчудбуда бухор мешавад. Бухор ё буги оби пайдошуда ба девори сарди пробирка расида, хунук мешавад ва дар девори он катрахои об намоён мешаванд.

Агар гарм карданро давом дихем, дон сухта ба ангишту дуд табдил меёбад. Дуд далели сухтани моддахои органикии донохар, сафеда ва равган ба хисоб меравад. Пас аз пурра сухтани моддахои органикии дон факат хокистар боки мемонад. Хокистар аз мод- дахои маъдании (минералии) насузанда иборат аст.

Хамин тавр, таркиби дон (тухм)-и растанихо аз моддахои орга- ники, маъдани ва об иборат аст.

Таркиби тухми растанихои мазруъи (ба хисоби фоиз аз вазни умумиашон)

Тухм

(дар 100 г)

Микдор (фоиз)
об моддахои органики моддахои маъдани
Гандум 13,4 84,7 1,9
Офтобпараст 6,7 89 4,3

Аз чадвал маълум мешавад, ки дар таркиби дони растанихои гуногун микдори об, моддахои органики ва маъдани хар хел мебошад. Умуман, дар тухми тамоми растанихо микдори моддахои органики назар ба об ва моддахои маъдани нисбатан зиёд аст.

  1. Дар дони растанихо кадом моддахои органики мавчуданд?
  2. Клейковина чист ва онро аз орди гандум чи тавр чудо ме- кунанд?
  3. Охарро чи гуна ошкор менамоянд?
  4. Равган доштани дони растанихоро чи тавр маълум кардан мумкин аст?
  5. Кадом растанихо дар донашон ба микдори зиёд сафеда, охар ё равган доранд?
  6. Тавассути тачриба моддахои органикиро аз моддахои маъдани чи хел фарк мекунанд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …