Главная / Чамъият / Танзими давлатии фаъолияти шахрсози

Танзими давлатии фаъолияти шахрсози

Моддаи 11-и  Карори шахрсози. Танзими давлатии фаъолияти шахрсози

  1. Танзими давлатии фаъолияти шахрсози тавассути татбики сиёсати давлати дар сохаи шахрсози ва амали намудани идоракунии давлати таъмин карда мешавад.
  2. Самтхои асосии сиёсати давлати ва танзими фаъолияти шахрсози инхоянд:

– тахия ва татбики самтхои асосии сиёсати давлатии шахрсози;

– тахия ва татбики стратегияхо ва барномахои давлатию сохави дар сохаи шахрсози;

– гузаронидани тахкикоти илми;

– кабул кардани санадхои меъёрии хукуки дар сохаи шахрсози;

– банакшагирии шахрсози ва минтакабандии худудхо;

– таъсис ва пешбурди кадастри шахрсози;

– назорати тахия ва татбики лоихахои шахрсози;

– бамеъёрдарории техники ва стандартонии фаъолияти шахрсози;

– ичозатномадихи ба намудхои алохидаи фаъолияти шахрсози;

– мукаррар намудани нарххо;

– экспертизаи давлатии лоихахои шахрсози, меъмори ва хуччатхои сохтмони;

– назорати давлатии сохтмон;

– мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали намудани дигар чорабинихо дар сохаи шахрсози.

  1. Идоракунии давлатии фаъолияти шахрсозии Чумхурии Точикистонро макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози, сохторхои махаллии он ва макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати амали менамоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …