Главная / Чамъият / Таносуби танзими конуни ва шартномавии муносибатхои мехнати

Таносуби танзими конуни ва шартномавии муносибатхои мехнати

Моддаи 12-и Кодекси Мехнат. Таносуби танзими конуни ва шартномавии муносибатхои мехнати

  1. Сатхи хадди акали хукуки мехнати ва кафолатхоро барои кормандон Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар менамоянд.
  2. Созишномахои генерали, сохави (тарифи), минтакави (вилояти, шахри, нохияви), шартномаи мехнати ва шартномахои коллективи метавонанд хукук ва кафолати мехнатиеро, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини нагардидаанд, мукаррар намоянд.
  3. Шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи наметавонанд якчониба тагйир дода шаванд, ба истиснои холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.
  4. Масъалахое, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон танзим нагардидаанд, бо розигии тарафхо ё тавассути шартномаи мехнати барраси ва хал карда мешаванд. Дар сурати байни тарафхо ба даст наомадани созиш, масъалахо тибки тартибе, ки барои халли бахсхои фарди ва ё мехнатии коллективи мукаррар гардидаанд, барраси ва хал карда мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …