Моддаи 121-и Кодекси Мехнат. Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон
- Тайёрии касби, азнавтайёркуни, такмили ихтисос ва тачрибаомузии кормандон бо роххати корфармо дар муассисахои таълими аз хисоби маблагхои корфармо ё дигар сарчашмахое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, мутобики шартномаи тахсил амали карда мешаванд.
- Барои кормандоне, ки дар муассисахои таълими мехонанд, тибки шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, дигар санадхои меъёрии дохили (локали) аз хисоби маблаги корфармое, ки онхоро ба тахсил мефиристонад, мумкин аст имтиёзхои иловаги мукаррар карда шаванд.