Главная / Чамъият / Тахия ва тасдики хуччатхои шахрсози

Тахия ва тасдики хуччатхои шахрсози

Моддаи 43-и  Карори шахрсози. Тахия ва тасдики хуччатхои шахрсози

  1. Хуччатхои шахрсози аз чониби тахиягарони хуччатхои шахрсози дар асоси шартнома ва супорише, ки аз тарафи фармоишгар дода мешавад ва бо макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози мувофика мегардад, тахия карда мешавад.
    2. Хуччатхои шахрсозии дар сархати якуми банди 2) ва сархати якуми банди 3) кисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур пешбинишуда дар шакли когази ва электрони тахия ва тасдик карда мешаванд.
    3. Хуччатхои шахрсози бояд аз экспертизаи давлати гузаронида шуда, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда шаванд, ба истиснои хуччатхое, ки тибки моддаи 64 Кодекси мазкур аз экспертизаи давлати гузаронида намешаванд. Як нусхаи хуччатхои тасдикгардидаи шахрсозии дар кисми 1 моддаи 44 Кодекси мазкур пешбинишуда бояд ба макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози дода шавад.
    4. Тагйиру иловахо ба хуччатхои тасдикгардидаи шахрсози, ки дар кисми 3 хамин модда пешбини шудаанд, бо карори макомоти онхоро тасдикнамуда ворид карда мешавад. Тагйиру иловахое, ки ба устувори ва зилзилатобоварии иншоот таъсир мерасонанд, пас аз гузаронидани экспертизаи давлати ворид карда мешаванд.
    5. Тартиби тахия ва тасдики хуччатхои шахрсозиро конунгузории Чумхурии Точикистон танзим менамояд.
    6. Дастраси ба хуччатхои шахрсози аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …