Главная / Биология / Тагйири шакли барг – Хазонрез

Тагйири шакли барг – Хазонрез

Дар равиши ба омилхои мухити беруна мутобикшавии растанихо, дар баъзе холатхо, тагйирёбии шакли барги растанихо мушохида карда мешавад. Ин баргхои шаклдигаркарда вазифахои дигарро низ ичро мекунанд, ки он ба баргхои асоси хос нест. Масалан, баъзе баргхои зирк (зилол) ба хор табдил ёфтаанд. Онхо назар ба баргхои мукаррари обро кам бухор карда, инчунин растаниро аз хурдани хайвонот эмин нигох медоранд. Барги кактус (суббор) низ ба хор табдил ёфтааст. Дар мушунг баргхои нуги ба танобак табдил ёфта, ба такягох печида пояро рост нигох медоранд.

tagiriБарги растанихои хашаротхур, ки дар хокхои моддахои нитро- гениашон кам месабзанд, хеле ачиб аст. Дар ботлокзори торфи пашшахурак (росянка) ном гиёхи кучаке месабзад. Пахнаки барги пашшахурак бо пашмакчахо пушида буда, онхо моеъи часпак мебароранд. Хамин ки хашарот ба барг нишаст, дар моеъи часпаки барг мечаспад. Катрахои хамчун шабнам чилодори моеъи часпак хашаротро ба худ чалб мекунад. Пас аз нишастани хашарот аввал муякчахои пашмак ва сипас худи пахнаки барг ба дарун хам хурда, хашаротро печонида мегиранд. Вакте ки пахнак ва муякчахои пашмаки барг рост (кушода) мешаванд, аз хашарот факат чилди сахт (хитин) боки мемонаду бас. Тамоми бофтахои зиндаи хашаротро барги пашшахурак чаббида хазм мекунад.

Хазонрез. Тирамох барг- хо тадричан зард, норинчи ва сурхтоб мегарданд. Зеро хлорофилли барги сабз вайрон мешавад ва барг ранги сабзашро гум мекунад. Пигментхои (моддахои рангвори) ранги норинчи ва зарддоштаи хучай

рахои барг боки мемонанд ва ба хуби аён мешаванд. Чунки ин пигментхо назар ба хлорофилл ба шароитхои номусоиди фасли тирамох тобоваранд. Инчунин, ранги сурхи барг ба моддахои ран- гини шираи хучайрахо низ вобаста аст.

Дар муддати нашъунамои растанихо дар барги онхо ботадрич моддахои барои растани нолозим ва баъзан захрнок гун мешаванд. Ба туфайли фасли хазонрез – тирамох ин моддахо аз растани дур карда мешаванд.

Хазоншавии барг як шакли мутобикати растанй ба фаслхои тирамоху зимистон мебошад. Зеро, решаи бисёр растанихо аз замин оби хунукро чаббида наметавонад. Ва агар барги буттаву дарахтон намерехт, он гох онхо аз норасоии об нобуд мешуданд. Аммо барги баъзе растанихои гулдор дар зимистон хам намерезад. Хуланг халанч ва нордонак барин растанихои хамешасабз аз чумлаи онхоянд. Барг

хои резаву устувори ин растанихо, ки обро хеле кам бухор мекунанд, дар таги барф зимистонро мегузаронанд. Дарахти гор (лавр) ва бисёр гиёххо хам, ма- салан, шахтути замини, себарга. зарчу- бак ва киштзори растанихои галладонаги бо баргхои сабзашон зимистонро мегузаронанд.

Барги дарахтони хамешасабзи сузанбарг доими нест. Онхо якчанд сол сабзида тадричан мерезанд. Дар баробари ин дар навдахои нави ин рас- танихо баргхои нав месабзанд.

  1. Барои чи шакли барги растанихо тагйир меёбад?
  2. Тагйирёбии шакли баргро бо мисолхо шарх дихед.
  3. Тагйири шакли барг барои растани чи ахамият дорад?
  4. Чаро тирамох ранги барг тагйир меёбад?
  5. Хазонрези чи ахамият дорад?
  6. Растанихои хамешасабзи махаллатонро номбар кунед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …