Главная / Чамъият / Тачзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

Тачзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

Моддаи 80-и  Карори шахрсози. Тачзия ва вайрон намудани бино ва иншоот

 Бино ва иншоот ё як кисми онхо тачзия ва вайрон карда мешаванд, агар:

– дар китъаи замини худсарона ишголнамуда сохта шуда бошанд;

– дорои нуксоне бошанд, ки ба хаёт ва саломатии шахрвандон, беосеб нигох доштани молу мулки шахсони вокеи ва хукуки тахдид кунанд ва ин норасоихо наметавонанд дар чараёни таъмир ё азнавсози бартараф карда шаванд;

– китъаи замине, ки дар он бино ва иншоот чойгир шудаанд, дар холатхои пешбининамудаи Кодекси замини Чумхурии Точикистон барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти гирифта шавад.

  1. Карор дар бораи тачзия ва вайрон кардани бино ва иншоот бо асосхои пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур бо пешниходи макомоти дахлдори давлати аз чониби суд, инчунин сохибмулк ё макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози кабул карда мешавад.
  2. Зарари дар натичаи катъ шудани хукуки молумулки хангоми вайрон намудани бино ё иншоот расонидашуда, бо назардошти нархи бозори тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар холатхои зерин чуброн карда мешавад:

– гирифтани китъаи замин барои эхтиёчоти давлати ё чамъияти аз хисоби фармоишгар (бо чалби нархгузори мустакил);

– дар натичаи амали (беамалии) гайриконунии макомоти давлати ва шахсони мансабдори он.

  1. Тачзия ва вайрон намудани бино, иншоот аз хисоби сохибмулк дар холатхои пешбининамудаи сархатхои якум ва дуюми кисми 1 моддаи мазкур амали карда мешаванд.
  2. Дар холати пайдо шудани бахсхо нисбат ба карори оид ба тачзия ё вайрон кардани бино, иншоот ва (ё) кисми онхо кабулшуда инчунин дар хусуси пардохт намудани товони зарар ва харочоти пешбининамудаи кисмхои 2 ва 3 хамин модда ба суд шикоят кардан мумкин аст. То лахзаи аз чониби суд мохиятан кабул гардидани карор, ичрои карор оид ба тачзия ва ё вайрон кардани бино, иншоот ё кисми онхо боздошта мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …