Главная / Илм / Таърихи тараккиёти компютер

Таърихи тараккиёти компютер

Калимаи «компютер» маънои «хисоббарор»-ро дорад, яъне асбоб барои хисоб намудани ягон амал.

Талабот барои коркарди автоматии маълумотхо ва хисобкуни нихоят барвакт ба вучуд омада буд. Соли 1642 риёзии франсави Блез Паскал асбоберо ихтироъ кард, ки амали чамъро ба таври механики ичро мекард ва соли 1673 Вилгелм Лейбнис чархи хисоббарорро ихтироъ намуд, ки вай факат чор амали арифметикиро ичро мекарду халос. Соли 1812 ин чарх аз тарафи механики петербурги Однер мукаммал карда шуда, номи арифмометрро гирифт. Арифмометри Однер то солхои 60-уми асри XX яке аз хисоббарорхои бехтарин ба шумор мерафт.

Дар нимаи аввали асри XIX математики англис Чарлз Беббич идеяи сохтани мошинаи тачзиявии (аналитики) универсалиро пешниход намуд,  ки ин мошин хисоббарориро бояд бе хузури инсон ичро мекард.

Ба ин икдом вай бояд барномахоеро ичро мекард, ки ин кор бо ёрии перфокартахо дохил карда мешуданд. Чарлз Беббич ин корро то охир ба сомон расонида натавонист, чунки дастовардхои техникии он замона ба ин имкон намедоданд. Вале ин идеяи Чарлз Беббич нихоят бузург буд ва рохнамои дигар мутахассисон гардид.

Соли 1943 яке аз олимони амрикои Говард Эйкен асоси идеяи Беббич ва дастовардхои техникии асри XX-ро истифода бурда, дар яке аз ширкатхои IBM мошини “Марк-1”-ро сохт. Айнан хамин гуна мошинро мухандиси олмони Конрад Суз соли 1941 дар асоси идеяи Беббич сохта буд. Кормандони харби ба ин мошинхо мароки зиёд зохир намудаву ва гурухи олимонро ба сохтани чунин мошинхо рохнамои карданд.

Аз соли 1943 cap карда, гурухи мутахассисони амрикои дар

зери рохбарии Моучли ва Эккерт мошини электронии   хисоббарори ENIAC-po дар асоси лампахои электрони сохтанд. Ин МЭХ хазор маротиба аз Марк-1 тезтар кор мекард. Соли ихтирои МЭХ,  1946 буда, бо номи мухандисони номбурда тааъллук дорад. Соли 1945 математики машхур Чон Фон Нейман маъруза тайёр кард ва онро ба мутахассисон пешниход намуд.

Компютери аввалине, ки дар он принсипи Нейман татбик гашт соли 1949 аз тарафи мухаккики англис Морис Уилкс сохта шуда буд.

Компютерхое, ки дар асоси принсипи Нейман кор мекарданд, бояд универсали ва самаранок мебуданд. Пеш аз хама компютер аз дастгоххои зерин бояд иборат бошад; “дастгохи мантики-арифметики (амалхои мантики ва арифметикиро ичро мекунад) «дастгохи идоракунанда» (ин асбоб рафти ичрои барномаро идора мекунад), «дасттохи дар хотир нигохдоранда ё хотира» (барои нигохдории барнома ва маълумотхо), «дастгохи беруна» (барои дохил ва хорич намудани ахбор). Хотираи компютер аз якчанд хавзаи (ячейка) ракамгузори шуда иборат аст, ки дар хар кадоми онхо маълумотхо ва дастурамал барои барнома мавчуд аст.

Ба кори компютер чунин бахо додан мумкин аст. Пеш аз хама бо ёрии ягон хел барнома ё тачхизот ахбор ба хотираи компютер дохил карда мешавад. Тачхизоти идоракунанда мавчудоти хавзаи хотираро мехонад ва ичрои онро таъмин менамояд. Тачхизоти арифметики, амалхои арифметики ва мантикиро ба чо меорад. Чун коида, баъди ичро шудани ягон фармон, фармони навбати ичро мешавад. Ин тартиб бо ёрии фармонхои идоракунанда тагйир дода мешавад. Хамин тавр, тачхизоти идоракунанда дастуруламали барномаро автомати ичро мекунад, ки инсон бо вай дахолат намекунад. Хусусияти хоси компютерхои хозиразамон аз он иборат аст, ки тачхизоти арифметики-мантики ва идоракунандаро бо номи протсессор муттахид мекунад. Компютерхои фардии бисёрпротсессора низ мавчуданд.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …