Сиёсат ва тартиботи таъминот бо гарав
Дар нихояти кор хавфи карзи хамеша аз кобилияти карзпардози доштани карзгиранда вобастаги дорад. Кобилияти карзпардози доштан аз чониби эксперти карзи ба таври дакик хангоми тахлили карзи арзёби мегардад.
Гарав набояд аз кобилияти карзпардози доштани карзгиранда болотар гузошта шавад. Дар доираи Низомномаи мазкур, хавфи карзи бояд новобаста аз мавчудият, хачм ва сифати таъминоти карзи бахогузори шавад. Карз набояд дар асоси танхо як таъминоти гарав, балки бо гаравхои омехта дастгири ёбад ва дода шавад.
Таъминот бо гарав танхо ба максадхои зерин истифода мешавад:
а) Таъмин намудани карз бо манбаи вокеии дуюмдарачаи подоши ухдадори;
б) Кам кардани хавфи вайрон кардани ухдадории мизоч дар назди бонк;
в) Барои мачбур намудани карзгиранда то, ки шартхои шартномаи карзиро риоя намояд:
г) Барои он, ки Бонк тавонад хавфхои бокимондаро руйпуш намояд;
д) Барои риоя намудани дастурхои дохилии низоми бонки;
е) Дар бештари холатхо, ба сифати гарав метавонад амволи манкул ва гайриманкули карзгиранда, оилаи ва кафолатдехи у истифода шавад.
Намудхо ва бахогузори ба таъминноки бо гарав
Дар холате, ки Кумитаи карзи дар тичорати карзгиранда ва/ё худи карзгиранда хавфи начандон калонро мушохида менамояд ва инчунин дар холате, ки гарави пешниходшуда ба таври нопурра талаботхои Низомномаи мазкур ва Кумитаи карзиро конеъ мегардонад, карз ба таври иловаги бо шартномаи замонати/мактуби кафолати (Замимаи №4) таъмин карда мешавад. Шахси замонатдех бояд обрую эътибори хуб, даромади доимии молияви ва муносибати доимии зич бо карзгиранда дошта бошад. Масъала доир ба пешниходи кафолатдех/замонатдех аз чониби Кумитаи карзи бо тартиби алохида хал карда мешавад.
Дар доираи Низомномаи мазкур, бо махдудиятхои муайян, намудхои зерини гарав ва кафолатдихи/замонат кабул карда мешаванд:
Намудхои карз | Намудхои гарав / таъминот |
Карзхои то 10000 доллари ИМА ё мубодилаи он бо дигар асъорхо |
§ Воситахои пули (мухосира кардани (блокировка) хисоби депозити)
§ Маснуоти тилловори § Амволи гайри манкул (меъёри минималии таъминноки бояд ба талаботхои Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” чавобгуй бошад) § Амволи манкул (меъёри минималии таъминноки бояд ба талаботхои Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” чавобгуй бошад) § Замонати на камтар аз 1- шахси вокеи ва ё хукуки, ки манбаи даромади онхо дар мавриди зарури барои ичрои ухдадорихояшон кифоя мебошад (кобилияти карзпардозии зомин бояд бо таври мушаххас тахлил карда шавад) |
Карзхои зиёда аз 10000 доллари ИМА ё мубодилаи он бо дигар асъорхо |
§ Воситахои пули (мухосира кардани (блокировка) хисоби депозити)
§ Маснуоти тилловори § Амволи гайри манкул, бо барасмият даровардани шартномаи гарав дар идораи нотариали (меъёри минималии таъминноки бояд ба талаботхои Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” чавобгуй бошад) § Амволи манкул (меъёри минималии таъминноки бояд ба талаботхои Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” чавобгуй бошад) § Кафолати бонк ва / ё дигар ташкилотхо.
|
|
Арзиши гарав ва хачми маблаги карз бояд дар таносуби мутаносиба дошта бошанд ва ин мутаносиби дар “Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита”” оварда шудааст. Дар холати ворид шудани тагйироту иловахо ба сиёсати гаравии ташкилот, кабули амволи гарави пешниходмешуда аз руи ин сиёсат ба рох монда мешавад.
Хамаи намудхои гарав, ба истиснои маснуоти тилловори, бояд аз чониби бонк бахогузори шаванд. Чун коида, таъминоти гарави аз чониби макомоти махсус – комиссия, ки хадди акал аз се нафар аъзо – эксперти карзие, ки дархости карзгирандаро барраси менамояд, рохбарияти вохиди амалиётии Бонк (сардор ва/ё чонишини сардор ва/ё рохбари бахши бонкдории корпоративи) ва намояндаи филиал ё Саридораи Бонк (дар холате, ки хачми маблаги карз аз ваколатхои Кумитаи карзии вохиди амалиёти ё мутобикан филиали болоии Бонк бештар бошад) иборат мебошад, бахогузори мешавад. Ташхиси маснуоти тилловории ба сифати гарав пешниходшуда, тибки Дастурамали №__________Оиди тартиби гузаронидани ташхис, бахогузори ва багаравгирии маснуоти заргари дар ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” гузаронида мешавад. Гарав, ба истиснои маснуоти тилловори бо арзиши пардохтпазир / хадди акали арзиши бозори бо назардошти гузашт / дисконт арзёби мешавад. Ба таври дигар гуем, дар вакти мачбуран ситонидани карз, бо рохи ба савдо гузоштани таъминоти гарави, Бонк тавонад дар муддати на бештар аз 1 – 3 мох онро ба хисоби пардохти карз ва маблагхои ба он вобаста фурушад.
Барои карзхои камтар аз 10 000 доллари ИМА зарур нест, ки бо гарав дар шакли амволи гайри манкул таъмин бошанд. Аммо на камтар аз 50 % маблаги карз бояд бо гарави устувор дар шакли воситахои пули ё маснуоти тилловори таъмин карда шавад.
Карзхое, ки аз 10 000 доллари ИМА бештар мебошанд, бояд бо гарави устувор, дар шакли амволи гайриманкул ё худ бо гарави аз чихати сифат баробар (ба гарав гузоштани маснуоти тилловори ва / ё воситахои пули, кафолати баробаркардашуда ба ЧДММ «Стандарт робита», бонкхои ватани ва / ё бонкхои хоричи) ва дар баробари ин арзиши гаравии амволи гайриманкул ё худ гарави аз чихати сифат баробар, бояд ба хачми карзи дода шаванда баробар ё худ аз он бештар бошад. Ба истиснои холате агар арзиши амволи гайриманкули ба сифати гарав пешниходшаванда нисбати маблаги карз таносуби аз ду карата зиёд дошта бошад, онгох имкон дода мешавад, барои карзхои хурди маблагашон то 15 000 доллари ИМА ва ё мубодилаи он бо дигар асъор хамчун таъминноки 75% аз маблаги карзи маводхои тилловори гирифта шавад.
Хукукхои Бонк ба гарав, бояд нисбат ба хукукхои шахсони дигари ба карзгиранда карз дода, аввалиндарача бошанд.
Таркиб ва сохтори таъминоти гарав
№ | Намуди гарав | Махдудият дар сохтори умумии гарав, аз руи микёс |
1 | Гарави устувор (амонату пасандоз, маснуоти тилловори, амволи гайриманкул) |
Тибки Сиёсати гаравии ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” |
2 | Амволи манкул (тачхизот) |
Барасмият даровардани гарав
Замонатдихии шахсони вокеи ва шахсони хукуки
Хангоми барасмият даровардани шартномаи замонати, эксперти карзи бояд меъёрхои асосии зеринро риоя намояд:
а) Шахси зомин набояд на дар давраи пешниход намудани дархости карзи, на дар давраи амали карз ва шартномаи замонати, дар назди Бонк карздор бошад. Шахси зомин набояд на дар давраи пешниход намудани дархости карзи, на дар давраи амали карз ва шартномаи замонати (замимаи №4), ичро намудани дигар ухдадорихоро ба зимма гирад. Дигар замонатхо, махсусан аз чониби карзгиранда ба зомин додашуда ё аз чониби зомин кабул шуда, бояд муайян карда шаванд ва тахлил гарданд. Ба хамин хотир, бояд дар шартномаи замонати эзохоти дахлдор чой дошта бошанд. Танхо бо карори Кумитаи карзии сатхи оли, Раёсати ЧДММ «Стандарт робита» ба истисно ичозат дода мешавад.
б) Шахсияти зомин бо хамон тартиботе, ки шахсияти карзгиранда – дархостдиханда тасдик карда шудааст, муайян карда мешавад.
в) Дар холати зарури мумкин аст гузаронидани тахлили пурраи зомин талаб карда шавад. Чунин тахлил, аз руи коида ва тартиботе, ки тахлили карзгиранда – дархостдиханда гузаронида шудааст, сурат мегирад.
г) Зомини дар баробари ба итмом расидаи ухдадорихои таъминнамудаи зомин, ба поён мерасад.
д) Имзо гузоштан ба Шартномаи замонати, бояд дар бинои Бонк ва хатман бо иштироки эксперти карзии барои ин карз масъул, сурат гирад.
Гарави воситахои пули
Дар доираи ин Низомнома пасандозхо ва амонатхо метавонанд ба сифати гарав кабул карда шаванд. Пасандозхо метавонанд ба сифати гарав кабул шаванд, агар:
а) Пасандозхо то лахзаи аз чониби Кумитаи карзи дастгири ёфтани карзи чудо шаванда, аллакай дар вохиди амалиётии Ташкилот, ки карзи мазкурро медихад чойгир карда шуда бошанд.
б) Ба сифати гарав дар шакли амонат гирифтани кисме аз воситахои карзии ба карзгиранда дода шуда, катъиян манъ аст.
в) Дар давраи амали Шартномаи гарави воситахои пули (Замимаи №5), карзгиранда ба амонати гузошташуда дастраси дошта наметавонад (хисоби амонати баста мешавад).
г) Аз руи пасандози гузошташуда, ба карзгиранда танхо фоизи мукаррари барои пасандоз, мувофики меъёрхои фоизии барои пасандозхои карзгирандагон мукаррар намудаи Бонк, дар лахзаи баста шудани Шартномаи гарави воситахои пули, дода мешавад.
д) Пасандози дар хисоб гузошта шуда, набояд аз хачми умумии маблаги се воридкуни аз руи карз, камтар бошад.
е) Тасдикнома доир ба баста шудани хисоб, бояд дар парвандаи карзии карзгирандаи дахлдор духта шавад.
ж) Дар Шартномаи ба гарави воситахои пули бояд гуфта шавад, ки дар холати батаъхирафтии пардохт, ба хотири дар вакти дилхох талаботхои хешро нисбат ба карзгир ичро намудан, Ташкилот имконияти дастрасиро ба хисоби пасандози дорад.
з) Аз мухосира озод намудани маблаги пасандози ба сифати таъминоти карз гузошташуда, танхо баъди пардохти пурраи ухдадорихо аз тарафи мизоч ва дар мувофика бо Мудирияти карздихи ва рушди махсулотхои бонки, гузаронида мешавад.
Маснуоти тилловори ва / ё чавохирот
Тибки Дастурамали №____________ “Оиди тартиби гузаронидани ташхис, бахогузори ва багаравгирии маснуоти заргари дар ЧДММ “Стандарт робита“” дар доираи Низомномаи мазкур, маснуоти тилловори бо тартиби зерин метавонанд ба сифати таъминоти гарави кабул карда шаванд, дар сурате, ки агар онхо барои нигахдори ба Ташкилот ба сифати гарав аз руи карз супорида шаванд:
а) Сифат ва вазни маснуоти тилловори бояд аз чониби заргари ихтисосманд бахогузори шавад, ки бо у вохиди сохтории амалиётии Ташкилот доир ба пешниход намудани хизматрасонихо ба карзгирандагони Ташкилот шартнома бастааст. Аз руи натичахои бахогузори намудаи заргар, Санади бахогузори ба маснуоти тилловори тартиб дода мешавад (Замимаи №6) ва аз тарафи заргар, сохиби маснуоти тилловори (гаравдех) ва эксперти карзие, ки дида баромадани дархости карзии мазкурро ба зимма дорад, имзо гузошта мешавад. Санади тартибдодашудаи аз чониби хамаи тарафхо имзо гардидаи маснуоти тилловори, ба хазинаи Ташкилот супорида шуда, нусхаи ин Санад дар якчояги бо ордери воридоти гайритавозуни, дар парвандаи карзии карзгиранда духта мешавад.
б) Бояд бахогузори хатман дар хузури эксперти карзи ва сохиби маснуоти тилловори, бо назардошти арзиши металли маснуоти ба гарав гузошта шуда ва дар асоси сифат ва вазни метал (тилло) гузаронида шавад. Бахогузори набояд арзиши бадеии маснуот ва / ё сангхои кимматбахоро ба инобат гирад.
в) Маснуоти тилловори бояд дар ганчхонаи вохиди сохтории амалиётии Ташкилот, махфуз нигох дошта шаванд.
г) Аз руи натичахои ин, Шартномаи ба гарав гузоштани маснуоти тилловори барасмият дароварда мешавад (Замимаи №7).
Кафолати бонкхо, муассисаи кредити ва ташкилоти сугурта
Бонк метавонад кафолати дигар бонкхо ё муассисахоро (минбаъд ташкилотхо) кабул намояд:
а) Ин ташкилотхо метавонанд ватани ва муассисахои хоричи бошанд. Танхо кафолатдихии он ташкилотхое кабул карда мешаванд, ки сатхи баланди обрую эътибор ва боэътимоди, инчунин хадди акал дар се соли охир, вазъи молиявии мусбиро сохиб бошанд, ки он бо хачми маблаги кафолат киёсшаванда бошад.
б) Кабул намудани кафолат аз ташкилотхо, тахлили чукури гузашта, хозира ва ояндаи кобилияти карзпардози доштани онхоро дар асоси маълумотхои боэътимоди хамачониба тафтиш шудаи молиявие, ки тасаввуроти пурра ва дурустро доир ба вазъи молиявии ташкилот медихад, талаб менамояд.
в) Тахлили чукур, гузаронида шудани тахлили микдори ва сифатиро талаб менамояд. Он бояд аз чониби эксперти карзии бонк гузаронида шавад.
г) Кафолати ташкилот бояд кафолате бошад, ки кафолатдехро вазифадор намояд ухдадорихояшро бе чуну чаро ва бо даъвати якум, ичро намояд.
д) Кафолат бояд хамаи талаботхои чори ва ояндаи бонкро нисбат ба карзгиранда, вобаста ба карзи гирифтаи у, руйпуш намояд. Ин махсусан ба карзи асоси, фоизхо, чаримахо, комиссияхо ва дигар талаботхо дахл дорад.
е) Кафолат бояд аз чониби намояндаи ваколатдоршудаи ташкилот ба имзо расад,
ж) Дар холати зарури ва бо карори Кумитаи карзи, он бояд аз чониби нотариус тасдик карда шавад.
Амволи манкул
Намуди амволи манкули карзгиранда – дархостдиханда ва/ё шахси сеюм, ки дар бозор талабот доранд (пардохтпазир), бо тартиби зерин метавонад ба сифати гарав кабул карда шавад:
а) Эксперти карзи бояд ба он бовари хосил намояд, ки амволи манкул, ба шахси карзгир ё худ ба оилаи у тааллук дорад. Ба сифати хуччатхои тасдиккунанда, метавонанд санади расид доир ба харидори намудан ё варакаи кафолатдихи, изхоротномаи гумруки ё худ ба таври хатти тасдик намудан / гувохи додани шахсони сеюм, истифода шаванд.
б) Руйхат ва арзиши нархгузори шудаи амволи ба гарав гузошта шуда, бояд дар Замима ба шартномаи ба гарав гузоштани амволи манкул (Замимаи № 8(а)), дарч гарданд.
Автомобилхо
Ташхиси гаравии воситахои наклиёти тибки Тавсияхои методи оиди гузаронидани ташхиси гаравии мошинхо, тачхизотхо ва воситахои наклиёти дар ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита” №_______ гузаронида мешавад. Дар холатхое, ки ба сифати таъминоти гарав воситаи наклиёт пешниход мегардад, зарур аст, ки:
а) Барои тасдик намудани хукуки сохибмулки ба воситаи наклиёт, бояд дархостдиханда шиносномаи техникии воситаи наклиётеро, ки ба сифати таъминоти гарав пешниход мешавад, пешкаш намояд.
б) Ба сохтори дахлдор тавсия дода мешавад, ки руйхати нархи бозори / арзиши 20 намуди автомобилхоро дошта бошад ва ин руйхатро хадди акал дар як мох як маротиба нав кунад.
в) Эксперти карзи бояд тафтиш намояд, ки автомобили ба сифати таъминоти гарав пешниходшуда, дар хабс ва / ё дар зери дигар махдудкунихои нотариалии дигар макомот, карор надорад.
г) Дар рафти баходихи, бонк инчунин бояд тахлили мушаххасоти техники, соли барориш ва холати умумии автомабилро гузаронад.
д) Бахагузори бояд дар Санади ташхис ва бахогузории воситаи наклиёт дарч гардад (Замимаи № 9). (Тибки талаботхои Сиёсати гаравии Бонк)
е) Агар карор кабул шуда бошад, ки воситаи наклиёт дар истифодабарии сохибмулк боки мемонад, дар чунин холат зарур аст, ки аз у сугуртаи пурраро барои холати дуздидан, ба садама дучор шудан ва дигар холатхои пешгуинашаванда, талаб карда шавад.
Тачхизот
Ташхиси гаравии тачхизотхо тибки Тавсияхои методи оиди гузаронидани ташхиси гаравии мошинхо, тачхизотхо ва воситахои наклиёти дар ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита”, №________ гузаронида мешавад. Хангоми ба сифати таъминот бо гарав пешниход намудани тачхизот, дархостдиханда бояд хукуки сохибмулкиашро ба тачхизоти дахлдор исбот намояд ва ба Ташкилот хуччатхои дахлдорро пешниход кунад. Агар хуччатхои расми мавчуд набошанд, пас хуччате тартиб дода мешавад, ки аз чониби аъзоёни оила ва / ё шарикон, шахсони имконияти шаходат додан / тасдик намудани хукуки сохибмулки ба тачхизотро доранд, ба имзо мерасад.
Эксперти карзи бояд аник намояд, ки оё тачхизоти ба сифати гарав пешниходшуда дар хабс ва / ё дар зери дигар махдудкунихои нотариали ё худ дигар макомот, карор надорад.
Бахогузории тачхизот, бояд арзиши бархамдихии чори, хурдашавии пешбинишаванда ва нархи (бозории) ба фуруш рафтани онхоро, дар давраи амали шартнома, ба инобат гирад. Дар рафти гузаронидани бахогузори, Ташкилот инчунин бояд тахлили мушаххасоти техники, соли барориш ва холати умумии тачхизотро гузаронад. Бахогузори бояд дар санади нархгузори, ки ба шартнома оид ба гарав замима шудааст, дарч гардад. Инчунин бояд, намуд ва арзиши тачхизот бахогузори шаванд ва дар санади нархгузори, ки ба Шартнома оид ба гарави амволи манкул замима шудааст, инъикос ёбад (Замимаи №8 (а)).
Бонк бояд кушиш намояд, ки хамаи хуччатхои техники ва дигарро, ки хукуки сохибмулкиро ба тачхизот муайян менамояд, пайдо кунад, ва дар ганчхонаи Ташкилот махфуз нигох дорад. Ин амал фурухтани чунин навъи гаравро таъмин менамояд ва хукукхои ташкилотро нисбат ба он хифз мекунад.
Ба гарав гузошта шудани амволи гайриманкул
Ташхиси объектхои эхтимолии гарав (амволи гайриманкул) тибки Дастурамал оиди ташхис ва баходихии объектхои эхтимолии гарав дар ЧДММ ТАКХ “Стандарт робита”, _______ гузаронида мешавад. Танхо он вакт Бонк бояд амволи гайриманкулро ба сифати таъминот бо гарав кабул кунад, ки агар Бонк нисбат ба он хукуки дарачаи якум гирифта бошад.
Агар аризадиханда ба сифати таъминот бо гарав амволи гайриманкулро пешниход намояд, пас у бояд хуччатхои зеринро дастрас гардонад:
а) Хуччате, ки хукуки сохибмулкии шахсро ба амволи гайриманкул нишон медихад (шартномаи хариду фуруш, хуччати хадякуни, шаходатномаи бакайдгири, хуччат доир ба конуни кардани амвол ва гайра).
б) Шиносномаи техникии амволи гайриманкул.
в) Маълумотномаи КФБТ (корхонаи фаръии бакайдгирии техники).
г) Аризаи хамаи шариксохибони амвол, ки дар он розигии хешро нисбат ба гарав гузоштани амвол иброз доштаанд.
Эксперти карзи хамаи хуччатхои дар боло зикр шударо чамъовари намуда, баъд аз гирифтани хулосаи хукукии Мудирияти хукук бояд доир ба пуррагии хукуки ва моддии онхо, бовари хосил намояд. Бо талаби Кумитаи карзи, эксперти карзи сугурта шудани гаравро тасдик менамояд. Сипас эксперти карзи Шартномаи карзи (Замимаи №10), Санади бахогузори ба амволи гайриманкулро (Замимаи №11, 11а) омода менамояд. Бонк баходихии амволро бо кувваи худи яъне бо воситаи сохтори махсуси дахлдор ва ё шахсони масъул мегузаронад. Дар баробари ин бонк бояд меъёри чории арзиши бархамдихи, фарсудашавии пешбинишаванда ва нархи (бозори) фурухташавиро дар давраи амали карз, ба рохбари гирад. Дар холати норозигии тарафхо бонк метавонад нархгузориро бо ёрии нархгузори мустакил гузаронад. Эксперти карзи бояд бовари хосил намояд, ки амволи гайри манкул дар доираи дигар Шартнома ба гарав гузошта нашудааст. Шартномаи гарави амволи гайриманкул дар идораи нотариали тартиб додашуда тасдик карда мешавад. Шартномаи гарави амволи гайриманкул бояд дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон бо гирифтани Шаходатномаи дар бораи бакайдгирии гарав ба кайд гирифта шавад. Барои карзхое, ки мухлаташон то 6 (шаш) мох мебошанд, гузаронидани мониторинги таъминот бо гарав, ба таври озод сурат мегирад. Гузаронидани мониторинг барои карзхое, ки мухлаташон бештар аз 6 (шаш) мох аст, хатми мебошад. Дар баробари Шартномаи гарав ва санади бахогузори, дар бастаи хуччатхои карзи, бояд хуччатхои зерин махфуз нигох дошта шавад:
– Нусхаи маълумотномаи КФБТ (корхонаи фаръии бакайдгирии техники).
– Нусхаи хуччати муайянкунандаи хукук ба амволи гайриманкул.
-Нусхаи шартномаи гарав ва шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии гарав
-Ордери воридоти гайритавозуни, ки ба хазинаи вохиди амалиётии Бонк, барои нигохдори дода шудани шиносномаи техники ва хуччатхои исботкунандаи хукуки сохибмулкиро тасдик менамояд.
Хуччатгузории иловаги доир ба таъминноки бо гарав
Шартнома оид ба гарав бояд хамаи моддахои гаравро, ки барои таъмин намудани карз равона шудаанд (ба гайр аз молхои дар гардиш буда / захирахои моли, ки баёни хислати молхои ба гарав гузошта шуда / захирахо басанда аст), хотирнишон созад.
Шартномаи карзи бояд ба хамаи шартномахо оид ба таъминоти карз, иснод дошта бошад.
Нусхахои аслии хуччатгузорихо доир ба таъминоти гарави, бояд барои махфуз нигох доштан дар шуъбаи якуми Саридораи бонк, хазинаи филиалхои бонк ва нусхахои он бояд дар парвандаи карзи нигох дошта шаванд.
Сугуртакуни ва тасдики нотариали
Дар холатхое, ки конунгузорихои Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, таъминот бо гарав бояд сугурта карда шавад ва / ё аз чониби нотариус ба кайд гирифта шавад.
Дар хамаи дигар холатхо сугуртакуни ва аз чониби нотариус ба кайд гирифтан зарур нест.
Ба ин нигох накарда, дар хамаи холатхо, ба истиснои дар банди 7.2.8. шарх дода шуда, Кумитаи карзи метавонад, доир ба сугуртакуни ва аз чониби нотариус ба кайд гирифтани таъминот бо гарав, карор кабул намояд.
ПЕШНИХОДИ КАРЗИ-ОМОДА НАМУДАНИ НАТИЧАИ ТАХЛИЛ БАРОИ БАРРАСИ БА КУМИТАИ КАРЗИ
Мукаддимаи пешниходи карзи
Баъд аз гузаронида шудани тахлили тичорати карзгиранда ва хочагии манзилии у, эксперти карзи масъулияти тахия намудани пешниходи карзиро ба душ дорад, ки бояд бо шакли мувофик тартиб дода шуда бошад (Замимахои №12 , № 13, 14). Ин хуччатхо барои барраси ба Кумитаи карзи пешниход карда мешаванд.
Критерияхои пешниходи карзи
Дар пешниходи карзии хеш эксперти карзи вазифадор аст:
а) Доир ба хамаи чихатхои молиявии тичорати дархостдиханда – ба ин чо дохил мешаванд, натичахои тахлили нишондихандахои нисби ва натичахои тахлили маркетинги (ракобат, тахвилдихандагони мол, карзгирандагон) ва вазъи оилавии дархостдиханда, шархи дакик дихад.
б) Хавфхо (шахси,оилави ва молияви), ки ба тичорат тахдид мекунанд, усулхои идора кардани онхоро пешниход намояд.
в) Омода будани шахси дархостдиханда ба пардохт намудан / бозпас гардонидани карз.
г) Шарххо доир ба таърихи карзии дар Ташкилот ё дигар институтхои молияви мавчуд будаи шахси дархостдиханда.
д) Бахо додан ба таъминоти гаравии пешниходшуда.
е) Хулосае, ки дар он пешниходи дакики хамаи шартхои карз, бо дарназардошти табиати тичорат, хислати карз ва низоми дарачабанди инъикос ёфтаанд.
ж) Иктидори пардохткуни, ки дар асоси тахлили тичорат ва хочагии манзилии карзгиранда муайян шудааст, бояд хадди акал аз воридкуни аз руи карз 1,3 маротиба зиёдтар бошад (карзгирандагоне, ки дар низоми дарачабанди шомил мебошанд, иктидори пардохткуни бояд хадди акал аз воридкуни аз руи карз 1,2 маротиба зиёдтар бошад).
Усули дарачабанди
Ин усул аз хама механизми мухими хавасмандгардони дар чудо намудани карз мебошад. Он сабаби назорати зарури бурдан аз руи хавфи карзи мебошад ва хавасмандгардонии карзгирандаро, барои интизоми намунави, бо рохи тадричан бехтар гардонидани шартхои чудо намудани карз ва дар рафти муносибатхои байнихамдигарии бонк бо карзгиранда, содда кардани тартиботи барасмият даровардани карзро таъмин менамояд. Новобаста аз татбики усули дарачабанди нисбат ба ин ё он карзгиранда, тартиби тахлили кобилияти пардохт доштани карзгиранда, бе тагйир боки мемонад.
Карзгирандагоне, ки бори аввал ба бонк мурочиат кардаанд, дархости чунин карзгирандагон мувофики кобилияти пардохтпазирии онхо конеъ гардонида мешаванд.
Эксперти карзи бояд ин усулхоро риоя кунад ва ба таври мувофик пешниходи карзии хешро тартиб дихад.
Кумитаи карзи бояд аз руи татбик шудани усули дарачабанди, назорат кунад.
Маълумоти нисбатан пурра доир ба низоми дарачабанди, дар Боби 18 Низомномаи мазкур оварда шудааст.