Главная / Илм / ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН

ТУРШАК БАРОИ ДАРМОНИИ БАДАН

Hapuoblikas Krupnolistnoi (Suurelehine) Rumex acetosa  Sorrel  Niittysuolaheina Angssyra
Hapuoblikas Krupnolistnoi (Suurelehine) Rumex acetosa Sorrel Niittysuolaheina Angssyra

Туршак — инро дар богот зироат мекунанд ва дар холати хомиаш мехуранд. Таъмаш турш аст. Ин растаниро ба руси щавель меноманд. Мизочаш дар дарачан якум сард ва дар дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: оби баргхои туршакро дар дахан гардонанд, дарди дандонро таскин медихад ва даруни даханро бод хурда бошад, шифо мебахшад.

Баргашро бихуранд, хуморро дафъ мекунад, иллати кайкуниро, ки сабабаш чамъ шудани сафро дар меъда бошад, боз медорад, бехузур (бечо) шудани дилро, ки сабабаш бисёрии сафро бошад, манъ мекунад. Баъзе касон ба гил хурдан ва хамчунин чизхои радди истеъмол кардан одат карда бошанд, агар туршакро истеъмол фармоянд, ислохи хол мегардонад. Хурдани туршак зардпарвинро дафъ мекунад, чигари гарммизочро кувват медихад, тафси меъда ва ташнагиро таскин медихад, ба таом иштихо меоварад, захри каждумро аз бадан дафъ месозад.

Агар инро пухта бихуранд, дарунро мулоим мегардонад ва бо татум хамрох карда бихуранд, решхои рудахо ва харошида шудани сатхи дарун ва рудахоро шифо мебахшад.Инро дар об чушонида, он обро бо шароб даромехта бинушанд, зардпарвинро нафъ дорад. Туршакро пухта, баъд бо равгани зайтун бирён намуда, ба даруни он кашниз, андак зира ва оби анор дохил карда бихуранд, даруни равонгаштаро мебандад.

Пухтаи онро бо шароб хамир карда гузошта банданд, иллати ханозер, варамхои баногуш, кутур, шукуфаи пуст ва доги песро шифо мебахшад; агар ба чойи шароб сиркоро ба кор баранд, иллатхои сипурзро ба ибро меоварад. Туршакро куфта, бо равгани гули сурх ва заъфарон хамир сохта гузошта банданд, решхоеро, ки рутубаташон ба асал мемонад, сихат мекунад.

Вале истеъмоли он ба дарун пушти камарро (бохро) зарар дорад. Дар ин холат шарбатхоро истеъмол намоянд, ин зиёнаш ислох меёбад.Микдори як бор хурдан аз он дар як руз то 75 грамм аст. Мизочи тухми туршак дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Тухми инро бихуранд, барои беморихои дил, меъда, чигар, рудахо ва дафъ кардани захрхо дармон мешавад, инчунин дилтапакро, ки сабабаш ё зиёд шудани хун, ё афзудани моддаи сафро бошад, шифо мебахшад; тафсидани меъда ва зардпарвинро дафъ мекунад, захми рудахоро сихат месозад, куввати захри каждумро дар бадан мешиканад. Агар инро бирён карда бихуранд, исхолхои хунин, сафрови ва исхоли аз чигар содиршавандаро манъ мекунад. Ва агар бисёр тар бирён карда бихуранд, дарунро мебандад, хатто шах мекунад.

Ба зидди захри каждум ин давои ба дарачае устувор аст, ки агар касеро, ки тухми инро хурда бошад, у аз ин озор ва ранч намеёбад. Вале туршак ва кисмхои онро ба дарун аз хад зиёд истеъмол кунанд, ба гурда ва сипурз зарар дорад. Дар ин маврид арпабодиён ва канд бихуранд, ислохи зарар менамояд. Микдори як бор хурдан дар як руз аз тухми туршак то 7 грамм аст.

Агар решаашро бихуранд, исхоли хунинро манъ мекунад, харошида шудани сатхи даруни рудахо ва зардпарвинро дафъ мегардонад, обравии бачадонро ислох менамояд, хайзро катъ мекунад.

turshak_resha-300x216Решаи инро куфта гузошта банданд, кутури захмин, шукуфаи пуст, милкак ва кафидани нохунро шифо мебахшад; агар бо орди чав сиришта гузошта банданд, хориши баданро бархам медихад; вале инро пухта, бо сирко хамир карда, аз ру гузошта банданд, варами сипурзро тахлил медихад. Ва онро танхо ба гардан овезанд, ханозерро бархам медихад. Решаи онро дар об чушонида, он обро бинушанд, зардпарвинро, ки аз афтодани гирех бошад, шифо мебахшад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, хайзи бандшударо мекушояд, яъне равон мекунад.

Ин растани навъи сахрои низ дорад, ки инро точикон шилха, кав ва аз узбеки гирифта, откулок мегуянд. Баргаш сербартар ва дарозтар, ки ба барги лаблабу шабохат дорад. Агар оби гиёхи инро бинушанд ва ё баргашро пухта бихуранд, харошида шудани сатки даруни рудахоро, ки сабабаш хушки ва афзудани сафро дар ин узв бошад, сихат мебахшад.

Решааш дар давоги кавитар аз решаи туршак аст. Агар инро бо набот бихуранд, сурфаро дафъ мекунад ва агар куфта гузошта банданд, дарди бугумхоро дармон мешавад, лат хурдани узвхоро сихат мегардонад; никриси гармро, ки дард ва варам кардани ангуштони дасту похо аз чамъ шудани моддахои гарммизоч дар ин узвхо бошад, шифо мебахшад.

Решаи инро бо решаи кавар якчо сухта, ба дудаш бидоранд, донаи бавосирро хушк карда меафтонад. Шилхаи оби, ки ин низ як навъи шилха (кав) аст, вале он наздики обхо, чуйборхо меруяд. Баргаш дарозак, монанди тагбаргхои косни аст. Тухмаш сиёхи моил ба сурхи мебошад. Таъмаш монанди мазаи бустонии он аст.

Хислатхои давогиаш кариб ба бустони аст: хурданаш барои дилтапак (дилбози), бехузур шудани дил фоида дорад; бо шароб бихуранд, гамро дур мекунад, аз тарсончаки начот медихад; сустии макъадро ислох менамояд, фарах меоварад, табъро чок мегардонад. Решаи инро куфта гузошта банданд, кутур, чарохатхо ва решу захмхои бадфиолро (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад, варамхои гармро тахлил медихад; намегузорад, ки захмхо вусъат ёбанд. Чун тухм ва баргашро бихоянд, дарди дандонро сокин мекунад, бехи дандонро мустахкам месозад. Агар инро бардавом бихуранд, зардпарвинро шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …