Главная / Гуногун / ТОБУТИ ХУРОФОТ

ТОБУТИ ХУРОФОТ

Ин хабар тамоми бозорро ба по хезонд. Ва хамаро моту мабхут кард. Ин шумхабар – аз дунё гузаштани Каримро телефон карда гуфтанд. Аз ин ру бисёрихо шубха карданд. Шухи пиндоштанд. Аз хама бештар Чумъа асаби шуд.

– Не-е! – дод зад у. – Бовар намекунам! Шухи ё мазох! Дируз хамрох нишаста будем. Сухбат кардем, хуроки шом хурдем. Сип-сихат буд…

Вале ин хакикат буд, хакикати талх.

Гиребон мегираду:

– Тавба! Тавба! Кори Худоро бин…

Аз ин ру як гурух хамкорон ба таъзия рафтанд. Аз вазъи рухии Карим танхо Чумъа пурра огохи дошт.

*      *      *

Гуруби офтоб хеле зебо буд. Карим ба он нигариста лаззат мебардошт. Ногахон садое расид ба гушаш. Ба он су нигарист. Нигохаш ба зоги сип-сиёх афтод. Чунон сиёх буд, ки нурхои зарин дар болхои у мераксиданд. Зог бовикор кадам мемонд ва гох-гох бо нул замин мекуфт. Карим бетокат шуд, безобита гардид.

– О лаънатии шумхабаре!

Ва хамон замон садои гушхароши зог ба гушаш расид:

– Каррр!..

Карим як кад парида:

– Вох! – гуфт.

Чумъа ки табиатан нисбат ба дигарон чобуктару махмадоно буд, назди Карим омад. Ва уро бо рангу руи парида ва чашмони харосон дида, пурсид:

– Чи гап шуд?

Карим карахт буд. Чумъа кунчковона ба каду басти у назар афканда, боз пурсид:

– Хой, Карим! Гуй, чи гап шуд?

Чавобе нашунида, андаке бадчахлона пурсид:

– Дузд зад?

– Э не-е… Омад…

– Ки?

– Зог.

Чумъа бо чашмхои кунчкови худ ба чехраи Карим истехзоомез нигарист ва писхандомез гуфт:

– Чи, аз зог тарсиди? Э бегурдае!

Киёфаи Карим дархол чиддиву дигаргун гашт. Маълум буд, ки иззати нафсаш кохидааст. Вай нафаси чукур кашида, ру ба Чумъа овард:

– Хой, бача! Оё зог чи парранда аст, медони?

Чумъа аввал кох-кох хандид. Сони масхараомез:

– Пфу! – гуфт. – Заб саволе доди? Ки намедонад? Кудак медонад.

– Дони, гуй!

– Паррандаи сиёху шум аст.

– Э-хей, диди, ту намедони, – таъна зад у. – Аммо забонат дароз, хеле дароз! Танхо ман-мани мезани. Ман бошам, медонам.

– Бас! Шуд! Дони гуй!

Карим сар чунбонид ва нафасе сукут карду сони ба у ру овард:

– Аввал бигуй ки хар одам кисмат дорад ё не?

– Албатта дорад, – дархол чавоб дод Чумъа. – Хайр чи?

– О-о, бале! Дар номи Худо чонам зогро такдири одам кардааст. Яъне фоли кисмати инсон дар дасти ана хамин зог аст. Барои хамин хам такдири инсонхо сиёх аст. Акнун фахмиди?

– Эй Карим, ту чи мегуи! – бо табассум хитоб кард Чумъа.

– Гапи хакро мегуям, – бо тунди гуфт Карим. – Хар боре ки зог кар гуфт, дон ки як одам аз дунё гузашт.

– Хайронам…

– Аз чи хайрони?

– Ба кар гуфтани як зог бовар мекуни. Омадану рафтани инсон дар дасти Худо аст. Инсон ки омад, хатман меравад. Шоир хам бехуда нагуфта: «Ин мулки чахон ба кас намонад човид, рафтанду равему боз оянду раванд».

Миёни онхо хомуши уфтод. Карим чашм аз замин намеканду Чумъа чашм аз у. Лахзае пас Чумъа яхи хомуширо шикаст:

– Инро аз кучое хонди?

– Не.

– Дар телевизор диди?

– Не.

– Аз радио шуниди?

– Не.

– Ягон олим исбот кардааст?

– Не, албатта.

– Худат бофти?

– Харгиз!

– Пас аз кучо гирифти?

– Аз хаёт. Хаёт! Мефахми ё не? Боз мегуям, ки рафтани инсона Худо ба зог додаст. Мефахми ё не?

– Эй инсон, ту бо ин кашфиёти худ хамаро ба нафрати Худо гирифтор мекуни!

– Барои чи?

– Барои он ки чунин гуфтан гунох аст. Мусалламан, ки гунох аст! Худоё, маро бубахш!

*      *      *

Пас аз пайдо шудани зог вазъи рухии Карим рафта-рафта дигаргун гашт. Шухиву хушхолии доимиаш аз у батамом гайб зад. Ба марди камгапу хаёлие табдил ёфт.

Як руз ба Чумъа гуфт:

– Гуш кун, чура! Ин зоги лаънати касди чони маро дорад.

– Нахо-о-од? – гиребон гирифт Чумъа.

– Ха, ин зоги лаънати маро ба он дунё равон кардани.

– Ё наузубиллох! – боз гиребони худ гирифт Чумъа ва бо тааччуб ба руи у нигарист ва андаке бадчахлона гуфт:

– Ту, Карим, аз хурофот кай даст мекаши?!

Димоги Карим сухт, сахт аламаш кард.

– Ман хурофот?!

– Ха, ха! Ту хурофотпараст.

– Хой, бача! Холо як чои туро мурча нагазидааст.

– Эх нодон, нодон!.. Одамон ба кайхон мепаранд. Ту боши зог гуфта, сафсата мехони.

– Номи ту чаро Чумъа аст?

– Ин саволи кудакона аст!

– Ту ба хар хол чавоб бидех!

– Барои он ки рузи чумъа ба дунё омадаам. Падарам майнаашро азоб надода, осонакак Чумъа мондааст. Тамом вассалом! Дигар хеч чиз!

– Номи ман Карим не, Пахол аст. Модарам ба кахдон медарояд, ки зог кар мегуяд. «Кар»-и зог чун тир ба гушаш мерасад. Ва у «Вох!» мегуяду дардаш мезанад. Маро руи пахол таваллуд мекунад. Баъд модарам накл мекард, ки зог кар гуфту бобоят мурд, зог кар гуфту падарат мурд. Баъд зог кар гуфту модарам хам мурд. Баъдтар зог кар гуфту давлати Шурави бархам хурд. Аз ин мондаву аз он ронда шудам. Ва ру овардам ба бозор. Хайрият такдир мурувват кард, ба додам расид. Ва ана хамин як метр чойро ба ман доданд. Мана гап дар кучо, чура. Мана чи мегуяд тачрибаи хаёт, чура! Зоги лаънати бошад хаминро хам чашми дидан надорад.

Хамин вакт зог «Каррр!» гуфт. Гуё чон аз дасту пои Карим баромад. Сахл монда буд, ки биафтад

– Тамом. Касе мемурад.

Рузи дигар у ба бозор наомад.

– Наход ки…

Ду руз пас омад.

Хамон шаб амакаш гузашта будааст

– Баъди ин хар кас гуяд, ки зог фоли кисмат нест, даханашро бо санг бастан лозим.

Аз кадом гуша харе гуё «Оре!» мегуфта бошад, хангос зад.

Чумъа рост ба чашмони Карим нигариста, бо нафрат гуфт:

– Сафсата!

– Хушёр шав, гумон аз имон чудо мекунад. Хор мешави, ба гадои мезани. Чумъа, мефахми ё не? Ба гадои!

Кахру газаби Чумъа чуш зад.

– Хой, бигуй, ки тобистон одамон мемиранд?

Карим мохияти саволро нафахмида руп-руп ба у нигарист.

– Мемиранд ё не?

– Ки?

– Одамон.

– Ха, албатта.

– Тобистон зог нест-ку?!

– Чи хел нест? Ки гуфт ки нест? Ту намебини-да.

*      *      *

Рузе хеле гамзада менамуд.

– Салом, Чумъа.

– Салом, – гуфт у ва як чашмашро нимпуш карда, тарафаш нигарист.

– Аз кучо омади?

– Чи хел «аз кучо?»

– Охир шиму куртаат чунон гичим ки гуё…

– Э шаб хоб дидам. Хоби бад. Зогро дидам дар хобам.

Чашмони у аз гояти маъюси боз хам фурутар рафтанд. Чумъа ба андеша фуру рафт. Баъд, чашмонаш дубора дурахши ачибе гирифта, бо тантана хитоб кард:

– Э, сода-е! Ту хоби хуб дидаи!

– Чи хел?

– Медони зог чанд сол умр мебинад? Сесад сол! Мефахми! Сесад сол!

– Хайр чи?

– Хайр чи! Хайр чи! Яъне ту хам умри дароз мебини.

– Э не-е! – охи сард кашид Карим, сар чунбонид ва нафасе сукут карду сони ба у гуфт:

– «Кур чи мехохад, ду дидаи бино». Ман зистан мехохам. Охир ман холо чавон. Аз сад гулам як гулам нашкуфтааст. Лаззати зиндагиро начашидаам. Фарзандонам холо тамоман майда. Онхо бе ман чи кор мекунанд? Гулом мешаванд? Ё гадои мекунанд?

– «Худоё, тавба кардам, – гуфт Чумъа дар дил. – Хурофот акли уро тира кардааст».

Миёни онхо боз хомуши уфтод. Вале Чумъа ин хомуширо зуд бархам зад:

– Хез, рафтем!

Карим назари тааччуб ба у духт.

– Ба кучо?

– Ба дармонгох. Туро хатман духтури асаб бояд бинад.

– Э бас кун-е!

Аммо нияти Чумъа катъи буд.

– Хез, хез! – дуг зад у. – Набошад девона мешави.

– Агар равем, моро девона мехонанд.

*      *      *

Як рузи дигар Карим дар чашм айнаки сиёх омад.

– Эхе тинчист? – пурсид яке. – Айнаки сиёх монди?

– Э напурс, – бо алам гуфт у. – Аввалан ризкам аз хар чихат каму кутох аст. Сониян пушту панохе надорам. Айнаки сиёх мондам, то ки зог нашиносад.

– Яке шиносад чи?

Вай як кад парида, уро песонда:

– Э нияти бад накун, – гуфт. – Забоната гунда газад.

– Натарс.

– Натарс. Ба гуфтан осон, аммо ба кардан мушкил. Чи хел наметарси?

– Ба нулаш як панчохдолараро капонда суи Чумъа равонаш кун. Тамом вассалом! Хи-хи-хи!

– Зог хам пора мегирад?

– Набошад чи! Пораро ба сари санг бимон санг об мешавад!

*      *      *

Онхо хамрох хуроки нимарузи хурданд. Карим дам ба дарун андохта, хомуш истод. Сипас бекарор шуд. Гуё ки дар сари сузан менишаст. Таваллоомез ба руи Чумъа нигарист.

– Ягон илоч кун, чура, – гардан кач кард у.

– Чи илоч?

У чавоби муносибе наёфта ох кашид. Баъди лахзае пурсид:

– Ту аз кучо мешави?

– Аз Тути Калон. Чи буд?

– Тути Калон? – беихтиёр овоз баланд кард Карим. – Оличаноб! Зог ки омад, пеш мекуни.

– Чаро ман?

– Барои он ки зог ба Тути Калонихо кордор нест. Аз онхо метарсад.

Чехраи Чумъа, гуё дуги турш хурда бошад, пурожанг шуд.

– Э, биё, мон-э! Хай-яй-яй! Шарм намедори?!

*      *      *

– Карим, ту холо хам коммунист хасти?

– Не-е, – чавоб дод у. – Хеч вакт коммунист набудам.

– Пас, чаро либоси сурх пушиди?

– Чи, назебидаст?

– Гап дар зебидан не. Мегуянд, ки зог ба дидани ранги сурх тобу токат надорад. Ранги сурх вахшонияти зогро бедор мекунад.

– Нахо-о-од?! – ранги руи у канд. – Чумъа! Бори маро нигох кун!

Инро гуфту тозон аз бозор бадар рафт. Лахзае пас баргашт. Либоси сурхро ба либоси сип-сиёх иваз карда буд.

Як руз пеш аз маргаш ба Чумъа гуфта буд:

– Ман ба назди Мулло меравам. Ин зоги лаънатиро курхат накунам нашуд.

*      *      *

Хонаи Карим мотамсаро буд. Хешу табори у чомаю токи пушида, миён баста азодори доштанд. Фарзандонаш:

– Во, отам! – гуён навхаю фигон мекарданд.

То адои такфин Чумъа соате дар сафи таъзиягуён карор дошт. Ва у дар ин миён аз як тан марде, ки аз руи суханаш хамсояаш будааст, пурсид, ки чи гап шудааст.

– Аник намедонам, – гуфт у. – Мегуянд, ки «Зог» гуфта чон додаст.

Ин гуфтугузорро шунида, як тан марди аврупоипуш руй чониби онхо гардонда гуфт:

– Уро хурофот кушт.

Ин лахза тобутро бароварданд. Ва суи гуристон равон гаштанд. Ба Чумъа чунин намуд, ки тобути хурофотро мебаранд.

– «Э кош бо ин тобут хурофотро хам гур мекарданд!»

10 ноябри соли 2009

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …