Главная / Варзиш / ТАЪСИРИ МАШКХОИ ЧИСМОНИ БА СИСТЕМАИ НАФАСКАШИ

ТАЪСИРИ МАШКХОИ ЧИСМОНИ БА СИСТЕМАИ НАФАСКАШИ

Шумо аллакай медонед, ки нафаскаши вазифаи мухими организм буда ва узвхои нафаскаши кисмати димоги, ком, гортан, шуш махсуб мешаванд. Дар роххои болоии нафас хаво аз микробхо тоза гардида, хиссачахои бегона гарму сернам мешаванд. Дар холати мутаасиршавии пардаи луобии димог ва ком бо чанг рефлексхои химояти ба амал меояд – атса ва сулфазаданхо.

Happy sporty children

Покшави ва гармшавии хаво вакте ба амал меояд, ки инсон бо воситаи бини нафас мегирад. Дар синни кудаки нафаскаши бо воситаи дахон метавонад ба кафомонии инкишофи чисмони ва аклонии кудак оварда расонад.

Нафаскаши иборат аст аз табдили хаво байни мухити атроф ва хубобчахои шуш. Аз хисоби харакати мавзуни нафаскашии кафаси сина афзоиш ё камшавии хачми шушхо – нафас ба дарун ва нафас ба берун ба амал меояд.

Дар вакти нафас кашидан мушакхои нафасгири хурд, ихчам мешаванд, ки онхо кабургахоро боло намуда, диафрагмаро поён месозад, хачми кафаси синаро зиёд мекунад ё меафзояд. Шушхо дар ин хол васеъ мегарданд ва хаво гуё дар он фуру бурда мешавад. Нафаскаши сурат мегирад (расми 10, аз чап).

Агар шумо пас аз танаффуси калон ё муддати тулони ба машкхои чисмони машгул шудан, ки нафаскашии фаъолро талаб мекунад, рузи дигари пас аз машккуни дардро дар мушакхои сина эхсос менамоед. Ин гуяндаи он аст, ки мушакхои нафаскаши сарбории муайян гирифтаанд.

Пас аз нафаскаши мушакхои байникабургави суст гашта, кабургахо поён шуда, диафрагма ба холати пештарааш бармегардад. Дар натичаи он фишор дар кафаси сина зиёд гардида, шушхо фишурда мешаванд ва хаво ба берун тела дода мешавад.

Нафас баровардан ин тарз сурат меёбад (расми 10, аз рост). Тавре, ки мебинем он бе иштироки фаъоли мушакхо ба анчом мерасад.

Теъдоди нафаскаши дар як дакика речаи нафасиро ташкил медихад. Яъне дар одамоне, ки ба машкхои чисмони машгул нестанд, речаи нафасгири аз 10-12 нафасгири дар як дакика иборат аст. Вале дар одамони машккунанда, ки ба машкхои чисмони ва варзиш пайваста машгуланд, он ду маротиба кам 5-6 нафасгири дар як дакика аст.

Машкхои чисмони имкониятхои функсионалии системахои нафаскаширо бакувват менамояд; васеъ менмояд; хачми софкунии шуш, кувваи мушакхои нафаси зиёд мешавад ва гайра.

Тагйирот дар шароити фаъолияти инсон ба протсессхои туршшави дар организм таъсир мерасонад. Яъне хангоми машгулиятхо бо машкхои чисмони ё корхои чисмонии вазнин организм ба оксигени бештар эхтиёч дорад.

Афзоиши суръати харакатхои нафаси ё камшавии он ба таври автомати ба амал меояд. Ин аксуламали нафас ба тагйирёбии речаи кории системаи нафаскаши ба конеъгардонии талаботи зарурии организм ба оксиген равон гардидааст.

Барои инкишофи сатхи фаъолиятнокии инсон шароит роли мухим мебозад, ки дар он машгулиятхои машкхои чисмони мегузаранд. Яке аз чунин шароитхо гузаронидани машгулиятхо дар куххо мебошад.

Фишори пасти хаво, кам будани оксиген дар хаво ба камшавии оксиген дар таркиби хуни машккунандагон оварда мерасонад.

Махз барои хамин машгулият дар шароити кухсор ба мутобикшавии бисёр узвхо ба кор ё фаъолият дар холати кам будани оксиген дар хун мусоидат менамояд, дар натича имкониятхои функсионали

ва фаъолиятнокии организми инсон баланд мегардад. Асосан дар ин чараён – фаъолияти сарфакоронаи узвхо ва системаи организм, азхудкунии бехтару бештари оксиген, мутобикгардонии системаи мушаки фаъолияткуни дар холати камбуди оксиген ба амал меояд.

Бо мурури солхо хачм ва сатхи болои нафаскашии шушхо меафзоянд. Воситаи мухимтарини  машгулиятгузарони ва такмили системаи нафаскаши фаъолиятнокии мушаки мебошад.

Машгулиятхои пайвастаи машкхои чисмони ва варзиш сархадхои имкониятхои функсионалии системахои нафаскаширо меафзояд.

ОИЛА ИДИ ВАРЗИШ

Варзишгарон – рафикони содик Мо бо офтобу об дустем Хам тобистон ва зимистон Аз огози он баромадан хушем Бигзор шавад хар оила Иди варзишии худро Оилаи варзиши (спорти) Мо ба хотири чашни Олимпиада мегузаронем.

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …