Главная / Чамъият / ТАЪМИНОТИ ИЧТИМОИ, ХИЗМАТРАСОНИ ВА МУХОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН

ТАЪМИНОТИ ИЧТИМОИ, ХИЗМАТРАСОНИ ВА МУХОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИЧТИМОИ, ХИЗМАТРАСОНИ ВА МУХОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с., 2016, №11, мод. 873)

Конуни конститутсионии мазкур муносибатхои чамъиятиро вобаста ба кафолатхои ичтимои, хизматрасони ва таъмини амнияти Президенти Чумхурии Точикистон бо максади фарохам овардани шароити зарури барои самаранок амали намудани ваколатхои Президенти Чумхурии Точикистон, ки Конститутсия ва конунгузории Чумхурии Точикистон муайян намудаанд, танзим менамояд.

xona

Моддаи 1. Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон сарвари давлат ва хокимияти ичроия (Хукумат) аст.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон хомии Конститутсия ва конунхо, хукуку озодихои инсон ва шахрванд, кафили истиклолияти миллии, ягонаги ва тамомияти арзи, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти макомоти давлати ва хамкории онхо, риояи шартномахои байналмилалии Точикистон мебошад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъминоти ичтимои, хизматрасони ва мухофизати Президенти Чумхурии Точикистон 

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи таъминоти ичтимои, хизматрасони ва мухофизати Президенти Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни конститутсионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъминоти давлатии фаъолияти Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Харочот вобаста ба таъмимоти ичтимои, хизматрасони ва амнияти Президенти Чумхурии Точикистон ва аъзои оилаи у аз хисоби бучети чумхурияви маблаггузори карда мешаванд.
  2. Ба Президенти Чумхурии Точикистон барои самаранок амали намудани ваколатхояш таъминоти давлатии зерин мукаррар карда мешавад:

– музди мехнат, рухсатии мехнати ва нафака;

– кароргох, бустонсарои давлати ва бинои истикоматии хизмати;

– хизматрасонии наклиёти;

– хизматрасонии тибби ва табобатию истирохати;

– сугуртаи давлатии хаёт ва саломати;

– хизматрасонии алока;

– мухофизати давлати;

– таъмини харочот вобаста ба намояндаги ва ташриф ба давлатхои хоричи;

– дигар намудхои хизматрасони, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.

Моддаи 4. Музди мехнат, рухсатии мехнати ва нафакаи Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Музди мехнати Президенти Чумхурии Точикистонро Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  2. Ба Президенти Чумхурии Точикистон хар сол дар вакти барои у мувофик ба муддати 45 рузи таквими рухсатии мехнатии пардохтшаванда дода мешавад, ки он мумкин аст кисм ба кисм истифода шавад.
  3. Хангоми ба рухсатии мехнати баромадан ба Президенти Чумхурии Точикистон кумакпулии яквакта ба андозаи музди мехнати думохаи у пардохт карда мешавад.
  4. Президенти Чумхурии Точикистон баъд аз ба охир расидани мухлати ваколаташ ба таъмини нафака, ки Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар чаласаи якчоя таъин менамоянд, хукук дорад.

Моддаи 5. Кароргох, бустонсарои давлати ва бинои истикоматии хизматии Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон дар муддати ичрои ваколаташ бо кароргохи давлати, бустонсарои давлати ва бинои истикоматии хизмати таъмин карда мешавад.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон баъд аз ба охир расидани ваколаташ ройгон бо манзили истикоматии шахси таъмин карда мешавад.
  3. Президенти Чумхурии Точикистон ва аъзои оилаи у дар давраи ваколаташ аз пардохти хакки истифодаи манзили истикомати ва хизматрасонии коммунали озод мебошанд.

Моддаи 6. Хизматрасонии наклиёти ба Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон бо хизматрасонии наклиётии махсус таъмин карда мешавад.
  2. Хизматрасонии наклиёти ба аъзои оилаи Президенти Чумхурии Точикистон тибки тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад. Хамсари Президенти Чумхурии Точикистон тибки протоколи чорабинихои давлати хукук дорад аз тамоми намудхои хизматрасонии наклиёти ройгон истифода барад.

Моддаи 7. Хизматрасонии тибби ва табобатию истирохати ба Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон бо хизматрасонии тибби, табобатию истирохати, табиби шахси ва маводи дорувори ройгон таъмин карда мешавад.
  2. Аъзои оилаи Президенти Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон аз хизматрасонии тибби ва табобатию истирохати истифода мебаранд.
  3. Ба Президенти Чумхурии Точикистон баъд аз катъи ваколати президентиаш якумра хизматрасонии ройгони тибби ва табобатию истирохати таъмин карда мешавад.

Моддаи 8. Сугуртаи давлатии хаёт ва саломатии Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Хаёт ва саломатии Президенти Чумхурии Точикистон аз хисоби бучети чумхурияви ба андозаи музди мехнати солонаи у сугуртаи хатмии давлати карда мешавад. Дар сурати вафот хангоми ичрои вазифахои хизмати ё дар давоми як соли баъди ба охир расидани ваколаташ ба аъзои оилаи у кумакпулии яквакта ба андозаи музди мехнати понздахсолаи Президенти Чумхурии Точикистон пардохта шуда, ба онхо бинобар бесаробон мондан нафака мукаррар карда мешавад.
  2. Харочот вобаста ба дафни Президенти Чумхурии Точикистон ва Президенти собики Чумхурии Точикистон аз хисоби давлат пардохт карда мешаванд.

Моддаи 9. Таъмини Президенти Чумхурии Точикистон бо воситахои алока

  1. Президенти Чумхурии Точикистон барои амали намудани ваколатхояш бо воситахои алокаи махсус вадигар намудхои алока таъмин карда мешавад. Хизматрасонихои алока дар доираи хизматрасонихои хукумати амали карда мешаванд.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон ва аъзои оилаи у дар давраи ваколаташ аз пардохти хакки хизматрасрнихои алока озод мебошанд.

Моддаи 10. Харочот вобаста ба намояндаги ва ташрифи Президенти Чумхурии Точикистон ба давлатхои хоричи

  1. Харочот вобаста ба намояндаги ва ташрифи Президенти Чумхурии Точикистон ба давлатхои хоричи аз хисоби бучети чумхурияви пардохт карда мешаванд.
  2. Президенти Чумхурии Точикистон аз дигар намудхои хизматрасони, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст, истифода мебарад.

Моддаи 11. Таъмини амнияти Президенти Чумхурии Точикистон

  1. Президенти Чумхурии Точикистон, хаёт, саломати, озоди ва шаъну шарафи у тахти химояи давлат карор доранд. Шахсоне, ки ба хаёт, саломати, озоди ва шаъну шарафи Президенти Чумхурии Точикистон суикасд мекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
  2. Амнияти Президенти Чумхурии Точикистон хангоми ичрои ваколаташ дар чойи зисти доими ва будубоши муваккати аз чониби макомоти давлатии амнияти милли таъмин карда мешавад. Дар давраи ичрои ваколати президенти амнияти аъзои оилаи Президент таъмин карда мешавад.
  3. Президенти Чумхурии Точикистоя дар давраи ичрои ваколаташ хукук надорад, ки аз таъмини амнияти давлати даст кашад.
  4. Пас аз катъи ваколати Президенти Чумхурии Точикистон амнияти у якумра таъмин карда мешавад.

Моддаи 12. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни конститутсионии мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конунн конститутсионии мазкур мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 13. Дар бораи аз эътибор сокит донистани баъзе санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон

Конуни Чумхурии Точикистон аз 4 ноябри соли 1995 “Дар бораи таъминот, адои хизмат ва мухофизати Президенти Чумхурии Точикистон” (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1995, № 23-24, мод. 362; с. 2003, № 4, мод. 140; с. 2007, № 3, мод.156) ва Конуни Чумхурии Точикистон аз 29 июни соли 1991 “Дар бораи химояи шаъну эътибори Президенти Чумхурии Точикистон” (Ведомостхои Совети Олии Чумхурии Точикистон, с. 1991, № 15, мод. 266) аз эътибор сокит дониста шаванд.

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни конститутсионии мазкур

Конуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                  Эмомали Рахмон

ш.Душанбе

14 ноябри соли 2016 № 1357

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …