ТАШБЕХ

Ташбех чист? Ташбех калимаи арабист. Маънои лугавиаш монанд кардан аст. Ташбех ба маънои истилохи номи яке аз санъатхои маънавист, ки чизе ба чизе монанд карда мешавад. Хангоми монанд кардани чизе ба чизе хатман сифат ё хусусияти муштараки миёни харду чиз ба назар гирифта мешавад. Шоир ё нависанда, барои он ки максади хешро пурра ва равшан баён кунад, хусусияти як чизро бо хусусияти чизи дигар монанд мекунад. Ба таври дигар гуем, ташбех хамеша ду тарафи мукоиса дорад. Дар мавриди ташбех истилохоти мушаббах (монанд) ва мушаббахбихи (монанда), монандшаванда ва монандкунанда хеле серистеъмоланд. Ахли калам он чизро, ки монанд кунанд, мушаббах ва он чизро, ки ба он монанд кунанд, мушаббахбихи гуянд.

kitob-duxtar
Яъне агар касе ё чизе, ки ба касе ё чизе монанд карда шавад, монандшаванда ё ташбехшаванда, аммо касе ё чизе, ки монандшавандаро ба худ монанд кардааст, монандкунанда ё ташбех кунанда меноманд. Аксари мухаккикон тарафдори онанд, ки шакли осонтару муносибтари ин истилох — монанд ва монанда кабул карда шавад.

Хангоми ба хам пайвастани ташбехшавандаю ташбехкунанда калима ва таъбирхое ба кор мераванд, ки онхоро вачхи монанди (вачхи ташбех) ва адоти ташбех меноманд.
Асоси ташбех аз ду чузъ иборат аст: монандии ду чиз (киёс) ва сабаби ин монанди, яъне сифати он. Пас вачхи ташбех хамон сифати муштараки ду чузъи асосии ташбех мебошад. Илова бар ин, дар монанд кардани ду чиз калимахои зиёде ёри мерасонанд, ки онхоро адоти ташбех меноманд, яъне афзол ва олати ташбех. Ахли адаб калимахои: чунин, монанд, тарик, -вор, шева, гуи, пиндори, сабил, минвол, -сон, осо, мисл, чун ва гайраро аз чумлаи калимахои адоти ташбех донистаанд.

Мисол:
Ватан, мехрат ба дил азбаски чо шуд,
Дилам аз хуррами чун гунча во шуд.
(Мирзо Турсунзода)

Дар мисраъи дуюми ин байт «дилам» монанд (ташбехшаванда), «чун» адоти ташбех, «гунча» монанда (ташбехкунанда), «хуррами» вачхи ташбех (сабаби ташбех) мебошад.

Чанд мисол:
Суратат махзари хусн аст, вале ин маъни
Хамчу хусни дигарон бар хама кас зохир нест.
(Камол)

Биёр он май, ки пиндори равои ёкути ноб асти
Ва ё чун баркашида тег пеши офтоб асти.
(Рудаки)

Чаро чун гул зани дар пуст ханда?
Сухан бояд чу шаккар пустканда.
(Низоми)

Пушти замин чу руи фалак гашта аз силох,
Руи фалак чу пушти замин гашта аз губор.
(Рашиди Ватвот)

Зулфро чун чони хар ошик ба бар дорад шиканч,
Чунки аз чонбозии ошик хабар дорад шиканч.
(Рахими)

Ойинавор шохиди ором нестем,
Симоб мечакад зи дили бекарори мо.
(Шавкат)

Пайкарам мегашт хамчун набзи беморон зи чо,
То сахар аз мавчи симоб изтиробе доштем.
(Сайидо)

Гахе чу шамъ кунам гиряхои синагудоз,
Гахе чу субх занам хандахои хунолуд.
(Бадри Чочи)

Аксари донишмандони илми адаб мухимтарин шарти ташбехро дар он донистаанд, ки бояд ташбехкунанда бар ташбехшаванда афзалият дошта, сифат ва хислатхои ташбехкунанда аз ташбехшаванда мукаммалтару олитар бошад, то ки хислатхои чизи ташбехшаванда хубтару бехтар намоён шавад.

ХЕЛХОИ ТАШБЕХ

Ташбех вобаста ба муносибати гуянда ба хелхои зерин:

ташбехи мутлак (равшан, сарех), ташбехи пушида (музмар, измор), ташбехи машрут (шарти), ташбехи баргашта (тафзил), ташбехи акс (маъкус), ташбехи баробар (тасвит), ташбехи муканно (киноят) чудо мешавад.

1. Ташбехи мутлак (равшан, сарех). Дар ин навъи ташбех мавчудияти рукнхои асосии он — ташбехкунанда, ташбехшаванда ва адоти ташбех шарт аст.

Мисол:
Чаро чун гул зани дар пуст ханда?
Сухан бояд чу шаккар пустканда.
(Низоми)

Дар харду мисраъи Низоми ташбех хаст, хандаи ёр ба гул ва сухан ба шакар монанд карда шудааст. Дар ин ташбехот хандаи ёр ва сухан монандшаванда ва гулу шакар монандкунанда буда, чун ва чу адоти ташбех мебошад.

Мисоли дигар:
Ай лабат гул, оразат мул, турраат сунбул барин,
Габгабат дар чарбу нарми тухми нимдумбул барин.
(Шохин)

2. Ташбехи пушида (музмар, измор). Ин навъи ташбех чунон аст, ки дар он адоти ташбех иштирок намекунад ва бештар бо рохи таъкиду тахким (хукм) сохта мешавад.

Мисол:

Руят — дарёи хусну лаълат — марчон,
Зулфат — анбар, садаф — дахон, дурр — дандон.

Абру — киштиву чини пешони — мавч,
Гирдоби бало — габгабу чашмат — туфон.
(Рудаки)

Ин навъи ташбехро таркиби низ меноманд, барои он ки бештари ташбеххо аз таркиб ва калимахои мураккаб сохта мешаванд.

Мисол:
Шаккаршикан аст ё сухангуи ман аст,
Анбарзакан аст ё суманбуи ман аст.
(Мусаъиби)

Калимахои «анбарзакан» ва «суманбуй» ташбехи пушида мебошанд, зеро шоир гуфтанист, ки ёри ман закане (манах, занахдон) дорад, ки мисли анбар хушбуй аст.

3. Ташбехи баргашта (тафзили). Ин навъи ташбех чунон аст, ки шоир аз ташбехи аввалаи худ бармегардад ва монандшавандаро аз монандкунанда боло медонад.

Мисол:
Сарвро мони, валекин сарвро рафтор нест,
Мохро мони, валекин мохро гуфтор нест.
(Саъди)

Мисоли дигар:
Ин чо сухани сарв нагуем, ки паст аст,
Ин чо сухани мох нахонем, ки зишт аст.
(Камол)

Ин навъи ташбехро ташбехулмарчуъ низ гуянд, яъне аз ташбех (монанд) ва тарчеъ — баргаштан. Шоирон гохе кади ёрро ба сарв, руи уро ба мох монанд мекунанд, лекин баъд
аз гуфтаи худ пушаймон мешаванд ба ин маъни, ки гуё «сарв рафтор» надораду «мох айб» дорад. Дар ин навъи ташбех афзалияти монандшавандаро аз монандкунанда нишон медиханд ва бо хамин сабаб, онро тафзили низ меноманд.

4. Ташбехи маъкус (акс). Ин навъи ташбех чунон аст, кишоир ду чизро ба хам монанд мекунад ва боз чои онхоро иваз менамояд, мисли ташбехи наргис ба чашм ва чашм ба наргис, ё хилол ба абру ва абру ба хилол.

Мисол:
Лола ба руи хубат монанд, ки сурхруй аст,
Руят ба лола монанд, з-он ру, ки хол дорад.

5. Ташбехи баробар (тавсия, муздавач, мустави). Ин навъи ташбех чунон аст, ки шоир сифатхои ду чизи монандро ба хам баробар мекунад ва дар киёс меорад. Яъне шоир сифатеро меорад, ки хам ба ошик ва хам ба маъшука тааллук дорад.

Мисол:
Гуфтам: «Зи дили хеш дахон созамат, ай дуст»,
Гуфто: «Натавон сохт зи як нукта дахоне».
Гуфтам: «Зи тани хеш миён созамат, ай мох»,
Гуфто: «Натавон сохт зи як муй миёне».
Дар байти якум шоир дар шакли киёс «як нукта»-ро ба
«тангии дил» ва «дахон» ва дар байти дуюм «як муй»-ро ба
«нозукии тан» ва «борикии миён» монанд ва баробар кардааст.

Мисоли дигар:
Пушти хамидаи ман хамнасаби чаъди22 вай аст,
Чаъди шуридаи у хамсифати холи ман аст.
(Абдулвосеъи Чабали)
6 . Ташбехи шарти (машрут). Ин навъи ташбех чунон аст,
ки шоир барои ифодаи матлаби хеш чизеро ба чизе шартан
монанд мекунад. Яъне барои мукоиса кардани ду чиз шар-
ти муайян гузошта мешавад. Дар бештари мавридхо чунин
ташбеххо ба воситаи пайвандакхои шартии «агар», «гар»,
«ар» ифода карда мешавад. Мисол:
Чун ту ба бог бигзари, гул нарасад ба буи ту,
Лек расад ба коматат сарв, агар равон шавад.
(Хусрави Дехлави)
Мисоли дигар:
Агар муре сухан гуяд ва гар муе равон дорад,
Ман он мури сухангуям, ман он муям, ки чон дорад.
(Амъаки Бухорои)

Байни ташбехи шарти ва ташбехи баргашта тафовути хеле кам аст, онхо факат зохиран аз хам фарк мекунанд. Агар бигуем: «Руи ту гул аст, аммо гул вафо надорад», ташбехи баргашта ва агар бигуем, ки «гул ба руи ту он гох монанд мешавад, ки агар вафо дошта бошад», ташбехи шарти мешавад.

7. Ташбехи муканно (киноят). Ин навъи ташбех чунон аст, ки бе истифодаи адоти ташбех ба ташбехшаванда аз суи ташбехкунанда киноя карда мешавад.

Мисол:
Гох бар мохи духафта гарди мушк ори падид,
Гох мар хуршедро дар голия23 пинхон куни.
(Унсури)

Мисоли дигар:
Хамегиристу хаме наргисон-ш лола гудохт,
Ба барги лола бигдохта нухуфта зарир.
(Абулаълои Шуштари)

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Адоти ташбех ва вачхи ташбехро фахмонед.
2. Ташбех чанд хел мешавад?
3. Барои чи ташбехро як чузъи илми баён медонанд?
4. Кадом навъи ташбехро ташбехи мутлак меноманд?
5. Ташбехи пушида чист?
6. Тафовути ташбехи шарти ва ташбехи маъкус дар чист?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …