Главная / Маданият ва санъат / ТАСАВВУРОТИ ОДАМОНИ КАДИМ ДАР БОРАИ ЗАМИН

ТАСАВВУРОТИ ОДАМОНИ КАДИМ ДАР БОРАИ ЗАМИН

Хаёт ва фаъолияти инсони давраи ибтидои ба табиати атрофаш зич алокаманд буд. У хамчун маводи хурокй меваи растанихоро чамъ намуда, мохи ва хайвоноти вахширо шикор мекард. Барои гум накардани мавзеъхои аз неъмат бой ва шикор дар танаи дарахтон ва сангхои сари рох нишона ва аломатхо мекашид. Дониши географии одамон оид ба Замин махдуд буд. Гайр аз наботот, хайвонот, манбаъхои обу кабилахои атрофи махали худ дар бораи дигар махалхои руи Замин тасаввурот надоштанд. Ба ин нигох накарда, унсурхои аввалини дониши географи дар байни халкхои гуногун ба вучуд омада буд. Он халкхое. ки сохиби хуруфот ва хат буданд, дониши географии нисбатан хаматарафа доштанд.

zaminБаробари ба вучуд омадани хат, сохтани киштихои белу бодбондор ва кашфи кутбнамо хазорсолахо мукаддам одамон имконият пайдо карданд, ки ба масофаи дур шино кунанд. Ин доираи донишро дар бораи Замин васеъ намуд. Бахрнавардон ва сайёхон мавзеъ ва ходисахои дида ва наклхои шунидаи худро навишта, акси онхоро ба накша мегирифтанд. Дар давраи кадим он накшахои кисмхои начандон калони сатхи Замин вазифаи харитаи географиро ичро мекарданд. Хазорсолахо харитаи муфассали олам вучуд надошт. Барои он ки халкхои кадим дар бораи шакл ва андозаи Замин тасаввуроти амик надоштанд. Бинобар ин шакл ва андозаи Заминро халкхои кадим хар хел тасаввур мекарданд.

Аввалин шуда олими Юнони Кадим Арасту хангоми хусуфи (гирифтаии) Мохдар руи он ба таври кура афтидани сояи Замин ва баробари ба кух баромадан васеъ шудани хати уфукро мушохида намуда, курашаклии Заминро исбот кард.

Вакте ки курашаклии Замин исбот гардид, олими дигари Юнони Кадим Эратосфсн андозаи Заминро хисоб карда, харитаи нисбатан мукаммали оламро тартиб дод (нигаред ба атлас).

Ба андухти дониш дар бораи Замин олимони гузаштаи мо Абузубайди Балхи, Ибни Сино, Абурайхони Берунй низ сахм гузоштанд. Ибни Сино курашаклни Заминро эътироф мекард. Аз сабаби он ки Замин кура аст, сатхи оби руи он хам ба кура шабохат дорад, Бинобар ин мегуяд Сино – дар об (бахри кушод) киштиро… ибтидо сари бодбонаш намоён мешавад. Баъд садри кишти падидор (намоён) мегардад (расми 2). Аз олимони асри миёна Абурайхони Беруни аввалин шуда андозаи бузургии мудавварии Заминро чен кард, ки он аз натичаи ченкунии замони мо 110 километр фарк мекунаду халос. Абурайхони Берунй аввалин бор дар Шарк, эхтимол дорад дар чахон низ, глобусе сохт, ки кутри (диаметр) он беш аз 5 метр буд. У барои тавсифи шакли Замин истилохи кура, кураи Заминро истифода намуд. Берунй дар Шарки Мисна рочеъ ба харакати эхтимолии Замин дар гирди Офтоб, яьне

системаи гелиосентрии Олам андеша ронда буд. У якс аз аввалин мухаккнкони ходисахои геологи, маъданхо ва сангхои киматбахо мебошад. Абузубайди Балхи 20 адад харита тартиб дода буд. Онхоро баъдтар чамъбаст намуда, хамчун “Атласи исломй” ба табъ расонданд. Дар харитаи оламе, ки у офаридааст, Замин ба шакли доира тасвир сфтааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …