Главная / Гуногун / ТАМАДДУНИ ИСЛОМИ

ТАМАДДУНИ ИСЛОМИ

Мафхуми «тамаддун» хеле ва хеле хам абстракт аст, доманаи васеъ хам дораду дар сохахои мухталиф короянд хам мебошад, вале чун мафхуми «тамаддун»-ро ба ягон давлате, ки онро ба вучуд овардааст нисбат медихем, ба дарачае возех ва конкрет мегардад, ки мо бе хеч дудилаги онро вирди забон мекунем. Масалан «Тамаддуни замони Сумиру Аккад», «Тамаддуни замони Хахоманишхо», «Тамаддуни замони Сосониён» ва г. Чунон ки мебинем, хамаи онхо дар чорчубаи муайяни таърихи – аз фалон аср то фалон аср, ё аз фалон сол то фалон сол арзи вучуд кардаанд. Таърих давлатхои бисёреро паси сар намудааст, вале дар натичаи ба вучуд оварда натавонистани тамаддун онхо беному нишон аз сахфаи таърих гайб задаанд.

Аз ин лихоз, мо бояд эътироф бикунем, ки тамаддун на ба сохти чамъияти ё таълимотхои сиёси, файласуфи, дини, балки ба сохти окилонаи давлатдори вобастаги дорад. Чунончи, Хегел гуфта буд: «Халке, ки сохти окилонаи давлатиро мукаррар мекунад, вай хомии хакикии пешрафти умумичахонии таърихи мебошад».

Дар Мовароуннахру Хуросон дар гузашта на як бору ду бор сохти окилонаи давлатдори бунёд карда шуда ва на як бору ду бор мамолики хешро ба ачнабиён супорида, дастнигари онхо шудаанд. Аз ин ру, шояд бесабаб набошад, ки олимони Аврупо аз асри ÕV ва шаркшиносони олмони ба таври чидди, аз асрхои ÕV²², ÕV²²², олимони амрикои аз охири асри Õ²Õ ин кадар ба таърихи гузаштаи точикон даст задаанд, навиштачоти зиёда аз 30 нафар муаррихи машхури Юнони Кадимро аз Херодот сар карда то Морселан, олимони Шаркро аз Ибни Мукаффаъ сар карда то Байхаки – гирбол кардаанду чун ба Сомониён расидаанд тамаддуни волои эшонро»тамаддуни  исломи» номидаанд. Барои чи?!

Тамаддуни исломи чист в бунёдгари он кист?!

«Тамаддуни исломи « – ё ки имруз шаркшиносони хоричи ва иддае аз олимони имрузаи  точик мепиндоранд, харгиз маънои аслии тамаддуни исломиро надорад. Якум ин ки агар маънои аслиро медошт, ё бо ибораи дигар – адеквати мебуд, яъне сирф тамаддуни исломи мебуд, пас, аз ибтидои дини Ислом то айёми моро дар бар мегирифт, дуюм ин ки ин «тамаддун» баробар ва хамрадиф ба хамаи халкхое, ки исломро пазируфтаанд, «таксим карда мешуд, яъне ба хамаи мамлакатхои исломи хам мутааллик мебуд. Хол он ки худи олимони аврупои оиди ин масъала тадкикотхои зиёд бурда ва китобхои бисёре чоп кардаанд, ки фикри болоро мантикан таквият медиханд. Масалан. Дар китоби «Таърихи тамаддун» гуфта шудааст: «Пайдоиш ва аз байн рафтани тамаддуни исломи ходисаи басо бузурги таърихи аст». Ин чи маъни дорад?! Магар дини ислом аз бай рафт? Харгиз не! Пас барои чи «аз байн рафтани тамаддуни исломи» мегуянд? «…падидае дурахшон ва чароги нурафшон ба номи «тамаддуни исломи» карнхо дар чахон вучуд дошта ва сипас, ин падида нобуд ва ин чарог хомуш шудааст ва имруз мусалмонон бо мукоиса бо бисёре аз милали чахон ва мукоиса бо гузаштаи пурифтихори худашон дар холи инхитот ва тааххури риккати бори ба сар мебаранд». (Муртазо Мутаххири).

Дини ислом гарчанде аз соли 622 сар карда, дар мамлакатхои араб пахн шуда бошад хам, ба сахнаи чахони баровардани он душворихои зиёдеро овард. Зеро, аз як тараф, хануз дини ислом аз гахвора набаромада, дар дохили он равияхои ба хам зид пайдо мешуданд, ки аз дохил ба пояи ислом теша мезаданд,аз тарафи дигар, дар асри VIII фалсафаи калом ба вучуд омад, ки тарафдорони он дертар дар зери таъсир ва васояти Абу Хомид ал-Газоли ба чои он ки илмро аз занги  дахриён ва атеизм тоза карда, мохияти онро хамчун Ибни Сино дарк кунанд ва илми табиатшиносиро ба сони Шайхурраис то ба пояи илохиёт бирасонанд. Дар зери мафхуми ба истилох «Илм рочеъ ба ислом» хамагуна акидахои бехтаринро бо акоиди музахрафи дахриён махлут сохта, ба мисли саррофи гавхарношинос руфта партофтаанд.

Хулоса, барои дини исломро аз махдудияте ки хоси забони араб ва ананахои араб буд, рахо намудан, онро дастраси халкхои гайриараб намудан, куввае ё халке даркор буд, ки вай дар таърих давлатхои муктадирро бунёд кардаву динхои чахониро офаридаву ашхоси забардасту барумандро  дода бошад. Ин халк – халки точик буд, ки он замон бо номи порсои, порсхо ё форсхо вирди забон карда мешуд. Халки точик дар таърих ягона халке буд, ки чанд хазор сол кабл аз солшумории хичри садорати давлатдориро ба по монда, чандин карат давлатхои бузургро бунёд намуда, нахзати ориёнро хамчун дини нахустин, дини эхёгари илму маърифат ва забони ягонаи муоширати байналмилали чори карда, Бобулистонро хамчун пойтахти дуввуми худ пазируфта, онро ба гахвораи тамаддуни чахони табдил дода буд.

Инак дини исломро хамчун падидаи чадид, хамчун ба низом орандаи чомеъа махз мутафакирони точик кабул намуда, ба таргиби он пардохтанд, ки дар асри V²²² – ²Õ ин кори басо мушкил буд. Имом Абдуллох ибни Муборак ал-Марвази, Имом Ахмад ибни Хамбал ал-Марвази, Исхок ибни Раховайх ал-Марвази, Имом ал-Хайсам ибни Курайш аш-Шоши, Абубакр Ахмад ибни Мухаммад ал-Баракоти, Иброхим ибни Маъкил ан-Насаф, Наъима ибни Хаммад-ал-Марвази, Хофиз-ал Хоразми, Чалолиддин ан-Насафи, Имом Абулхасан ибни Мухаммад ас-Самарканди ва дигарон ба василаи китобхояшон бори нахуст мохияти дини исломро ба мардуми Осиёи Миёна фахмонида медоданд. Хусусан пас аз Мухаммад (с) – ситораи тобони теологияи ислом – Абу Абдуллох ибни Исмоил ал-Бухори гардид, ки дертар бо номи «Сайиди Бухоро» машхур шуд. У бо унвони «Ал-чомеъ ас-сахех« асари чорчилдаеро иншо намуда, дар он баробари гирд овардани хадисхои Мухаммад (с) масъалахои хеле мухими замонааш: фикх (хукукшиноси), маросимхои исломи, ахлоку одоб, таълиму тарбия, таърихи хамон замон, маълумотхо доир ба этнография ва гайрахоро гузошта буд.хусусан масъалаи илм дар афкори у чои мухимро ишгол мекунад. У нахустин шуда пай бурд ки дар дини ислом «илм» акоиди хукмрон ба шумор меравад. Ба мисли илм ягон акоиди дигареро пайдо карда наметавони, ки исломро инкадар бо салобаташ ифода карда тавонад. Аз ин лихоз у дар мусаннифоти хеш «Ал-абад ул-муфрад», «Таърихи Бухоро», «Китоб ус-сулосиййот», «Афъол ил-ибод», «Бадъ ил-махлукот», «Ал-чомеъ ал-Кабир», «Китоб ул-фавоид», «Китоб ул-куна», «Китоб ул-вичдон», «Китоб ул хиба», «Хулк афъол ил-ибод», «Китоб ул-муснад ал-Кабир», «Китоб рочеъ ба волидайн» ва гайра дини иссломро пурра тафсир намуда, дастраси омма гардонид ва ин корро бо саъати воло, лаёкати баланд, истеъдоди бехамто, чунон кард, ки на дини ислом аз ин меъмори осеб диду на ягон араб биранчид. Баракс, чунон ки олими амрикои Ричард Фрай мегуяд: «Форсхо бархак исломро аз махдудияте ки факат тобеи забони араб ва анъанахои бедуинхо буд, озод карданд ва Исломро то ба дини чахони расониданд. Бо ин амали хеш форсхо ба нигох доштан ва пахншавии ислом имконият фарохам оварданд». Хол он ки дар замони Пайгамбар ягон сатр хадис гирд оварда нашуда буд, зеро Мухаммад (с) гуфта буданд: «Аз ман ба чузъ Куръони Карим дигар хеч чизро навишта нагиред, агар ягон кас ягон чиз навишта гирифта бошад, вайро нест кунед».

Пас аз Мухаммад (с) даххо нафар хадиснависон ба дунё омада, мактабхои хадисия – аз кабили «Муснад», «Сахех», «Сунан»-ро ба вучдуд оварданд. Хамаи онхо хамчун назария бахри дарёфти хакикат, хамчун масолехи хом бахри бунёди ба истилох «тамаддуни исломи» хизмат карданд.

Гап дар сари он аст, ки пас аз истилои араб дар дили донишмандону мутафаккирон ва равшандилони баруманди точик аз нав оташи бунёди тамаддуни бикр ва бунёди давлати пуриктидор ба мисли давлати Хахоманишхо аланга мегирифт.

Давлати Сомониён яку якбора ба вучуд наомадааст. Истилои арабхо равшанфикрони точикро аз хоб бедор кард, ору номус парда аз руй меканд. Чумбишхои пайдархами оммави тугён мекарданд. Вале аз точикон хануз хеч кас намедонист, ки дар оянда чи мешавад, хилофати араб ба сари кудрат меояд ё ягон кувваи дигар. Дар ибтидо хамаи ин чунбишхо хусусияти стихияви – яъне бешуурона доштанд. Вале дар ин стихиявият як чизи чидди – хисси бедори, рухи саркаш, шурангез, сарбаландии ориёна тугён мекард:

Гар банда набошам ояд озод маро,

Модар на барои бандаги зод маро.

                                                 (Айнулкузот)

Дар Мовароуннахру Хуросон норизоги ва шуришхо ба вучуд меомаданд. «…Калонтарини ин ихтилофхо, – гуфта буданд устод С. Айни, – шуриш ва исёни Абумуслими Хуросони ва Муканаъ буд».

Далели дигари раднопазир боз аз он иборат аст, ки хатто худи Имом ал-Бухориро хам ба ватанаш шахри Бухоро рох надода буданд, вай мачбур шуда буд ба як дехаи кучаки назди Самарканд, ки Харганг ном дошт, карор бигирад ва то охири умри хеш (878 мелоди)  дар ончо эчод кунад. Пас аз 7 соли марги у Давлати Сомониён ба сари кудрат омад.

Идеологияи Ислом дар ин замон барои равшанфикрони точик чун обу хаво лозим шуда монд. Якум ин ки бо кабул кардани дини ислом, аниктараш бо дастгири кардани дини Ислом, онхо тавонистанд дар байни халк оромиро таъмин кунанд. Зеро дар асри VIII-IХ мелоди, чунон, ки дар боло ишора кардем, зиддиятхо хеле чидди ва тезутунд шуда, сабаби пастравии иктисод ва хонахароб шудани мардум мегардиданд. Дуюм ин ки равшанфикрони точик бо ин амали хеш бахри тамаддуни чадид ва бикр асос гузоштанд.

Равшанфикрони точик дар нимаи дуюми асри IХ вакти хешро бахри ба вучуд овардани давлати муктадир сарф намуданд. Онхо структураи давлатхои  бузурги пешинаро ёд мекарданд ва мехостанд ба саволе чавоб биёбанд, ки чи тавр 1300 сол пеш хаммехани онхо – хахоманишхо давлати муктадир бунёд намуда, корахои мухталифи Сайёраро ба хам муттахид сохтаанд?!

1.Равшанфикрони точик аввал накшаи ба хам муттахид намудани халкхои форсизабонро чустанд, ки хамаи онхо аз як реша буда, сарчашмаи он мобайни ду дарё – дарёи Сир ва дарёи Ому – яъне Мовароунахр буд.

  1. Масъалаи чидди – масъалаи забони ягона – яъне бо забони форсии точики бурдани корхои садорати давлати буд, то ин ки, афкори халкро ба суи худ бикашанд. Устод Айни гуфта буданд: «Аммо точикхо халки мадании ин сарзамин ва халки шучои ватандуст буданд…забони хешро пеш бурда… (онхо максад гузоштанд, ки – И. У.) як забони адаби умумии чахоншумул ба вучуд оранд, маданияти худро аз аввала хам баланд бардоранд».
  2. Тархрези намудани структураи хукукии давлатдори аст. Дар ин чода кори хеле чиддиро ба сомон расониданд. Садорати давлатдориро аз 13-14 девон ва пас аз бунёди Давлати Сомониён (дар ахди Исмоили Сомони) ба 10 (дах) девони окилона карор доданд, ки он тамоми зухуроти чамъиятиро –аз хуртаринаш (бозор) то калонтаринаш (яъне назорати хукукии давлати)дар бар мегирифт.
  3. Масъалаи чиддитарин – ин масъалаи идеология буд. Ин масъала дар байни равшанфикрони он замон бахсхои доманадорро ба вучуд оварда буд. Дар хали ин масъала равшанфикрон аз мусаннифоти Имом ал-Бухори, ки барояшон чун обу хаво лозим буд, васеъ истифода намуданд. Аз руи консепсияи Имом ал-Бухори дини ислом пурра ба пояи илми гузошта шуд.

Хонандаи хушманд! Аз руи инсоф андеша бинмо, ин чиз, ё ин кашфиёт, на факат дини исломро ба арсаи чахони баровард, на факат Давлати Сомониёнро давлати бузурги чахони гардонид, балки обруву эътибор ва таъсири дигар динхои машхури чахониро суст кард. Ин идея ба ахли ислом имконият дод, ки акнун ба осони дини исломро ба мамлакатхои дигар, аз кабили Испания пахн кунанд. Хол он ки  дар ин замон дар Аврупо, дар байни насрониён чудоиандози  ба вучуд омада, нишонахои тамаддунро хам аз байн мебурданд.

Хулоса, Сомониён давлате бунёд намуданд, на факат халкро ба рохи дурусту  окилона хидоят карда тавонистанд, балки тамоми илмхоро таракки дод, ахли исломро ба маърифатчуи ва офариниш даъват намуда бо рохи прогрессиви ба манфиати халку давлат хизмат карданро ба анъана даровард. Дар замони Сомониён маърифатчуи ба дарачае расид, ки дар хамаи масчидхо китобхонахо бунёд намуда, китобдустиву китобхониро ба расмият дароварданд, ки ин усул дар таърих на кабл аз ахди Сомониён ва на баъд аз замони Сомониён, то имруз дар ягон кораи чахон ё ягон давлати дигар дида нашудааст. Як мисол чолиби дикат аст: Чун Сомониён ас-Сохибро ба вазифаи вазири таклиф карданд у ин таклифро факат барои он рад кард, ки барои китобхояшро ба пойтахт кучонидан вакти бисёре сарф мешавад.

Сомониён на факат Шаркро аз хоб бедор карда тавонистанд, балки ба ислом такия карда тамаддуни волоро ба вучуд оварданд, ки ин тамаддун бо номи «Тамаддуни исломи» дар тамоми дунё шухрат ёфт ва ба кавли олимони аврупои на факат Шаркро, балки «Аврупои масехиро аз холати вахшоният ва чахолат рахо намуд» (Густав Лубун).

Ин тамаддун пас аз шикасти Сомониён хам расо як аср арзи вучуд кард.

Ислом ва ояндаи он     

Аз тамоми динхои чахони Ислом дини доманадор ва тезпахншаванда аст, аз ин ру, таъсираш хеле калон аст. Ин далелро кариб хамаи мухакикони аврупоии ислом хам тасдик мекунанд. Дар ин дин, нисбат ба хамаи динхои дигар, хусусияти гараждани – сиёси ва ахлоки афзалият дорад, дар динхои дигар бошад унсурхои  ахлоки – рухони бештар салобат доранд. Шариат ё хукуки исломи, кодекси конунхои худро дорад, нормахои хукукиро дорад, ки тарафхои гуногуни хаёти заминии мусалмонро ба тартиб меоварад. Шариат хамаашро дар бар магирад; шахси мусалмон дар адои намоз, дар кор, дар чамъият, дар оила, дар муносибат бо хешу табор ва гайра худро бояд чигуна нигох дорад, чи хел   бошад муайян кардааст.

Ислом хамчун дин, бо хусусиятхои граждани – сиёсии худ ба чахонбинии ахли мусалмон сахт чойгир шудааст, ки ин чахонбиниро дигар кардан имконнопазир аст. Хусусан хозир шумораи мусалмонон ба якуним миллиард одам дакка мезанад. Масалан соли 1945 дар Сайёра хамаги 365 млн. одам мусалмон буд, соли 1964 ба 450 млн. одам, соли 1973 ба 600 млн. одам, соли 1978 ба 907 млн. одам ав  осли 1986 ба  1 млрд. 155 хазор одам расид. Вале мо дар Мурочиатномаи худ ба тамоми мусалмонон ва ахли илми Осиёи Маркази, Казокистон, Кавкоз ва Русия тагир бодани ин чахонбиниро гузоштем. Ин чи маъни дорад?! Дар ин мурочиатнома сухан на дар бораи даст кашидан аз  чахонбинии Ислом, балки дар бораи дар тули 900 сол коста шудани дини ислом меравад, ки вай ба мисли пешина мувофики акидаи Мухаммад (с) ё аниктараш консепсияи Имоми Аъзам бояд дар пояи илми  гузошта шавад.

Аз байн рафтани Давлати Сомониён на факат мавкеи сиёсии Осиёи Миёнаро  аз даст дод ва ба катаклизм рох кушод,  балки дар тамоми мамолики Шарки мусалмони хам карахти ба вучуд омада, сабаби тагир ёфтани чахонбинии дини ислом гардид.

Барои он ки мо ба мохияти ин  масъала  сарфахм рафта тавонем, сабабхои коста гардидани дини исломро бидонем, мо хамчун мухаккик бояд жарфтар андеша биронем ва ду каноти асосии дини исломро, ки аз тарафи Мухаммад (с) асос гузошта шудааст, бояд эътироф бикунем. Мутобики суннати Ислом илм  аз ду кисми чудонашаванда иборат аст, ки мо дар китоби «Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир» онро бо чадвал нишон дода, хамчун ду канот ба хонанда муаррифи кардем:

  1. «Дониши инсони – ин дониши дунявии инсон аст, ки одди ё як андоза инкишофёфта мебошад».
  2. «Дониши илохи – ин дониши дини буда инкишофи олии дониш аст, ки ба инсон дастнорас намебошад».

(Барои он ки рочеъ ба дониши илохи чизе нагуфтем, мо аз хонанда узр мехохем зеро ин масъаларо Ибни Сино хеле окилона ва муфассал кушодааст).

Инак ба таври кутох посух медихем: ба ду каноти дини ислом бори аввал мутафаккирони Мовароуннахр хусусан Сайиди Бухоро дар замони хилофати араб сарфахм рафта буданд. Баъд дар тули хазор сол хеч кадом аз мухаккикон ва хеч кадом аз теологхои бузурги исломи ба ин канотхо даст назаданд. Бо вучди он ки ба шарофати эшон дар ин ду каноти ислом бурдборихо дида мешуданд. Ягона шахсе, ки ба каноти рости ислом сарфахм рафта тавонист – ин мутафаккири нимаи дуюми асри ÕÕ Муртазо Мутаххари буд. Вале у хам бо вучуди каноти рости исломро ин кадар бо махорати баланд бикшояд, вазифаи хешро хамчун дахои инсоният ба субут бирасонад, ба илми табиатшиноси омада карор гирифт. Шояд агар котилон ин шахси бузургро шахид намекарданд, у масъалаи илмро ба субут расонида кори моро осон мегардонид ё акидаи у хамаги аз хамин иборат буду бас?! Хар чи хам бошад айём авкоти моро имруз пухтааст. Факат вазифаи мо он аст, ки  ба чахолат рох надихем, аз куфр пархез намоем, каноти рости исломро сахехтар – чунон ки Сайиди Бухоро дар вакташ мувофики замони худ тадбик намуда буд, чори бикунем.

Агар сухан дар бораи каноти чапи ислом равад, гарчанде хеч кас онро ба колбад надароварда бошад хам, ин кори басо бузурги таърихи дар тули асрхо ба сомон расонида шудааст (хусусан шайх Саъди) ва дар авохири асри Õ²Õ хеч кас ба мисли Мухаммад Икбол матолиби кобили кабул дода натавонистааст.

Баъзе аз хонандагон вакте, ки гуфтахои болоро мутолиа мекунанд, хоху нохох ба гуфтахои мо рочеъ ба мафхуми «илм» дар ислом ва умуман муносибати ислом ба илми табиатшиноси ё муносибати илми табиатшиноси ба дин рози нахоханд шуд. Аз ин лихоз мо  эшонро хушдор мекунем, ки дар илми табиатшиноси аз солхои 1965 сар карда, кашфиётхои бисёр чидди ба вукуъ пайвастанд, ки ба маънои томи ин калима инкилоби буданд. Аммо сади касногузари идеологияи комунисти ба убур намудани хакикат мутлако рох намедод, ки олимон, файласуфхо ва ахли дин аз хакикат огох гарданд.

Назарияи абадияти Олам, назарияи абадияти Вакту Фазо, материя, назарияи эволютсионии аз як навъи хайвонот ё наботот пайдо шудани навъхои  дигар, назарияи аз олами хайвонот бадар шудани одам ва гайраву гайрахо мутлако беасос, ботил, гайри илми ва бардуруг баромаданд.

Аз ин лихоз китоби банда «Пайдоиши Олам ва Одам – аз назари илми муосир» далели раднопазири ин хакикат аст.

      Иброхим Умарзода

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …