Главная / Чамъият / ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН – КОНУНИ ЧТ

ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН – КОНУНИ ЧТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАХСИЛОТ КАЛОНСОЛОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 17; Конуни ЧТ аз 02.01.2018 с., №1486)

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятии вобаста ба низом ва идоракунии тахсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методи ва кадри, инчунин фаъолияти молиявию хочагидори ва заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолонро танзим менамояд. 

maktabi-kalonsolon

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

– андрагогика – сохаи илм, фанни таълими, ки хусусият, шакл ва усулхои тахсилоти калонсолонро муайян мекунад;

– андрагог – мутахассиси дорои мачмуи дониш, малака ва махорати махсус, ки калонсолонро бо назардошти хусусиятхои хоси таълими ва синнусолии онхо меомузонад;

– валидатсия – эътирофи салохияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи тахсилоти гайрирасми ва гайриасоси, новобаста ба вакт ва чойи ба даст овардани онхо ва аз руи натичахо додани хуччати намунаи давлати (шаходатнома);

– курс – шакли тахсилоти иловаги, ки тибки он дар доираи барномахои муайянгардида шунавандагон дониш, малака, махорат ва салохияти касбии муайянро ба даст меоранд;

– муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон – муассисахои таълимии давлати ва гайридавлати, ки фаъолияти онхо ба ташаккули дониш, малака, кобилият, махорат ва касбомузии калонсолон равона гардидаанд;

– низоми тахсилоти муттасил – низоми муассисахои таълимии расми, гайрирасми ва гайриасоси якчоя бо шаклхои гуногуни фаъолияти худомузи, ки барои шахсони синну соли гуногун дар тули хаёти онхо гирифтани тахсилотро таъмин менамояд;

– салохияти касби – кобилияти ба кор бурдани дониш, малака ва махорат, амали бомуваффакиятона дар асоси тачриба  хангомихалли вазифахои умуми ё сохаи муайян;

– тахсилот дар тули хаёт – тахсил, мукаммал гардонидани донишу чахонбини, малака, махорат ва салохияти касби аз чониби шахс дар тамоми умр;

– тахсилоти калонсолон – мачмуи равандхои тахсилот, ки бо кумаки он калонсолон салохияти касби, кобилият ва дониши худро инкишоф дода, дарачаи тахассуси касби ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро барои конеъ гардонидани талаботи  худ ва чомеа интихоб менамоянд;

– тахсилоти расмии калонсолон – раванди муттасили таълим, ба даст овардани салохияти касбии таълимгирандаи калонсол дар муассисахои таълимии аз кайди давлати гузашта;

– тахсилоти гайрирасми – раванди таълимии берун аз муассисаи таълимии тахсилоти расмичараёнгиранда, ки додани хуччати намунаи давлатиро дар назар надошта, бо неруи зарури  ба шароитхои гуногуни фазои ва вакт фавран мутобик шудан, дархостхои таълимгирандагони синну соли гуногун, руовари ба талаботи  умуми ва шахсии онхо бо максади мутобик шудан ба шароитхои тагйирёбандаи хаёт, инчунин худинкишофии эчоди;

– тахсилоти гайриасоси – азхудкунии номуташаккил ва хусусияти максаднок надоштаи тачрибаи ичтимои-фарханги, ки дар  фаъолиятихаётии хамарузаи шахс амали мегардад ва аз хусусияти асосии раванди ба таври дидактики (шакл ва усулхои таълим) ташкилшуда (дар оила, кор, иттиходияхои гайрирасми ва гуруххои ичтимои)  махрум аст;

– таълимгиранда – хонанда, донишчу, шунаванда, коромуз ва шогирд;

– таълимгирандаи калонсол – шахси болиги кобили амали аз чихати чисмони, равони, ичтимои ва маънави инкишофёфта, ки дорои мустакилияти иктисоди  буда, ба рафтораш худ эхсоси масъулият дорад;

– худомузи – ба даст овардани дониш, малака, махорат ва салохият бо рохи машгулиятхои мустакилона бе кумаки омузгор.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти калонсолон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи тахсилоти калонсолон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Максади тахсилоти калонсолон

  1. Тахсилоти калонсолон бо максади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салохияти касби, тахкими неруи эчоди ва конеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва махорат, мутобикшави ба вазъи имруза, мехнати касби, инкишофи маънави ва такомули шахси ташкил карда мешавад.
  2. Тахсилоти калонсолон мусоидат менамояд ба:

– инкишофи кобилияти мустакилона, дар гурух ё дар шароити таълимоти муташаккил дар муассисахои таълимии барои ин максад махсус таъсисдодашуда ба даст овардани дониш ва салохияти нав, ки ба инкишофи хаматарафаи шахсият мусоидат мекунад;

– таъмини бошуурона ва самаранок дохилшавии шахс ба мехнат бо рохи пешниходи тахсилоти касби-техники, инчунин инкишофи кобилияти мустакилона ё дар гурух офаридани неъматхои нави модди ва арзишхои нави ботини ё эстетики.

Моддаи 4. Вазифахои асосии тахсилоти калонсолон

Вазифахои асосии тахсилоти калонсолон инхо мебошанд:

– васеъ намудани имконияти интихоб ва конеъ гардонидани талаботи калонсолон ба тахсилот ва таъмини сифати хизматрасонии таълими;

– фарохам овардани шароит барои инкишофи шахс ва васеъ намудани иштироки калонсолон дар раванди тахсил;

– конеъ гардондани талаботи калонсолон дар интихоб ва омузиши касб, малака, махорат, такмили ихтисос, иваз намудани касб ва ба даст овардани салохияти касби, ки барои фаъолияти бомуваффакияти мехнати зарур мебошанд;

– фарохам овардани шароит барои эътирофи салохият, дониш, малака ва махорати калонсолон новобаста ба вакт ва чойи ба даст овардани онхо;

– таъмини калонсолон бо салохияти касбии барои фаъолияти самаранок зарур;

– мусоидат ба таълимгирандаи калонсол дар мутобикшавии ичтимои, ки фаъолияти самаранокро дар чомеа таъмин менамояд;

– гани гардондани дониш, малака ва махорати барои калонсол мухим, ки ба шахси калонсол барои конеъ гардондани талаботи таълими зарур мебошад;

– конеъ гардондани талаботи чомеа бо кадрхо;

– рушди тахсилоти калонсолон хамчун низоми ягонаи таъминкунандаи кафолати хукуки хар як шахс ба тахсилоти муттасил;

– фарохам овардани шароит барои хамгироии минбаъдаи Чумхурии Точикистон ба чомеаи байналмилали дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– мухайё сохтани шароит ва имконият барои тахсилоти иловагии калонсолон;

– рушди кобилияти хондани мустакилона ва дигаронро омузондан.

Моддаи 5. Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон

Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон инхоянд:

– эътирофи хукук ба тахсилот дар тули хаёт;

– дастрас ва ихтиёри будани гирифтани тахсилот;

– муттасили ва пайдархамии тахсилоти калонсолон;

– бахисобгирии хусусият ва талаботи таълимии гуруххои гуногуни калонсолон;

– хамкори ва шарикии макомоти давлати, ташкилотхои гайридавлати ва чамъияти;

– дастгирии давлатии сохаи тахсилоти калонсолон;

– мусоидат барои гирифтан ва идома додани тахсилот ба шахсоне, ки ба хифзи ичтимоии махсус эхтиёч доранд.

Моддаи 6. Хукуки калонсолон ба тахсил

  1. Шахрвандони калонсоли Чумхурии Точикистон, новобаста ба миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои ва молумулки хукук ба гирифтани тахсилро доранд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди калонсол бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук ба гирифтани тахсилро доранд.
  3. Хукукхои шахрвандони калонсол ба тахсил инхо мебошанд:

– дастрасии баробар ба тахсилот дар тули хаёт;

– конеъ гардондани талаботи гуногуни шахси ба дониш, малака ва махорат;

– гани гардондани донишу малака, ки барои иштироки самаранок дар шаклхои гуногуни фаъолияти ичтимои зарур мебошанд;

– интихоби озоди самти омузиш ва муассисаи таълими;

– рухсатии пардохтнашаванда бо нигох доштани чойи кор дар давраи тахсил;

– хизматрасонии таълимии баробар ба шароити таълимгирандагони муассисахои таълимии расми.

  1. Калонсолоне, ки бо карори суд хукукхои онхо махдуд карда шудаанд, аз хукук ба тахсил махрум шуда наметавонанд. Танхо тарзи татбики он метавонад тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд карда шавад.

Моддаи 7. Забони тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

Тахсил дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон мутобики Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи забони давлатии Чумхурии Точикистон» амаликарда  мешавад.

БОБИ 2. НИЗОМИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 8. Низоми тахсилоти калонсолон

Низоми тахсилоти калонсолон аз сохторхои зерин иборат мебошад:

– стандартхои давлатии тахсилот;

– таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби;

– муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон;

– барномахои таълими;

– шакл ва меъёри гирифтани тахсилот;

– субъектхои раванди таълим ва тарбия дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– макомоти идоракунии тахсилоти калонсолон.

Моддаи 9. Стандартхои давлатии тахсилоти калонсолон, таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби ва барномахои таълими

  1. Тахсилоти калонсолон дар асоси стандартхои давлатии тахсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби, консепсия, стратегия, барномахои давлатии тахсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон ба рох монда мешавад.
  2. Барномахои таълимии тахсилоти калонсолон аз руи шакл ба барномахои таълимии тахсилоти умуми, иловаги ва касби таксим шуда:

– барои ба даст овардани татбики стандартхои давлатии тахсилоти, баландбардории омодагии касби ва тахсилоти таълимгирандагон, омодагии босифати онхо хамчун корманд ва мутахассисон равона гардидаанд;

– мундаричаи тахсилоти калонсолонро муайян мекунанд;

– аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф  тасдик карда мешаванд.

  1. Барномахои таълими барои тахсилоти расмии калонсолон дар асоси дастовардхои андрагогика мувофики стандартхои давлатии тахсилот тахия карда мешаванд.
  2. Ичрои стандартхои дахлдори давлатии тахсилот ва барномахои таълими дар муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон хатми мебошад.
  3. Барои санчиши технологияхои нави таълими ва чори намудани мундаричаи нави таълим, ташкили раванди таълим бо назардошти талаботи махсуси калонсолон (камсаводон, маъюбон ва дигар гурухи калонсолон) дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон барномахои таълимии махсус тахия карда мешаванд.
  4. Назорати татбики стандартхои давлатии тахсилот дар муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон ба зиммаи макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф вогузор карда мешавад.

Моддаи 10. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Тартиби таъсис, азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бо конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон бо назардошти талаботи ичтимоиву иктисоди, милли, фархангиву таълимии калонсолон дар сурати вучуд доштани заминаи зарури таъсис дода мешаванд.

Моддаи 11. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ва намудхои он

  1. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон дар Чумхурии Точикистон дар шакли давлати, гайридавлати, муштарак ва байналмилали фаъолият менамоянд.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон шахси хукуки ба хисоб рафта, фаъолияти худро дар шаклхои зерин амали месозанд:

– таълими-истехсоли;

– марказхои таълимии калонсолони макомоти давлатии шугли ахоли;

– марказхои таълимии ичтимои-сохибкори, аз чумла корхонахои фаръи;

– марказхои таълимии назди корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо;

– марказхои таълими-истехсоли;

– курсхои кутохмуддати таълими;

– муассисахои бозомузии ахоли;

– муассисахои такмил, баландбардории ихтисос ва бозомузии кормандон.

  1. Тахсилоти калонсолон метавонад тавассути иштироки калонсолон дар семинархои омузиши, гирифтани таълим аз омузгорони алохида, шогирди ва омузиш дар истехсолот, худомузи амали шавад.
  2. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон фаъолияти худро метавонанд дар доираи фармоиши давлати ройгон ва илова бар фармоиши давлати мувофики шартнома пулаки амали созанд.
  3. Намудхои муассисахои таълими барои калонсолон мувофики сатх ва самти аз чониби онхо татбикшавандаи барномахои таълими муайян карда мешаванд.
  4. Тахсилоти калонсолон аз руи барномахои асоси ва иловагии таълими, барномахои асосии таълимоти касби амали карда мешавад.
  5. Барои азхудкунии барномахои иловагии таълими калонсолон бе пешниходи талабот ба сатхи тахсилот рох дода мешаванд, агар барои татбики ин барномахои таълими шартхои дигар пешбини нашуда бошанд.
  6. Тахсилоти калонсолон дар доираи тахсилоти умуми, тахсилоти касби, тахсилоти иловаги, худомузи ва тахсилоти касби, ки имконияти татбики хукук ба тахсилотро таъмин менамоянд, ба рох монда мешавад.
  7. Дар Чумхурии Точикистон намудхои зерини муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон фаъолият менамоянд:

– тахсилоти миёнаи умуми ва марказхои таълими;

– тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби;

– тахсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълими (донишкадахои такмили ихтисос, академияи тахсилоти баъдидипломи);

– тахсилоти иловаги;

– муассисаву ташкилотхои дигаре, ки раванди таълими калонсолонро амали менамоянд.

Моддаи 12. Муассиси (Муассисони) муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Муассиси (Муассисони) муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон инхо шуда метавонанд:

– макомоти марказии хокимияти давлати;

– макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати;

– шахсони вокеи ва хукуки;

– иттиходияхои (ассотсиатсияхои, иттифокхои) муассисахои таълими;

– шахсони вокеи ва хукукии хоричи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Муносибатхои байни муассис (муассисон) ва муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бо конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд.

Моддаи 13. Оинномаи муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Оинномаи муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон тахия мешавад ва маълумоти зеринро дар бар мегирад:

– дар бораи ном, маком ва чойгиршавии муассисаи таълими;

– дар бораи муассис (муассисон);

– дар бораи санаи таъсис;

– дар бораи шакли ташкилию хукуки;

– дар бораи филиалхо, намояндагихо ва зерсохторхои дигар;

– дар бораи максади раванди таълим ва тарбия, намуд ва шакли барномахои таълимии чоришаванда;

– тавсифи асосии ташкили раванди таълим, аз чумла забони таълим, тартиби хорич намудани таълимгиранда, мухлати таълим, речаи кори муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон, тартиби дохилии фаъолияти муассиса, хамчунин дар бораи расонидани хизматрасонии пулаки ва тартиби пешниходи онхо;

– дар бораи тартиби ташкили муносибатхои байни муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ва таълимгирандагон;

– фаъолияти молияви ва хочагидории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон, аз чумла тартиби ташаккул ва истифодаи моликият, сарчашмаи маблаггузори ва таъмини моддиву техники, шаклхои фаъолияти сохибкори ва хизматрасонии пулаки;

– тартиби идоракунии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон, аз чумла салохияти муассис (муассисон), тартиби ворид намудани тагйиру иловахо ба оинномаи муассиса, тартиби азнавташкилдихи ва бархамдихии муассисаи таълими;

– хукуку ухдадорихои иштирокчиёни раванди таълим ва тарбия;

– дигар маълумотеро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар намудааст.  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1486)

  1. Оинномаи муассисаи таълимии тахсилоти калонсолонро муассис (муассисон) тахия ва тасдик мекунад ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон бакайдгирии давлатии муассисаи мазкурро таъмин менамояд. (КЧТ аз 02.01.18 с., №1486)

БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН 

Моддаи 14. Идоракунии тахсилоти калонсолон

  1. Идоракунии тахсилоти калонсолон аз чониби макомоти марказии хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон ва маъмурияти муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон амали карда мешаванд.
  2. Идоракунии тахсилоти калонсолон ба таъмини ичрои барномахои давлати оид ба рушди тахсилоти калонсолон, риояи стандартхои давлатии тахсилот, татбик ва рушди сохаи тахсилоти калонсолон мувофики талаботи иктисодиёти бозор ва равандхои ичтимои дар чомеа равона мегардад.

(кисми 3 хорич карда шуд бо КЧТ аз 02.01.18 с., №1486)

Моддаи 15. Салохият ва ваколатхои макомоти давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон

  1. Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти калонсолон дохил мешавад:

– тасдики стандартхои давлатии тахсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби, консепсия, стратегия ва барномахои давлатии тахсилоти калонсолон ва низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон;

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– таъсиси муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Точикистон»;

– муайян намудани меъёри таъминоти молиявии тахсилоти калонсолон ва кафолатхои ичтимои ба кормандони сохаи тахсилоти калонсолон, таълимгирандагони муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон;

– муайян намудани расмиёти валидатсия;

– амали намудани салохияти дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон дохил мешаванд:

– амали  намудани сиёсати давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– рохбарии умумии сохаи тахсилоти калонсолон;

– муайян намудани самтхои афзалиятноки рушди тахсилоти калонсолон;

– тасдик намудани шакли хуччати намунаи давлати дар бораи тахсилоти калонсолон;

– татбик намудани хамкории байналмилали дар сохаи тахсилоти калонсолон;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

  1. Ичозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимии муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  2. Ба ваколатхои вазорату идорахое, ки дар сохтори худ муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон доранд, мансубанд:

– таъмини раванди тахсилоти касбии калонсолон мувофики талаботи низомномаи намунавии муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон, стандартхои давлатии тахсилот, таснифоти самт, равия ва ихтисосхои тахсилоти касби, накша ва барномахои таълимии калонсолон;

– ташкил ва гузаронидани такмили ихтисос, бозомузи, тахсилоти иловаги, иштирок дар гузаронидани аттестатсияи кормандони сохаи омузгории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон;

– рохбари ва назорати умумии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ва маблаггузории онхо;

– иштирок дар раванди назорат, аттестатсияи давлати ва аккредитатсияи муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ва бархамдихии онхо бо тартиби мукарраргардида;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории  Чумхурии Точикистон.

  1. Ба ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон мансубанд:

– мусоидат дар ташкили муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон;

– маблаггузории муассисахои таълимии давлатии тахсилоти калонсолон, мустахкам намудани заминаи моддиву техникии онхо дар доираи меъёрхои мукарраргардида;

– таъмини хифзи ичтимоии таълимгирандагон ва кормандони сохаи тахсилоти калонсолон;

– расонидани кумаки молияви ба муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон;

– амали намудани ваколатхои дигар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 16. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Назорати давлатии фаъолияти муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон бо максади татбики сиёсати ягона дар сохаи тахсилоти калонсолон ва таъмини сифати тахсилот аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи маориф ва тахсилоти калонсолон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар тобеияти онхо муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон карор доранд, амали мешавад.
  2. Назорати давлати дар сохаи тахсилоти расмии калонсолон бо усулхои зерин амали карда мешавад:

– ичозатномадихи;

– аттестатсияи давлати;

– бахогузории фаъолияти муассисахои таълими;

– назорати риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи тахсилоти калонсолон.

Моддаи 17. Хисоботи омори ва маълумот дар бораи тахсилоти калонсолон

  1. Тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои бахогузории холат ва тамоюли рушд дар сохаи тахсилоти калонсолон хисоботи давлатии омори мукаррар карда мешавад.
  2. Шахсони хукуки новобаста аз шакли ташкилию хукуки, ки бо тахсилоти калонсолон машгуланд, ухдадоранд дар мухлати мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хисоботхои омориро пешниход намоянд.
  3. Макомоти ваколатдори давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон нашри маълумоти омори ва маводи дигарро оид ба холати тахсилоти калонсолон таъмин менамояд.

БОБИ 4. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ, ТАЪМИНОТИ ИЛМИВУ МЕТОДИ ВА КАДРИИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН 

Моддаи 18. Самтхои асосии тахсилоти калонсолон

Тахсилоти калонсолон аз руи самтхои зерин амали мешавад:

– касби, ки аз чониби калонсолон ба даст овардани ихтисос, касб, тахассус, дониш, махорат ва малака, азхудкунии техникаи муосир ва омодагии техникиро ба фаъолияти мехнати таъмин менамояд;

– ба даст овардани салохияти касби, ки рушди кобилият, бадастори ва такмили малакахои амаливу махорати калонсолон, азхудкунии донишро аз руи касбхои асоси таъмин менамояд;

– баланд бардоштан ва такмили ихтисос, ки ба баландбардори, такмили дониш, малака ва махорати касби мусоидат мекунад;

– бозомузии  кадрхо, ки барои бо кор таъмин намудани шахрвандон дар асоси донишу салохияти бадастовардашуда аз руи касбхои доштаашон мусоидат мекунад;

– такмил ва бозомузии касбии шахрвандони бекор;

– тахсилоти иловагии калонсолон, ки гирифтани дониш ва салохиятро илова бар тахсилоти асоси ва махсус пешбини менамояд;

– самтхои дигари  тахсил бо назардошти талаботи калонсолон.

Моддаи 19. Шаклхои ташкили тахсилоти калонсолон

  1. Тахсилоти калонсолон дар доираи низоми тахсилоти муттасил тахсилоти расми, гайрирасми ва гайриасосии бо амалия ва назария асос ёфтаро фаро мегирад.
  2. Тахсилоти калонсолон ба таври алохида, мувофики шавку рагбат, майлу хавас, бо назардошти сатхи тахсилот, тахассус, собикаи кори, синну сол, вазъи саломати дар шаклхои гуногуни ташкили, аз кабили машгулият, дарс, лексия, машгулияти алохида, конфронс, семинар, хониш, саёхат, корхои амали дар озмоишгоххо ва устохонахо, дар корхонахои кишоварзи ва саноати ва дар шаклхои гуногуни бо накшаи таълимии муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон пешбинишуда ташкил карда мешавад.
  3. Шумораи таълимгирандагон дар гуруххо вобаста ба самт ва имконияти раванди таълим, инчунин тартиби ташкили раванди таълими алохида ё гурухи дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон аз чониби муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон муайян карда мешаванд.
  4. Муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба хатмкунандагони худ аз руи натичаи тахсилоти касби хуччати намунаи давлати медиханд.
  5. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон метавонанд тахсилоти фосилави ва расмиёти валидатсияро амали намоянд. Тартиби амалисози ва расмиёти эътирофи салохияти калонсолон ва валидатсияро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 20. Асосхои илми ва таъминоти илмии сохаи тахсилоти калонсолон 

  1. Сохаи тахсилоти калонсолон дар Чумхурии Точикистон дар асоси дастовардхои андрагогика, илму техникаи муосир, фарханг, анъанахои милли ва арзишхои умумибашари ташкил карда мешавад.
  2. Макоми ваколатдори давлати дар сохаи тахсилоти калонсолон дар хамкори бо Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, Академияи тахсилоти Точикистон, дигар академияхои сохави ва муассисахои илмию тахкикоти дастовардхои илми, техники, технологи, инноватсиони ва фархангиро дар муассисахои таълими чори менамоянд.
  3. Таъминоти илмии сохаи тахсилоти калонсолонро Академияи тахсилоти Точикистон, муассисахои таълимии тахсилоти олии касби, пажухишгоххои илмию тахкикотии сохави, донишкадахои такмили ихтисос, дигар муассисахои илмию методи дар хамкори бо иттиходияхои эчоди ва ташкилотхои дахлдор амали менамоянд.

Моддаи 21. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омузгорон дар сохаи тахсилоти калонсолон 

  1. Тайёр намудан ва такмили ихтисоси мутахассисон ва омузгорони сохаи тахсилоти калонсолон дар сохтори муассисахое ба рох монда мешаванд, ки барномахои таълимии тахсилоти олии касбиро амали менамоянд.
  2. Фаъолияти мутахассис дар сохаи тахсилоти калонсолон аз таълимдихи, маслихатдихи, расонидани кумаки ичтимои ва ичрои вазифахои ташкиливу идоракуни дар сохаи тахсилоти калонсолон иборат аст. Сохахои фаъолияти мутахассис инхоанд:

– омузгори;

– илмиву методи;

– фархангиву маърифати;

– тадкикоти;

– идоракуни.

  1. Мутахассис дар сохаи тахсилоти калонсолон, ки аз омодагии касби гузаштааст, метавонад ба сифати омузгори фанни андрагогика, омузгор дар муассиса, ташкилот ва корхонахои сохахои гуногун ба сифати мушовир, коршинос, корманди илми ва корманди ичтимои фаъолият намояд.
  2. Шахсоне, ки тахсилоти ибтидои, миёна ё олии касби ва махорати зарурии касби дар сохаи андрагогика ва педагогика доранд, метавонанд дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ба фаъолияти омузгори машгул шаванд.
  3. Мутахассисон ва омузгорони муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон тибки тартиби мукарраргардида аз аттестатсия мегузаранд. Аз руи натичахои аттестатсия сатхи тахассуси касбии онхо муайян карда мешавад.
  4. Пурра намудани хайати кормандони сохаи тахсилоти калонсолон аз чониби муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ба танзим дароварда мешавад. Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ухдадоранд, ки барои кормандони нав таълими асосхои андрагогикаро ба рох монанд.
  5. Давлат барои такмили ихтисоси мутахассисон ва омузгорон дар сохаи тахсилоти калонсолон бо рохи чори намудани барномахои андрагогика дар муассисахои таълимии тахсилоти олии касби мусоидат менамояд.
  6. Барои рушд ва такмили таъминоти илмиву методии тахсилоти калонсолон иттиходияхои таълимиву методи ва иттиходияхои дигар таъсис дода шуда метавонанд.
  7. Такмили ихтисоси мутахассисон ва омузгорони муассисахои таълимии гайридавлатии тахсилоти калонсолон на камтар аз як маротиба дар панч сол аз хисоби маблагхои муассис (муассисон) амали карда мешавад.

БОБИ 5. СУБЪЕКТХОИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАХОИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН

 

Моддаи 22. Субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии  тахсилоти калонсолон   

Субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон инхоянд:

– таълимгирандагон;

– таълимгирандагони калонсол;

– кормандони муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон;

– падару модари (шахсони онхоро ивазкунандаи) таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти махдуд;

– намояндагони корхона, муассиса ва ташкилотхои дигар, ки дар амалисозии раванди таълиму тарбия иштирок мекунанд.

Моддаи 23. Макоми таълимгирандаи калонсол

Ба сифати таълимгирандаи калонсол субъектхои фаъолияти таълим, ки дорои кобилияти амал мебошанд ва ба сохаи мехнати музднок чалб гардидаанд, бекорон, маъюбони калонсол, хизматчиёни харбии ба эхтиёт чавобшуда, шахсоне, ки дар чойхои аз озоди махрум адои чазо менамоянд, мухочирон ва таълимгирандагон эътироф карда мешаванд. Ба хайати таълимгирандагони калонсол инчунин шахсоне тааллук доранд, ки бо ягон сабаб макоми корманди маошгирандаро аз даст додаанд.

Моддаи 24. Гуруххои таълимгирандагони калонсол

Муассисахои таълимии тахсилоти расмии калонсолон ва иттиходияхои онхо фаъолиятро бо назардошти манфиатхо ва талаботхои таълимии гуруххои зерини ахолии калонсол ба рох мемонанд:

– кормандони сохаи мехнати касби;

– бекорон;

– шахсоне, ки муваккатан кор намекунанд;

– шахсоне, ки  бо хонакори машгуланд;

– шахсоне, ки ба фаъолияти мехнати фарди машгуланд;

– шахсоне, ки ба сохаи мехнати касби баъди танаффуси дарозмуддат баргаштаанд;

– нафакахурон аз руи вазъи саломати (маъюбон);

– мухочироне, ки аз давлат ва минтакахои дигар баргаштаанд ва ё барои истикомати доими омадаанд;

– шахсоне, ки нияти иваз кардани касб ва ё сохаи машгулиятро доранд ё аллакай онхоро иваз кардаанд.

Моддаи 25. Хайати таълимгирандагони калонсолон ва хукукхои онхо

  1. Ба хайати таълимгирандагони калонсол дохил мешаванд:

– таълимгирандагони коргаре, ки дар муассисахои таълимии тахсилоти умуми шабона ва гоибона  мехонанд;

– таълимгирандагони шуъбахои шабона ва гоибонаи муассисахои таълимии тахсилоти ибтидои, миёна ва олии касби;

– таълимгирандагоне, ки дар чойи кор касб меомузанд (шогирди);

– шунавандагони курсхо ва донишкадахои такмили ихтисос;

– шахсоне, ки азнавтайёркуниро барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар мегузаранд;

– шахсоне, ки касби навро дар шакли гузаштани курсхо ё шакли дигар аз худ мекунанд;

– иштирокчиёни барномахои накшавии тахсил;

– иштирокчиёни барномахои тахсилоти гайрирасмии самтхои гуногун;

– шахсоне, ки ба худомузи машгуланд.

  1. Таълимгирандагони калонсол хукук доранд ба:

– истифодаи адабиёт, маводи дастуруламали, тачхизоти таълими ва воситахои иттилоотиву техники;

– эътирофи расмии тахассус, касб, дониш, салохият, махорату малака, ки бо рохи гайрирасми ва дар асоси тачрибаи фаъолияти касби ба даст оварда шудаанд;

– гамхори, кумак ва мусоидат аз чониби хадамоти ичтимоии дахлдор ба таълимгирандагони калонсоли маъюб ва дорои имконияти махдуд;

– интихоби муассисаи таълими;

– фарохам овардани шароит барои таълим бо назардошти хусусияти инкишофи рухиву чисмони ва вазъи саломати;

– гузаштан ба муассисаи таълимии дигар барои идома додани тахсилот аз руи касб, ихтисос, равия, омодаги ё шакли дигари таълим бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз нав баркарор шудан барои идомаи тахсил дар муассисаи таълимие, ки барномахои таълимии сатхи дахлдорро амали менамояд;

– иштирок дар идоракунии раванди таълими муассисаи таълими;

– шикоят кардан аз болои санадхои муассисахои таълими бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– истифодаи ройгони захирахои китобхона ва захирахои иттилооти, махзани таълими, тачрибави ва илмии муассисаи таълими;

– якчоя бо фаъолияти мехнати гирифтани тахсилот бе зарар барои азхудкунии барномаи таълими, ичрои накшаи инфиродии таълим;

– гирифтани тахсилоти босифат новобаста ба шакл ва намуди ташкили фаъолияти таълими мувофики максад ва вазифахои барномахои татбикшаванда;

– бахогузории объективии дониш, малака ва салохият аз руи фанхои ба барномаи таълими дохил кардашуда ва дастрасии озод ба маълумот оид ба бахогузории  дастовардхои шахси;

– иштироки озод дар машгулиятхое, ки дар накшаи таълими пешбини нашудаанд.

Моддаи 26. Кормандони муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Ба хайати кормандони муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон кормандони сохаи омузгори (мутахассисон, омузгорон, андрагогхо, устохои таълими) ва кормандони дигар, ки ба раванди таълиму тарбия чалб гардидаанд, дохил мешаванд. Кормандони сохаи омузгории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон дорои хукук, имтиёз, кафолати ичтимои, ухдадори, масъулиятхое мебошанд, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои кормандони сохаи омузгори мукаррар карда шудаанд.
  2. Дар сурати ба кор кабул кардани кормандони сохаи омузгори ва рохбари афзалият ба шахсоне дода мешавад, ки дорои тачрибаи кории кофи бо таълимгирандагони калонсол, сертификат дар бораи муваффакона гузаштан аз курси таълими аз руи барномахое, ки дониш, малака, махорат ва салохияти кор бо таълимгирандагони калонсолро медиханд, мебошанд.

Моддаи 27. Хукук, ухдадори ва хифзи ичтимоии субъектхои раванди таълиму тарбия  дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон   

  1. Хукуку ухдадорихои субъектхои раванди таълиму тарбия дар муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бо конунгузории Чумхурии Точикистон, Конуни мазкур, Оинномаи муассиса ва Низомномахои намунавии муассисахои таълимии тахсилоти иловаги ва калонсолон муайян карда мешаванд.
  2. Давлат мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон хукуки таълимгирандагони муассисахои таълимии тахсилоти калонсолонро хифз менамояд ва ташкили тахсили шахрвандон аз оилахои камбизоат, серфарзанд ва маъюбонро таъмин менамояд.
  3. Кормандони сохаи омузгории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон хукук ба имтиёзхое доранд, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон барои омузгорони муассисахои таълимии давлати пешбини шудаанд.

БОБИ 6. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОЧАГИДОРИ ВА ЗАМИНАИ МОДДИЮ ТЕХНИКИИ МУАССИСАХОИ ТАЪЛИМИИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН 

Моддаи 28. Фаъолияти молиявию хочагидории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Муассисахои таълимии давлатии тахсилоти калонсолон аз хисоби маблагхои бучети давлати ва муассисахои таълимии гайридавлатии тахсилоти калонсолон аз хисоби муассис (муассисон) маблаггузори карда мешаванд.
  2. Муассисахои таълимии давлати ва гайридавлатии тахсилоти калонсолон метавонанд инчунин аз хисоби манбаъхои иловагие, ки конунгузории Чумхурии Точикистон манъ накардааст, маблаггузори карда шаванд.
  3. Манбаъхои иловагии маблаггузории муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон инхоянд:

– маблагхое, ки муассисон чудо мекунанд;

– маблагхои корхона, муассиса ва ташкилотхо (илмиву техники, таълими, фаъолияти дигари сохибкори, тичорати);

– грантхои максадноки фондхои давлати, байнидавлати ва дигар намудхои грантхо;

– маблагхое, ки аз гузаронидани чорабинихо ва хизматрасонихои пулаки ба даст оварда мешаванд;

– даромад аз фаъолияти ношири;

– маблагхои сарпарастон, маблаггузорихои хайрияви, тухфахои шахсони вокеи ва хукуки;

– маблагхое, ки муассисаи таълимии тахсилоти калонсолон барои хизматрасонии иловагии таълими, кор, ичрои дархости корхона, муассиса, ташкилотхои дигар ва шахсони вокеи ба даст меоранд, хамчунин фоида аз фуруши махсулоти худи;

– кумакхо.

Моддаи 29. Заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

  1. Ба заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бино, иншоот, воситахои алока, воситахои наклиёт, китъаи замин ва молу мулки дигари манкул ва гайриманкул дохил мешаванд.
  2. Барои пешбурди раванди таълиму тарбия ба муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бино, иншоот ва объектхои дигар бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд.
  3. Талабот ба заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон мувофики меъёрхои дахлдори сохтмони ва моддию техники, коида ва стандартхои сохтмони ва нигохдории муассисахои таълими, накша ва барномахои таълими муайян карда мешаванд.
  4. Хукуки муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон ба истифодаи китъаи замине, ки дар худуди ин муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон карор доранд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.
  5. Молу мулки муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон аз чониби муассис (муассисон) танхо бо максади дар Оиннома пешбини гардида бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон барои рушди муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон истифода шуда метавонанд.
  6. Истифодаи заминаи моддию техникии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бо максади ба манфиатхои раванди таълим мухолиф манъ аст.

Моддаи 30. Фаъолияти пулакии муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон

Муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон метавонанд бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикис­тон хизматрасонии пулакиро амали намоянд.

 

БОБИ 7. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ ДАР СОХАИ ТАХСИЛОТИ КАЛОНСОЛОН 

Моддаи 31. Хамкории байналмилали дар сохаи тахсилоти калонсолон

Макомоти идоракунии тахсилоти калонсолон, муассисахои таълимии тахсилоти калонсолон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикстон хукук доранд, ки дар бораи хамкории байналмилали созишномахо банданд, бо макомоти идоракунии сохаи маориф ва муассисахои таълимии кишвархои хоричи, ташкилот ва фондхои байналмилали робитахои бевосита баркарор намоянд.

БОБИ 8. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ 

Моддаи 32. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 33. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

          Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                    Эмомали Рахмон

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

           №1394

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …