Главная / Гуногун / ТАБИБ ВА АБУАЛИ СИНО

ТАБИБ ВА АБУАЛИ СИНО

Абуали Сино гуреза шуда мегаштааст, чунки подшохи хамон вакта бисьёр золим будааст. Подшох барои дастгир кардани Абуали пули бисьёр ваъда кардааст. Як руз Абуали Сино ба як шахре рафта дидааст, ки як табиб ба руи курпача чорзону шишта, беморонро табобат мекунад. Абуали хам рафта ба як кунчак нишастааст. Табиб беморонро якта-якта дида, ба дардашон дору мегуфтааст. Абуали кори табибро бодиккат тамошо мекардааст. Навбат ба як зан расидааст. Зан аз фаранчи дасташро бароварда, ба табиб дароз кардааст. Табиб раги дасти вайро капида гуфтааст.

         -Чургот хурда будед?

         -Ха, чургот хурда будам, – гуфтааст зан.

         Абуали Сино хайрон шудааст, ки чи хел аз раги даст чургот хурдани занро фахмида тавонист.

         Табиб боз диккат карда истода гуфтааст:

         – Шаби гузашта мургпалав хурда будед-ми?

         -Ха, мургпалав хам хурда будам, – гуфтааст зан.

         Абуали боз хайрон шудааст.

         Табиб боз ба раги дасти зан диккат карда гуфтааст:

         -Дарвозаи хавлиатон ба тарафи офтоббаро нигох мекунад-а?

         -Ха, ба тарафи офтоббаро нигох мекунад, – гуфтааст зан.

         Баъд табиб аз хамон зан пули бисьёре гирифта, дору додаасту бемори дигарро ба пеши худ чег задаст.

shoh Абуали Сино худ ба худ фикр кардааст, ки чургот ва мургпалав хурдани беморро, фарз кардем, аз раги дасташ фахмида тавониста бошад, ба тарафи офтоббаро нигох кардани дарвозаи хавлии вайро аз раги даст чи хел фахмидан мумкин аст? Не, дар ин чо як хилае хаст, ки ман бояд онро бояд фахмам ва то нафахмам, аз ин чо намеравам.

         Табиб баъди дидани бемори дигар ба Абуали  нигох карда гуфтааст:

         – Шумо мархамат кунед.

         – Дарди ман бисьёр вазнин аст, ин беморонро дида гуселонед, манро аз хама сони мебинед, – гуфтааст Абуали Сино.

         Табиб беморонро дида тамом кардаасту хона барои хар ду хилват мондааст.

         Абуали Сино охиста-охиста ба табиб наздик шуда, дар пахлуяш шиштааст. Дар пеши табиб як туккуз китоб будааст. Абуали як китобро гирифта, мобайнашро кушодаасту зуд пушида, ба чояш мондааст ва гуфтааст:

         – Ин китоб «Конун»-ми?

         – Ха, ин китоб «конун» асту шумо Абуали Сино хастед, ки гурехта ба шахри мо омадед, – гуфтааст табиб.

         Абуали Сино боз хайрон шуда мондааст. Табиб ба вай хурмату эхтиром ба чо оварда, мехмондори  кардааст. Баъд Абуали Сино ходисаи ба зани бемор шудагиро аз табиб пурсидааст, ки вай дар чавоб гуфтааст:

         – Дидам, ки остини зан ба чургот олудааст, донистам, ки то ба инчо омаданаш чургот хурда будааст. Вакте ки зан «ха чургот хурда будам» гуфт, аз лафзаш донистам, ки зани яхудии давлатманд аст. Мургпалав хурдани вайро аз он донистам, ки рузи шанбе буд. Дар шаби шанбе яхудиёни давлатманд мургпалав мехуранд. Ба тарафи офтоббаро нигох кардани дари хавлияшро аз он донистам, ки хавлии хамаи онхо дар як кучаи баланд катор мебошаду дарвозаашон ба офтоббаро нигох мекунад.

         Абуали Сино боз пурсидааст:

         – Инхоро фахмидам, аммо аз кучо донистед, ки ман Абуали Сино хастам?

         Табиб  дар чавоб  гуфтааст:

         – Ин китоби «конун» чанд сол боз дар дасти ман аст. Аввалхо ман намедонистам, ки ин китоб «конун» аст. Сониян чанд сол мутолиа карда, на ман аз он чизе фахмидам, на шариконам. Баъд шумо, ки бо як назар кардан «конун» будани онро гуфтед, ман фахмидам, ки ба гайр аз нависандааш каси дигар ин тавр ба осони кадом китоб будани онро гуфта наметавонад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …