Главная / Маданият ва санъат / Шоми дусти – консерт дар Узбекистон барои Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиёев

Шоми дусти – консерт дар Узбекистон барои Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиёев

17 август дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулху вахдати милли — Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон дар Чумхурии Узбекистон Сарони давлатхо мухтарам Эмомали Рахмон ва Шавкат Мирзиёев дар Касри хамоишхои байналмилалии «Узбекистон» дар барномаи фархангии ходимони санъати Точикистон ва Узбекистон тахти унвони «Шоми дусти» иштирок ва суханрони карданд.

mirziyoev

Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатхо огоз гардид.

Президенти Чумхурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев мехмони олимаком ва хайати бонуфузи Точикистонро ба Узбекистон хайрамакдам гуфта, ташрифи онхоро кадами мухиму устувор дар рохи тахкиму тавсеа ва таъмики муносибатхои неки хамчавори арзёби намуданд.

Зимни суханронии худ Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон аз пазироии гарму самими, дустона ва бародаронаи Президенти Чумхурии Узбекистон ва мардуми узбек изхори хушхоли ва сипосу кадрдони карданд.

ВИДЕО

Дар баромади худ Сарони давлатхо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатхои дусти, бародари, хамсояги, хешу табори ва рушду густариши хамкории гуногунчанба ба манфиати мардумони хар ду кишвар андешарони карда, баргузории консерти устодони санъати Точикистону Узбекистонро тахти унвони «Шоми дусти» намунаи бехтарини хамкории фарханги маънидод намуданд.

Консерти тантанавии «Шоми дусти» бо барномаи рангину пурмухтавои ахли фархангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дустии мардумони Точикистону Узбекистон мебошад, хушу хотирмон идома ёфт.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …