Главная / Гуногун / Сирри давлати чист?

Сирри давлати чист?

Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи сирри давлати”

БОБИ I. Коидахои умуми

Моддаи 1. Доираи амали Конуни мазкур

1. Мукаррароти ин Конун барои ичро дар худуди Чумхурии Точикистон ва берун аз он аз тарафи макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, сарфи назар аз макоми ташкилию хукуки ва шакли моликият, шахсони мансабдор ва шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки мувофики макоми худ ба ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати мебошанд ва ё eхдадор шудаанд, хатми аст.

2. Механизми татбики масъалахои алохида, ки дар ин Конун дохил нашудаанд, бо дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 2. Мафхумхои асосии Конун

Дар ин Конун мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

сирри давлати – маълумоти сохаи мудофиа, иктисодиёт, робитахои хоричи, амнияти давлати ва хифзи тартиботи хукуки, ки аз тарафи давлат хифз гардида, пахн кардани онхо ба амнияти Чумхурии Точикистон зарар расонда метавонад. Сирри давлати моликияти Чумхурии Точикистон мебошад;

манбаъхои маълумот, ки дорои сирри давлати мебошанд – аз объектхои модди, аз чумла майдонхои физики иборатанд, ки дар онхо маълумоти дорои сирри давлати дар шакли рамзхо, накшхо, аломатхо, кашфиёт ва равандхои техники инъикос меёбанд;

системаи хифзи сирри давлати – мачмeи макомоти хифзи сирри давлати, воситахо ва усулхое, ки онхоро барои хифзи маълумоти дорои сирри давлати истифода мебаранд ва манбаъхои онхо, хамчунин тадбирхое, ки ба ин максадхо ба амал бароварда мешаванд;

ичозат ба сирри давлати – тартиби ба расмият даровардани хукуки шахрвандон оид ба ичозат доштан ба маълумоти дорои сирри давлати ва дар корхонахо, ташкилоту муассисахо – анчом додани корхо бо истифодаи чунин маълумот;

рухсат ба маълумоти дорои сирри давлати – бо ичозати шахси мансабдори босалохият шинос кардани шахси муайян бо маълумоти дорои сирри давлати;

мeхри махфият – навиштачоте, ки дарачаи махфияти маълумотро шаходат дода, дар худи мавод ё дар рeи манбаи маълумот ва (ё) дар асноди ба он шомил кардашуда гузошта мешавад;

воситахои хифзи иттилоот – воситахои техники, криптографи (хати рамзи), барномави ва воситахои дигар, ки барои хифзи маълумоти дорои сирри давлати таъин шудаанд, воситахое, ки чунин иттилоот дар онхо истифода гардидаанд, хамчунин воситахои назорати самарабахши хифзи иттилоот;

номгeи маълумоте, ки дорои сирри давлати мебошанд – мачмeи дарачахои маълумот, ки мувофики онхо маълумот ба сирри давлати мансуб дониста мешаванд ва дар асос ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон махфи дошта мешаванд;

рухсатнома ба фаъолият бо маълумоти дорои сирри давлати – ба макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо додани хукуки фаъолияти вобаста ба сирри давлати.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки муносибатхои вобаста ба сирри давлатиро танзим мекунанд ва Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Ваколатхои макомоти хокимияти давлати ва шахсони мансабдор дар бобати ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ва хифзи он

1. Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

а) Ваколатхои шахсони мансабдори Дастгохи Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонро чихати таъмини хифзи сирри давлати муайян мекунад;

б) дар доираи салохиятхои худ дигар масъалахои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ва хифзи онро хал менамояд.

2. Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

а) муносибатхои сохаи хифзи сирри давлатиро тавассути конунгузори танзим менамояд;

б) моддахои бучети давлатии Чумхурии Точикистонро дар бобати маблагхое, ки барои татбики барномахои давлати дар сохаи хифзи сирри давлати чудо карда шудаанд, тасдик мекунад;

в) ваколатхои шахсони мансабдори Дастгохи Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистонро чихати таъмини хифзи сирри давлати муайян мекунад;

г) дар доираи салохиятхои худ дигар масъалахои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ва хифзи онро хал менамояд.

3. Президенти Чумхурии Точикистон:

а) барномахоро дар сохаи хифзи сирри давлати тасдик менамояд;

б) мувофики пешниходи Хукумати Чумхурии Точикистон номгeи шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, ки ваколати ба сирри давлати мансуб донистани маълумотро доранд, тасдик мекунад;

в) дар бораи истифода ва хифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлати шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистонро ба имзо мерасонад;

г) ваколатхои шахсони мансабдорро чихати таъмини хифзи сирри давлати дар Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон муайян мекунад;

д) дар доираи салохияти худ дигар масъалахои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ва хифзи онро хал менамояд.

4. Хукумати Чумхурии Точикистон:

а) ичрои Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлати»-ро ташкил мекунад;

б) Низомномаи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, накшаи идора ва сохтори Дастгохи марказии онро тасдик мекунад;

в) ба Президенти Чумхурии Точикистон барои тасдик номгeи шахсони мансабдори макомоти хокимияти давлати, ки барои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ваколат доранд, пешниход мекунад;

г) Дастурамалро оид ба таъмини низоми махфият дар макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои Чумхурии Точикистон тасдик мекунад;

д) тартиби тахияи Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро мукаррар мекунад;

е) тахия ва татбики барномахои давлатиро дар сохаи хифзи сирри давлати ташкил мекунад;

ж) Номгeи маълумоти интишорашон манъро тасдик менамояд;

з) тартиби мансуб донистани макомотхои хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхоро ба дарачахои низоми махсус, фавкулодда мухим ва тахти низом, инчунин номгeи худудхоеро, ки муваккатан барои ташриф овардани шахрвандони хоричи пeшида шудаанд, тасдик менамояд;

и) андоза ва тартиб додани имтиёзотро ба шахрвандоне, ки ба сирри давлати дар асоси доими рох дода шудаанд ва ба кормандони вохидхои сохтории хифзи сирри давлати мукаррар мекунад;

к) созишномахои байнихукумати мебандад, чихати ичрои шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба истифода ва хифзи муштараки маълумоти дорои сирри давлати тадбирхо ба амал мебарорад ва дар хусуси имконияти ба давлатхои дигар вогузор намудани манбаъхои он карорхо кабул мекунад.

5. Вазоратхо, идорахо, дигар макомоти идоракунии давлати, макомоти хокимияти ичроия дар махалхо дар хамкори бо макомоти хифзи сирри давлати, ки дар доираи каламрави дахлдор вокеанд:

а) хифзи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки ба ихтиёри онхо аз тарафи дигар макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо вогузор шудаанд, инчунин маълумоти худашон махфидоштаро таъмин мекунанд;

б) хифзи сирри давлатиро дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои тобеъашон мувофики талаботи санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин мекунанд;

в) дар доираи салохияти худ анчомдихии корхои санчиширо нисбати шахрвандоне, ки маълумоти дорои сирри давлати бояд ичозат дода шаванд, таъмин мекунанд;

г) тадбирхои пешбиникардаи конунгузориро чихати махдуд сохтани хукуки шахрвандон ва додани имтиёз ба шахсоне, ки ба маълумоти дорои сирри давлати рухсат доранд ё доштанд, ба амал мебароранд;

д) ба макомоти хокимияти давлати оид ба такмили системаи хифзи сирри давлати таклифхо пешниход менамоянд.

6. Макомоти хокимияти суди:

а) парвандахои чинои ва гражданиро оид ба вайронкунии конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати барраси мекунанд;

б) химояи судии шахрвандон, макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхоро вобаста ба фаъолияти онхо оид ба хифзи сирри давлати таъмин менамоянд;

в) хангоми баррасии парвандахои мазкур химояи сирри давлатиро таъмин мекунанд;

г) ваколатхои шахсони мансабдорро оид ба таъмини хифзи сирри давлати дар макомоти хокимияти суди муайян мекунанд.

7. Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон макомоти махсуси хокимияти давлати дар сохаи таъмини хифзи сирри давлати дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон мебошад (ба гайр аз тадбирхои оперативии хифзи сирри давлати, ки макомоти дахлдори давлати дар доираи ваколатхои бо конунгузори пешбини шуда, ичро менамояд); дар сохаи ба e боваркардашуда рохбариро амали менамояд; барои холат ва инкишофи он масъул аст. (КЧТ аз 25.03.11с. №690)

Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар доираи бо конунхои Чумхурии Точикистон муайян намуда тахия ва ичрои барномахои давлатиро оид ба масъалахои вобаста ба сирри давлати ба рох мемонад, сиёсати ягонаи давлатиро дар сохаи таъмини хифзи сирри давлати амали менамояд, фаъолияти низоми махфият ва кор кардани инфраструктурахои системаи хифзи сирри давлатиро дар макомоти хокимияти давлати, дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо сарфи назар аз шакли моликият, намояндагихои дипломати ва муассисахои консулии Чумхурии Точикистон, намояндагихои Чумхурии Точикистон дар назди ташкилотхои байналмилали ба хамдигар мутобик мекунад.

БОБИ II. Маълумоте, ки ба сирри давлати мансуб аст

Моддаи 5. Маълумоте, ки метавонад ба сирри давлати мансуб дониста шавад

Маълумоти зерин, ки метавонад мувофики тартиби мукаррарнамудаи ин Конун ба сирри давлати мансуб дониста шавад:

1. Дар сохаи мудофиа:

а) оид ба мундаричаи накшахои стратеги ва оперативи ва дигар хуччатхои идоракунии чанги, тайёр кардан ва гузаронидани амалиёти харби, чойгиронии стратеги ва сафарбарии кeшунхо, хамчунин дигар нишондихандахои мухимтарин, ки ташкил, шумора, чойгиршави, тайёрии чанги ва сафарбари, омодагии чанги ва омодагии дигари харби, аслиха ва таъминоти моддию техникии куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, Кeшунхои сархадии Чумхурии Точикистон ва вохидхои дигари харбии Чумхурии Точикистонро инъикос мекунанд; (КЧТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба самтхои тараккиёти навъхои чудогонаи аслиха ва техникаи харби, микдори онхо, тавсифи тактикию техники, ташкил ва технологияи истехсолот, корхои илмию тадкикоти ва озмоишию конструктори, ки бо ихтирои намунахои нави аслиха ва техникаи харби вобастаанд, хамчунин оид ба корхои дигаре, ки ба манфиати мудофиаи кишвар ба накша гирифта мешаванд ё ичро мегарданд;

в) оид ба кувва ва воситахои мудофиаи граждани, имкониятхои махалхои ахолинишин, минтакахо ва объектхои чудогона чихати хифз, кeчонидан ва дар чойхои гуногун чойгир намудани ахоли, таъмини шароити зисти он ва фаъолияти истехсолии объектхои хочагии халк дар давраи чанг ё дар шароити дигар холатхои фавкулодда;

г) оид ба маълумот ва тавсифи геодези, гравиметри, картографи, гидрографи ва гидрометеорологи, ки барои мудофиаи кишвар ахамият доранд.

2. Дар сохаи иктисодиёт:

а) оид ба накшахои сафарбари ва иктидорхои сафарбарии хочагии халк, захирахо ва хачми таъмини навъхои стратегии ашёи хом ва мавод, хамчунин оид ба чойгиронии захирахои моддии сафарбарии давлати ва андозаи онхо;

б) оид ба истифодаи наклиёт, алока, сохахо ва иншооти дигари инфраструктури ба манфиати таъмини амнияти кишвар;

в) оид ба мундарича, хачм, маблаггузори ва ичрои фармоишхои мудофиавии давлати;

г) оид ба накшхо, андоза ва дигар маълумоти мухими истихроч, истехсол ва фурeши навъхои алохидаи ашёи хом ва махсулоти стратеги;

д) оид ба захирахои давлатии фулузоти киматбахои гурeхи монитари сангхои киматбахо, асьор ва ашёи дигари пуркимат, амалиёти вобаста ба тайёр намудани пули когази ва когазхои киматбахо, нигахдории онхо, химоя ва хифзи онхо аз тахияи калбаки, гардиш, иваз ва ё аз муомилот гирифтани онхо, инчунин оид ба тадбирхои махсуси фаъолияти молиявии давлат.

3. Дар сохаи робитахои беруни:

а) оид ба директивахо, накшахо ва дастурхо ба аъзои хайати вакилон ва шахсони мансабдор оид ба масъалахои фаъолияти сиёсати беруни ва робитахои иктисодии хоричии Чумхурии Точикистон;

б) оид ба хамкории харби, илмию техники ва дигар хамкорихои Чумхурии Точикистон бо кишвархои хоричи, агар фош кардани маълумот оиди онхо ба манфиатхои Чумхурии Точикистон зиён оварад;

в) оид ба воридот ва содироти аслиха, техникаи харби, навъхои алохидаи ашёи хом ва махсулоти стратеги.

4. Дар сохаи амнияти давлати ва хифзи тартиботи хукуки:

а) оид ба мундарича, накша, ташкил, маблаггузори ва таъминоти моддию техники, восита, шакл, усулхо ва натичахои фаъолияти разведка, контрразведка ва оперативичустучуи, оид ба шахсоне, ки бо макомоти чунин корхоро анчомдиханда тарики пинхони пештар хамкори кардаанд ва хамкори мекунанд; (КЧТ аз 25.03.11с. №690)

б) оид ба ташкил ва тартиби амали намудани мухофизати макомоти олии хокимияти конунгузори ва ичроия, муассисахои бонкхои давлати, шахсони олимакоми давлати;

в) оид ба системаи алокаи хукумати ва махсус;

г) оид ба тахия ва истифодаи рамзхо (шифр), кор бо онхо, гузаронидани тадкикоти илми дар сохаи криптография (хати рамзи);

д) оид ба дигар воситахо, шакл ва усулхои хифзи сирри давлати.

5. Маълумоти мушаххас ба сирри давлати мансуб дониста мешаванд ба шарте, ки агар онхо ба категорияхои муайяннамудаи кисмхои 1, 2, 3 ва 4 хамин модда мувофик бошанд ва фош кардани онхо ба манфиатхои Чумхурии Точикистон зиён оварад.

6. Номгeи маълумотеро, ки сирри давлати доранд, конун муайян мекунад.

Моддаи 6. Маълумоте, ки ба сирри давлати маисуб дониста намешавад

Маълумоти зерин ба сирри давлати мансуб дониста намешавад:

оид ба офатхои табии, фалокатхо ва дигар ходисахои фавкулодда, ки ба бехатарии шахрвандон тахдид мекунанд ва онхо рeй додаанд ё рeй доданашон мумкин аст;

оид ба вазъи мухити зист ва саломатии ахоли, сатхи зиндагии он ба шумули гизо, либос, манзил, хизматрасонии тибби ва таъминоти ичтимои, инчунин нишондихандахои ичтимоию демографи, холати тартиботи хукуки, маърифат ва фарханги ахоли;

оид ба амали гайриконунии макомоти давлати ва шахсони мансабдор.

БОБИ III. Махфи гардонидани маълумот ва манбаъхои он

Моддаи 7. Махфи гардонидани маълумоти дорои сирри давлати

1. Маълумоте, ки дорои сирри давлати аст, бо рохи гузоштани мeхри махфият ба рeй хуччат, маснуот ё дигар манбаи моддии дорои иттилоот махфи гардонида мешавад.

2. Мeхри махфият – маълумоти хатмии хар манбаи моддии дорои иттилооти мансуб ба сирри давлати мебошад. Дар он бояд оид ба дарачаи махфи будани ин иттилоот («фавкулодда мухим», «комилан махфи», «махфи»), мeхлати махфи будани иттилоот ва шахси мансабдоре, ки ин мeхрро гузоштааст, маълумот мавчуд бошад.

Агар бевосита ба гузоштани мeхри махфият ба рeй манбаи дорои иттилоот имкон набошад, он бояд дар хуччатхои хамрохгардида зикр карда шавад.

3. Ба рeй манбахои дорои сирри дигар ё иттилооти пинхони, ки ба сирри давлати мансуб нест, гузоштани мeхри махфият, ки дар ин Конун пешбини шудааст, манъ мебошад.

4. Номгeи шахсони мансабдор, ки ба гузоштани мeхри махфият ба рeй манбаъхои дорои иттилоот хукук доранд, аз тарафи рохбари корхона, муассиса ё ташкилоте, ки фаъолияташ бо сирри давлати вобаста аст, тасдик карда мешавад.

5. Пас аз гузаштани мeхлати мукарраргардидаи махфи будани иттилоот ва дар сурати паст шудани дарачаи махфи будани он ё бекор шудани карори ба сирри давлати мансуб донистани иттилоот шахсони мансабдоре, ки иттилоотро махфи мегардонанд, вазифадоранд мeхри махфиятро тагйир диханд ё махфи будани иттилоотро бекор намоянд.

Моддаи 8. Тартиби ба сирри давлати мансуб донистани маълумот

1. Ба сирри давлати мансуб донистани маълумот мутобики таъиноти сохави, идорави ё барномавию максаднокии он сурат мегирад.

Мансуб донистани маълумот ба сирри давлати тавассути рохбарони макомоти хокимияти давлати, ки барои карори кабулкардаашон масъулияти шахси доранд, сурат мегирад.

2. Барои татбики сиёсати ягонаи давлати дар сохаи махфигардонии маълумот Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Номгeи маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар он мeхлати махфи нигох доштани ин маълумот зикр мегардад, тартиб медихад. Ин Номгeи бо Конун муайян карда мешавад.

3. Аз тарафи макомоти хокимияти давлати Номгeи васеи маълумоти махфишаванда тартиб дода, дарачаи махфияти онхо мукаррар мегардад.

4. Дар доираи барномахои максаднок оид ба ихтироот ва такмили намунахои аслиха ва техникаи харби, корхои озмоишию конструктори ва тадкикоти илми бо карори фармоишдихандагони намунахо ва корхои мазкур Номгeи алохидаи маълумотеро тартиб додан мумкин аст, ки бояд махфи гардонида шаванд. Ин Номгeи аз чониби рохбарони дахлдори макомоти хокимияти давлати тасдик карда мешаванд.

Моддаи 9. Махдуд кардани хукуки моликияти корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва шахрвандони Чумхурии Точикистон ба маълумот аз сабаби махфи гардонидани онхо

1. Шахсони мансабдоре, ки мувофики тартиби дар моддаи 7 ин Конун пешбинишуда барои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот ваколатдор мебошанд, хукук доранд доир ба махфи гардонидани иттилооте, ки моликияти корхона, муассиса, ташкилот ва шахрвандон (минбаъд – молики иттилоот) аст ва агар ин маълумот ба Номгeи маълумоти дорои сирри давлати дохил гардида бошад, карор кабул намоянд.

2. 3арари моддие, ки ба молики иттилоот бинобар махфи гардонидани он мерасад, аз тарафи давлат ба андозаи мукаррарнамудаи шартномаи байни макоми хокимияти давлати, ки ин иттилоот ба ихтиёри вай мегузарад ва сохиби он чуброн карда мешавад. Дар шартнома инчунин eхдадорихои сохиби иттилоот оид ба пахн накардани он пешбини карда мешавад. Дар сурати шартномаро имзо накардани молики иттилоот e дар бобати чавобгарие, ки барои беичозат пахн кардани маълумоти дорои сирри давлати мувофики конунгузории амалкунанда пешбини шудааст, огохонида мешавад.

3. Молики иттилоот хукук дорад аз амали шахсони мансабдоре, ки ба акидааш хукуки eро паст мезананд, ба суд шикоят намояд. Агар суд амали шахсони мансабдорро гайриконуни донад, тартиби чуброни зараре, ки ба молики иттилоот расидааст, бо карори суд мувофики конунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.

Моддаи 10. Шикоят намудан оид ба махфигардонии беасос

1. Шахрвандон ва шахсони хукуки хукук доранд ба шахсони мансабдоре, ки ба онхо хукуки гузоштани мухри махфият дода шудааст, пешниходи далелноки барои барраси хатми оид ба ошкор кардани маълумотро диханд. Шахсони мансабдори зикргардида бояд дар муддати як мох ба шахрванд ё шахси хукуки оид ба ин масъала чавоби хатти диханд.

2. Аз болои карор дар бораи махфи гардонидани маълумот ба шахси мансабдори зинаи болоие, ки шахси мансабдори ба манбаи дахлдори маълумот мухри махфият гузошта тобеъ аст, шикоят овардан мумкин аст.

Дар сурати конеъ карда нашудани шикоят шахрванд ё шахси хукуки хак доранд оид ба амали гайриконунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намоянд.

БОБИ IV. Ошкор кардани маълумот ва манбаъхои онхо

Моддаи 11.Тартиби ошкор кардани маълумот

1. Ошкор кардани маълумот ва манбаъхои онхо – бартараф кардани махдудиятхои каблан бо тартиби пешбининамудаи ин Конун гузошташуда ба пахн намудани маълумоти дорои сирри давлати ва рухсат ба манбаъхои онхо мебошад.

2. Асосхо барои ошкор кардани маълумот:

а) аз чониби Чумхурии Точикистон ба зимаи худ гирифтани eхдадорихои байналмилали оид ба мубодилаи озоди маълумоте, ки дар Чумхурии Точикистон дорои сирри давлатианд;

б) тагйир ёфтани холатхои объективи, ки дар натичаи он хифзи минбаъдаи маълумоти дорои сирри давлати мувофики максад нест;

в) зарурияти истифодабарии натичахои фаъолияти оперативичустучуи дар мурофиаи чинояти;

г) гузаштани мeхлати махфи нигох доштани маълумот;

д) дар холати беасос махфи гардондани маълумот (аз чониби макомоти болои ё бо карори суд).

3. Макомоти хокимияти давлати, ки рохбарони онхо ба мансуб донистани маълумот ба сирри давлати ваколатдор карда шудаанд, eхдадоранд хар сари вакт, вале на камтар баъди хар 5 сол мазмуни Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфишавандаро, ки дар макомоти хокимияти давлати, дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо амал мекунанд, дар кисми асосноки махфи гардонидани маълумот ва мутобикати онхо ба дарачаи махфият пештар мукарраркардашударо аз нав барраси намоянд.

4. Рохбарони макомоти хокимияти давлати, ки ба онхо хукуки тагйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти махфи дошташавандаро, ки дар макомоти хокимияти давлат, дар корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо амал мекунанд ва онхоро тасдик кардаанд барои асоснокии карорхои кабул намудаашон оид ба ошкор кардани маълумот масъулияти шахси мебаранд. Карорхои рохбарони зикргардида, вобаста ба тагйир додани Номгeи васеъ кардашудаи маълумоти дорои сирри давлати бояд бо Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон, ки хукук дорад ин карорхоро боздорад ва эътироз кунад, мувофика карда шавад

Моддаи 12. Тартиби ошкор кардани манбаи маълумоти дорои сирри давлати

1. Манбаи маълумоти дорои сирри давлати на дертар аз мeхлате, ки хангоми махфи гардонидани онхо мукарар карда шудаанд, ошкор карда мешаванд. Агар тартиби номгeи дар макоми мазкури хокимияти давлати, дар корхона, муассиса ва ташкилоти амалкунанда, ки дар асоси онхо ин манбаъхо махфи гардонида шуда буданд, тагйир дода шуда бошанд, он гох то ба охир расидани ин мeхлатхо манбаъхо бояд ошкор карда шаванд.

2. Дар холатхои истиснои, хукуки дароз намудани мeхлатхои аввал мукарраркардашудаи махфи гардонидани манбаъхои маълумоти дорои сирри давлати ба рохбарони макомоти хокимияти давлатии барои мансуб донистани маълумоти дахлдор ба сирри давлати ваколдатдор кардашуда дар асоси хулосаи комиссияи экспертии аз чониби онхо бо тартиби мукарраршуда таъингардида дода мешавад.

3.Рохбарони макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо оид ба ошкор кардани манбаъхои маълумоте, ки аз тарафи шахсони мансабдори тобеи онхо беасос махфи гардонида шудаанд, ваколатдор карда мешаванд.

4. Рохбарони бойгонихои давлатии Чумхурии Точикистон ваколатдоранд манбаъхои маълумоти дорои сирри давлатиро, ки дар фондхои пeшидаи ин бойгонихо барои нигохдори мавчуданд ошкор намоянд, агар онхоро ташкилоти фондташкилкунанда ё вориси хукукии ин ваколатдор карда бошад, хангоми бархам додани ташкилоти фондташкилкунанда ва мавчуд набудани вориси хукукии он масъала оид ба тартиби ошкор кардани манбаъи маълумоти дорои сирри давлати аз тарафи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон барраси карда мешавад.

Моддаи 13. Ичрои дархостхои макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо ва шахрвандони Чумхурии Точикистон оид ба ошкор кардани маълумот

1. Макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо ва шахрвандони Чумхурии Точикистон хукук доранд ба макомоти хокимияти давлати, ба корхонахо, муассисаю ташкилотхо, аз он чумла ба бойгонихои давлати бо дархост оид ба ошкор кардани маълумоти дорои сирри давлати мурочиат намоянд.

2. Макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо аз он чумла бойгонихои давлати, ки чунин дархостро гирифтаанд, вазифадоранд онро дар давоми як мох барраси намуда ба мохияти дархост чавоби далелнок диханд.

Агар онхо ба хал намудани масъала оид ба ошкор кардани маълумоти дархостшаванда салохиятдор набошанд он гох дархост дар мeхлати як мох аз лахзаи дохил шудани он ба макоми хокимияти давлати, ки ба вай чунин ваколатхо дода шудаанд ва ё ба Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ирсол мешавад, ки дар ин бора шахрвандон, корхона, муассисаю ташкилот ва макомоти хокимияти давлатии Чумхурии Точикистон, ки дархост додаанд, огохонида мешаванд.

3. Саркаши намудани шахсони мансабдор аз мохиятан барраси намудани дархост боиси чавобгарии маъмури (интизоми) мувофики конунгузории амалкунанда мегардад.

4. Оид ба асоснокии мансуб донистани маълумот ба сирри давлати ба суд шикоят кардан мумкин аст. Хангоми аз тарафи суд беасос донистани махфи гардонидани маълумот ин маълумот бояд бо тартиби мукаррарнамудаи ин Конун ошкор карда шавад.

БОБИ V. Хифзи сирри давлати

Моддаи 14. Мундаричаи хифзи сирри давлати

1. Хифзи сирри давлати аз мачмeи тадбирхои ташкилию хукуки, инженерию техники, криптографи (хати рамзи) ва оперативи иборат аст, ки барои пешгирии фош гардидани маълумоти дорои сирри давлати нигаронида шудаанд. (КЧТ аз 25.03.11с. №690)

Ин тадбирхо аз тарафи макомоти давлати мувофики салохияташон, ки дар моддахои 4,17, 32, 33, 34 ва 35 ин Конун пешбини шудааст, амали гардонида мешаванд.

2. Вобаста аз хачми корхо бо истифодаи маълумоти дорои сирри давлати аз тарафи рохбарони макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо, вохидхои сохтори оид ба хифзи сирри давлати дар доираи шумора ва фонди пардохти музди мехнати мукарраршуда ташкил карда мешавад, ки салохияти онхо аз тарафи рохбарони зикргардида мутобики хуччатхои меъёрию хукукии аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдикгардида ва бо бахисобгирии хусусияти корхои аз тарафи онхо ичрошаванда муайян карда мешаванд.

3. Хифзи сирри давлати намуди фаъолияти асосии макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо мебошад.

Моддаи 15.Тадбири асосии ташкилию хукукии хифзи сирри давлати

Ба максади хифзи сирри давлати ин холатхо мукаррар карда мешаванд:

талаботи ягона барои тайёр намудан, истифода бурдан, нигох доштан, ба шахси дигар додан, хамлу накл ва бахисобгирии манбаъхои иттилоот, ки сирри давлатиро ташкил медиханд;

рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлати истифода бурда мешавад;

низоми махсуси (низоми махфи будани) фаъолияти макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо;

тартиби махсуси ба сирри давлати рухсат додани шахрвандон;

махдудияти маълумгардони, ба давлати дигар додан ё бо ягон рох пахн кардани иттилооти дорои сирри давлати;

махдуд сохтани истикомат ва фаъолияти шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи дар Чумхурии Точикистон, хамчунин чойгирони ва тагйир додани чои иншоот ва воситахои техникии ба онхо тааллукдошта;

тартиби махсуси амали намудани вазифахои макомоти суди, назорати, назоратию тафтишоти ва дигар вазифахои макомоти хокимияти давлати дар муносибат ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати вобаста аст;

хифзи техники ва криптографии (хати рамзии) маълумоти махфи;

масъулият барои вайрон кардани конунгузори оид ба сирри давлати.

Моддаи 16. Талаботи ягона ба манбаъхои дорои сирри давлати ва нигахдории онхо

Талаботи ягона оид ба тайёр кардан, истифода бурдан ва эхтиёт кардан, ба шахси дигар додан, хамлу накл ва ба хисоб гирифтани манбаъхои дорои сирри давлати ва нигахдории онхо аз тарафи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Моддаи 17. Додани рухсатнома ба фаъолияте, ки дар он маълумоти дорои сирри давлати истифода бурда мешавад

1. Ба макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо додани хукуки фаъолияти вобаста бо сирри давлати аз тарафи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ба воситаи додани рухсатномаи дахлдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

2. Рухсатнома дар асоси натичахои экспертизаи махсус дар макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва аттестатсияи рохбарони онхо, ки бо тартиби муайяннамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон амали мегардад, дода мешавад.

3. Масъулият барои хифзи сирри давлати дар макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки рухсатнома гирифтаанд, ба зиммаи рохбарони онхо гузошта мешавад.

Моддаи 18. Низоми махсуси фаъолияти корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо

Низоми махсуси фаъолияти корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо, ки бо сирри давлати вобаста аст (низоми махфият), бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон чори карда мешавад.

Моддаи 19. Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шахрванд ба маълумоти дорои сирри давлати

1.Ташкили додани рухсат ба шахси мансабдор ё шахрванд ба маълумоти дорои сирри давлати ба зиммаи рохбари макоми дахлдори хокимияти давлати, корхона, муассисаю ташкилот, инчунин ба вохидхои сохтории онхо оид ба хифзи сирри давлати гузошта мешавад.

2. Рохбарони макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисаю ташкилотхо барои ташкил намудани чунин шароитхо, ки хангоми онхо шахси мансабдор ё шахрванд танхо бо он маълумоти дорои сирри давлати шинос мешаванд, инчунин ба андозае, ки ба вай барои ичрои eхдадорихои мансабиаш заруранд, масъулияти шахси доранд.

3. Ба шахрвандони хоричи ё шахсони бешахрванд дар холатхои мустасно дар асоси созишномахои байналмилали ё амри хаттии Президенти Чумхурии Точикистон ба сирри давлати рухсат дода мешавад.

4. Рухсат ба сирри давлати ба шахрвандони кобили амал доштаи Чумхурии Точикистон, ки синни 18-солагиро пур кардаанд, дода мешавад, агар он, мувофики шароити хизмати ё фаъолияти тадкикоти илмиашон зарур бошад ва онхо мувофики тартиби пешбининамудаи ин Конун ба сирри давлати ичозати дахлдор дошта бошанд.

5. Карор дар бораи додани рухсат ба иттилооти мушаххас, ки сирри давлати мебошад, аз тарафи рохбарони макомоти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое кабул карда мешавад, ки дар онхо ин корхо анчом дода мешаванд ё манбаъхои вобаста ба ин иттилоот нигох дошта мешаванд.

6. Ба шахрвандони Чумхурии Точикистон надодани рухсат ба иттилооти мушаххаси дорои сирри давлати факат дар холати набудани асосхои дар кисми чоруми хамин модда пешбинишуда мумкин аст ва аз он ба мансабдори сатхи болои, ки мансабдори ба шахрвандон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлати рухсатнадода тобеи eст, шикоят кардан мумкин аст. Дар сурати конеъ гардонида шудани шикоят шахрванд хукук дорад оид ба рафтори гайриконунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 20. Ичозат ба шахсони мансабдор ва шахрвандон ба сирри давлати

1. Ичозат ба шахсони мансабдор ва шахрвандони Чумхурии Точикистон ба сирри давлати бо тартиби ихтиёри амали карда мешавад.

2. Ичозат ба шахсони мансабдор ва шахрвандони Чумхурии Точикистон, шахсони бешахрванд, инчунин шахсон аз чумлаи шахрвандони хоричиро ба сирри давлати Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

3. Ичозат ба шахсони мансабдор ва шахрвандон ба сирри давлати ба зиммаи худ кабул намудани eхдадориро дар назди давлат оид ба пахн накардани маълумоти дорои сирри давлатии ба e бовар кардашударо пешбини менамояд:

а) розиги ба кисман ё муваккатан махдуд намудани хукукхои онхо мутобики моддаи 27 хамин Конун;

б) розигии хатти оиди аз тарафи макомоти ваколатдор нисбати онхо гузаронидани чорабинихои санчиши;

в) муайян кардани намуд, хачм ва тартиби додани имтиёзхое, ки Конуни мазкур пешбини намудааст;

г) шинос шудан бо меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати, ки чавобгариро барои вайрон намудани он пешбини менамоянд;

д) аз тарафи рохбари макоми хокимияти давлати, корхона, муассисаю ташкилот кабул намудани карор оид ба ичозати шахси ба расмият даровардашаванда ба маълумоти дорои сирри давлати.

4. Хачми чорабинихои санчиши аз дарачаи махфияти маълумоте, ки он ба шахси барои он ичозат додашаванда пешниход мешавад, вобастаги дорад. Чорабинихои санчиши дар мeхлати як мох мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешаванд. Максади гузаронидани чорабинихои санчиши аз ошкор намудани асосхои дар моддаи 22 хамин Конун нешбинишуда мебошад.

5. Мeхлат, холат ва тартиби аз нав ба расмият даровардани ичозати шахрвандон ба сирри давлати бо хуччатхои меъёрию хукукии тасдиккардаи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

6. Тартиби ичозати шахсони мансабдор ва шахрвандон ба сирри давлати дар шароити эьлон намудани вазъияти фавкулодда аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон тагйир дода мешавад.

Моддаи 21.Тартиби махсуси ичозат ба сирри давлати

1. Дар давраи ичрои салохияти худ ва eхдадорихои мустакими хизмати ба маълумоти фавкулодда мухим, комилан махфи ва махфи бидуни мувофика бо макомоти амнияти давлати ба инхо ичозат дода мешавад:

а) аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон:

б) Сарвазир, муовини аввал ва муовинони e, вазирон, раисони кумитахои давлати;

в) Раис, муовинони раис ва судяхои Суди конститутсиони, Суди Оли ва Суди Олии иктисодии Чумхурии Точикистон;

г) Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва муовинони у;

д) Раиси Бонки миллии Точикистон ва муовинони у;

е) Раис, муовин ва аъзоёни комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Чумхурии Точикистон;

ж) шахсони мансабдоре, ки аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон таъин гардидаанд;

з) шахсони мансабдоре, ки аз чониби Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва шeрохои онхо таьин карда мешаванд;

и) шахсони мансабдоре, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон таъин гардидаанд;

к) Президент, Ноиби президенти Академияи илмхои Чумхурии Точикистон;

л) адвокатхое, ки ба сифати химоячи дар тафтишоти пешаки ва мурофиаи суди оид ба парвандахои вобаста ба маълумотхои дорои сирри давлати дошта иштирок менамоянд.

2. Шахсони номбурда дар бораи ошкор накардани сирри давлати, ки ба онхо хангоми ичроиши салохияти худ маълум мегардад, дар бораи ба чавобгари кашидан дар холати ифшои он огохонида мешаванд ва дар ин бора аз онхо забонхати дахлдор гирифта мешавад.

Моддаи 22. Асосхо барои надодани ичозат ба сирри давлати

Ба шахрванд дар ин холатхо ба сирри давлати ичозат дода намешавад:

агар шахрванд ба кор бо иттилооти дорои сирри давлати зарурати асоснок надошта бошад;

дар рафти санчиши шахс вобаста ба ичозат дода шудани e ба сирри давлати ошкор гардидани ходисахои хамкории e бо фаъолияти гайрихукукии макомоти давлатхои хоричи ва ташкилотхои хоричи ё иштироки вай дар иттиходияхои шахрвандон, ки фаъолияташон хилофи конунгузори бошад ва ё тарики суд манъ карда шудааст ё худ eхдадориашро оид ба махфуз доштани сирри давлати, ки каблан ба e бовар карда шуда буд, бо чо наовардааст;

аз тарафи шахрванд ба зимма нагирифтани eхдадори оид ба махфуз доштани сирри давлати, ки ба e бовар карда мешавад ва ё рози нашудани e ба махдудиятхои хукукаш вобаста бо ичозат ба сирри давлати;

доштани доги суди барои чиноят, ки мувофики тартиби мукаррагардида он бархам нахурда ё бардошта нашудааст;

бемории шахс, ки метавонад ба хифзи сирри давлати мутобики номгeи тасдиккардаи Вазорати тандурустии Чумхурии Точикистон ва Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон зарар расонад;

хангоми гирифтани ичозат ба сирри давлати аз тарафи шахрванд пешниход шудани маълумоти варакавии (анкетавии) ошкорро дурeг;

ба таври доими дар хорича зиндагони кардани шахрванд ё аз чониби e барои истикомати доими дар хорича тахия кардани хуччатхо;

дар натичаи тадбирхои санчиши ошкор гардидани аъмоли шахси ба сирри давлати рухсатгиранда, ки ба амнияти Чумхурии Точикистон тахдид мекунад.

Моддаи 23. Санчиши шахсоне, ки ба сирри давлати ичозат дода мешаванд

1. Санчиши шахсоне, ки ба сирри давлати ичозат дода мешаванд, аз тарафи макомоти амнияти давлати мувофики шарту шароит ва тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

2. Ба макоми санчишкунанда мувофика кардан барои шахсони мансабдоре, ки ба кабули карор оид ба ичозат додан ба сирри давлати ваколатдоранд, хатми мебошад.

Моддаи 24. Шикояти шахрванд аз дода нашудани ичозат ба сирри давлати

1. Шахси мансабдоре, ки барои додани ичозат ба сирри давлати ваколатдор аст, вазифадор мебошад, ки ба шахрванд сабабу асосхои ичозат надоданашро хабар дихад.

2. Шахрванд хукук дорад аз дода нашудани ичозат нисбати мансабдоре, ки ба e ичозат ба сирри давлати надодааст, ба мансабдори сатхи баландтар шикоят кунад. Агар шикояти шахрванд конеъ гардонида нашавад, e хукук дорад аз рафтори гайриконунии шахсони мансабдор ба суд шикоят намояд.

Моддаи 25. Бекор кардани ичозат ба сирри давлати

1. Бекор кардани ичозати каблан ба сирри давлати додашуда дар холатхои зайл мумкин аст:

а) ба амал омадан ё ошкор гардидани холатхое, ки дар моддаи 22 Конуни мазкур пешбини гадидааст;

б) риоя накардани eхдадорихои худ оид ба хифзи сирри давлати;

в) бекор кардани шартномаи (карордоди) мехнати (агар яке аз асосхо ичозат ба сирри давлати бошад), аз чумла озод кардан аз кор (хизмат).

2. Карори бекор кардани ичозат ба сирри давлатиро шахсони мансабдор, ки барои додани чунин ичозат ваколатдоранд, кабул мекунанд.

Нисбати ин карор тибки тартиби пешбининамудаи моддаи 24 Конуни мазкур шикоят кардан мумкин аст.

3. Бекор кардани ичозат ба сирри давлати шахси мансабдор ва шахрвандро аз ичрои eхдадорихояш дар бораи фош намудани маълумоти дорои сирри давлати озод намекунад.

Моддаи 26. Eхдадорихои шахрванд барои нигох доштани сирри давлати

Шахрванде, ки ба сирри давлати ичозат дода шудааст, eхдадор аст:

сирри давлатиро, ки ба e бовар карда мешавад ё худ вобаста ба ичрои вазифахои хизмати аз он хабардор мегардад, ба хеч вачх набояд ошкор намояд;

дар иттиходияхои шахрвандон, ки фаъолияташон хилофи конунгузори бошад ё аз тарики суд манъ карда шудааст, иштирок накунад;

дар фаъолияти зиддихукукии макомоти давлатхои хоричи ва ташкилотхои хоричи иштирок накунад;

талаботи низоми махфи буданро, ки мувофики моддаи 18 Конуни мазкур мукаррар шудаанд, ба чо оварад;

ба шахси мансабдоре, ки барои e ба сирри давлати ичозат додааст, аз вазъу холатхое, ки ба нигох доштани сирри давлати ба e боваркардашуда монеъ мегарданд, хабар дихад.

Моддаи 27. Махдуд намудани хукуки шахси мансабдор ё шахрванд дар давраи ба расмият даровардани ичозатнома, ки ба сирри давлати ичозат дода шуда ё пештар ичозат дода шуда буд

1. Шахси мансабдор ё шахрванд, ки ба сирри давлати ичозат дода шуда ё пештар ичозат дода шуда буд метавонад, ки хукукхояш муваккатан махдуд карда шавад.

2. Махдудкунихо метавонанд дахл дошта бошанд:

а) хукуки баромада рафтан ба давлати хоричи барои истикомати доими то ошкоркунии иттилооти дахлдор, вале на зиёда аз 5 сол аз вакти бекор намудани ичозатнома ба сирри давлати;

б) хукуки баромада рафтан аз худуди давлат ба мeхлати пешбининамудаи шартномаи (карордоди) мехнати хангоми ба расмият даровардани ичозатнома ба сирри давлати;

в) хукук ба истифодаи кашфиёт ва ихтироотхои дорои маълумоти сирри давлати дошта ва барои пахн намудани чунин маълумот;

г) хукук ба дахолатнопазирии хаёти шахси хангоми гузаронидани чорабинихои санчиши дар давраи ба расмият даровардани ичозатнома ба сирри давлати.

3. Баромадан аз худуди давлат, аз чумла барои истикомати доими ба давлатхое, ки Чумхурии Точикистон бо онхо созишнома оид ба хифзи сирри давлатии тарафайн ё дигар созишномахои байналмилали дорад, ки чунин баромада рафтанро пешбини менамоянд, махдуд карда намешавад.

Моддаи 28. Махдудияти интишори маълумоти дорои сирри давлати дар матбуот ва дигар воситахои ахбори умум

Корхона, муассиса, ташкилот ва шахрвандон хангоми ба чоп тайёр кардани мавод дар матбуот ва воситахои дигари ахбори омма, интишор додан ё аз сархад гузаронидани онхо барои хифз намудани маълумоти дорои сирри давлати бояд дар асоси ин Конун ва санадхои дигари конунгузори амал кунанд.

Риояи конунгузори дар масъалахои хифзи сирри давлати аз интишор ёфтани он дар матбуот ва дигар воситахои ахбори омма, хамчунин дар маводхое, ки барои ба хорича бурдан пешбини гардидаанд, аз тарафи Саридораихифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

Моддаи 29. Махдудиятхо дар хусуси ба давлати дигар ё ташкилотхои байналмилали додани сирри давлати

1. Маълумоти дорои сирри давлати дар сурати мавчуд будани хулосаи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон дар бораи имконпазирии ба дигар давлатхо ё ташкилотхои байналмилали додани ин маълумот дода шуда метавонад.

2. Карор дар бораи додани маълумоти дорои сирри давлати аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.

3. Eхдадорихои тарафи кабулкунанда оид ба хифзи маълумоти ба вай додашаванда дар созишномае, ки бо он баста мешавад, пешбини карда мешавад.

Моддаи 30. Махдудиятхо оид ба истикомат ва фаъолияти шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи дар Чумхурии Точикистон ва хамчунин чойгир намудан ва тагийр додани чои объектхо ва воситахои техникии онхо

Махдудиятхо оиди истикомат ва фаъолияти шахрвандони хоричи ва шахсони хукукии хоричи дар Чумхурии Точикистон ва хамчунин чойгир намудан ва тагийр додани чои объектхо ва воситахои техникии онхо мувофики конунгузории дахлдор муайян карда мешавад.

Моддаи 31. Хусусиятхои ичрои вазифахои суди, назорати, назоратию тафтишоти ва вазифахои дигари макомоти хокимияти давлати дар муносибат бо корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияти онхо бо сирри давлати алокаманд аст

1. Макомоти хокимияти давлати, аз чумла макомоти суди, хифзи хукук ва назоратию тафтишоти бо максади пешгири намудани эхтимоли ошкоршавии сирри давлати бояд бо мувофикаи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон тартиби махсуси ичрои вазифахояшонро дар муносибат бо корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати алокаманд аст, пешбини намоянд.

2. Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати алокаманд аст, хукук доранд ба ин макомоти хокимияти давлати, иттилоот надиханд, ё карорхои дигари онхоро ба чо наоваранд агар онхо тартиби мазкурро мукаррар накарда бошанд ё худ онро риоя накунанд.

Сабаби ин радкуни бояд дар айни замон ба Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дода шавад ва Саридораи мазкур бояд дар давоми як мох оид ба асоснокии он карор кабул намояд.

Агар Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ин радкуниро тасдик намояд, пас макоми дахлдори хокимияти давлати метавонад нисбати он ба суд шикоят кунад.

Моддаи 32. Хусусиятхои танзими муносибатхои вобаста ба ошкор кардани манбаъхои маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиханд, хифзи маълумот хангоми тагйир ёфтани субъектхои муносибатхои хукуки

Шароити аз махфи будан баровардани манбаъхои дорои сирри давлати, ичрои дархостхои макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо ва шахрвандон, ки бо маълумоти дорои сирри давлати алокаманд мебошанд, хамчунин хифзи ин маълумот хангоми тагйирёбии функсияхои субъектхои муносибатхои хукуки ба тартиби мукарраркардаи низомномаи дахлдор сурат мегирад, ки он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.

Моддаи 33. Тадбирхои инженерию техникии хифзи сирри давлати

1. Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати алокаманд аст, вазифадоранд барои хифзи техникии иттилоот, воситахои мухофизатшудаи коркард, интикол нигахдории иттилоот ва асбобхои техникии хифзи онро, ки ба меъёрхои хифзи техники мувофикат кардани ин воситаю асбобхо тасдик шудааст, истифода намоянд.

2. Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо хукук доранд танхо дар сурати мавчуд будани ичозатномаи дахлдор фаъолияти вобаста бо истехсол ва хизматрасонии системаю воситахо, ичрои корхо, хизматрасониро, ки хифзи техникии сирри давлатиро таъмин мекунанд, ба рох монанд.

3. Воситахои хифзи маълумот бояд сертификат дошта бошанд, ки мутобикати онхоро бо талаботхо оид ба хифзи маълумоти дарачаи дахлдори махфият тасдик намоянд.

4. Ташкили сертификатсияи воситахои хифзи маълумот ва додани ичозатнома ба зиммаи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон. Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон мутобики вазифахои бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар зиммаи онхо буда, гузошта мешавад. Сертификатсия дар асоси талаботхои стандартхои давлатии Чумхурии Точикистон ва дигар санадхои меъёрии Чумхурии Точикистон, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад, амали карда мешавад.

5. Хамохангсозии фаъолияти оид ба ташкили сертификатсияи воситахои хифзи маълумот ва додани ичозатнома ба зиммаи Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон гузошта мешавад.

Моддаи 34. Тадбирхои криптографии (хати рамзии) хифзи сирри давлати

Тадбирхои криптографии (хати рамзии) хифзи сирри давлати бо тартибе, ки аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудааст, амали мегардад.

Моддаи 35. Тадбирхои оперативии хифзи сирри давлати

Тадбирхои оперативии хифзи сирри давлатиро макомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон ва макомоти дигари давлати, ки мувофики конунгузори дорои хукуки чунин фаъолият мебошанд, дар рафти корхои разведкави, контрразведкави ва оперативи – чустучуи амали мегардонанд. (КЧТ аз 25.03.11с. №690)

Моддаи 36. Назорат ба таъмини хифзи сирри давлати

1. Рохбарони корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо вазифадоранд, ки мунтазам ба таъмини хифзи сирри давлати назорат кунанд.

2. Корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки супоришхояшонро ба пудратчихо мефармоянд, хукук доранд ба холати хифзи сирри давлати, ки онро вобаста ба ичрои супоришхо ба пудратчихо вогузоштаанд, назорат кунанд.

3. Макомоти давлатие, ки ба онхо хукук дода шудааст, масъалаи бо ягон иттилооти мушаххаси дорои сирри давлати вокиф гардиданро халлу фасл намоянд, вазифадоранд холати хифзи сирри давлатиро дар хамаи корхонаю муассиса ва ташкилотхо, ки корхои бо сирри дахлдори давлати алокамандро ба чо меоваранд ё худ манбаъхои дорои чунин иттилоотро нигох медоранд, назорат кунанд.

4. Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон хукук доранд холати хифзи сирри давлатиро дар хамаи макомоти хокимияти давлати, корхонахо, муассисахо ва ташкилотхои Чумхурии Точикистон сарфи назар аз шакли моликияташон, тахти назорат карор диханд.

Хулосахои Саридораи хифзи сирри давлатии назди Хукумати Чумхурии Точикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон, ки дар санадхои расимии санчишхо аз рeи натичахои санчиши холати хифзи сирри давлати баён ёфтаанд барои ичро аз тарафи шахсони мансабдор хатми мебошанд.

5. Назорати риояи конунгузори хангоми таъмини хифзи сирри давлати ва конуни будани карорхои дар ин маврид кабулшударо Прокурори генералии Чумхурии Точикистон ва прокуророни ваколатдори махсуси тобеи e ба чо меоранд.

Барои шахсоне, ки назорати прокурориро ба eхда доранд, дастрас намудани маълумоти дорои сирри давлати мутобики моддаи 31 Конуни мазкур анчом дода мешавад.

БОБИ VI. Маблаггузори барои тадбирхои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот, махфи гардонидан ва хифзи онхо

Моддаи 37. Маблаггузори барои тадбирхои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот, махфи гардонидан ва хифзи онхо

1. Маблаггузори барои чорахои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот, махфи гардонидан ва хифзи онхо аз хисоби бучети давлат, маблаги корхонаю муассиса ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати алокаманд аст, сурат мегирад.

Маблаг барои тадбирхои ба сирри давлати мансуб донистани маълумот, махфи гардонидан ва хифзи онхо дар корхонахои шакли моликияташон гайридавлати дар асоси шартнома бо корхонаи супоришдиханда оид ба ичрои корхои бо сирри давлати алокаманд аз хисоби корхонаи супоришдиханда чудо карда мешавад.

2. Ба корхонахо, муассисахо ва ташкилотхое, ки фаъолияташон бо сирри давлати вобаста аст, метавонад имтиёзоти андоз ва имтиёзоти дигар мувофики тартиби мукарраркардаи конунгузори дода шавад.

Моддаи 38. Додани чубронпули ба шахрвандоне, ки корашон бо рухсат ба сирри давлати алокаманд аст

Агар шахрванд бинобар шароити фаъолияти касбии худ хамеша бо маълумоти дорои сирри давлати сарукор дошта бошад, ба вай барои дар шароити махдудиятхои низоми кор карданаш бояд чубронпулии дахлдор дода шавад, ки навъ, андоза ва тартиби додани онро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Модаи 39. Чавобгари барои вайрон кардани конунгузори дар бораи сирри давлати

Шахсони мансабдор ва шахрвандоне, ки мукаррароти хамин Конунро вайрон мекунанд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

БОБИ VII. Мукаррароти хотимави

Моддаи 40. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи сирри давлати»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 14 декабри соли 1996 «Дар бораи сирри давлати» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 1996, № 23, моддаи 364) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 41. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе 22 апрели соли 2003

№ 4

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …