Главная / Гуногун / Сиёсати хоричии Чопон (солхои 1860-1900)

Сиёсати хоричии Чопон (солхои 1860-1900)

Сохтмони корхонахои харби мусаллахшавии артиши Чопон ва бушели флоти пурзури Харбии бахри дар бораи он шаходат медоданд, ки баъди инкилоби солхои 1867 -1868 ин давлат ба чангхои истилогарона шуруъ мекунад. Объекти аз хама наздиктарини истилокунии Чопон Корея буд. Дар мавриди инъикоси мавзуъхои “Чин” ва “Корея” дар бораи чанги Чопон бар зидди Чин барои забти Корея накл карда будем. Ин чо такроран мегуем, ки соли 1877 дар байни Русия ва Чопон созишномае ба имзо расид, ки мувофики он Чануби Сахалин, ки онро Русия ва Чопон якчоя идора мекарданд, ба Русия дода шуд ва ба ивази он Чопон галлачазирахои Курилро гирифг. Муковимати Чин ва Чопон барои хукмрони дар Корея давом намуд. Окибат онхо соли 1885 барои ба Корея надаровардани арташи худ созишномае бастанд. Бо вучуди ин Чопон дахолатро ба корхои дохилии Корея бас накард. Соли 1894 бо ёрии Чопон Корея истиклолияти давлатии худро аз Чин эълон кард. Хукумати Кореяи “сохибистиклол” хамон замон барои “ёри” ба хукумати Чопон мурочиат намуд. Хамин тарик, байни Чин ва Чопон чанги солхои 1894 – 1895 ба амал омад, ки он 17 апрели соли 1895 бо бастани Созишномаи сулхи Симоносэк анчом ёфт. Мувофики он Чин истиклолияти Кореяро эътироф кард. Чазираи Тайван, галачазирахои Пескадор ва нимчазираи Ляодунро ба Чопон дод ва ухдадор шуд, ки ба Чопон 300 млн иен товони чанг медихад, барои киштигарди якчанд бандархои худро мекушояд, ба ишголи муваккатии Вайхайвэй ичозат медихад ва ба Чопон Созишномаи таслимкоронаи тичоратие мебандад, ки каблан ба мамлакатхои Гарб баста буд.

port-artur-v-1904g

Чанги солхои 1894-1895 дар пешрафти Чопон мархалаи мухиме гардид. Даромади Чопон аз хоричи кишвар афзуд. Аз соли 1894 то соли 1899 маблаггузори ба саноати милли ду баробар зиёд шуд. Тичорати хоричи хам ру ба болорави буд. Давлати акибмондаи феодалии Чопон, ки худ объекти истилои мамлакатхои империалисти буд, ба истисморгари халкхои дигар ва ба ракиби бузурги давлатхои империалисти табдил ёфт. Муваффакияти чанги горатгаронаи солхои 1894 – 1895 бар зидди Чинро хукумати Чопон барои кабули барномаи харбии тараккиёти хочаги истифода бурд. Ичрои он барнома ба мухлати 10 сол – аз соли 1896 то соли 1905 мукаррар гардида буд. Мувофики ин барнома нерухои харбии Чопон аз нав созмон дода шуда ва бо сипохи хозиразамон мусаллах гардиданд. Дар натичаи татбики ин барнома флоти харбии бахрии Чопон ба яке аз флотхои пурзуртарини харбию бахрии чахон мубаддал гардид.

Баъди чанги зидди Чин Чопон дар арсаи байналхалки хамчун неруи фаъоли империалисти баромад мекардаги шуд. Он ба катори давлатхои бузургтарини империалисти дохил гардид. Баъди чанде Чопон аз бори гарони шартномахои нобаробар бо давлатхои империалисти халос мешавад.

Дар солхои 1904 – 1905 дар байни Чопон ва Русия чанги калон ба амал омад, ки дар ин чанг хам Чопон дастболо шуд ва мавкеи худро дар хавзаи Укёнуси Ором боз хам мустахкамтар кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …