Главная / Гуногун / Себи бехтарини Точикистон «Рауфи»

Себи бехтарини Точикистон «Рауфи»

Себи «Рауфи» ин як намуди себи тобстонаи Чумхурии Точикистон аст ва асосан дар водии Хисор ва хоса дар кисми шимолии нохияи Хисор дар дараи Алмоси меруяд. Аввали солхои 2000-ум дар бозори Душанбе пайдо шу два хело шухрату бозоргир гашт. Дарахти себи Рауфи дар сини 5 солаги ба хосилдихи огоз мекунад ва то 40-50 солаги умр мебинад.

Нархи себи Рауфи дар бозорхои шахри Душанбе бо арзиши аз 1 то 2 доллари ИМА ё худ 10 то 20 сомони фурухта мешвад ва аз чихати тамъ ин намуди себ хеле бомазаву мулоим аст. Ранги себи Рауфи сафеди сурхча, пусташ тунук ва дарунаш сафедча аст. Тобистон моххои август мепазад ва то сентябр тамом мешавад. Нихоли ин намуди себро дар хочагихои нихолпарвари Шахринав ва Хисори шодмон ёфта мешавад, ки нархашон 1 то 1,5 доллари ИМА аст.

Бо сабаби бомазаву мулоим будани хосили ин дарахт онро кирм бисёр хашар мекуад ва барои хамин хам нигохубини вай барои хифз кардани дарахтон аз хашаротхо серхарч мебоашд. Дорухои зиди хашаротхои ин дарахтон дар бозор бисёранд.

Ба хисоби миёна як дарахти себи Рауфи 50-100 килограм хосил медихад ва як гектари он то 25-30 тонн ва аз ин хам зиёда хосил медихад ва даромади умумии он дар як сол ба 20-30 000 доллари ИМА метавон бошад.

Дарахти себи Рауфи то -30 дарача хунуки тобовар аст ва асосан маконхои салкинро дуст медорад. Дар чойхои гарми кишвар метавонад рушд накунад, ки боиси нигарони метавон буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …