Главная / Гуногун / Саволхои тести аз фанни Хукук барои дохилшави ба Донишгох бо чавобхояш

Саволхои тести аз фанни Хукук барои дохилшави ба Донишгох бо чавобхояш

1. Масъалахои мухимтарини чамъияти ибтидоиро кадом макомот идора менамуд?
A) Макомоти худидораи давлати; B) макомоти худидораи чамъияти; C) мачлиси умумиавлодон; D) сардорони кабилахо ва дохиёни харби; E) мачлиси умумии аъзоёни кабилахо;

2. Нахустзаминаи ба вучудоии синфхоро муайян созед?
A) Муттахидшавии авлодон; B) созиши кабилахо; C) Ба асоратдарории кавму
кабилахои дигар; D) инкишоф ва таксимоти чамъиятии мехнат; E) нобаробарии
таксимот;

3. Кадом сабабхо боиси пайдошавии синфхо гардид?
A) Таксимоти чамъиятии мехнат ва бавучудоии моликияти хусуси; B) бадастоварии сарват дар натичаи мухорибахои харби; C) муттахидшавии авлодхо; D) кодир набудани одамон дар назди офатхои табии; E) таксимоти чамъиятии мехнат;

4. Зуровари асоси бавучудоии давлат шуда метавонад?
A) Метавонад, агар омилхои зарури мавчуд бошанд; B) бе хеч вачх наметавонад;
C) омили асоси аст; D) агар шароити таърихи мусоидат намояд; E) метавонад,
агар бо асирон созиш карда шавад;

5. Давлат-ташкилоти сиёсии чамъият мебошад , ки бо ёрии он:
A) Мардум талаботхои маишию мадании худро амали месозанд; B) мардум
дороии худро хифз ва афзун менамояд;C) синфи хукмрон чамъиятро идора
менамояд; D) бехатарии тартиботи чамъиятро таъмин менамояд; E) манфиатхои
умумро конеъ мегардонад;

6. Кадоме аз ин сабабхо боиси бавучудоии давлати Рим гардид ?
A) Дар натичаи забтнамоии кабилахои олмони; B) дар натичаи муборизаи байни патритсийхо ва плебейхо; C) муттахидшавии синфхо; D)вайроншавии сохти авлоди, пайдоиши моликияти хусуси ва синфхо; E) муттахидшавии сохти авлоди барои ноилшави ба максадхои умуми;

7. Кадоме аз ин чавобхо дуруст аст? Давлат ин:
A) Созиши шохон, султонхо, хонхо, президентхо аст; B) созиши авлодхо аст; C) махсули муборизахои авлоди аст; D) махсули синфи аст; E) махсули чамъияти синфист;

8. Нишонахои давлатро муайян намоед.
A) Хокимияти оммави, мавчудияти худуд ва таксимоти ахоли дар худуд, сохибихтиёри ва гункунии андоз; B) хокимияти оммави, мавчудияти худуд, куввахои мусаллах, суд ва прокуратура; C) хокимияти оммави, макомоти конунгузори, ичроия , суд ва гирифтани андоз; D) хокимияти оммави, мавчудияти макомоти конунгузори, ичроия , суд; E) макомоти конунгузори, ичроия , суд ва гирифтани андоз ва сохибихтиёри;

9. Давлати Шурави кадом мархилахоро тай намудааст?
A) Давлати сотсиалисти ва коммунисти; B) давлати диктатураи пролетариат ва умумихалки; C) давлати иттифики дехконон ва коргарон; D) давлати иттифики дехконон , коргарон ва интелегенсияи Шурави; E) давлати иттифики дехконон , коргарон ва интелегенсияи пешкадами Шурави;

10. Шакли классикии бавучудоии давлатро муайян созед:
A) Давлати Сомониён; B) давлати Бохтариён; C) давлати Олмониён; D) давлати Римихо;
E) давлати Афина, Олмон, Рим;

11.Аввалин давлатхо дар худуди Осиёи миёна кадомхо буданд?
A) Хоразм, Сугд ва Бохтар; B) Бохтар, Сугд ва Сомониён; C) Бохтар, Сугд ва Кушониён; D) Сугд, Бохтар ва Бухоро; E) Сугд, Сомониён ва Бохтар;

12. Нахуст давлати феодалии точикон кадом марзхоро фаро мегирифт ?
A) Тамоми марзи Осиёи миёна ва Осиёи хурд; B) Осиёи миёна; C) Осиёи миёна ва Кавказ; D) Осиёи миёна ва як кисми шаркии Аврупо; E) тамоми марзи Осиёи миёна ва шимоли Хиндустон;

13. Эъломия дар бораи бавучудоии Чумхурии Шуравии Точикистон кай кабул гардид?
A) 7 ноябри соли 1924; B)10 октябри соли 1929; C) 15 октябри соли 1929; D) 7 ноябри соли 1929; E) 7 ноябри соли1977;

14. Сохибихтиёрии давлат чи маъни дорад?
A) Нисбати дигар давлатхо хикимияти оли аст; B) нисбати шахрвандон хокимияти тавоно ва олист; C) худуди ягона, шахсони хукуки; D) нисбати шахсони хукуки оли ва мустакил мебошад; E) хокимияти олию ягона ва истиклолияти давлат мебошад;

15. Чумхурии Точикистон аз кадом вакт расман давлати сохибихтиёр гардидааст?
A) 9 сентябри соли 1991; B) 9 сентябри соли 1990; C) 20 августи соли 1990; D) Рузи кабули Констититут-сияиТочикистон; E) 16 ноябри соли1992;

16. Мохияти давлат дар чи ифода меёбад?
A) Доштани парчам, нишон ва суруди милли; B) дар ифодакунии иродаи синфу гуруххои муайян; C) доштани Конститутсия, шахрванди, марз ва пулли милли; D) доштани худуд, пулли милли ва шахрванди; E) дар сохибихтиёри ва мустакилият;

17. Давлат аз дигар созмонхою ташкилотхо бо чи фарк мекунад?
A) Бо доштани сохтор; B) бо доштани пулу арзи милли; C) бо аломатхо, вазифахо ва механизми мачбурсози; D) бо конуният, тартиботи хуккуки ва чораандеши; E) бо парчам, нишон ва суруд;

18. Кадом яке аз ин иборахо нишонахои давлати хукукбунёдро нишон медихад?
A) Доштани марзхои маъмури; B) доштани конститутсия ва шахрванди; C) доштани макомоти олии хокимияти давлати; D) кафолатхои хукук ва озодихои инсон ва шахрванд; E) мавчудияти макомоти маркази ва махалли;

19. Кадоме аз ин чавобхо дуруст аст? Таксимоти (тачзияи) хокимият ин:
A) Асоси давлатдори мебошад; B) рукнхои давлат аст; C) шохахои хакимияти давлати аст; D) Асоси сиёсати давлат аст; E) нишонаи давлати хукукбунёд аст;

20. Волоияти конун чи маъни дорад?
A) Баробарии хама дар назди конун; B) баробархукукии хама дар назди чамъият; C) баробархукукии хама дар назди давлат; D) баробархукукии хама дар назди хаёти сиёси; E) баробархукукии хама дар назди макомоти олии конунгузор.

21. Барои чи хокимияти давлати ба шохахо таксим мешавад?
A) Барои он ки хама дар амали намудани хокимият бояд иштирок намояд; B) барои он ки яке аз онхо хакимияти давлатиро суиистеъмол накунад; C) барои он ки ба хама имконият дода шавад то ки иродаи худро ба воситаи ягон шохаи хакимият ифода карда тавонад; D) барои хукмронии як синф аз болои синфи дигар; E) барои он ки вазифахо хубтар таксим карда шавад;

22. Функсияи давлатро амик созед.
A) Инкишофи мархилавии давлат аст; B) вазифахои асосии давлат аст; C) самтхои асосии фаъолияти давлат аст; D) накшахои инкишофи ояндаи давлат аст; E) накшахои ичтимои- иктисодии давлат дар имрузу оянда аст.

23. Намуди функсияи давлатро нишон дихед.
A) Накшахои дурнамои инкишофи дохил ва хоричи кишвар; B) роххои cиёсати дохили ва хоричии кишвар; C) принсипхои фаъолияти давлат дар дохил ва хоричи кишвар; D) самти фаълияти давлат дар хоричи кишвар; E) дохили ва беруни;

24. Функсияхои давлатро чудо намоед.
A) Дохили ва беруни; B) хочагию фарханги; C) маданию маиши ва сиёси; D) дохили – таъмини тартиботи хукуки ва хоричи – хамзистии осоишта ва таъмини сулх; E) дохили, беруни, хочагию фарханги ва таъмини амнияти шархвандони кишвар;

25. Бо кадоме аз ин воситахо давлат вазифахои иктисодию ичтимои ва сиёсии
худро амали менамояд?
A) Тавассути конун; B) тавассути конун ва макомоти давлати; C) тавассути хукук; D) тавассути тартиботи хукуки; E) тавассути накшахои дурнамои инкишофи иктисодию ичтимои ва сиёси;

26. Кадоме аз ин нуктахо ба функсияи дохилии кишвар дохил мешаванд?
A) Таъмини сиёсати сулх дар дохил ва хоричи кишвар; B) таъмини дустии халкхо;C) кабули конун; D) барпо намудани давлати хукукбунёд; E) банакшигирии сиёсати сулхчуёнаи давлат;

27. Монархия ба кадоме аз ин мафхумхо дахл дорад?
A) ба сиёсати давлат; B) ба сохтори идоракунии давлат; C) ба сохти марзию-маъмурии давлат; D) ба шакли сохти давлат; E) ба шакли идоракунии давлат;

28. Шаклхои давлатдории чумхуриявиро муайян созед.
A) Чумхурии иттифоки; B) чумхурии федеративи; C) чумхурии унитари; D) чумхурии парлумони ва президенти; E) чумхурихои федеративи (иттифоки)ва унитари;

29. Мафхуми механизми давлатро муайян созед.
A) Макомоти оли ва махаллии давлат аст, ки вазифаю функсияи онро ба амал мебарорад; B) низоми дастгоххои давлати аст; C) таксимоти хокимияти давлати, ки онро макомоти гуногуни давлати ба амал мебароранд; D) дастгохи ичроияи Президенти ЧТ аст, ки фаъолияти хукуматро таъмин месозад; E) ин макомоти милиса, армия ва суд аст;

30. Фарки чумхурии парлумони аз президенти дар чи ифода меёбад?
A) Дар ичроиши вазифахо ва функсияхо; B) дар таксимоти вазифа дар сохтори хукумат; C) дар таъсисдихии хукумат; D) дар интихоби хукумат; E) дар интихоби хукумат ва президент;

31. Монархия чи гуна шакли давлатдори аст?
A) Давлатдориест, ки сарвари хокимияти ичроияро халк интихоб менамояд;
B) давлатдориест, ки сарвари хокимияти ичроияро монарх (шох, султон, амир, губернатор ва г.) таъин менамояд; C) давлатдориест, ки хокимияти ичроия ва монархро халк интихоб менамояд; D) давлатдориест, ки хокимияти оли ба ихтиёри намояндагони халк вогузор шудааст; E) давлатдориест, ки хокимияти оли кисман ё пурра дар ихтиёри сарвари давлат аст;

32. Кадоме аз ин функсияхо ба функсияи берунии давлат шомил мешавад?
A) Тахкими сулх, мубориза барои сулху осоиш; B) ин давоми сиёсати дохилии давлат барои хамкории сиёси; C) хифзи сархадот ва истиклолияти давлат; D) додугирифти иктисоди ва фарханги; E) тахкими сулх ва равобит;

33. Шаклхои идоракунии давлатро муайян созед.
A) Давлати демократи, дуняви ва хукукбунёд; B) давлати мусолихаи милли; C) чумхурии президенти ва парлумони; D) парламенти ва монархия; E) чумхури ва монархия;

34. Чумхури аз монархия бо кадом сифатхояш фарк мекунад ?
A) Хокимияти давлати ба воситаи макомоте амали карда мешавад, ки онхо ба мухлати муайян интихоб карда мешаванд; B) хокимияти давлати ба воситаи макомоте амали карда мешавад, ки онхо ба мухлати номуайян интихоб карда мешаванд; C) хокимияти давлати ба воситаи макомоте амали карда мешавад, ки онхо ба мухлати муайян таъин карда мешаванд; D) хокимияти давлати ба воситаи макомоте амали карда мешавад, ки онхо бо халк робита надоранд; E) хокимияти давлати ба воситаи макомоте амали карда мешавад, ки онро сарвари давлат таъин менамояд;

35. Конфедератсия чи гуна давлат аст?
A) Давлати иттифоки; B) идтиходи давлатхои муштарак; C) вохидхои марзию маъмурии давлатхои гуногун; D) иттиходи харбию сиёсии давлатхои чудогона; E) идтиходи харбию сиёсии хамаи давлатхо;
36.
Федератсия аз конфедератсия бо чи фарк мекунад?
A) Бо шумораи аъзо ва макомоти хокимияти оли; B) бо шахрванди вохидхои марзию маъмури; C) бо доштани куввахои ягонаи мусаллах; D) бо марзи ягона ва сиёсати ягона; E) макомоти хокимияти оли ва шахрвандии ягона;
37.
Намудхои меъёрхои хукукро муайян кунед.
A) ваколатдоркунанда, ухдадоркунанда, манъкунанда; B) диспозитсия, гипотеза; C) гипотеза, санксия; D) диспозитсия, ваколатдоркунанда, манъкунанда; E) гипотеза, ваколатдоркунанда, ухдадоркунанда;
38.
Функсияхои давлатро ишора намоед
A) функсияи дохили ва беруни, ки давлат мукарар намудааст; B) функсияи беруни; C) самти фаъолияти давлат, ки барои амали гардонидани вазифахои иктисоди, ичтимои, сиёси ва идеологи равона шудааст; D) самти фаъолияти давлат, ки сиёсати сулхчуёнаро ба амал мебарорад; E) функсияи дохили;
39.
Кадоме аз ин мафхумхо мафхуми муносибатхои хукуки аст?
A) муносибатхое, ки конун ба танзим даровардааст; B) муносибатхое, ки аз чониби нормахои хукук ва рафтор ба танзим дароварда шудаанд; C) муносибатхое, ки давлат ба танзим даровардааст; D) муносибатхои чамъиятие, ки бо меъёрхои хукук ба танзим дароварда шудаанд; E) муносибатхои давлати ва чамъияти, ки давлат ба танзим даровардааст;
40.
Хукук ба озодии вичдон ба кадом намуди хукукхои шахрвандон дохил мешавад?
A) хукук ва озодихои шахси; B) хукук ва озодихои сиёси; C) хукукхои молумулки; D) хукукхои шахси; E) хукукхои шахси ва молумулки;
41.
То кунун дар Чумхури чанд Президент интихоб шудааст?
A) 2; B) 4; C) 3; D) 1; E) 5;
42.
Шартномахои мехнати ба кадом мухлатхо баста мешаванд?
A) номуайян, муайян вале на бештар аз панчсол, барои вакти ичрои кори муайян ва ичрои корхои мавсими; B) 3 сол, номуайян, барои вакти ичрои кори муайян ва мавсими; C) номуайян, муайян, на бештар аз се сол; D) 3 сол, номуайян, барои вакти ичрои кори муайян; E) 4 сол ё 5 сол;
43.
Вакти кории хафтаинаи ноболигони аз 15 то 18 соларо мукаррар намоед.
A) 19 соат; B) 24 соат; C) 30 соат; D) 35 соат; E) 40 соат;
44.
Суруди миллии Точикистонро кадом макомот тасдик кардааст?
A) Президент; B) Шурои Вазирон; C) Мачлиси Оли; D) Суди Оли; E) Президент ва
Хукумати ЧТ;
45.
Чавобгарии хукуки гуфта чиро меноманд?
A) мачбуркунии давлати хангоми ичрои вазифа; B) ичро кардани ухдадорихои шахрвандон дар зери назорати давлат; C) ичро кардани ухдадорихои аз чониби хукуквайронкунандагон дар тахти мачбурияти давлати; D) мачбуркунии давлати хангоми ба амал баровардани хукук ва ухдадорихои граждани; E) тадбики чорахои давлати барои шахрвандон;
46.
Давлатхо вобаста ба шакли идоракуниашон кадомхо мешаванд?
A) монархия, республика, монархияи мутлак; B) унитари, федеративи; C) унитари, монархия, конфедеративи; D) монархия, конфедеративи, республикаи парламенти ва президенти; E) монархия, республика.
47.
Хайати Суди Конститутсиони аз чанд нафар иборат мебошад?
A) 4 нафар; B) 7 нафар; C) 11 нафар; D) 6 нафар; E) 9 нафар;
48.
Мурофиаи суди дар Точикистон ба кадом забонхо ба амал бароварда мешавад?
A) бо забони давлати ё бо забони аксарияти ахолии махалли дахлдор; B) бо забони давлати, руси ва бо забони аксарияти ахолии махалли дахлдор; C) бо забони давлати; D) бо забони давлати, руси; E) бо забони давлати, руси, узбеки, киргизи;
49.
Мазмуни хукуки моликиятиро кадом ваколатхо ташкил медиханд?
A) сохиби кардан, харидан, фурухтан, химояи хукуки моликият; B) сохиби кардан (доштан), фурухтан, истифодабари; C) хукуки истифода бурдан, ихтиёрдори кардан, доштан; D) хукуки сохиби кардан, истифода бурдан, хукуки ихтиёрдори кардан; E) хукуки доштан, хукуки истифодабари, хукуки ихтиёрдори кардан, хифз намудан;
50.
Навъхои шартномахои граждани (мадани) -ро номбар намоед?
A) шартномаи ивазкуни, хариду фуруш, пудрат, ичора, ичораи молу мулк; B) шартномаи хариду фуруш, махсулотсупори, тухфа, муаллифи, коллективи; C) шартномаи ивазкуни, хариду фуруш, махсулотсупори, пудрат, ичора; D) шартномаи коллективи, шахси, хариду фуруш, ичора, сохибкори; E) шартномаи мехнати, коллективи, хариду фуруш;
51.
Аз синни чандсолаги шахрвандон кудаконро ба фарзанди кабул карда метавонанд?
A) 20 солаги; B) 19 солаги; C) 21 солаги; D) агар оиладор шуда бошанд; E) агар ба балогат расида бошанд;
52.
Хукукхои фардии зану шавхарро номбар намоед?
A) хукук ба интихоби насаб, руёнидани алимент, таксими молу мулк; B) хукук ба интихоби насаб, интихоби машгулият ва касб, хукуки талок; C) хукук ва интихоби насаб, интихоби машгулият ва касб, хукуки талок, руёнидани алимент; D) хукук ба таксими молу мулк, интихоби машгулият ва касб, хукуки талок, руёнидани алимент; E) хукук ва интихоби насаб, интихоби машгулият ва касб, хукуки талок, руёнидани алимент;
53.
Хокимияти махалли аз кадом макомотхо иборат мебошад?
A) конунгузор, ичроия, суди; B) намояндаги, суди, ичроия;
C) суди, намояндаги; D) намояндаги ва ичроия; E) конунгузор, суди;
54.
Мутобики Конститутсияи ЧТ ба кадом мухлат вазъияти фавкуллода эълон
кардан мумкин аст?
A) то 6 мох; B) аз 3 то 5 мох; C) то 1 сол; D) то 3 мох; E) 4 мох;
55.
Кадоме аз шахрвандон хукуки дар интихобот иштирок карданро надоранд?
A) шахсони бетабаа; B) шахсоне, ки ба синни 18 нарасидаанд; C) шахсони хоричи;
D) шахрвандони то 18 сола ва шахсоне, ки аз тарафи суд гайрикобили амал дониста шудаанд ё ин ки дар чойхои аз озоди махрум нигох дошта мешаванд; E) шахсони бетабаа ва аз тарафи суд гайрикобили амал эътиборшуда;
56.
Аз номи Точикистон кадом макомот хукуки сухан гуфтанро дорад?
A) Президент; B) Мачлиси Оли; C) Президент ва Мачлиси Оли; D) Хукумат ва Президент; E) Мачлиси Оли, Хукумат ва Президент;
57.
Точикистон аз кадом вохидхои марзиию маъмури иборат мебошад?
A) вилоятхо, нохияхо, шахрхо; B) нохияхо, дехахо, шахрхо, вилоятхо; C) нохия, вилоятхо, шахракхо; D) вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо; E) вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахрхо, нохияхо, шахракхо ва дехахо;
58.
Дар Точикистон ки баёнгари сохибихтиёри ва сарчашмаи ягонаи хокимияти
давлати мебошад?
A) Мачлиси Оли; B) Президент; C) Халк; D) Халк ва Президент; E) Мачлиси Оли,
Хукумат;
60.
Ба мафхуми ахлок равшани андозед
A) Мачмуи коидаи рафтори одамон, ки давлат мукарар намудааст; B) мачмуи коида ва меъёрхои рафтори одамон нисбати якдигар ва чамъият мебошад; C) мачмуи коидаи рафтори одамон ва корхонахо, ки президент мукарар намудааст; D) мачмуи коидаи рафтори шахсони вокеи, ки хукумат дар конун мустахкам намудааст; E) мачмуи харакатхои инсон барои конеъ гардонидани талаботи онхо мебошад;
62.
Мухлати даъво дар байни шарвандон чанд сол ё мох аст ?
A) 5 сол; B) 2 сол; C) 3 сол; D) 1 сол; E) 6 мох;
63.
Конун и ЧТ “Дар бораи ичора” кай кабул карда шудааст?
A) 20 декабри соли 1993; B) 10 ноябри соли 1991; C) 10 октябри соли 1994; D) 6 декабри соли 1990; E) 6 декабри соли 1995;
64.
Сохтори меъёрхои хухукиро муайян созед.
A) Мукаддима, реша, хабар, мафхум, гипотеза, санксия; B) гипотеза, диспозиcия, санкcия; C) мукаддима, санкcия, диспозиcия; D) гипотеза, манъкунанда, санкcия; E) гипотеза, функcия, диспозиcия;
65.
Хукук бамаълумот ба кадом намуди хукукхои инсон ва шахрванд дохил
мешавад?
A) Ба хукукхои сиёси; B) ба хукуку озодихои ичтимои; C) ба хукуку озодихои
фарханги; D) ба хукукхои шахси; E) ба хукуку озодихои иктисоди-ичтимои;
66.
Намудхои чавобгарии хукукро муайян созед.
A) экологи, маънави, интизоми, чинояти; B) граждани, модди, маъмури, иктисоди; C) хочаги, модди, чинояти, интизоми; D) чинояти, иктисоди, модди, маъмури; E) интизоми, маъмури, граждани, чинояти;
67.
Чавобгарии молумулки аз синни чандсолаги огоз меёбад?
A) аз 20 солаги; B) аз 15 солаги; C) аз 14 солаги; D) аз 16 солаги; E) аз 18 солаги;
68.
Кобилияти амалкуни чист?
A) Кобилияти бо харакатхои худ ба даст даровардани ухдадори ва вазифахои гражданиро меноманд; B) кобилияти бо харакатхои худ ба даст даровардани моликият ва дигар хукукхои молумулкиро меноманд; C) кобилияти бо харакатхои худ ба даст даровардани хукукхои граждани ва барои худ ба вучуд овардани ухдадорихои гражданиро меноманд; D) кобилияти бо харакатхои худ ба даст даровардан укук ва озодихои гражданиро меноманд; E) кобилияти бо харакатхои худ ба даст даровардани молумулк ва ухдадорихои гражданиро меноманд;
69.
Мехнат кардан – хукук, озоди, вазифа ё ухдадории шахрванд мебошад?
A) хукук; B) озоди; C) вазифа ва ухдадори; D) ухдадори ва хукук; E) хукук ва озоди;
70.
Кобилияти хукукдории шахс кай бархам мехурад?
A) баъди таваллуд; B) баъди марг; C) баъди махрум шудан аз озоди; D) баъди ба синни нафака расидан; E) баъди ба болиг расидан, яъне 18 солаги;
71.
Иштирокчиёни муносибатхои хукуки граждани.
A) Корхона, шахси вокеи, муассиса; B) Шахси хукуки, чамъиятхои сахоми, корхонаи хурд; C) давлат, ноболигон, инсон; D) шахси вокеи, шахси хукуки, давлат; E) ташкилот, бизнесмен, биржа;
72.
Мафхуми шахрвандиро муайян созед
A) Мансубияти шахсро ба ин ё он давлат меноманд; B) Алокамандии давлат ва шахс; C) дар худуди давлат таваллуд шудан; D) баробархукукии шахс ва давлат; E) масъулияти шахс дар назди давлат;
73.
Навъхои биржаро номбар намоед?
A) навруз, шамъ, рохи кахкашон, умед; B) моли, ашъёи, умуми, универсали, махсус; C) моли, асъори, фонди, мехнати; D) универсали, асъори, мехнати, шамъ; E) фонди, асъори, пули, умед, кахкашон;
74.
Кадоме аз ин вокеъиятхо асоси катъгардии шахрвандиро такозо менамояд?
A) баромадан, таваллуд шудан; B) баромадан, аз дастдихи, махрум шудан; C) баромадан, дохил шудан; D) никох бастан, гум кардан; E) баромадан, махрум шудан;
75.
Мазмуни шартномаро чи ташкил медихад?
A) харакати тарафхо; B) хукук ва ухдадорихои иштирокчиёни он; C) рафтори
субъектони хукук; D) шарту шароитхои он; E) муносибати субъектони хукук;
76.
Таърихи кабули конститусияхои Точикистонро муайян намоед?
A) 1922, 1929, 1936, 1977, 1993; B) 1924, 1929, 1931, 1937, 1992; C) 1930, 1937, 1954,
1977, 1994; D)1994, 1999; E) 1929, 1931, 1937, 1978, 1994;
77.
Корхонахои хусуси дар кадом макомот ба кайд гирифта мешаванд?
A) Прократура; B) хукумат ва суд; C) вазорати адлия; D) идораи нотариати
давлати; E) хокимияти махалли;
78.
Намудхои чавобгарии моддии коргарон ва хизматчиёнро нишон дихед.
A) Интизоми, махдуд; B) махдуд, пурра; C) шартномави ва омехта; D) конуни, гайриконуни; E) махсус, махдуд;
79.
Асосхои бадастдарории шахрванди кадомхоянд?
A) Таваллуд, кабул намудан, дар холатхое, ки шартномахои байналхалки пешбини намудаанд; B) таваллуд, фармони президент; C) фармон, кабул нашудан, баромадан; D) кабул нашудан, дар холатхои шартномахои байналмиллали пешбини намудаанд; E) панохгох чустан, таваллуд, дохил шудан;
80.
Кай Эъломияи умумии хукуки башар кабул гардидааст?
A) 20 декабри соли 1972; B)10 декабри соли 1952; C) 10 декабри соли 1948; D)10 ноябри соли 1980; E) 10 декабри соли 1960;
81.
Аз чандсолаги аъзои колхоз шудан мумкин аст?
A)18; B) 20; C) 17; D)16; E) 15;
83.
Навъхои шахсони хукукиро номбар кунед?
A) хусуси, коллективи; B) давомияти, шахси; C) тичорати, гайритичорати; D) кооперативи-колхози, давлат; E) чамъияти, омехта;
84.
Хукуки граждани кадом муносибатхоро ба танзим медарорад?
A) Муносибатхои чамъияти ва гайри чамъияти; B) муносибатхои молумулки ва шахсии гайримолумулкиро ба танзим медарорад; C) муносибатхои шахси ва гайришахси; D) муносибатхои касби ва молумулки; E) муносибатхои шахсиии гайримолумулки ва чамъиятиро;
85.
Ба мафхуми шахсони вокеи кихо дохил мешаванд?
A) Шахрвандони хоричи; B) шахсони вокеи ва хукуки; C) шахрвандони давлатхои мустакил; D) шахрвандони чумхурии Точикистон; E) шахрвандони чумхурии Точикистон, шахрвандони хоричи ва бетабаият;
86.
Интихоботи Президенти Чумхурии Точикистонро ки таъйин мекунад?
A) Раиси Мачлиси Оли; B) Мачлиси Оли; C) Президент; D) Раёсати Мачлиси Оли; E) халк бо рохи раъйпурси;
87.
Ваколати хукумати Чумхурии Точикистонро номбар кунед.
A) хукумат рохбарии самараноки сохахои иктисоди, ичтимои, фарханги ва ичрои конунхо, карорхои Мачлиси Оли, амру фармонхои Президентро таъмин мекунад, карор мебарорад ва фармон медихад, ки ичрои онхо дар худуди Чумхурии Точикистон хатмист, барномахои иктисодиву ичтимои сиёсати пулию карзии давлатро муайян намуда, лоихаи бучети давлати ва гайраро ба Мачлиси Оли пешниход менамояд; B) рохбарии самаранокии сохахои иктисоди, ичтимои, фарханги ва таъмини ичрои конунхо, карорхо ва гайра; C) барномахои иктисодиву ичтимои, сиёсати пулию карзи давлати ва ёрии иктисоди ба дигар давлатхоро тасдик мекунад ва гайра; D) хукумат барномахои иктисодиву ичтимои, сиёсати доду гирифти карзи давлати ва ёрии иктисоди ба дигар давлатхоро таъмин мекунад; E) хукумат мувофики Конститутсия ва конунхои чумхури, карор, таъинот мебарорад ва фармон медихад, ки ичрои онхо дар худуди Точикистон хатмист, конунхоро тавсиф мекунад ва гайра;
88.
Кадоме аз ин шартхо ба шартхои зарурии шартномаи мехнати дохил мешаванд?
A) Чои кор, функсияи мехнати, музди мехнат; B) функсияи мехнати, ихтисос, мукофот; C) музди мехнат, чои истикомат, вакти кор; D) касб, ихтисос, музди кор; E) музди кор, вазифа, касб;
89.
Муваккатан ба кори дигар ба кадом мухлат гузаронидан мумкин аст?
A) 1 мох; B) то 3 мох; C) то 2 мох; D) то 1 сол; E) то 1 мох;
90.
Дар кадом мавридхо ваколати Президент пеш аз мухлат катъ мегардад?
A) ба дигар мамлакат сафар намудан; B) хангоми истеъфо, ба нафака баромадан; C) гайри кобили амал донистан, бемор будан; D) хангоми бемори, истеъфо, ба истирохат рафтан; E) хангоми вафот, истеъфо, озод шудан ва гайрикобили амал донистан;
91.
Мафхуми прогулро халлу фасл созед?
A) 3 соат дар давоми руз дар кор набудан; B) бо сабаби бемори ба кор наомадан; C) аз кор худсарона баромада рафтан; D) як мох ба кор набаромадан; E) ба кор 3 руз наомадан;
92.
Хокимияти ичроияро дар махал ки амали мегардонад?
A) Раиси вилоят, шахр ва нохия; B) раиси чамоат; C) раиси кумитаи замин; D) раиси колхоз; E) раиси кумитаи шуъбаи кишоварзии шахру нохия;
93.
Вакилони Мачлисхои махалли ба кадом мухлат интихоб мешаванд?
A) 3 сол; B) ду маротиба 4 соли; C) 4 сол; D) 5 сол; E) ба мухлати 7 сол;
94.
Аъзоёни хукуматро ки таъйин мекунад?
A) Сарвазир; B) Раиси Мачлиси Оли; C) Мачлиси Оли; D) Вазир; E) Президент;
95.
Чавобгарии чинояти аз синни чанд солаги ба вучуд меояд?
A) 15; B) 14 ва дар холатхои истиснои аз 16 солаги; C) 12 ва 16 солаги; D) 18 солаги ва дар холатхои пешбинишуда аз 16 солаги; E) 16 солаги ва дар мавридхои пешбини намудаи конунгузор аз 14;
97.
Кадом номзадро ба мансаби Президенти интихобшуда мехисобанд?
A) Номзаде, ки ба тарафдории у хамаи интихобкунандагон овоз дода бошанд; B) Номзаде, ки батарафдории у бештар аз се ду хиссаи интихобкунандагон овоз дода бошанд; C) номзаде, ки ба тарафдории у бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкат варзида овоз дода бошанд; D) номзаде, ки ба тарафдории у бештар аз 60% интихобкунандагон иштирок варзида овоз дода бошанд; E) Номзаде, ки батарафдории у бештар аз нисфи шахсони хукуки интихобкуни дошта овоз дода бошанд;
98.
Шахрвандон аз синни чандсолаги хукуки интихоб карданро доранд?
A) 16; B) 17; C) 18; D)19; E) 17;
99.
Конунхои Точикистон барои имзо ба ки пешниход мешавад?
A) Ба Раёсати Мачлиси Оли; B) ба Президент; C) ба Раиси Мачлиси Оли; D) ба Прокурор; E) ба Мачлиси Оли;
100.
Кадоме аз чавобхои дар поён омада дуруст аст?
A) Президент наметавонад ба сохибкори машгул шавад, вакили макомоти намояндаги бошад ва дигар вазифаро ичро намояд; B) Президент метавонад вакили макомоти намояндаги бошад; C) Президент метавонад тамоми фаъолиятхоро ба чо оварад; D) Президент метавонад сохибкор бошад; E) Президент наметавонад указ барорад ва ба конунхо имзо гузорад;
101.
Рамзхои давлатиро кадом макомот тасдик мекунад?
A) Президент; B) Сарвазир; C) Раиси Мачлиси Оли; D) Мачлиси Оли; E) Раёсати Мачлиси Оли;
102.
Ки тарафхои шартномаи мехнати шуда метавонад?
A) Коллективи мехнати ва маъмурият; B) коргар ва иттифоки касаба; C) коргари кироя ва хизматчи; D) сохибкор ва давлат; E) коргар ва хизматчи, корхона, муаcсиса ва ташкилот;
103.
Давлати гуломдории Афина чи тавр ба вучуд омад?
A) Дар натичаи инкишофи сохти авлоди ва зиддияти синфи; B) дар натичаи забти худуди Афина ва муборизаи гуруххои ба хам зид; C) дар натичаи инкишофи сохти авлоди ки асоси онро зиддиятхои синфи ташкил медод ва бе дахолати зуроварии дохили ва беруни; D) дар натичаи вайроншавии сохти авлоди ва муборизаи гуломону гуломдорон; E) Дар натичаи муборизаи оштинопазири гулому гуломдорон ва зуроварии дохили;
104.
Иттиходияхои чамъиятии чумхурияви дар кадом макомот ба кайд гирифта мешаванд?
A) Хокимияти махалли; B) хукумати ичроия; C) вазорати адлия; D) макомоти нотариали; E) Федератсияи иттифокхои касаба;
105.
Агар Президент бо конуни кабулкардаи Мачлиси Оли ризо набошад дар
муддати чанд руз конунро ба вай бармегардонад?
A) 20 руз; B) 10 руз; C) 5 руз; D) 25 руз; E) 15 руз;
106.
Ваколати вакили халк дар кадом мавридхо катъ мегардад?
A) Дар мавриди ба нафака баромадан; B) дар мавриди аз худ норизо будан; C) хангоми аз кори асоси рафтан; D) хангоми ба сохибкори машгул шудан; E) хангоми истеъфо, гайри кобили амал донистани у аз тарафи суд, хангоми вафот;
107.
Давомияти вакти муътадили кори дар як хафта чанд соат аст?
A) 36 соат; B) 24 соат; C) 40 соат; D) 44 соат; E) 46 соат;
108.
Кай Конуни ЧТ «Дар бораи хочагии дехкони» кабул шудааст?
A) 26 июни соли 1996; B)5 марти соли 1992; C) 10 октябри соли 1994; D) 5 апрели соли 2001; E) 10 майи соли 2002;
109.
Кадоме аз чавобхои дар поён номбаршуда дуруст мебошад?
A) Точикистон давлати, сохибихтиёр, сотсиалисти, ягона ва дуняви мебошад; B) Точикистон давлати сохибихтиёр, демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона мебошад; C) Точикистон давлати иттиходи мебошад; D) Точикистон давлати дуняви мебошад; E) Точикистон давлати президенти мебошад;
110.
Кадоме аз чавобхои дар поён омада нодуруст аст?
A) Давлат вобаста аз сохташ мумкин унитари шавад; B) Давлат вобаста аз шакли идоракуниаш мумкин монархи шавад; C) Давлат конуни, парламенти ва гайриконуни мешавад; D) Давлат вобаста аз шакли идоракуниаш монархи, демокративи, дуняви ва республикави мешавад; E) Давлат вобаста аз сохтораш унитари, федеративи ва конфедеративи мешавад;
111.
Як шахс пай дар пай ба вазифаи Президент чанд мухлат пай дар пай интихоб
шуда метавонад?
A) ду; B) се; C) чахор; D) то охири умр; E) як мухлат;
112.
Кадом шахсон хукуки ба фаъолияти сохибкори машгул шудан надоранд?
A) Шахсоне, ки коркунони рохбарикунанда мебошанд, мутахассисони макомоти давлатие, ки вазифаи онхо ба халли масъалахои вобаста ба амали гардонидани фаъолияти сохибкори алокаманд аст, коркунони макомоти Мачлиси Оли ва гайрахо; B) Президент, директори корхона, шахсоне, ки барои дузди, порахури ва дигар чиноятхои гаразнок махкум гардидаанд ва гайрахо; C) шахсоне, ки молумулк надоранд, ба нафака баромаданд, дар прокуратура, суд, амнияти милли кор мекунанд ва гайрахо; D) шахсони мансабдори макомоти прократура, суд, амнияти милли, корхои дохили, коркунони рохбарикунанда ва мутахассисони макомоти давлатие, ки вазифаи онхо ба халли масъалахои вобаста ба амали гардонидани фаъолияти сохибкори ё назорат ба чунин фаъолият вобастаги дорад, шахсоне, ки суд ба фаъолияти муайян машгул шудани онхоро манъ намудааст ва гайрахо; E) коркунони милиса, колхоз, ташкилотхои чамъияти, шахсоне, ки суд ба фаъолияти муайян машгул шудани онхоро манъ намудааст ва гайрахо;
114.
Танбехдихи ба кадом намуди чорахои хукуки дохил мешавад?
A) чинояти ва модди; B)чинояти, чамъияти; C) маъмури ва граждани; D) интизоми ва маъмури; E) интизоми;
115.
Кадом мафкура дар Чумхурии Точикистон ба сифати мафкураи давлати баромад
менамояд?
A) мафкураи чамъияти; B) мафкураи дини; C) мафкураи сиёси; D) мафкураи хизби халки-демократи; E) хеч гуна мафкура;
116.
Кадом аз чавобхои дар поён номбаршуда дуруст аст?
A) Барои як чиноят хеч касро такроран чазо додан мумкин нест; B) Барои як чиноят ду маротиба чазо додан мумкин аст; C) барои як чиноят се маротиба чазо додан мумкин аст; D) барои як чиноят такроран чазо додан мумкин аст; E) такроран чазо додан мумкин ба шарте, ки конун ичозат дихад;
118.
Макомоти намояндаги ва ичрояро дар вохидхои маъмурию маркази, ки сарвари
мекунад?
A) Президент; B) Раиси Мачлиси Оли; C) Сарвазир; D) Чамоат; E) раис;
119.
Макомоти худидоракунии шахраку дехаро муайян созед.
A) раиси колхоз; B) раис, нохия; C) чамоат; D) раиси махала; E) кумитаи ичроя;
120.
Киро ба вазифаи суди шахр ва нохия таъин кардан мумкин аст?
A) шахсе, ки синни у аз 20 кам ва аз 60 зиёд набошад, хадди аккал 3 сол сабакаи кори дошта бошад; B) шахсе, ки синни у аз 30 кам ва аз 55 зиёд набошад, хадди аккал 3 сол собикаи кори дошта бошад; C) шахсе, ки синни у аз 28 кам ва аз 55 зиёд набошад, хадди акал 4 сол собикаи кори дошта бошад; D) шахсе, ки синни у аз 23 кам ва аз 50 зиёд набошад, хадди аккал 5 сол собикаи кори дошта бошад; E) шахсе, ки синни у аз 25 кам ва аз 65 зиёд набошад, хадди акал 3 сол собикаи кории касби дошта бошад;
121.
Раиси нохияро ки тасдик мекунад?
A) Мачлиси вакилони халки нохия; B) Мачлиси Оли; C) Президент; D) Сарвазир; E) Раиси Мачлиси Оли;
122.
Раиси шахри Душанберо ки озод карда метавонад?
A) Президент; B) Мачлиси вакилони халки шахри Душанбе; C) Раиси Мачлиси Оли; D) Раёсати Мачлиси Оли; E) Халк;
123.
Кадом макомот хукуки кабул намудани конунро дорад?
A) Президент; B) Раиси вилоят; C) Мачлиси Оли; D) хукумат; E) Мачлиси вакилони халки вилоят;
124.
Пешниходу тагйиру иловахое, ки ба Сарконун бояд дохил карда шаванд, чанд мох
пеш аз раъйпурси дар матбуот чоп мешавад?
A) 6 мох пеш; B) 2 мох пеш; C) 1 мох пеш; D) 5 мох пеш; E) 3 мох пеш;
125.
Раъйпурсии умумихалки барои дохил намудани тагйиру иловахо ба Сарконун бо тарафдории чанд хиссаи вакилони мардуми баргузор мегардад?
A) Аз чор як хисса; B) Аз се як хисса; C) 51 фоиз; D) Аз панч се хисса; E) Аз се ду хисса;
126.
Прокурори генералии Точикистон дар назди ки масъул мебошад?
A) Мачлиси Оли; B) Раиси Мачлиси Оли; C) Мачлиси Милли ва Президент; D) Президент ва Вазорати дохили; E) Раиси Мачлиси Оли ва Раиси суди Конститутсиони;
127.
Прокурорхои тобеи Прокурори генералиро ки таъйин ва озод мекунад?
A) Президент; B) Мачлиси Оли; C) Раёсати Мачлиси Оли; D) Сарвазир; E) Прокурори Генерали;
128.
Кадоме аз чавобхои дар поён омада дуруст аст?
A) Ташкили суди фавкулодда дар Точикистон манъ нест; B) ташкили суди фавкулодда дар Точикистон бо ичозати Президент мумкин аст; C) ташкили суди фавкулодда дар Точикистон бо ичозати Мачлиси Оли мумкин аст; D) ташкили суди фавкулодда дар Точикистон манъ аст; E) ташкили суди фавкулодда барои хар як давлат зарур аст;
129.
Судяхо парвандахоро чи тавр дида мебароянд?
A) Бо иштироки прокурор; B) Ба таври дастчамъи; C) Ба таври дастчамъи ва ё танхо дида мебароянд; D) Бо иштироки адвокат дида мебароянд; E) Танхо дида мебароянд;
130.
Дар кадом сурат дахлнопазирии Президентро бекор кардан мумкин аст?
A) Хангоми савгандшикани; B) хангоми савгандшикани ва содир намудани чиноят; C) хангоми содир намудани хиёнат ба давлат; D) хангоми вазифахои худро ичро накардан; E) хангоми гайри кобили амал эътироф намудан;
131.
Хукук ба хифзи саломати ба кадом намудхои хукук ва озодихои
инсон ва шахрвандон дохил мешавад?
A) Ба хукук ва озодихои сиёси; B) Ба хукук ва озодихои ичтимои; C) Ба хукук ва озодихои иктисоди; D) Ба хукук ва озодихои шахси; E) Ба хукук ва озодихои иктисодию ичтимои;
132.
Ба мафхуми шахсони хукуки равшани андозед.
A) Ташкилотхое, ки молу мулки алохида доранд, аз номи худ ба суд ё судхои хаками мурочиат менамоянд; B) ташкилотхое, ки молу мулки алохида доранд ва бамакомотхои болои хукуки мурочиат кардан доранд; C) Ташкилотхое, ки хукуки ахд ва шартнома бастан доранд; D) Корхонахое, ки хукукхои шахсию молу мулки доранд; E) ташкилотхое, ки молу мулки алохида доранд, аз номи худ хукукхои молу мулки ва шахсии гайримолумулки ба даст дароварда, ухдадорихоро ба чо оварда дар суд ё суди хаками даъвогар ва чавобгар шуда метавонанд;
133.
Шахрванд кадом вакт гунахгор хисоб карда мешавад?
A) Вакте, ки дар содир нашудани чиноят гумонбар хисоб карда мешавад; B) вакте, ки хукми суд эътибори конуни пайдо мекунад; C) вакте, ки айбномаро муффатиш эълон мекунад; D) вакте, ки хангоми гурехтан шахрвандро мепаронанд; E) вакте ки барои айбаш шахрванд баёнот медихад;
134.
Васиги барои кихо мукарар карда мешавад?
A) Барои маъюбон; B) барои ноболигони то 14 сола ва номукалафон; C) барои ноболигони то 18 сола ва маъюбон; D) барои шахсони кобилияти амалкуниашон махдуд; E) нисбати шахсони 18 сола ва номукалафон;
135.
Нисбати кихо парастори таъин карда мешавад?
A) Нисбати шахсони аз 15 то 18 сола ва шахсони кобилияти амалкуниашон махдуд; B) нисбати шахсони то 18 сола; C) нисбати ноболигони аз 14 то 18 сола ва шахсони кобилияти амалкуниашон махдуд; D) барои ноболигони аз 15 то 18 сола ва шахсони 75 сола; E) Нисбати ноболигони аз 13 то 15 сола;
136.
Аз чандсолаги розигии кудак барои фарзандхони ба эътибор гирифта мешавад?
A) 15 солаги; B) 10 солаги; C) 8 солаги; D) 11 солаги; E) 12 солаги;
138.
Дар кадом шаклхо хочагии дехкони ташкил дода шуданаш мумкин аст?
A) Дар шакли коллективи, инфироди ва хочаги; B) дар шакли чамъи аъзои оила, ки замин доранд; C) дар шакли субъекти мустакили хочагидори , ки ба моликияти умуми асос ёфтааст; D) дар шакли инфироди, оилави ва ширкат; E) дар шакли ширкат ва ассотсиатсия хочаги;
139.
Эмомали Шарипович Рахмонов даъфаи дуюм кай Президенти ЧумхурииТочикистон
интихоб гардид?
A) 10 декабри соли 1994; B) 7 ноябри соли 1994; C) 7 ноябри соли 1995; D) 6
ноябри 1999; E) 26 декабри соли 1999;
140.
Хайати хукумати Чумхурии Точикистонро нишон дихед.
A) Сарвазир, муовини якум ва муовинони у, вазирон, раисони кумитахои давлати; B) сарвазир, вазири адлия, раисони кумитахои давлати; C) сарвазир, вазирон ва раисони нохия, шахр; D) сарвазир, Раиси Мачлиси Оли, раиси вилоят; E) сарвазир ва муовинони он;
141.
Салохиятхои хукумати чумхуриро кадом санадхо мукаррар менамоянд?
A) Конститутсия ва Фармонхои Президенти ЧТ; B) Фармонхои Президенти ЧТ ва дигар санадхои Мачлиси Оли; C) Конститутсия ва Дастури Хукумат; D) Конститутсия, фармонхои Президенти ЧТ, карорхои Хукумат ва дастури он; E) Конститутсия ва конуни конститутсиони дар бораи хукумати ЧТ;
142.
Макомоти идоракуни ба кадом гуруххо чудо мешавад?
A) Ба макомоти оли ва макомоти хифзи хукук; B) ба макомоти маркази ва махалли; C) ба макомоти махали ва вазоратхо; D) ба макомоти оли ва макомоти шахраку дехот; E) ба макомоти мудофиа, бехатари, мудофиа ва суди;
143.
Дар кадом холатхо муваккатан ба кори дигар гузаронидани коргар ичозат дода
мешавад?
A) Вазъияти фавкулода, бекормони; B) Бекормони, татбики чазои чинояти, интизоми ва зарурияти истехсоли; C) татбики чазои интизоми, аз озоди махрум намудан; D) зарурати истехсоли, бекормони; E) зарурияти истехсоли ва офати табии;
144.
Хукуки граждани (мадани) чист?
A) Сохаи хукукест, ки муносибатхои байни шахрвандонро танзим менамояд; B) сохаи мустакили хукуки Чумхурии Точикистон; C) сохаи мустакили хукук буда, муносибатхои чамъиятиро танзим менамояд; D) сохаи мустакили хукук буда, муносибатхои молумулки ва гайримолумулкиро байни чамъият ва давлат танзим менамояд; E) мачмуи коидахои рафторест, ки муносибатхои молумулки ва шахсии гайримолумулкиро танзим менамояд;
145.
Сарчашмахои асосии хукуки граждани (мадани) -ро номбар кунед.
A) Кодекси граждани, Кодекси манзили ЧТ, кодекси оила, кодекси замин; B) Кодекси мехнат, кодекси граждани, Конститутcияи ЧТ; C) Кодекси граждани, конунгузории граждани, фармонхои Президент, карорхои хукумат, карорхои мири ш.Душанбе; D) Кодекси граждани, Оинномаи наклиёти автомобили, кодексхои манзил, кодекси оила ва никох; E) Конститутcияи ЧТ, кодекси граждани, конун дар бораи, моликият, хусусигардони ва гайридавлатикунонии моликият ва г.;
147.
Кобилияти хукукдори чист?
A) Кобилияти иштирокчи будан дар муносибатхои хукуки; B) Кобилияти дорои хукук ва вазифахо будан; C) кобилияти сохибихукук озодихо ва ухдадори будан аст; D) кобилияти сохиби хукуку ухдадорихо буданро меноманд; E) дорои хукуку ухдадорихо ва озодихои муайян будан аст;
148.
Кобилияти амалкунии шахси вокеъи аз кадом вакт ба вучуд меояд?
A) Аз синни 18 солаги, хангоми ба никох даромадан аз синни 17 солаги; B) аз синни 16 солаги; C) аз синни 14 солаги; D) аз синни 20 солаги; E) хангоми ба акди никох дохил шудан;
150.
Шахси вокеи кист?
A) Шахрвандони Чумхурии Точикистон; B) Шахрвандони ЧТ, хоричиён ва шахсони бешахрванди; C) шахсоне, ки дар худуди давлати алохида истикомат доранд; D) тамоми шахсоне, ки молу мулки муайян доранд; E) шахрвандоне, ки ба синни 18 расидаанд;
151.
Аломатхои шахсони хукукиро нишон дихед.
A) Мутташаккилии ягона, ягонагии хочаги, молумулки алохида, ном, нишонаи моли; B) ягонагии ташкили, ном, нишонаи моли, суратхисоб; C) нишонаи моли, ном, мухр, ягонагии ташкили, молумулки алохида; D) молумулки алохида, иштирок дар муомилоти граждани, баланси мустакил; E) ягонагии ташкили, молумулки алохида, чавобгарии мустакили молумулки, аз номи худ дар муомилоти граждани иштирок намудан;
152.
Ваколатхои сохибмулкро муайян намоед.
A) хукуки доштан, хукуки ихтиёрдори намудан, хукуки ба дигар шахс супоридан ва г.; B) хукуки истифодабари, хукуки ихтиёрдори, хукуки харидуфуруш намудан; C) хукуки доштан, хукуки истифода бурдан, хукуки ихтиёрдори намудан; D) хукуки доштани моликият, хукуки ба каси дигар додани он; E) хуккуи харидан, фурухтан, инъом кардан, ба касе додан;
153.
ухдадори чист?
A) Ин муносибатест, ки шахсро барои содир намудани амалиёти муайян ба фоидаи шахси дигар водор менамояд; B) мувофики ухдадори як шахс (карздор) ухдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар (кредитор) амали муайянеро аз кабили супоридани молумулк (ичро намудани кор, расонидани хизмат, додани пул) ичро намояд, ё аз содир намудани харакати муайян худдори намояд ва кредитор бошад, хукук дорад ичрои ин амалиётхоро аз тарафи карздор талаб намояд; C) Созиши ду шахс оиди амали муайян мебошад, ки аз тарафи меъёрхои хукук танзим карда шудааст; D) ин чунин муносибатхоест, ки мувофики он шахс ухдадор аст, ба фоидаи шахси дигар амалеро ичро намояд; E) Муносибати хукукиест, ки як шахс (карздор) ухдадор аст, ки ба фоидаи шахси дигар бо подош амали муайянеро ичро намояд ва ё аз ичрои амалиёти муайян худдори намояд;
154.
Шартнома чист?
A) Созиши байни шахсони вокеъи ва хукуки; B) созиши ду ё якчанд шахсро меноманд, ки боиси пайдо шудани хукук ва ухдадорихо гардидааст; C) созиши байни давлат ва шахрвандонро меноманд; D) созиши байни ду ё якчанд шахсро меноманд, ки бо меъёрхои хукуки пешбини шудааст; E) созиши ду ва зиёда шахсонеро меноманд, ки боиси бавучуд омадан, тагйир ёфтан ва катъ шудани хукуку ухдадорихо мегардад;
155.
Ахд чист?
A) харакати шахрвандон, ки бо меъёрхои хукуки ичозат дода шудааст; B) хамагуна харакате, ки бо конунгузории чори ичозат дода шуда аст; C) харакати шахрвандон ва ташкилотхоро меноманд, ки барои ба вучуд омадан, тагир ёфтан ва ё катъ шудани хукуку ухдадорихо равона карда шудаанд; D) харакати шахрвандон ва ташкилотхоро меноманд, ки барои ба вучуд омадан, аз байн бурдан, ё тагйир додани хукуки моликияти равона карда шуда аст; E) харакате, ки боиси ба вучуд омадан, тагир ёфтан ва ё катъ гардидани хукук ва ухдадорихои граждани гардидаанд;
156.
Намудхои ахдхоро номбар кунед?
A) Яктарафа, ду ва бисёртарафа, хатти, дахони, музднок ва бемузд; B) яктарафа, бисёртарафа, музднок ва гайра; C) хатти, дахони, рамзи, берамз ва г; D) яктарафа, хатти, дахони, муздор ва бемузд; E) яктарафа, рамзи, музднок, реали ва г.;
157.
Шартномахои гражданию хукукиро номбар кунед?
A)Хариду-фуруш, махсулотсупори, пудрат, хизматрасони, андозситони; B) яктарафа, дутарафа, одди, мураккаб, музднок, бемузд, хатти, дахони ва рамзи; C) махсулотсупори, боркашони, хариду фуруш, карз, бемузд; D) харидуфуруш, махсулотсупори, боркашони, контрактасияи махсулоти хочагии кишлок, пудрат, карз, прокат, ичора ва г.; E) карз, прокат, ичора, пулдихи, тухфа, комиссия;
158.
Кобилияти хукукдори кадом вакт бархам мехурад?
A) хангоми бастани ахди никох; B) аз лахзаи вафот; C) пас аз лахзаи ба синни 60 солаги расидан; D) аз лахзаи хабси пешаки; E) хангоми нафака таин намудан;
159.
Асосхои ба вучуд омадани ухдадорихоро номбар кунед?
A) Эчод намудани асархои илми, бадеи, ихтироъ, кашфиёт; B) ахд, шартнома, расонидани зарар, карз; C) шартнома, карз, расонидани зарари чисмони, модди; D) ахдхо, шартномахо, расонидани зарар, эчод намудани асархои бадеи, илми, санъат, ихтироъ, кашфиёт ва г; E) ахдхо, шартномахо, зарар расонидан, карз додан;
160.
Никох дар кадом макомоти давлати ба кайд гирифта мешавад?
A) Дар суд; B) дар САХШ; C) дар хукумати махалли ва суд; D) дар Вазорати адлия; E) дар суд, масчид ва САХШ;
161.
Шартхои бастани никохро номбар кунед.
A) Розигии тарафхо, розигии падару модар, додани калин; B) розигии тарафхо, расидан ба синну соли никохи; C) розигии макомоти бакайдгирандаи ахди никох, чой надоштани монеахои ахди никох; D) розигии тарафайн, додани калин, розигии волидайн; E) Розигии тарафайн, ба синну соли никох расидан, чой надоштани монеахои ахди никох;
162.
Шартхое, ки монеаи бастани ахди никох мешаванд, нишон дихед.
A) Надоштани молу мулки муайян, шахрванди хоричи будан; B) дар дигар никох будани тарафхо, набудани розигии волидайн, номукаллафи; C) хешу табори наздик, номукаллафи; D) Дар никох будани яке аз тарафхо, никохи хешони наздик, гайри кобилияти амал будани яке аз тарафхо; E) Шахрванди хоричи будан, хешони наздик, номукаллафи;
163.
Дар кадом холат никох беэътибор дониста мешавад?
A) Вайрон кардани принсипи якканикохи, никох байни хешовандони наздик, бо рохи фиреб бастани никох; B) вайрон намудани принсипи ихтиёри, вайрон намудани принсипи якканикохи; C) вайрон кардани принсипи ихтиёри, бо рохи фиреб бастани никох, дар масчид бастани никох; D) бастани никох бо шахси номукаллаф, байни хешони наздик, вайрон намудани принсипи ихтиёри; E) вайрон кардани принсипи якканикохи, бо шахси гайри кобили амал ба никох даромадан, бо хешони наздик ба никох даромадан, бастани никох бо рохи фиреб, вайрон намудани принсипи ихтиёри, бо шахси ба синни никох нарасида бастани никох;
164.
Молу мулки шахсии хамсаронро муайян намоед.
A) Молу мулки тухфашуда, ашёхои истифодабарии шахс, молу мулки мероси ва г.; B) Молу мулке, ки пеш аз никох аз они у буд, молу мулки ба онхо тухфа шуда, мерос монда ва г.; C) Молу мулки дар давраи никох ба дастовардашуда, молу мулки тухфашуда, чизхои истифодабарии шахси; D) молу мулке, ки пеш аз никох хамсарон доштанд, дар давраи никох ба тухфа ё мерос гирифтаанд, ашёхои истифодабарии шахси (либос, пойафзол ва г.); E) ашёхои истифодабарии шахси, молу мулки ба мерос ё тухфа гирифта шуда;
165.
Молу мулки умумии хамсаронро нишон дихед.
A) Молу мулке, ки пеш аз никох аз они хар кадоме аз хамсарон буд, молу мулке, ки онхо дар давраи никох ба даст овардаанд; B) Молу мулке, ки пеш аз никох аз они хар кадоме аз хамсарон буд, чизхои истифодабарии шахси; C) молу мулке, ки зану шавхар дар давраи никох ба даст овардаанд, тухфаи кимматбахо; D) молу мулке, ки зану шавхар то бастани никох доштанд, чизхои истифодабарии умуми ва шахси; E) молу мулке, ки зану шавхар дар давраи никох ба даст овардаанд;
166.
Дар кадом холатхо махрумнамоии хукукхои волидайн имконпазир аст?.
A) Аз озоди махрум шудани волидайн, гайрикобили амалкуни эътироф шудани онхо; B) Аз ичрои вазифахои худ саркаши намудани волидайн, рафтори ношоям содир намудани волидайн; C) аз вазифахои худ саркаши кардани волидайн, сахтгири ва азоб додани фарзандон; D) аз ичрои вазифахои худ саркаши намудан ва ё аз хукукхои хеш суистеъмол намудан,муносибати берахмона ба кудакон, рафтори гайриахлоки доштан, майзада ва нашъаманд будани волидайн; E) азоб додани фарзандон, муносибати дагалона нисбати онхо ва гайра;
167.
Дар кадом холатхо алимент руёнида мешавад?
A) Руй гардонидани волидайн аз иштирок дар тарбияи фарзанд, аз хукуки волидайни махрум гаштан, бо карори суд хангоми талок; B) хангоми талок, аз озоди махрум намудани волидон; C) хангоми мавчуд будани эхтиёчоти модди; D) карори суд дар бораи додани алимент, бо карори Вазорати адлия; E) ба корхои ислохкуни шартан чалб намудани волидайн, бо карори суд хангоми талок;
168.
Чи гуна кудаконро ба фарзанди кабул кардан мумкин аст?
A) Кудаконе, ки волидайнашон имконияти модди надоранд, кудакони сагирмонда; B) бепарасторон, маъюбон; C) кудаконе, ки яке аз волидайнашон дар махкама мебошанд; D) кудакони сагир (бепарастор), кудаконе, ки аз тарбияи онхо волидайн руй гардонидаанд ва ё аз хукуки волидайн махрум гаштаанд; E) номукаллафон, сагирон, маъюбон;
169.
Бо талаботи кадом макомот фарзандхони катъ мегардад.
A) Бо талаби волидайн, макомоти васиги ва парастори, прокурор; B) бо талаби волидайн, прокурор; C) бо талаби САХШ, карори Вазорати адлия; D) бо талаби макомоти васиги ва парастори, прокурор; E) бо талаби прокурор, суд, САХШ;
170.
Макомоти васоят ва парастори кадомхоянд?
A) Макомоти хукумати махалли, шуъбаи маориф, шуъбаи тандурусти; B) шуъбаи тандурусти, САХШ, Вазорати адлия; C) макомоти хукумати махалли, прокурор; D) шуъбаи маориф, суд, прокурор; E) шуъбаи ичтимои, тандурусти, прокурор;
171.
Хукук ва вазифахои асосии васи ва парасторро нишон дихед.
A) Иштироки бевосита дар тарбияи кудакон, бо онхо дар якчояги зиндаги намудан, гамхори намудан гамхори дар бораи саломати инкишофи рухи, маънави тахсил ва химояи хукуку манфиатхои онхо; B) ному насаб додан, якчоя зиндаги намудан, онхоро химоя намудан; C) тарбия намудани онхо, маълумот додан ба онхо, нигохубин намудан; D) тарбия намудани ноболигон, якчоя истикомат намудан, хифзи хукуку манфиатхои онхо; E) дар хакки онхо гамхори намудан, пушонидан ва хуронидани онхо;
172.
Субъектхои хукуки мехнатиро номбар намоед.
A) Корхона, муассиса, ташкилот, фирма, колхоз; B) шахсони чисмони, вокеи ва корхона; C) коркунон (шахсони чисмони) ва кордихандагон (шахсони юридики); D) шахрвандони ЧТ, шахрвандони хоричи, корхонахо; E) давлат, шахсони чисмони, шахсони бешахрванди;
173.
Асосхои ба вучуд омадани муносибатхои мехнатиро номбар кунед?
A) шартнома карордод (контракт), ба тарзи вокеи ба кор рох додан; B) шартномаи мехнати, сохиби корхона будан; C) шартномаи мехнати(созишнома), акти интихоби ё таъин намудан ё ба конкурс гузаштан; D) шартномаи мехнати, аъзоги; E) аъзоги, контракт , шартномаи мехнати;
174.
Сарчашмахои хукуки мехнатро номбар кунед?
A) Конститусияи ЧТ., конун,фармонхои Президенти ЧТ; B) Фармонхои Президенти чумхур ва санадхои хукумати ЧТ; C) Конститусия, конун, карор, фармон, оинномаи колхоз; D) карори хукумати махалли, шартномаи коллективи, шартномаи мехнати; E) Конститусия ЧТ., кодекси мехнатииЧТ.аз15.05.1997, конунхо, фармонхои Президент, карорхои хукумат ва г.;
175.
Кихо тарафхои шартномаи коллективи шуда метавонанд?
A) Колхоз, совхоз, корхона, муассиса; B) коллективи мехнати ва иттифоки касаба;
C) Ташкилот, муассиса, корхона, фирма; D) коллективи мехнати ва маъмурият; E) сохибкорон ва коркунон;
176.
Шартхои шартномаи мехнатиро номбар кунед?
A) Зарури ва иловаги; B) зарури, фоидакори, бевосита; C) иловаги, асоси, омехта; D) алтернативи, омехта; E) зарури, бевосита;
177.
Шартхои зарурии шартномаи мехнатиро нишон дихед.
A) Чои кор, музди кор; B) Чои истикомат, касб; C) касбу ихтисос, созиши тарафайн;
D) чои кор, функсияи мехнати, музди мехнат; E) чои кор, музди кор, вакти истирохат;
178.
Хангоми ба кор дохил шудан чи гуна хуччатхо талаб карда мешаванд?
A) Шиноснома, дафтарчаи мехнати (маълумотнома аз фаъолияти охирин); B) диплом, шиноснома, дафтарчаи мехнати; C) дафтарчаи мехнати, билети харби, маълумотнома; D) маълумотномаи тибби, сифатнома (характеристика), шиноснома; E) дафтарчаи мехнати шиноснома, билети харби ё шаходатномаи бакайдгири, хуччат дар бораи маълумот;
179.
Шаклхои бастани шартномаи мехнатиро чудо намоед.
A) Хатти, расми; B) Фармон, ариза, дахони; C) хатти, дахони, вокеи; D) хатти, дахони; E) дахони, расми, вокеи;
180.
Намудхои шартномаи мехнатиро нишон дихед.
A) Ба мухлати муайян басташуда; B) бемухлат, бо мухлат, дарозкардашуда; C) ба мухлати номуайян басташуда, мухлатнок, вале на зиёда аз 5-сол басташуда, ичрои кори муайян; D) бо мутахассисони чори басташуда, мухлатнок ва бемухлат; E) шартномахое, ки ба тарзи сафарбаркунии мутахассисон, таклифхои розиги баста шудаанд, мухлатнок ва бемухлат;

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …